Главная > Uncategorized > «Кони Мансури Калон» ва ширкатҳои ноком

«Кони Мансури Калон» ва ширкатҳои ноком

Барои иштирок дар озмуни «Кони Мансур» Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати якчанд ширкати сармоягузорро тасдиқ кардааст, ки онҳо ширкатҳои бузурги ҳоландӣ, чинӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ мебошанд. Шӯҳрат Раҳматбоев, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ин рӯйхат ширкати ҳоландии BHP Billiton, ширкатҳои чинӣ-«JNNC» ва «Zijin», Иттиҳодияи чор ширкат-«Казцинк» ва «Конимансур»-и Қазоқистон, «Glencore»-и Швейтсария ва «Адрасман»-и Тоҷикистон шомил шудаанд. Вай мегӯяд, ки бо тасдиқи ин рӯйхат марҳилаи асосии тендер барои ба даст овардани ҳаққи коркарди кони бузурги нуқраи Тоҷикистон оғоз мешавад. Интизор меравад, ки озмуни «Кони Мансур» барои ин ширкатҳо тайи моҳҳои наздик сурат бигирад.
Аз рӯи маълумотҳо, 5 ширкати дигари сармоягузор, аз ҷумла «Демир экспорт» ва «Юлдузлар»-и Туркия, «Кайди»-и Чин ва ду корхонаи маҳаллӣ ба даври дуввуми озмун роҳ наёфтаанд.
Тибқи ҳисоботи пешакӣ, барои коркарди кон тақрибан 2 миллиард доллар зарур аст. Бархе аз коршиносон бо дарназардошти сарфи маблағи зиёд, тахмин мезананд, ки дар озмуни кони мазкур ширкатҳои бузурги чинӣ имкони бештари пирӯзӣ хоҳанд дошт.
«Кони Мансури Калон» дар 51-километрии шимолу шарқи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд воқеъ буда, танҳо бо захираи нуқра яке аз конҳои бузург дар ҷаҳон дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, «Кони Мансури Калон» чорумин кони бузургтарини нуқра дар ҷаҳон аст, ки солҳои 70-80 таҳқиқ шудааст. Захираи он қариб 1 миллиард тонна маъдан аст, ки ҳар тоннааш 49 грамм нуқра дорад. Захираи умумии нуқраи кон 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Устоди факултаи геология ва маъдани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мухтор Фозилов таърихи кашфи ин конро ба асрҳои 7-8 нисбат медиҳад. Кони мазкур аз ҷониби чиниҳо қисман коркард шуда, номи «Кӯҳи Сим»-ро гирифта будааст. Аввал ин кон ҳамчун кони нуқра истифода намешуд, зеро ба нуқра аҳамият намедоданд. Ҳамин буд, ки сурбу рӯҳро ҷудо карда мегирифтанду нуқра дар партовҳо мерафт. Баъди асри 10 истеҳсолот дар ин кон қатъ мегардад. Аз ҳамин давра сар карда, то солҳои баъд аз инқилоб маъхазҳо маълумоте надоштанд. Соли 1925 дар мавзеи «Кӯҳи Сим» олимони Шӯравӣ, аз ҷумла Борис Николаевич Раследов корҳои омӯзишӣ мегузаронанд ва ин кон аз сари нав кушода мешавад. Баъдтар аз соли 1985-1988 фаъолият дар самти омӯзиши маъдан пурзӯр мегардаду он номи «Кони Мансури Калон»-ро ба худ касб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тендер аввалҳои моҳи ноябри соли 2009 эълон шуда буд. Ба сифати мушовир дар лоиҳаи мазкур Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), аъзои гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ иштирок мекунад. Ташхиси техникии лоиҳа аз ҷониби ширкати байналмилалии «Micon» ва ташхиси ҳуқуқӣ аз тарафи ширкати байналмилалии «White & Case» анҷом дода шудааст.
Пешгӯӣ
То эъломи рӯйхати сармоягузорон бархе аз таҳлилгарон ширкатҳои Русияро низ аз муддаиёни аслии тендери «Кони Мансур» арзёбӣ мекарданд. Аммо Ширкати «Объединения золотая компания»-и Русия ҳанӯз дар оғози марҳилаи аввали тендер бо сабаби саривақтӣ пешниҳод накардани асноди зарурӣ аз озмун хориҷ карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки барои коркарди нуқраи кони мазкур солҳои қабл ширкати русии «Норылский никел» сармоягузорӣ кардан мехостааст. Ҳарчанд барандаи озмунро коршиносони Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ таъйин хоҳанд кард, аммо рӯзномаи «Независимая газета»-и чопи Маскав аз қавли як мақоми дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл пешгӯӣ кардааст, ки дар озмуни мазкур Чин пирӯз хоҳад шуд. Панҷ-шаш сол қабл Тоҷикистон ба умеди он буд, ки Русия коркарди ин конро ба ӯҳда мегирад. Бо сабаби номаълум коркарди нуқра аз ҷониби ширкати русӣ сурат нагирифт. Вале ба андешаи Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, ҳатто Президенти Тоҷикистон дар сӯҳбаташ бо яке аз расонаҳои Маскав аз он изҳори нигаронӣ карда будааст, ки ҷониби Русия мудом анҷом додани кореро ваъда медиҳаду баъдан ба таъхир меандозад.
Ҳамакнун гузорише оид ба «Кони Мансур» дар хабаргузории «centrasia.ru» нашр шудааст, ки он ҷо муаллиф кӯшиш кардааст Ҳукумати Тоҷикистонро бо пеш гирифтани сиёсати фирефтан дар мавриди иштироки ширкатҳои Русия айбдор кунад. ӯ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи «Кони Мансур» маротибаи охир аст, ки Русияро раҳо мекунад. Аммо ширкати русӣ баранда шуда натавонад, айби Ҳукумати Тоҷикистон дар чист?
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо назардошти пешгӯии баъзе мақомот дар мавриди пирӯзии Чин ё рӯи хотир кардани Русия таъкид бар он мекунанд, ки дар озмун бояд ба ягон ширкати сармоягузор ё давлати алоҳида имтиёзи бештар дода нашавад. Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ гуфт, дар чорабиние, ки соҳибкорони тоҷикистонӣ ва чинӣ вохӯрӣ доштанд, таъкид шуда, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад яке аз ширкати азими чинӣ дар коркарди «Кони Мансур» иштирок кунад. Вай афзуд, вақте озмун эълон мешавад, бояд ҳамаи ширкатҳои азими ҷаҳон иштирок дошта бошанд ва ба ҳеҷ кадоми онҳо имтиёзи бештар дода нашавад. Зеро дар ин сурат, аз рӯйи талаботи бозор рақобати солим сарфи назар мегардад.
«Адрасман» пирӯз мешавад?
Корхонаи «Адрасман» яке аз ширкатҳои бузург дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешуд. Он барои коркард ё пурбаҳо кардани метал пешбинӣ шудааст. Кони сурма дар ихтиёри ин ширкат қарор доштааст.
Чанд сол қабл масъалаи дар дохил коркард кардани нуқраи «Кони Мансур» ба миён омада буд. Он замон Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон тасмими ширкати «Норильский никел»-ро дар мавриди коркарди мустақилонаи нуқра дар хориҷи кишвар на бар суди Тоҷикистон хонда, хостори рад кардани сармоягузорияш шуда буд.
Ба андешаи иддае аз таҳлилгарон, Тоҷикистон чандон қудрати коркарди маъдани «Кони Мансур»-ро надорад. Зеро «Кони Мансур» яке аз конҳои бузурги нуқра дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва барои коркарди он сармояи зиёд лозим аст. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ дар аввал чунин андеша дошт, ки коркарди ин кон бо тавони молию фаннии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Чунки барои истеҳсоли нуқраву дигар маъданҳо маблағи зиёд сарф хоҳад шуд ва техникаҳои махсус лозим аст, ки кишвари мо аз ин имконот бархӯрдор нест. Ба ин хотир, Тоҷикистон барои коркарди «Кони Мансур» озмун эълон кардааст. Ҳамакнун, ки ширкати тоҷикии «Адрасман» дар ин озмун иштирок дорад, ӯ ҳанӯз ақидаи авваларо ҷонибдорӣ карда, мегӯяд: «Ширкати мазкур дар замони Шӯравӣ тавони молии зиёд дошт. Ҳоло гумон намекунам, ки нуфузи пештараро дошта бошад. Ба ин хотир, баранда шудани он дар музоядаи «Кони Мансур» хеле баъид аст. Шояд дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои хориҷӣ дар коркарди нуқра саҳмгузор шавад. Лекин дар танҳоӣ аз ӯҳдаи сармоягузорӣ ва коркарди нуқраи кони мазкур баромаданаш ғайриимкон аст».
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи ин коршинос, ҳарчанд ашёи нохолис арзиши паст дорад ва ба хориҷ коркарднокарда интиқол додани он чандон ба суди Тоҷикистон нест, вале аз беҳуда хобидани маъдан дар замин, коркард шавад беҳтар аст. Зеро аз ду сар Тоҷикистон қудрати коркарди онро надорад.

Ҷалби сармоя эҳсос мешавад
Дар соли 2009 бо сабабҳои гуногун сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Дар радифи дигар соҳаҳо ба бахши сармоягузории хориҷии Тоҷикистон низ таъсири бӯҳрон асар кардааст. Мувофиқи маълумоти масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар соли 2009 нақши номатлубе гузоштааст. Ба унвони мисол, Қазоқистон бо далели бӯҳрони молӣ аз ворид кардани сармоя ба Тоҷикистон дар бахши энергетика худдорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ин кишвар омодагии худро барои ширкат дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон эълом кардааст.
Бар асоси омори пешакӣ, мизони ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи гузашта ҳудуди 1,5 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин рақам дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ камтарин ба ҳисоб мерафтааст.
Иддае аз таҳлилгарон Тоҷикистонро минтақаи аз лиҳози сармоягузорӣ хатарнок арзёбӣ мекарданд. Коршиносон бар ин назар буданд, ки вазъи кунунии ришвахориву фасод дар ҷомеа, ҷойгирии 201-ум дивизияи Русия, ҳаммарз будан бо Афғонистон ва даргириҳои тобистони соли 2009 дар шарқи кишвар Тоҷикистонро ба минтақаи аз лиҳози сармоягузорӣ хатарнок табдил додааст.
Аз эҳсоси хатар кардани сармоягузорони хориҷӣ мақомоти зирабт низ воқиф гаштаанд. Чунончи, Фаррух Ҳамралиев, собиқ раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон соли 2009 дар ҷараёни як нишаст кам шудани сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ рабт додааст. Вале ҳамзамон қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз сабаби бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳаммарз буданаш то ҳадде ба гумони сармоягузорони хориҷӣ минтақаи хавфнок ба ҳисоб меравад.
Файзулло Файзиев, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби он ки интихобот ба таври демократӣ намегузарад ва мушкилиҳо дар шаффофияти он ҷой дорад, аз ин сабаб сармоягузории хориҷӣ дар иқтисодиёти кишвар кам ба назар мерасад.
Вале ҳамакнун бо дарназардошти он ки ширкатҳои хориҷӣ барои сармоягузорӣ дар бахши коркарди маъдани Тоҷикистон омода буданашон маълум гашт, баъзе мақомот ва коршиносон инро ҳамчун мизони афзоиши ҷалби сармоягузории хориҷӣ маънидод мекунанд. Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ талоши давлат дар соли 2010 барои рушди сармоягузории хориҷиро нишондиҳандаи натоиҷи хуб ва самарабахш арзёбӣ кардаанд.
Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: