Главная > Uncategorized > Хоманаӣ садди роҳи ба Тоҷикистон омадани Бинямин гардид?

Хоманаӣ садди роҳи ба Тоҷикистон омадани Бинямин гардид?


Бинямин Баҳодурӣ, сарояндаи попи Эронӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Валӣ Ҳиҷозӣ, ҳофизи маъруфи афғон аз Олмон нахустин бор ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Эшон зимни як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон сӯҳбатҳои ҷолибе карданд ва мо тасмим гирифтем, ки бо интихоби муҳимтарину беҳтарин саволу посухҳои ҳаводорон ва сарояндагони мазкур ду матлаберо ду ҳафта пайи ҳам дар шакли мусоҳибаи мухтасар пешкаши ҳаводорони санъати Шарқ намоем.
— Лутфан бигӯед, ки қаблан Тоҷикистонро чӣ гуна тасаввур мекардед ва алъон, ки ба ин кишвар сафари ҳунарӣ анҷом додед, онро чӣ гуна дарёфтед?
БИНЯМИН: — Қабл аз он, ки ба Тоҷикистон биёям, аз рӯи мутолиаҳоям иттилооте роҷеъ ба ин кишвар доштам ва ҳоло аз ин сафар боз иттиллоти наве гирифтам. Аммо он чизе ки дар Тоҷикистон дидам ва ҳис кардам, аз он чизе ки қаблан роҷеъ ба ин кишвар шунидаву хонда будам, хеле беҳтару самимитару гармтар буд.
— Албомҳои Шумо бо исми сол, яъне 85 ва 88 номгузорӣ шудаанд. Бигӯед, ки дар ин гуна номгузорӣ чи рамзу ҳадафест?
БИНЯМИН: — Олбуми нахустинам, ки 85 ном гирифтааст, соли 84 мунташир шуд, вале наврӯзи соли 85 ба гӯши мардум расид. Аслан номгузории олбумҳо далели печидае надошт, аммо далели хос дошт. Мо саъй кардем ҳамаи он чизҳоеро, ки мусиқиро аз асли он дур мекунад, камранг бикунем ва оҳангҳо оҳанги мусиқии худро нишон бидиҳанд. Исми печида барои як олбум ва ё як оҳанг асли моҷароро камранг мекунад. Асли моҷаро мусиқӣ ва шеър аст ва бояд ба шеър дида шавад. Исми соддае интихоб кардем, ки албатта вижа буд. Фикр мекунам, мо кори дуруст кардем.
— Исми Шумо ба назари мухлисонатон ғайриоддӣ ва аҷиб менамояд. Бигӯед, ки Бинямин чӣ маъно дорад?
БИНЯМИН: — Исми Бинямин як бардошти ибрӣ дорад ба номи писари ғамҳои ман. Ин талаффузи таҳтуллафзияш аст — «писари ғамҳои ман». Аммо истилоҳан, яъне ғами зебо, ғаме, ки ба одам нишот медиҳад.
— Оё шумо бо оқои Валӣ қаблан ҳам барномаи консертӣ доштед ё не?
БИНЯМИН: — Не, ман аввалин бор бо оқои Валӣ барномаи консертӣ дорем ва хеле хушҳолам, ки ба унвони як форсизабон дар канори эшон барнома иҷро мекунам. Валӣ ҳунарманди боистеъдод аст ва дидам, ки дар ҷойҳои мухталиф аз Бинямин таъриф мекунад ва ман ҳам хушҳол будам. На ба хотири шахсияти Бинямин, балки ба хотири дӯстӣ.
— То замони сафари ҳунариятон ба Тоҷикистон боз ба кадом кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом додаед?
БИНЯМИН:
— Соли 2006 дар кишвари Суит бо даъвати Вазорати фарҳанги ин кишвар барои ширкат дар ҷашнвораи «Медолист» дар бахши мусиқӣ ба унвони намояндаи хонандагони форсизабон сафари ҳунарӣ доштам. Аввалин консерти Бинямин он ҷо иттифоқ афтод. Пазироӣ аз ҳунари ман хеле хуб буд.
— Бигӯед, ки аз таронаҳои тоҷикӣ ва кори сарояндаҳои тоҷик огоҳӣ доред ва агар иттифоқ бияфтад, бо кадом ҳунарманди тоҷик ҳамкорӣ мекардед?
БИНЯМИН:
— Бештар бо шеъри форсӣ-тоҷикӣ ошноӣ дорам. Дар ояндаи наздик бо он ки дар ин сафарам ба Тоҷикистон аз лаҳҷаи тоҷикӣ огоҳ мешавам, шояд як қитъа таронаи таснифӣ бо шеваи тоҷикии забони форсӣ аз Бинямин хоҳед шунид. Қавл медиҳам, ки таронаҳои ҷолибу аҷибе хоҳад буд.
— Ба назари Шумо барои шинохти бештари ҳунармандони кишварҳои форсизабон — Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бояд дар ин росто чӣ корҳое анҷом бигирад, чун на ҳама эҷодиёти ҳунармандони тоҷику афғон дар Эрон маъмуланд?
БИНЯМИН:
— Ба назари ман, бояд мудириятҳои муваффақи мухталиф, ки дар ҳавзаҳои мусиқии форсизабонон, бахусус дар мусиқии поп кор мекунанд, бояд барои анҷоми корҳое мусоидат намоянд. Мо метавонем танҳо дар ҳавзаҳои ҳунар пешниҳодҳое дошта бошем. Масалан, ҳамон чизе, ки ман гуфтам, сурудани қитъаи таронаҳои форсӣ бо шеваи тоҷикӣ. Ин пешниҳодест, ки ман ба ҳайси як ҳунарманд метавонам матраҳ бикунам ба мудири барномаҳоям оқои Раҷабпур. Ва мисли ман дигар хонандагон низ метавонанд ба мудирони барномаҳояшон чунин пешниҳодро кунанд. Бо ҳамин роҳ метавон сатҳи шинохти ҳамдигарро густурдатар кард.
— Бинямин, тибқи иттилои баъзе манбаъҳо, оқои Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон ба сафари ҳунарии Шумо ба Тоҷикистон муддати аввал иҷозат надода буд. Чаро?
БИНЯМИН:
— Ман дар ҷодаи ҳунар танҳо вазифаи худро анҷом медиҳам, яъне кор рӯи саҳна. Дигар паҳлӯҳои корӣ назири сафарҳои ҳунарӣ, матраҳ ва доир кардани барномаҳои консертӣ ва дар маҷмӯъ корҳои маъмурӣ ба дӯши мудири барномаҳои ман оқои Мӯҳсини Раҷабпур мебошад ва беҳтар мебуд, агар эшон ба саволи шумо посух гӯянд.
РАҶАБПУР: — Роҳбарони маънавии мо (раҳбарони молӣ, ки надорем) хеле хушҳол мешаванд, агар ҳунармандони мо дар кишварҳое, ки решаи форсӣ доранд, мисли Тоҷикистон, барномаҳои консертӣ дошта бошанд. Ман яқин дорам, ки алъон масъулини кишварам фаъолияти моро дар саросари дунё хеле пайгирона ва муштоқона пайгирӣ мекунанд. Ман дар аксари кишварҳои дунё, ки мардуми форсизабон доранд, бо ҳунармандони эронӣ барномаи косертӣ доир кардам ва хеле хушҳолам, ки Бинямин қабл аз сафари ҳунарияш ба Лондон, аввал ба Тоҷикистон сафар кард. Албатта, каси дигар мебуд, тарҷеҳ медод, то аввал Лондон ё Лос Анҷелосро иҷро кунад, баъдан биёяд ба Душанбе. Ман хушҳолам, ки пас аз таваққуфи чандсола мо барномаи консертии Биняминро дар Тоҷикистон доир кардем. Чаро ман таваққуфи чандинсола мегӯям? Чунки қаблан теъдоди қитъаҳои Бинямин барои иҷрои консерт кам буд. Олбуми 85 камтар аз як соат қитъабандӣ дошт.
Иҷрои консерт ҳамчунин таркибӣ мешавад, ки ман чунин консертро дар саросари дунё намепазирам. Чаро ки қитъа-қитъаи як сарояндаи тоҷик ҳамон форсизабон аст ва форсизабон аз се миллияти мухталиф иборат мебошад. Ин мешавад аҳамият додан ба он шохисаи муштараки мо. Мо ҳама форсӣ ҳарф мезанем, вале ҳеҷ кадоме аз мо эронӣ нестем. Валӣ ҳам танҳо бо афғонӣ консерт намедиҳад, ё касе аз сарояндагони тоҷик, ки ҳамроҳи мо ҳунарнамоӣ кард.
Мо хушҳолем, ки қабл аз кишварҳои урупоӣ дар Тоҷикистон — як кишвари форсизабон консерт медиҳем.
— Чаро дар ин барномаи консертӣ Шумо аз рақс истисно кардед?
БИНЯМИН:
— Ҳар чиз, ё раванд, ё падида дар канори худ чизи муносиб ё мутобиқу мувофиқро мегирад ва ҷой медиҳад. Ҳамин гуна дар ҷодаи ҳунармандӣ низ. Тасаввур кунед, дар канори ранги сурх ё сабз, ки мутобиқ ба ҳадаф аст, ранги сиёҳ ё зард, ки таровати он ҳадаф ё манзараро коста мекунад, рехта шавад. Дар ростои сарояндагӣ низ ҳамин аст. Барои дарк ё дар вуҷуди худ амиқ ҳис кардани мусиқӣ гӯш кори аслиро иҷро мекунад. Қабл аз он, ки мо бингарем ба саҳна ё манзара, мо аввал гӯшҳои худро дармегиронем, то ба умқи садо ё мусиқӣ ва таровату вижагии он бирасем. Фикр мекунам, бо гӯш тамоми хосагӣ ва нозукии садову мусиқӣ беҳтар ҳис карда мешавад.
— Таври маълум, интишори олбуми охири Шумо — «88» қариб даҳ маротиба ба таъхир афтод. Сабаб чӣ буд?
БИНЯМИН:
— Ҳеҷ сабаби печидае надошт. Олбуми «88» бинобар иллати мукаммал набуданаш натавонист сари вақт мунташир шавад. Ман барои комил кардани ин олбум боз сабтҳои тозаи таронаҳоямро илова намудам ва барои иловаи сурудҳои тоза яқин аст, ки вақти зиёд сарф мешавад. Сабаби дигаре нест.

Омодасоз: Нилуфари СОБИР

Рубрики:Uncategorized
  1. Март 14, 2010 в 11:42 пп

    Далели чунин номгузории мусоҳиба чӣ буд? Посух ба пурсишеро, ки дар унвони матлаб омадааст, пайдо накардам.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: