Главная > Uncategorized > «Сюрприз»

«Сюрприз»

ва ё навбат ба ҳизби растанипарварию чорводорӣ?
Таври маълум, чанд ҳизби сиёсии Тоҷикистон натиҷаи интихоботи парлумониро ғайришаффоф ва золимона арзёбӣ карданд. Дар қатори ҲСДТ, ҲКТ, ҲДТ ва ҲСТ таваҷҷӯҳи омма ва расонаҳои гурӯҳиву коршиносон бештар ба ҲНИТ ба назар мерасид. Бо таваҷҷӯҳ ба эътимоди мардум ба ҲНИТ (зеро ин ҳизб ғояҳои диниву мазҳабиро дар худ инъикос мекунад), таъсири он ба ҷомеа, саҳми Саид Абдуллоҳи Нурӣ — пешвои ин ҳизб дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон, аксари мардум ва сиёсатмадорону коршиносон ҳаргиз мунтазири он набуданд, ки ҳизби мазкур дар баробари дигар аҳзоби тавтаъсису барои тамоми аҳолии кишвар номаъмул, амсоли Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ танҳо 7 дар сади раъйи мардумро ба даст меораду бо ду нафар узви худ шомили парлумон мегардад. Аммо чӣ мегӯед, ки «Сюрприз» пешкаши ҳаводорони ҲНИТ шуд.
Андешаҳо ва кӯрбиниҳо то интихобот
Маъмулан то баргузории интихобот назару андешаҳои коршиносон ва аҳли ҷомеа тариқи расонаҳои гурӯҳӣ баррасӣ мешаванд ва ҳатто дар сӯҳбатҳои сарироҳиву ҷойҳои ҷамъиятӣ низ сари ин мавзӯъ баҳсҳо зиёд ҷараён мегиранд. Дар ин маврид низ ҲНИТ ва раиси он пештоз буданд. Назарҳо перомуни нуфузи ҲНИТ ва раиси он гуногун буданд ва ағлаб кӯрбинонаву бедалел ва бо шеваҳои мухталиф. Масалан, ҳангоми баргузории анҷумани пешазинтихоботии ин ҳизб, ки дар он номзадҳо ба вакили мардумӣ пешбарӣ шуданд, коршинос Парвиз Муллоҷонов ба хабарнигорон гуфт, ки Кабирӣ танҳо мондааст, зеро аз як ҷониб ӯ мехоҳад ба ҳукумат гароиш кунад, аз ҷониби дигар аъзоёни ҳизбаш инро намехоҳанд. Вале Парвиз Муллоҷонов барои исботи ин гуфтаҳояш ҳеҷ далеле пеш наовард. Дар муқобили андешаи Парвиз Муллоҷонов коршиносони ҳукуматӣ пайваста паст рафтани нуфузи ҲНИТ-ро дар миёни ҷомеа талқин мекарданд. Минҷумла, Сӯҳроб Шарипов — раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Сафаров — муовини раиси ҳамин ниҳоди давлатӣ номзадҳои пешниҳодкардаи ҲНИТ-ро ба вакилии мардумӣ дар парлумон барои мардум ношинос ва дар ҷомеа бетаъсир арзёбӣ намуданд. Ба андешаи эшон, номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳамаашон чеҳраҳои шинохтаву пуртаъсир буда, тактикаи сиёсии ҳизби ҳоким дар интихобот беҳтарину нозукбинона буд. Сайфулло Сафаров боз пешниҳод ҳам карда буд, ки аҳзоби дигар аз таҷрибаи ҳизби ҳоким тактикҳои сиёсиро биёмӯзанд ва чеҳраҳои барҷастаро ба вакилии мардумӣ пешбарӣ кунанд. Баръакси гуфтаҳои Сайфулло Сафаров ва Сӯҳроб Шарипов, як намояндаи радиои «Озодӣ» бо пахши гузоришаке нуфузи ҲНИТ-ро дар миёни ҷомеа бо нуфузи Ҳизби халқӣ-демократӣ тақрибан баробар арзёбӣ кард ва бо ин роҳ дар тасаввури худаш ба ҳукумат хабар кашид, ки нерӯҳои дигаре низ метавонанд эътимод ва раъйи мардумро баробар бо ҳизби ҳоким ба даст оваранд. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки ин гузоришак ба ҷараёни интихобот ягон таъсире гузошт, вале ба ҳар сурат, дарҷи онро низ истисно накардем.
Дар нишастҳову чорабиниҳои алоҳида ҳам нафароне назири Боймурод Шарифзода — устоди адабиёт дар ДДМТ раиси ҲНИТ-ро бо тамасхур «домулло Кабирӣ» ном мебурданд. Шарифзода калимаи «домулло»-ро бо оҳанге ба забон меовард, ки гӯё домулло бадтар аз қотилу силоҳбадаст бошад!
Коршиносону таҳлилгарон перомуни фаъолияти ҲСДТ низ андешаҳои мухталиф доштанд. Боз ҳам Сайфулло Сафаров зимни як нишаст дар ҳузури аҳзоб гуфта буд, ки интиқоди шадид аз фаъолияти ҳукумати кишвар ва тарғиби раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар расонаҳо аз ҷониби Раҳматилло Зойиров — раиси ҲСДТ метавонад дар интихоботи парлумонӣ ба интихоби вакилони пешбарикардаи ин ҳизб таъсири манфӣ расонад.
Назару андешаҳои мусбат низ дар иртибот ба нуфузи ҲНИТ ва ҲСДТ ва фаъолияти раёсати ин аҳзоб кам набуд, вале мақсади мо на бадгӯии касе, балки инъикоси нотавонбинии баъзе коршиносони масъул ва мустақил мебошад.

Коршиносон пас аз интихобот чӣ мегӯянд?
Дар мавриди вокуниши бархе аз аҳзоби сиёсӣ аз натиҷаи интихоботи парлумонӣ чизе гуфтанӣ нестем, зеро ҳама дар ин бора тариқи расонаҳо огоҳанд. Аммо коршиносон сабаби нигаронии аҳзобро аз натоиҷи интихобот дар чӣ мебинанд?
Исмоил Талбаков — муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки бар хилофи раиси ин ҳизб аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ қаноатманд аст, мегӯяд, ки шикасти Ҳизби сотсиалист дар адами ячейкаҳои маҳаллии он ва таблиғи ками барномаи пешазинтихоботии ҲСТ дар миёни ҷомеа мебошад. Мағлубияти ҲСДТ бошад, ба назари Исмоил Талбаков, дар тарафгирии раиси ин ҳизб ҷиҳати хусусигардонии НБО-и «Роғун» арзёбӣ мешавад. Яъне, ба гуфтаи Талбаков, раиси ҲСДТ тарафдори он ақида будааст, ки ҷиҳати босуръат бунёд шудан мебоист НБО-и «Роғун» хусусӣ гардонида шавад ва ин андеша боиси нофаҳмии мардум ва костагии эътибори ҳизби мазкур гаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки изҳори андешаҳо перомуни НБО-и «Роғун» на танҳо аз ҷониби Раҳматилло Зойиров, балки аз ҷониби аксар коршиносону рӯзноманигорон ва мардум низ мухталиф буданд ва касе ёд надорад, ки раёсати ягон ҳизб муқобили сохтмони НБО-и «Роғун» ҳарфе гуфта бошад. Аммо ҲНИТ ҳамеша аз бунёди НБО-и «Роғун» тарафдорӣ карда буду аз аввалин харидорони саҳмияҳои ин пружаи бузург маҳсуб мешуд. Пас, чаро ба қавли коршиносони ҳукуматӣ, «таназзули эътибору нуфуз кард»?
Барои пайдо кардани посух ба ин савол ба Сайфулло Сафаров — муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон занг задам. Эшон аз нигаронии ҲНИТ бо хушнудӣ ҳарф заданду дар ҷавоб ба саволи мо гуфтанд: «Ҳанӯз то баргузории интихоботи парлумонӣ маълум буд, ки ҲНИТ дар интихобот раъйи зиёд ба даст намеорад. Пажӯҳишҳо нишон дода буданд. Масалан, як пажӯҳишгари амрикоӣ омада дар кӯчаҳои кишвар тақрибан аз 2000 нафар шаҳрванд дар иртибот бо нуфузи аҳзоб назарпурсӣ кард ва ба хулосае омад, ки ҲНИТ чандон мақоми баландро дар интихоботи парлумонӣ касб нахоҳад кард». Ақидаи сиёсии як сиёсатшиноси тоҷикро бингаред! Ана ҷаҳонбинӣ!!! Акнун худ қазоват кунед, ки дар асри 21 ҳанӯз ҳам такя кардан ба андешаи коршиносони хориҷӣ ва аз зовияи онҳо кор гирифтан чӣ маънӣ дорад? Тасаввур кунед, ки кадом як амрикоӣ тоза вориди Тоҷикистон мешаваду бо чанд нафар саволу ҷавоб карда, бо ҳамин вазъи сиёсӣ ва дурнамои кишвари моро баҳогузорӣ мекунад, оё метавон гапи ӯро шиори зиндагӣ хонд?
Сайфулло Сафаров дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ки қабл аз интихобот пешниҳод карда будам, ки бигзор ҲНИТ чеҳраҳои шинохтаро ба вакилӣ пешбарӣ кунад, вале ин ҳизб чунин накард ва ин ҳам боиси шикасти ҳизби мазкур дар интихобот шуд. Пурсидам: «Оё 22 нафар номзаде, ки Ҳизби халқӣ-демократӣ пешбарӣ карда буд, ҳамаашон чеҳраҳои шинохта буданд?». Ҷавоб дод: «Не, албатта, вале таъсири раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҷомеа зиёд аст. Мардум на ба номзадҳои ин ҳизб, балки бо дидани номи Ҳизби халқӣ-демократӣ ба Президенти кишвар овоз доданд». Бо таваҷҷӯҳ ба ин андешаи Сафаров бояд гуфт, ки пайравону ҳаводорони Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар Тоҷикистон бешуморанд. Пас, мебоист мардум ба хотири Нурӣ шуда, ба вакилони ҲНИТ раъйи зиёд дода бошанд, ба миқдори 8 дар сад! Чӣ мегӯед, ҷаноби Сафаров?

Мавқеи аҳзоб аз нигоҳи қиёсӣ
Ба гуфтаи баъзе коршиносон, таҷрибаи ками аҳзоби ноком низ сабаб шудааст, ки номзадҳои пешбарикардаи онҳо раъйи лозимиро дар интихобот ба даст наоранд. Аммо оё Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ таҷрибаи бештар аз ҲСДТ, ҲСТ, ҲДТ доранд, ки бо ҲНИТ ва ҲКТ дар як мувозинат қарор гирифтанд? Албатта касе бар зидди ғолибияти ҲАТ ва ҲИИТ дар интихоботи парлумонӣ нест, вале чигунагии таносуб барои мо муҳим аст. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, ду нафар аз вакилони Ҳизби аграрии кишвар чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа мебошанд. «Рустам Латипов намояндаи оилаи бонуфузе дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошад. Бинобар ин, мардуми ин ноҳия ба ӯ раъйи зиёд доданд. Рустам шогирди ман аст. Қароқулов низ корманди Академияи кишоварзӣ ва донишманди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳукуматҳои ноҳияҳо низ фаъолият кардааст. Аз ҳисоби мардуми ноҳия низ овози зиёд гирифтааст»,- гуфт Сайфулло Сафаров. Охир дар ноҳияҳо қариб ҳар ду-се сол пас раисони нав таъин мешаванд. Мардум ба кадом яки онҳо эътимод баста, пас аз солҳои зиёд ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба тарафдории онҳо овоз медиҳанд. Агар чунин бошад, пас, дар Тоҷикистон ягон раисе намемонад, ки депутат набошад.
Аҷиб аст! Магар дар ҳайати ҲСДТ, ҲНИТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ донишмандону кормандони собиқадор ва ё намояндагони оилаҳои бонуфуз нестанд?
Аммо Исмоил Талбаков ғалабаи Ҳизби аграриро зери шубҳа бурд ва гуфт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб ягон ҷанбаи муассир ҷиҳати рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ инъикос нашуда буд. Баръакс, ҲКТ ба тамоми паҳлӯҳои соҳаи кишоварзӣ роҳҳои ҳалли мушкилро дар барномаи худ пешниҳод карда буд. Исмоил Талбаков Ҳизби аграриро аслан як ҳизби соҳавӣ номид ва афзуд, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамин як Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ басанда аст ва намешавад, ки дар баробари ҲАТ боз ҳизбҳои растанипарвариву чорводориро таъсис диҳем.
Ба ҳамин тартиб, боз ҳам назару андешаи сиёсатмадорону таҳлилгарон дар иртибот ба натиҷаи интихоботи парлумонӣ ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад. Мунтаҳо, бояд гуфт, ки коршиносони давлатӣ ва баъзе аз масъулин тавре аз андешаҳои худи онҳо бармеояд, аз ҳамкории ҳукумат бо аҳзоб ва чеҳраҳои донишманди сиёсии кишвар чандон табъи хуш надоранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, иттиҳоди назар миёни ҳукумат ва чеҳраҳои қавии сиёсӣ боис мегардад, ки бархе мансабдорону вакилони бемасъулият аз вазифаву даромадашон бенасиб шаванд ва ин омил ҳароси онҳоро зиёда мегардонаду бо ҳар роҳе ба ҳамкории миёни ҳукумату аҳзоб монеа эҷод кардан мехоҳанд. Андешаи дигари таҳлилгарон ин аст, ки роҳ наёфтани аҳзоб ба парлумон, ки аз ҷониби ин нерӯҳои сиёсӣ ҳамчун тақаллуб дар интихобот арзёбӣ мешавад, нишонаи заъфи демократия ва такомули диктотурӣ дар кишвар мебошад.

Нилуфари СОБИР,
махсус барои «Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: