Главная > Uncategorized > «Babilon» иди бонувонро муборак гуфту дар бало монд

«Babilon» иди бонувонро муборак гуфту дар бало монд

loveyou.nsknet.ru


Баъди нисфирӯзии 8-уми март Сокина ҳамсояаш Моҳбибиро канори обкаши чоҳкан бо дидаи нам ёфт. Ҳайрон шуд, ки дар ин рӯзи хурсандӣ ҳама занону духтарон банди базму тараб ва сайру тамошоянду ӯро чӣ расида бошад!? Хост пеш равад ва сабаби маъюсияшро пурсад. Аммо ҳамин ки назди чоҳкан расид, фикри ҳамдардӣ кардан аз сараш бадар шуд. Бо шӯхии хоси занона пурсид:
— Ҳа, ҳамсоя! Чӣ шуд? Хурӯсат ин саҳар ҷеғ назад — чӣ!?
Аз саволи танзомези Сокина, ки имрӯз мебоист шӯхтар нисбати дирӯз мерасид, дарди Моҳбибӣ зӯртар шуд. Ҳунгос зада гирист. Мисли кӯдаки гаҳвора нола кард.
— Бубахш, бубахш дугона, ки надонистам то ин ҳад нозук шудаӣ,- гуфт бо пушаймонӣ Сокина.
Моҳбибӣ ҷониби ӯ нимнигоҳе кард ва зуд рӯй тобонда, ғӯра-ғӯра ашкҳои ба рухсора таровандаашро пинҳонӣ пок намуду садое набаровард. Чун Сокина ором гардидани ӯро дид, боз неш бар дили решаш зад:
— Фаҳмидам! Язнамулло тӯҳфаро фаромӯш кардагист…
Сухани Сокина нимғурма дар даҳонаш монд. Моҳбибиро тоқаташ тоқ шуд ки, дигар эҳтироми шавҳарро ҳам ба кӯи фаромӯшӣ дода, ғирев бардошт:
— Рав, раве қати ҳамун язнамуллоят. Кошки ҳамин саҳар хурӯс шуда фарёд мезаду мерафт назди мокиёнҳои раҳдурияш ва то гузаштани 8-уми март намеомад!
Аз гуфтори ӯ Сокина дучанд ба ҳайрат афтод. Манзарае пеши назараш аксандоз шуд, ки худи ҳамин саҳар бо ду чашми бинои худ дида буд. Вақте барои дастрас кардани хамиртуруш ба хонаи ҳамсоя ворид шуд, медид, ки чи тавр Моҳбибӣ бо шавқу завқ машғул ба паҳн намудани дастурхону оро додани он аст. Ҳар замон нӯги забонаш гапи шавҳар буд. «Ҳозир шӯякам меояд, ҳозиракак меояд»,- такрор ба такрор мегуфт ӯ ва ҳатто ба назараш намерасид, ки Сокина дар хонааш меҳмон шудааст. Сокинаро ин зайл муносибати ҳамсоя як андоза ба рашк ҳам овард. Ҳамон лаҳза ҳатто худ ба худ ғурунгида буд: «Ана ин рӯзгору рӯзгордорӣ! Занака бин, ки шавҳараша чи қадар ҳурмат мекунад. Шавҳараш ҳам чунин меҳрубон будагист. Шавҳари ман чӣ!? Соати 12-и шаб медарояду 6-и саҳар мебарояд. Дар ӯ на одати навозиш аст, на…».
Сокина ҳамин тасаввуроту таассуротеро, ки акнун дар майнааш пайдо шӯд, ба ҳамсояаш гуфт. Моҳбибӣ боз ба шур омад:
— Э дафъ шаванд ҳамаи ҳамин мардҳо! Ҳамаашон аз як хоканд!
Сокина ба таҳқиқ донист, ки ҳамсояаш чӣ алами алиме кашидааст. Ин бор бо оҳанги раҳмгинона пурсид:
— Дугонаҷон, росташро гӯй, чӣ воқеа рӯй додааст?
— Ҳеҷ чиз. Хӯҷаинам ҳамин саҳар аз хона берун шуда, пайи кораш рафт, вале баъди расо ду соат гашта омаду тӯҳфа овардан як тараф истад, хонаро ба сараш бардошт.
— Барои чӣ?
— Худам ҳам саргум задам. Доду фарёд намуд, ки «ман як тини пучак надораму ту инқадар худнамоӣ карда, буду шуди хонаро рӯйи дастурхон кашидаӣ!». Баъдтар фаҳмам, сабаби безобита шудани шавҳарам ширкати мобилии «Babilon» будааст.
— Чи тавр?
— Дар телефонаш табрикот омадааст, ки «Идатон муборак, бонувони азиз!». Ана ҳамин табрикот боиси сар задани хархашаи ману шавҳарам гардид. «Babilon» бояд барои ин бемасъулиятияш ҷавоб гӯяд.
— О «Babilon»-и бечора аз куҷо медонист, ки муштарияш мард аст?
— Пулро қаймоқ барин мегираду чи хел намедонистааст!? Ҳоло истанд, як коре кунам, ки… Аз пагоҳ дар пайи ҷустуҷӯи занони ҷабрдида меафтам. Хоҳ — нохоҳ ба шавҳари чанд нафари дигар ҳам чунин табрикот фиристодагистанд. Занҳоро ҷамъ карда, ҳамфикр мешавему «Babilon»-ро ба суд мекашем. Як бор ҷаримаи зарари расонидаашро ки дод, қандаша хӯраду маротибаи дигар беаҳамиятӣ кунад!
8-уми марти Моҳбибӣ ана ҳамин хел гузашт. Ҳамсояаш Сокина бошад, интизор аст, ки ӯ кай барои ҳисобашро баробар кардан бо «Babilon» қадами аввалро мегузорад.

Қиёми САЪД

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: