Главная > Uncategorized > «Маблағгузорон»-и мо!!!

«Маблағгузорон»-и мо!!!

Ҳафтаномаи «Пайкон» рӯйи нашр омаду дар шумораи нахустини он дар баробари дигар маводҳо гузориши танқидие оид ба фаъолияти кормандони милиса дар вилояти Суғд бо номи «Зам. министр кист ва чӣ супориш медиҳад?» ба табъ расид. Вақте дар шумораи дуюми ҳафтанома бо номи «Дар мошини сиёҳшиша кист? Вазир ё писари вазир?» ном маводе нашр шуд, ба идораи нашрия занг зада, таҳдид карданд. Пас аз он пайи ҳам дар шумораҳои минбаъда аз хусуси камбудиҳои кормандони ин соҳа маводҳо ба табъ мерасид. Одамон дар ҷустуҷӯйи «пуштупаноҳу» маблағгузори ҳафтанома ҳарф мезаданд. Ҳамин маводҳои танқидӣ нисбати ВКД-ро асос намуда, мегуфтанд, ки маблағгузори «Пайкон» собиқ вазири корҳои дохилӣ М. Солеҳов аст. Вале маблағгузорияш он тараф истад, Худованд ҳатто насиб накард, ки бо ӯ сӯҳбате доир намоему манзури хонандагон гардонем. Се рӯз қабл аз баргузоршавии сӯҳбат оламро падруд гуфт…

Бозори «Зарнисор»-ро азми шикастан карданд. Онро пайгирӣ намуда, мавод нашр намудем. Гуфтанд: «Ана, кӣ инҳоро дастгирӣ мекардааст!». Роҳбарияти бозори «Зарнисор». Ҳатто пас аз нашри маводи «Гурӯснанишинӣ дар «Зарнисор» рӯйрост гуфтанд: «Агар ин мақола ба дасти мири шаҳр расад, коратон тамом!». Намедонем он мавод ба дасти мири шаҳр расид ё не. Вале кори мо тамом нашуду бозори «Зарнисор» ба хок яксон гардид. Маъмурияти бозори «Зарнисор» 200 дона нусхаи ҳафтаномаи «мехарам» гуфтаашро нахарид…

Нафаре ба идораи «Пайкон» омада, осмонро ба замин часпонда, дод мезад: «Акнун фаҳмидам, ки аз кадом ҳисоб «Пайкон»-ро ташкил кардаед! Шумо бо судяҳои Суди Олӣ забон як карда, баҳси манзили маро ба тарафи дигар ҳал намуда, барои ташкили ҳафтанома маблағ гирифтаед!». Ин суханон дар мавриде буд, ки танҳо дар баррасии қазияи ҷиноятии он шахс 26 маротиба дар маҷлисҳои судӣ ширкат варзида, наздики як сол баҳси манзилашро пайгирӣ намуда будем… Ҳатто судяи Суди Олӣ мавриди танқиди сахт қарор гирифта буд…

Баҳси мошинҳои сиёҳшишаро идома медодему хабар ёфтем, ки оид ба ҳамин масъала кормандӣ гумрук Ҷамшед Фақиров ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудаст. Масъаларо пайгирӣ намуда, дар баррасии парвандаи шаҳрвандӣ ширкат варзида, бо номи «Шоҳиди ВКД аз он дунё наомад» мақола нашр намудем. Овоза карданд, ки ҳафтаномаи «Пайкон» газетаи шахсии Ҷамшед Фақиров будаасту ӯ маблағгузорӣ мекардааст. Барои ҳафтанома маблағашро надидему айни замон Ҷамшед Фақиров дар боздоштгоҳи муваққати нигоҳ дошта мешавад.

Дар бораи маблағҳои ДТИКТ-ро нахӯрданаш собиқ ректори ин донишгоҳ Х. Бобоев мусоҳиба доир намуду баҳс сар шуд. Силсиламақолаю гузоришҳои зиёдеро аз ин баҳс манзури хонандагон намудем. Гуфтанд: «Нав ёфтем, кӣ маблағгузори «Пайкон» будааст! Ректори ДТИКТ Садриддин Акрамов. Донишгоҳи хусусӣ дорад? Дорад! Дар хориҷу дар дохил сарвату замини зиёд дорад? Дорад! Пас як ҳафтанома дар назди ректори ягона донишгоҳи хусусӣ чист, ки маблағгузорӣ накунад? ӯ маблағгузор аст!!!». Ҳарчанд литзензияи ин донишгоҳро бо ҳалномаи суд бояд гиранд, вале фаъолият дорад. Ба гирифтану нагирифтану фаъолият доштану надоштанашон коре надорем. Вале барои гирифтани маблағи 1500 нусхаи рӯзнома, ки барои паҳнкунӣ бурда буданд, зангзаниҳо як тараф истад, аз рафтану омадан пойафзоли кормандон «ғалбер»-у «асояшон» сӯзан шуду то ҳол он маблағро нагирифтаем. Медонем, надоранд… Барои муасиси як донишгоҳи хусусӣ пардохти ин маблағ ниҳоят вазнин аст… Як рӯз ёбанд, ҳам маблағи нусхаҳои рӯзномаро медиҳанду ҳам пойафзоли «ғалбер»-шудаи он донишҷӯро… Маблағи «асояш»-ро бинобар бӯҳрони молиявӣ бахшидем.

— Гуфтам, бовар накардӣ. Вақташ ҳам дар бораи сармуҳаррири «Пайкон» тавассути сомонаи интернетӣ навишта буданд, ки разведчик аст. Ҳатто далел меоварданд, ки агар разведчик намебуд, ӯро ба ҳабс гирифта, боз озод намекарданд. Барои ким — кадом масъаларо дар турмахона муайян намудан ӯро ба ҳабс гирифтанду боз сар доданд. Ғайр аз хукумат касе ин корро намекунад. Танҳо онҳо ба ин кор қодиранд. Мегӯянд, ки ҳар моҳ ӯро назди калони калон даъват мекардаанду ӯ супориш мегирифтааст. «Пайкон»-ро ҳам худи ҳукумат дастгирӣ мекунаду маблағ медиҳад. Агар маблағ надиҳаду дастгирӣ накунад, чаро аз ягон созмони хориҷӣ грант намегиранду аз касе натарсида менависанд!? Ана бин, оҳиста — оҳиста худро «фош мекунанд»… ҳадс мезад нафаре ва шумораи ҳафтаномаро нишон медод.
«Разведкачӣ»-ю «даъват» намудану «супориш» гирифтанро як тараф мегузорем. Оид ба маблағгузорӣ гуфтанием, ки барои бой кардани Агентии «Тоҷикстандарт», ки мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад ва хеҷ гоҳ шаъну шарафу эътибори корӣ надошту надорад, 300 ҳазор сомониро ба гардани «Пайкон» бор карданд.

Навбат ба навиштаҳою мусоҳибаҳои раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров расид. Гуфтанду мегӯянд, ки ин ҳафтаномаи ҲСДТ аст. Ҳатто таъкид намуданд, ки ба «боло» расондаанд, ки «Пайкон» ҳафтаноаи ҲСДТ аст. Хоҳ ба «боло» раонанд, хоҳ ба «поён», мегӯем, ки ин нашрияи БМСТЖ аст. Аз ҲСДТ бошад, маблағи маводи ба тариқи реклама нашр намуда он тараф истад, пули нусхаҳои ҳафтаномаро, ки дар арафаи интихобот бурда буданд, нагирифтаем. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем, ки дар паҳн намудани ҳафтанома ба мо кӯмак расонданд. Медонем, ки раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба нафарони зиёд хизмати бепули ҳуқуқӣ расондааст. Агар 1 сомонӣ диҳанд, ҳам маблағи реклама буд мешаваду ҳам маблағи шумораи ҳафтанома.

Пас, маблағгузори мо кист? Ана, Кабир аст, ки аз рӯи гуфтааш, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз оилаашон 9 нафарро куштаанду танҳо вайи 5-сола зинда мондааст. Падару модар, ҷойи таваллуду зисташро намедонад. Мегӯяд, ки дар тарафи Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Кормандони БМСТЖ ӯро дар дохили чоҳ (колодец) пайдо карданду дар борааш мавод навиштанд. Мо ӯро ба наздамон овардем… Кабир ҳар рӯз чанд шумораи «Пайкон»-ро мефурӯшад. Ҳам барои рӯзгузаронии худ, ҳам барои мо…
Маблағгузори мо туӣ хонандаи азиз! Аз ҳисоби 1 сомонии ту, ки ақаллан 20 дирамаш ба мо намерасад, «Пайкон» яксола шуд. Чунки мо аз рӯи гуфтаи Хоҷаи Ҳофиз амал мекунем:
Ман ки дорам дар гадоӣ ганҷи султонӣ ба даст,
Кай тамаъ аз гардиши гардуни дунпарвар кунам?
Бо вуҷуди бенавоӣ рӯсияҳ бодам чу моҳ,
Гар қабули файзи хуршеди баландахтар кунам.

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: