Главная > Uncategorized > Вазорати кишоварзӣ як сомонӣ дода метавонад?

Вазорати кишоварзӣ як сомонӣ дода метавонад?

Cанаи 11-уми марти соли 2009 соати 10:00 — дар Рӯзи матбуот мебоист мурофиаи судии байни ҳафтаномаи «Миллат» ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон доир мегардид. Дар назди бинои Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзноманигорони зиёде ҷамъ омада, интизори оғози мурофиа буданд. Вале пас аз гузаштани муддати зиёде пушти дарҳои баста ва бе иштироки хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои хабарӣ оғоз гардид. Пас аз 20 дақиқаи баргузории он, намояндаи ваколатдори ҳафтаномаи «Миллат» Ҷунайд Ибодов дар назди хабарнигорон ҳозир шуд ва изҳор кард, ки бо дархости вай баррасии ин қазия то 29-уми марти соли равон мавқуф гузошта шуд. Ҷунайд Ибодов сабаби ба рӯзи дигар гузошта шудани баррасии парвандаро ба саломатияш вобаста намуда, афзуд: «Азбаски як-ду кӯшиши ман барои сухан кардан ба хубӣ анҷом наёфт ва садо шунида нашуд, ман аз додрас хоҳиш кардам ва дархост низ навиштам, ки мурофиа ба рӯзи дигар гузаронида шавад».
Сабаби асосии баҳси судӣ аризаи даъвогии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мебошад, ки як моҳ пеш дар робита ба матлаби интишорнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ — фасодзадатарин ниҳод» дар шумораи 49-ум, аз 10-уми декабри соли гузашта ба додгоҳ шикоят бурда, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин ниҳоди давлатӣ арзёбӣ карда буд. Ба ин далел, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё баробари беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад. Нашрияи «Миллат» низ дар посух ба ин иқдоми вазорат, дар мурофиаи пешакӣ ба додгоҳ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда, хостори як сомонӣ ҷарима шудааст.
Ба рӯзи дигар гузоштани баррасии парванда ва дар паси дарҳои баста доир намудани баррасии қазия дар байни рӯзноманигорону дигар алоқамандони ВАО ҳар гуна сарусадо ба бор овард. Баъзеҳо гумон доштанд, ки бинобар санаи 11-уми март Рӯзи матбуот буданаш баррасии парвандаро ба дигар вақт гузарондаанд. Аммо Ҷунайд Ибодов таъкид кард, ки ин иқдом ҳеҷ рабте ба Рӯзи матбуот надорад.
Вақте намояндаи ваколатдори ҳафтаномаи «Миллат» Ҷунайд Ибодов иброз намуд, ки баррасии баҳс пӯшида мегузарад, рӯзноманигорон ба хашм омаданд. Онҳо барои маълумоти бештаре гирифтан, хостанд ба Дилором Абдураҳимова, додраси парванда муроҷиат кунанд. Аммо Абдуҳамиди Искандарзод, котиби маҷлиси додгоҳӣ, ки дар назди дари воридотии бинои додгоҳ қарор дошт, ба тақозои хабарнигорон гуфт, ки «Дилором Абдураҳимова гуфтанд, ки наметавонанд сӯҳбат кунанд». Рӯзноманигорон боз талаб намуданд, ки мехоҳанд ба раиси суд бо чанд суол муроҷиат намоянд. Боз Абдуҳамиди Искандарзод ба куҷое занг заду посух дод: «Раиси калон дар мурофиа ҳастанд».
Қабл аз шурӯъ шудани мурофиа ду тарафи қазия хоҳони ба таври кушод, бо ширкати хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои расонаӣ баргузор шудани масъала будаанд. Аммо Дилором Абдураҳимова, додраси парванда бидуни шарҳе ба ҳузури хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои расонаӣ мухолифат кардааст. Рӯноманигорон ба ҳар ду тараф бо суоле муроҷиат намуданд, ки «оид ба пӯшида гузарондани баҳси судӣ кадоме аз тарафҳо муроҷиат намуд?». Маълум гардид, ки ҳеҷ кас на ба тариқи шифоҳӣ на ба таври хаттӣ муроҷиат накардаанд. Ба гуфтаи Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳафтаномаи «Миллат», дар асоси қонунҳои Тоҷикистон тарзи баргузории мурофиа вазифаи судя аст.
Масъалаи ба тариқи пӯшида гузарондани баҳси судӣ ва ба маҷлиси судӣ роҳ надодани рӯзноманигорон, ки парвандаи шаҳрвандӣ асту бар заммаш, ба ВАО вобастагӣ дорад, ҳамаро ҳайрон намуда буд.
Бори дуюм аст, ки мурофиаи додгоҳии нашрияи «Миллат» ба вақти дигар гузаронда мешавад. Бархе аз хабарнигорон бар ин ақидаанд, ки додрас аз чунин тариқ мехоҳад тарафҳо ба созиш расанд. Ҷунайд Ибодов ҳам таъкид намуд, ки додраси парванда пас аз эъломи тасмими додгоҳ аз тарафҳо даъват ба амал овардааст, ки дар ин фурсат барои созиш намудан кӯшиш кунанд. Ҳарчанд Нарзулло Додобоев, намояндаи Вазорати кишоварзӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз намуд, ки тарафи онҳо барои созиш моил аст. Вале Ҷунайд Ибодов мегӯяд, ки бо роҳбарияти нашрия машварат хоҳанд кард ва сипас тасмим мегирад.
То санаи баргузории парванда интизор мешавем. Вале як чиз моро интизор мекунад. Модоме тарафи Вазорати маориф ба созиш ризо бошанд, ин нишонаи он аст, ки гуфтаи нашрияи «Миллат» асоси воқеӣ дорад. Агар нашрияи «Миллат» созиши оштӣ набандад, Вазорати хоҷагии қишлоқ як сомонии талабшударо дода метавониста бошад?!

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: