Главная > Uncategorized > Кумитаи амнияти миллӣ ҳам медонад…

Кумитаи амнияти миллӣ ҳам медонад…

Беморхонаи Мискинободи ноҳияи Файзобод дар мавзеъе ҷойгир аст, ки зиёда аз шаш моҳ зимистонаш давом мекунад. Баҳри гузаронидани фасли зимистон ҳар сол мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои беморхона ангишт, маводи хӯрока, дорую сӯзандору ҷудо менамояд. То солҳои пеш дар беморхона бесарусомонӣ мушоҳида намешуд. Ҳамин ки Асадулло Расуловро сардухтури ноҳия дар беморхонаи Мискинобод сардухтур таъин намуд, бесарусомонӣ оғоз гардид.

Барои дақиқ кардани бесарусомонии беморхона омӯзиш гузаронидам. Аввал бо сармуҳосиби беморхонаи марказии ноҳия А. Раҷабов вохӯрда, сабаб пурсидам. Номбурда гуфт, ки соли 2009 бо миқдори 75 тонна ангишт ба маблағи 2 ҳазору 786 сомонӣ беморхонаро таъмин намудем. Ҳамчунин, дар ин давра 1480 мариз хобида табобат гирифтаанд. Ба миқдори 28,5 куб ҳезум низ таъмин намудем. Дар тӯли як соли 2009 ва ду моҳи соли 2010 сармуҳосиб як маротиба ҳолати маблағгузорӣ ва шумораи беморонро аз санҷиш гузаронидааст, ки ин ғайриқаноатбахш буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест. Тибқи нишондоди А. Раҷабов, бояд ҳар моҳ ё ҳар семоҳа ҳолати истифодаи маблағгузориро мавриди таҳлилу санҷиш қарор диҳанд. Аз беназоратии сардухтуру сармуҳосиби ноҳия сардухтури беморхонаи Мискинабод Асадулло Расулов истифода бурда, аз рӯйи мақоли «Худам шоҳу табъам вазир» амал намуда, ба бесарусомонии беморхона оғоз бахшид. Хӯрокҳое, ки барои маризон тайёр карда мешавад, қиссаи «шулдурмаоб»-ро ба хотир меорад. Маводи хӯрока ба куҷо ғайб мезанад, маълум нест. Гарчанде дар беморхона маризон нахобида бошанд ҳам, дар дафтари бақайдгирии маризон 8-15 нафар номнавис мешаванд. Магар ин фиреби рӯйрост нест? Дар ҳудуди ҷамоати деҳот чор бунгоҳи тиббӣ ҷойгир аст, ки аксари онҳо барои зимистонгузаронӣ ангишту ҳезум нагирифтаанд.
Бунгоҳи тиббии деҳаи Фатҳобод аз ангишт танқисӣ мекашад. 75 тонна ангишти ба беморхона воридгардида дар куҷо сарф шудааст, номаълум аст. Сардухтур бачаҳои ҷамоати деҳоти Мискинободро «хатматӯй» мекунаду «сафедии даст», яъне маблағ мегирад. Оё маблағи ба даст омадаро ба буҷаи беморхона гузаронидааст? Инро касе намедонад.
Мисоли дигар. Асадулло Расулов бародари шафқат (медбрат) Абдураҳмон Яқубовро, ки зиёда аз даҳ сол аз вазифааш даст кашида буд, ба хотири номзадии ӯро ҷонибдорӣ кардан ба ҳайси бародари шафқат ба кор таъин карда, мегӯяд: «Агар ман номзадиямро ба вакили маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод кунам, шумо шабона хона ба хона гашта, ташфиқот мебаред, ки агар ба ҷониби Асадулло Расулов овоз диҳед, ӯ метавонад бунгоҳи тиббӣ, мактаби нӯҳсола сохта, барои мардуми деҳаи Фатҳобод об биёрад. Азбаски ҷаҳонбинии мардум танг аст, ба суханҳои бардурӯғи Абдураҳмон Яқубов бовар карданд. Суоле пайдо мешавад, ки Асадулло Расулов аз кадом ҳисоб мактабу бунгоҳи тиббӣ месозад ва об меорад? Дар як вохӯрияш бо интихобкунандагон ӯ ваъда дод, ки агар ба ҷонибдории ман овоз диҳед, қасру ҳаммом, мактабу бунгоҳ месозам. Дар арафаи интихобот, дақиқтараш бегоҳи 28-уми феврал Асадулло Расулов ба хотири овозҳоро соҳиб шудан ба чойхонаи деҳаи Фатҳобод 20 дона тахта овард. Дар арафаи интихобот додани пора қатъиян манъ шудааст. Дар ин бора дар лентаи диктофон далел дорем. Азбаски номзад ба қонуншиканӣ роҳ дод, ба Кумитаи амнияти миллӣ занг задам. Аз он ҷо ба раиси ҷамоати деҳоти Мискинобод занг зада, супориш доданд, ки ин масъаларо мусбат ҳал намоед. Раиси ҷамоат ба чойхонаи деҳа омада, тахтаҳои воридшударо бо чашмони худ диду аз ман хоҳиш кард, ки хомӯш бошам, то маъракаи муҳими сиёсӣ ором гузарад. ӯ гуфт, ки баъди интихобот ин масъаларо ҳал мекунем. Аммо чӣ мегӯед, ки раиси ҷамоат ҷонибдори номзад будааст!
Тибқи қонуни интихобот мебоист ваколати номзадии А. Расуловро дар участкаи интихоботии рақами 39 қатъ мекарданд. Факту далелҳо ҳастанд. Боварӣ дорем, ки ҳавзаи интихоботии ҷумҳурӣ дар ин бора ба ягон хулосаи даркорӣ меоянд.
Бародари шафқат Абдураҳмон Яқубов ҳар сол фарзандони худро аз даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ ба Федератсияи Русия мегурезонад. Ҳамин ки даъват ба охир расид, фарзандонаш ба зодгоҳаш бармегарданд. Дар бораи аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардани чор нафар фарзандони бародараш Сулаймон Яқубов дар рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» мақола чоп шуда бошад ҳам, танобкашон танобашонро накашиданд. Аз рӯйи маълумотҳои ба даст омада, чор нафар фарзанди Сулаймон Яқубов соҳиби билети ҳарбӣ шудаанд. Ку бинем, дар ин бора масъулин чӣ мегуфта бошанд!?

Марди ХИРАДМАНД,
ноҳияи Файзобод

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: