Главная > Uncategorized > ВАЛӣ: «Фарқи ману Таркан аз замин то осмон аст»

ВАЛӣ: «Фарқи ману Таркан аз замин то осмон аст»

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарояндаи эронӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон — Бинямин Баҳодурӣ ва ҳофизи маҳбуби афғон аз Олмон — Валӣ Ҳиҷозӣ барои анҷом додани як барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон омада буданд. Дар шумораи гузашта сӯҳбатеро бо Бинямин пешкаши хонанда гардонида, ваъда дода будем, ки Валиро низ баъдан муаррифӣ менамоем. Инак, ба ваъдаи худ вафо кардем.
— Валӣ, роҷеъ ба иттифоқи сафари ҳунариятон ба Тоҷикистон чанд сухан мегуфтед.
— Қаблан дар бораи Тоҷикистон аз дӯстони ҳунармандам бисёр шунидаам. Ҳама аз хубиҳояш ҳарф мезаданд. Тавассути шабакаҳои мухталифи телевезионӣ аз ҳунари сарояндагони ҷавону маъруфаш огоҳ мешудам. Воқеан, Тоҷикистон ҳунармандони хуби боистеъдоде дорад, ки санъати тоҷикро дар кишварҳои бузурги урупоӣ муаррифӣ мекунанд. Эшон хеле муваффақанд. Дар Олмон, Амрико ва дигар кишварҳо мухлисону дӯстони ҳунармандам ҳамеша аз ман суол мекарданд, ки чаро ба Тоҷикистон намеравам? Билохира, шахсони боэътимоде ҳам пайдо шуданд, ки маро ба кишвари ҳамсарҳаду ҳамзабон даъват кунанд ва ман низ бо хушнудӣ даъвати эшонро пазируфтам.
— Баъзе аз мухлисони Шумо бар ин назаранд, ки Валӣ ба сарояндаи маъруфи турк — Таркан тақлид мекунад. Назари Шумо дар ин иртибот чӣ гуна аст ва бигӯед, ки таваҷҷӯҳи Шумо ба ҳунари Таркан то чӣ андоза аст?
— Агар ҳақиқатро бигӯем, Таркан аввалин хонандаи ориентоли поп аст. Ман ин лақабро ба ӯ нисбат медиҳам, ба он хотир, ки аксар ҳунармандони шинохта чӣ дар Туркия ва чӣ дар урупо аз ӯ хуш пазироӣ мекунанд. Аммо мусиқии ман ва сабти музики ман аз мусиқии Таркан аз замин то осмон фарқ мекунад. Фикр мекунам, он нафароне, ки дар ҷодаи мусиқӣ фаҳмиши хуб доранд, дискҳои моро паҳлӯи ҳам бигзоранду гӯш кунанд, яқин мебинанд, ки стил, сабти мусиқии мо хеле фарқкунанда аст. Шояд дар оянда ҳамроҳи Таркан мо дугонагӣ ҳам суруд бихонем. Ба назари ман, Таркан беҳтарин хонандаи попи ориентолист.
— Зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ Афшин — сарояндаи маъруфи эронӣ гуфт, ки дар ростои ҳунар ман ба Валӣ кӯмак кардам. Оё дуруст мегӯяд?
— Кӯмак аз чӣ нигоҳ? Баръакс, ман ба ӯ барои таҳияи ду албоми охираш кӯмак кардам. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, дар аввалу охири сабти ин албомҳо исми ман дарҷ шуда буд. Кӯмак ба хотири ин ки як нафарро пешниҳод кардан, ки пеш аз пешниҳод ҳам шинохта бошад, онро намешавад кӯмак гуфт. Кӯмакро аслан устодон мекунанд ва аммо оҳангсозону дигарон вазифаи худро анҷом медиҳанд. Кори тими навозандагону продюссеру дигар нафарон низ кӯмак аст.
— Шумо бо кадом ҳунармандони Афғонистон ҳамкорӣ мекунед?
— Бо Зафар Шомил ҳамкории густурда дорам, ки дӯсти бисёр хуби ман аст. Ҳамроҳи устод Маҳваш иттифоқан чандин барномаи консертӣ доштем. Албатта дӯстонам зиёданд ва намешавад, ки ман номи ҳар кадомеро якоякӣ ин ҷо бигирам ва мабодо агар якеи онҳоро фаромӯш кунаму ном нагирам, боиси ранҷиши эшон шавад.
— Ба назари Шумо, барои шинохти бештари ҳунармандони кишварҳои форсизабон — Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бояд дар ин росто чӣ корҳое анҷом бигирад, чун на ҳама эҷодиёти ҳунармандони тоҷику афғон дар Эрон маъмуланд ва баръакс?
— Фикр мекунам, ки бо таваҷҷӯҳ ба стилҳои мусиқие, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш мешаванд, ман ин корро пеш бурдам. Масалан, стили мусиқии ман шабоҳат дорад ба стили мусиқии тоҷикӣ. Ман як сарояндаи афғон ҳастам, ки видеоклипҳоям тариқи телевезионҳои интернешнолии эронӣ ҳам пахш мешаванд ва шеваи мусиқии тоҷикӣ низ дорам. Ва ин усулеро, ки ман пеш бурдам, агар дигарон ҳам пеш баранд, иншоолоҳ муваффақ мешаванд. Ҳамчунин, бояд робитаи сарояндагони ин се кишвари ҳамзабон бо телевизионҳо густурда бошад, ба он хотир, ки миллионҳо нафар телевезионро тамошо мекунанд. Бояд хонанда стилашро тавре ҷӯр кунад, ки ба ҳама писанд бошад. Стили мусиқии ман стили тродешионал поп, яъне попи традитсионист ва ин стил ба бисёриҳо хуш омадааст. Имрӯз наворҳои маро ба хотири ҳамин стил дар сайтҳои маъруф, амсоли «youTube.com» зиёд мегузоранд ва теъдоди зиёди истифодабарандагони ин сайтҳо ба наворҳои ман шарҳ менависанд. Ҳатто хонандагоне, ки тоза вориди саҳнаи ҳунар мешаванд, барои муаррифии таронаҳояшон тавассути ном ва наворҳои ман наворҳои худро ба сайтҳо ирсол медоранд. Фикр мекунам, ин усул дар ростои шинохти бештари ҳамдигар усули муосир ва муассир ҳам ҳаст.

Омодасоз: Нилуфари СОБИР

ШАРҲИ ҲОЛ: Валӣ Ҳиҷозӣ 29-уми майи соли 1986 аз падар ва модари ҳиротӣ дар шаҳри Машҳади Эрон таваллуд шудааст. Падараш раиси Бонки миллии Афғонистон буд. Дар синни хурдсолӣ волидайни Валӣ ба шаҳри Ҳомбурги Олмон ҳиҷрат кардаанд. ӯ ҳамакнун дар шаҳри Ҳомбурги Олмон зиндагӣ мекунад. Падару модари Валӣ аз форсизабонони шаҳри Ҳирот буда, ба шеъру мусиқӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштаанд. Устоди ӯ дар омӯзиши мусиқӣ марҳум Нусрати Порсо мебошад. Аввалин албоми Валӣ соли 2007 зери номи «Баъд аз ишқ» мунташир шуд, ки фарогири 11 тарона буда, 4 таронаи он бо лаҳҷаи кобулӣ ва 7-тои дигараш бо лаҳҷаи теҳронӣ иҷро шудааст. Аввалин тури мусофиратии Валӣ бо номи «Пиону» дар таърихи 21-уми декабри соли 2007 то 5-уми январи соли 2008 дар кишварҳои Канада ва Амрико баргузор шуд. Тури ҷаҳонии ӯ аз таърихи 11-уми майи соли 2008 дар қораҳои Урупо, Австралия, Осиё ва Амрико оғоз шудааст.

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: