Главная > Uncategorized > Аудити ТАЛКО ва муомилаи махфии Муродалӣ Алимардон

Аудити ТАЛКО ва муомилаи махфии Муродалӣ Алимардон

Аудит ё бозрасии фаъолияти молии ширкати ТАЛКО, бузургтарин корхонаи алюминии Тоҷикистон ба поён расидааст. Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байналмилалии пул хабар додааст, ки бозрасии фаъолияти молии корхонаи алюминий аз ҷониби ширкати британиявӣ — «Мур Стивенз» (Moore Stephens) сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи аудити ширкати ТАЛКО дар рӯзҳои наздик дар сомонаи ин корхона нашр хоҳад шуд. Масъулини ширкати ТАЛКО низ ин хабарро таъйид кардаанд. Вале дар бораи натиҷаи бозрасӣ ва эҳтимолияти пайдо гаштани камбудиҳо маълумоте надодаанд.
Чунин як бозрасӣ ё гузаронидани аудит аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон бори аввал набуда, соли гузашта низ ширкати аудитории «Эрнст Энд Янг»-и Британияи Кабир фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро бозрасӣ карда буд. Натиҷаи ин бозрасӣ муомилаи махфии миёни раиси онвақтаи Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардон ва ниҳодҳои сармоягузориро ошкор кард, ки тибқи он миллионҳо доллар ғайри мақсаднок истифода шудааст. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ниҳодҳои сармоягузорие, ки бо Бонки миллӣ ҳамкорӣ доштанд, чунин даъво мекарданд, ки бештари маблағро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ сармоягузорӣ кардаанду деҳқонон аз онҳо қарздоранд. Вале баъдан, бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қисмати қарзи деҳқонон бахшида шуд. Дар ҳоле, ки баъзе коршиносон бар ин назар буданд, ки аслан кишоварзон, бахусус пахтакорон қарздор маҳсуб намешаванду ин «қарздорсозӣ» аз сабаби бо нархи даҳчанд гарон дастрас кардани таҷҳизот ва дигар маводи ба деҳқонон зарур, аз ҷониби худи сармоягузорон махсус ташкил карда шуда буд.
Бозрасии дигар дар моҳи сентябри соли 2009 оид ба фаъолияти молии ширкати «Барқи тоҷик» — бузургтарин ширкати энергетикӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Вале натиҷаи он, тибқи қарордоди ширкати аудиторӣ ва «Барқи тоҷик» дар расонаҳои хабарӣ нашр нашуд. Дар он замон Люк Моерс гуфта буд, ки дар ҷараёни бозрасии фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» чанд мушкили ҷиддӣ дар бахши ҳисобдории он ошкор шудааст, аммо аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ кардааст. Зеро мувофиқи қарордоди дуҷониба натиҷаи аудит монданаш таъкид шудааст.
Ҳамакнун дар бораи натиҷаи фаъолияти молии ТАЛКО ҳадсу тахминҳо гуногунанд. Ҳарчанд ҳоло натиҷа эълон нашудааст, вале иддае аз коршиносони масоили иқтисодӣ ҷой доштани кӯтоҳиҳо дар ин ширкатро аз эҳтимол дур намедонанд.
ТАЛКО андоз месупорад?
ТАЛКО-ро яке аз корхонаҳои саноатии бузурги Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, лекин аз рӯи маълумоти сомонаи ин ширкат аз нимаи аввали соли 2008 то имрӯз гузориши солона дар бораи фаъолияти он пешкаши мардум нагаштааст ва маълум нест, ки ин муддат чӣ қадар маблағ ба буҷети давлат ворид кардааст.
Аз сабаби он, ки ТАЛКО як ширкати бузурги саноатист, мардуми Тоҷикистон ба ин корхона таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва алоқаманд низ ҳастанд, ки оиди хароҷоту даромади ТАЛКО маълумот дошта бошанд. Вале Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки ин корхона ба рӯйхати сирри давлатӣ шомил буда, дар бораи фоидаву зарари он маълумот пайдо кардан аз мақомоти расмии Тоҷикистон ғайриимкон аст. — Аммо дар ҳеҷ давлати дунё алюминий сирри давлатӣ маҳсуб намешавад,- мегӯяд оқои Зулфиқор. Ба гуфтаи ӯ, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар маълумот додаанд, ки ин корхона дар ихтиёри дафтари раёсати ҷумҳур аст, на ин ниҳод. Вай гуфт: «То ҷое ман маълумот дорам, соли 2009 ТАЛКО ба буҷаи давлат 200 миллион сомонӣ маблағ пардохт кардааст».
Ба суоли он ки чаро ин қадар маблағи кам ба буҷаи кишвар ворид мекунад, вазири пешинаи иқтисод гуфтааст, бо далели он ки ширкати ТАЛКО дар Тоҷикистон истироҳатгоҳҳо месозад, ба унвони сарпарасти баъзе идораҳои давлатӣ фаъолият мекунад, камтар андоз месупорад. Аммо ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки бо сохтани истироҳатгоҳ онро бепул ба касе намебахшад ва суди молии он ба худи ширкат тааллуқ дорад. Чаро ин паҳлӯи масъала сарфи назар карда мешавад?
Ба ғайр аз имтиёзе, ки дар хусуси пардохти андоз дода шудааст, боз яке аз имтиёзҳои муҳим ин аст, ки дар масрафи нерӯи барқ арзиши пасттарин, ҳатто пойинтар аз қимате, ки мардум мепардозанд, барои ширкати ТАЛКО муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи баъзе маълумотҳо 70 дар сади нерӯи барқи истеҳсоли Тоҷикистонро ширкати мазкур истифода мебарад.
Тайи ду соли ахир таҳлилгарон дар расонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки корхонаи алюминии Тоҷикистон бар зарар кор мекунад. Яъне, ҳам дар айни мӯҳтоҷии мардум ба нерӯи барқ, бо далели аз фаъолият бознамондан аҳолиро аз истифодаи барқ маҳрум мекунад ва ҳам фурӯши алюминии ТАЛКО хароҷоташро намепӯшонад. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки агар ин миқдор нерӯи барқро фурӯшем, шояд маблағи аз алюминии холис ба дастовардашуда ҷамъ гардад.
Масъуд Собиров, устоди донишгоҳи иқтисодӣ бар ин назар аст, ки имрӯз алюминиву пахта наметавонад дархӯри ниёзҳои мардум бошад.
— Маблағе, ки барои истеҳсоли алюминий сарф мешавад, бо фурӯши он дар бозори ҷаҳонӣ масрафро пурра намепӯшонад. Дар даврае, ки арзиши алюминий баланд буд, ширкат харҷи худро пӯшонида наметавонист. Имрӯз бо паст шудани баҳои он дар бозори ҷаҳонӣ чӣ гуна метавон бовар кард, ки фоида меорад? Ин аз ҳақиқат хеле дур аст. Ҳамчуноне, ки истеҳсоли пахтаро ба роҳ мондаем. Дар ду-се соли охир аз ду маҳсулоте, ки истеҳсол мекунем ва аз истеҳсоли он фахри беҷо дорем, ягон фоида намерасад,- мегӯяд Масъуд Собиров.
Ҳамин гуна баҳсеро Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатшинос ва яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик дар матбуот ба миён оварда буд, ки боиси сару садоҳои зиёде гашт. ӯ мегуфт, ки агар фаъолияти ТАЛКО бо чунин усул, яъне бар зарар пеш рафтан гирад, беҳтар аст онро ба Русия фурӯхта, аз маблағаш нерӯгоҳи «Роғун» бунёд кунем. Имрӯз низ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки алюминийро маҳсулоти содиротии кишвар мегӯянд, лекин он аслан моли Тоҷикистон маҳсуб намеёбад. Зеро корхонаи алюминий маҳсулотро ҳамчун осиёб коркард карда, ба дасти соҳибаш месупораду танҳо ҳаққи хизматашро мегирад. Вай мегӯяд, ки дар мавзӯи бунёди «Роғун» сад дар сад сиёсати давлатро ҷонибдорӣ мекунад. Зеро фақат «Роғун» Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ наҷот медиҳад. — Инчунин «Роғун» метавонад дар оянда моли содиротӣ бошад. Зеро мо на нефт дорем, на газ. Пахтаамон ҳам он қадар зиёд нест. Роғун воқеан боигарии миллату давлат мешавад. Аз ин рӯ, бояд дар оянда онро созем,- мегӯяд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Вале дар ҳамин ҳол Зулфиқори Исмоилиён аз як ҷониб бо далели барқи зиёдро бо нархи арзон истифода кардани ТАЛКО ва хароҷоташро напӯшонидани даромадаш дар шароити имрӯза, фикри Тӯраҷонзодаро дуруст мешуморад. Аз тарафи дигар, чунин андеша дорад, ки бо сохтани якчанд корхонаҳои тавлидкунандаи ашёи хом дар дохили кишвар барои ТАЛКО, ба мисли сохтмони корхонае, ки ба қарибӣ дар ноҳияи Ёвон шурӯъ шуд, имкон дорад корхонаи алюминий барои Тоҷикистон фоидаовар бошад.

Ҷинояткор паси панҷара меравад ё мансаб мегирад?
Дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки агар натиҷаи аудит ҷой доштани фасод дар ширкати ТАЛКО-ро ошкор созад, аммо мақомоти расмии Тоҷикистон аз ҷазо додани фасодкорону ҷинояткорон даст кашанд ва кирдорҳои фасодкоронро нодида гиранд, корхонаи алюминий дигар наметавонад фаъолияташро беҳтар созаду ба манфиати мардум кор кунад. Сиёсатшинос Файзулло Файзиев мегӯяд, гап сари он аст, ки оё нафарони камбудиҳоро пинҳондошта, шахсоне ки сабабгори камбудиҳо дар ширкат бошанд, пас аз ошкор шудани сиррашон хатоҳояшонро ҷуброон мекунанд ва дар назди қонун ҷавоб мегӯянд ё не? Ва шахсони воқеан гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не?
— Масалан, дар Бонки миллӣ нафароне, ки он қадар зарари молӣ ба ҷумҳурӣ расониданд, боз дар вазифаҳои баланд, дар паҳлӯи раиси ҷумҳур ва умуман вазоратҳо кор мекунанд. Яъне, он нафароне ки аз андоз қарздор бошанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва касоне ки миллионҳо доллари давлат ва халқро ғайримақсаднок истифода мебаранд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Барои ҳамин назари мардум имрӯз ба гузаронидани ин гуна аудитҳо чандон умедбахш нест,- мегӯяд ӯ.
Аммо бештари коршиносон исрор доранд, ки бояд натиҷаи аудит тавассути расонаҳои хабарӣ мунташир гардад, то мардум дар ин бора маълумот дошта бошанд. Вале ба гуфтаи Зулфиқори Исмоилиён ҷонибҳо ҳамчунин метавонанд тавофуқ кунанд, ки аудитро мегузаронанд, лекин натиҷаашро нашр намекунанд. Дар ин сурат ТАЛКО ӯҳдадор мешавад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунад. Вале ҳамин гуна тавофуқ бо ширкати «Барқи тоҷик» низ шуда буд. Баръакс, ба ҷойи ислоҳи камбудӣ истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ аз ҷониби мақомоти «Барқи тоҷик» сурат гирифт, ки чӣ хел дуздидани барқ чанде қабл дар ҳафтаномаи «Азия плюс» хуб нишон дода шуд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: