Главная > Uncategorized > Боз як абармард аз мо рафт

Боз як абармард аз мо рафт

Варзишгари маъруф, мураббии варзида, олими шинохта ва ходими давлатию ҷамъиятӣ Иброҳим Ҳасанов, ки даҳ соли охир тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод, 2-юми март бар асари бемории қалб дар синни 73-солагӣ дар Теҳрон вафот кард. Ҷасади ӯро рӯзи шанбе аз пойтахти Эрон ба Душанбе оварданд.
Иброҳим Ҳасанов 9-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аввал Донишкадаи омӯзгории пойтахт, баъдан Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, номзади илми тиб ва профессор буд. ӯ солҳои 1984-85 роҳбари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985-91 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон, ҳамчунин, аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Мавсуф ду бор депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Маросими дафни мураббии шинохтаи тоҷик 7-уми март дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин маросим камонвари маъруфи тоҷик Зебуннисо Рустамова иброз дошт, ки касе дар соҳаи варзиш ба пояи Иброҳим Ҳасанову шогирдони ӯ нарасидааст.
Баъди маросими хайрбодӣ Иброҳим Ҳасанов дар гӯристони Лучоб ба хок супурда шуд. Дар гӯристоне, ки чандин олимону абармардони халқи тоҷикро ба оғӯш кашидааст. Гӯристоне, ки дар он фарзандони фарзонаи миллат — Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Ҷалол Икромӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва чандин нафари дигар маскан гирифтаанд. Гӯристоне, ки чанде пеш дар онҷо ҳузур доштем ва дидем, ки ба гӯристон ҳам монанд нест. Масалан, вақте дар назди қабри Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим нишаста, фотиҳа мехондем, ду саги дайду пайдо шудаву миёни қабрҳо мегаштанд. Зеро ин гӯристонро на симхоре муҳофизат мекунад, на деворе. Як села мактаббачагон низ барфбозикунон аз як тарафи роҳи байни қабристон ба тарафи дигар мегузаштанд. Чунон ба назар мерасид, ки касе хоҳад ба ин макон медарояд ва кори хостаашро анҷом медиҳад.
Бисёр дардовар буд дидани чунин авзоъ. Бахусус, дар ҳолате, ки гӯристони Лучобро бо қабристони масеҳиён, воқеъ дар ноҳияи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе муқоиса намудем. Вақте вориди қабристони масеҳиён шудем, он посбон дошт ва моро хеле пурсупос карданд. Дарбони онҷо бобои Ҳасан гуфт, ки се нафар бо навбат дидбонӣ мекунанду гӯристонро бекас намегузоранд. Дар назди дарвозаи қабристон 4-5 хоначае мавҷуд буд, ки дар яке асбобҳо, дар дигаре гул… Хулоса, касе наметавонад бе иҷозати дарбонҳо вориди қабристон шавад. Дар гӯристони Лучоб бошад, чунин шароитро вонахӯрдем. Ба ҳар ҳол умед мебандем, ки дар кӯтоҳтарин муддат норасоиҳои ин гӯристон бартараф мешавад.
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
Мустафо СУЛТОНОВ,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: