Главная > Uncategorized > Матбуоти тоҷик метавонад ба дардатон даво бахшад?

Матбуоти тоҷик метавонад ба дардатон даво бахшад?

Назира НАБИЕВА, муаллимаи фанни ҳуқуқи мактаби миёнаи №54:
— Ҳам бале, ҳам не. Баъзе рӯзномаҳои Тоҷикистон матлабҳое чоп мекунанд, ки хонданиянд. Аммо бархе аз рӯзномаҳо аслан хуб нестанд. Бахусус рӯзномаи «Оила», ки нисфи навиштаҳояш дурӯғ аст. Ман мехоҳам, ки рӯзномаҳои Тоҷикистон ҳамеша ҳақиқатро гӯянд.

Раҳбар ШАРИПОВА, муаллима:
— Рӯзномаҳои Тоҷикистон нисбат ба гузашта хуб шудаанд ва ҳамеша ҳақиқатро мегӯяд. Ман мехоҳам, ки рӯзномаҳое ба мисли «Омӯзгор» ва «Ворисони сомониён» бештар дар бораи бачаҳо ва ахлоқи онҳо матлаб нависанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунанд.

Сайёди НЕЪМАТУЛЛО, хонандаи синфи 10:
— Рӯзномаҳои Тоҷикистон бояд имрӯз саъй кунанд, ки матолиб барои бачаҳо нависанд. Бештар масоили одоби бачаҳоро ба назар гиранд, на масъалаҳои сиёсию иқтисодиро.

Далер САИДОВ, донишҷӯи ДМТ:
— Матбуоти Тоҷикистон имрӯз то ҷое аз масъалагузорӣ қафо мондааст. Фаврият кам ба мушоҳида мерасад. Пас, он наметавонад ба дарди ман даво бахшад. Ман матбуоти Тоҷикистонро кам мутолиа мекунам, зеро хабарҳое, ки медиҳанд, аллакай кӯҳна аст. Хабарҳоест, ки ан метавонам онҳоро аз дигар сарчашмаҳо пештар дастрас кунам.

Қурбонгул ТОШМАТОВА, сокини шаҳри Душанбе:
— Матбуот бояд ҳамеша дарди халқро нависад. Зеро мардум барои дарёфти ҳаққу ҳуқуқҳои худ ва адолати иҷтимоӣ бисёртар аз матбуот истифода мебаранд. Ман ҳам як фарди Тоҷикистонам ва 11 сол боз ҷабрдидаам. Дар чанд газета мақолаҳоям баромад. Масалан дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» — «Дузд ба сохтакору дуруғгӯй бовар мекунад», дар «Минбари халқ» — «Суд чаро ҳуҷҷтҳои қалбакиро намебинад?». Мо бисёр рӯзномаҳоро мехонем, ки мушкилоти халқро навиштаанд. Лекин, имрӯзҳо аз тарафи мансабдорон камбудиҳо ислоҳ намешавад. Барои ҳамин, бисёр мехоҳам, ки матбуот дарди ҷомеаро рӯйрост навишта, ба халқ дастрас намояд. Ба тамоми журналистон бурдборӣ ва ақли солим таманно дорам.

Амири НУР:
— Ман бисёртар ВАО-и мустақилро мехонам, зеро тамоми ҳодисаю воқеахо дар онҳо ба таври рӯшану воқеӣ инъикос меёбад. Дигар ВАО бештар ба таърифу тавсиф машғул буда, бисёре аз ҳолатҳоро яктарафа инъикос менамоянд.

Нуриддин САЛИМОВ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ:
— Рӯзномаҳои кишварро зиёд мехонам. Нисбати чанд соли пеш онҳо ошкорбаёнтар шудаанд. Аммо як чиз маро ба ташвиш овардааст, ки баъзе рӯзноманигорон гоҳе ба таърифу тавсифи худу рӯзномаи худ пардохта, дарди мардумро фаромӯш мекунанд. Яъне, мушаххас инъикос намудани масоили ҳалталаби иҷтимоӣ кам ба назар мерасад. Дар ин ҳол, бовар нокарданист, ки рӯзномаҳо тавонанд ба дарди ман даво бахшанд.
Фароҳамсозон:
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
Комрон ЛУҚМОНЗОДА,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: