Главная > Uncategorized > «Сӯзан ҳамаро мепӯшонаду худаш луч аст!»

«Сӯзан ҳамаро мепӯшонаду худаш луч аст!»

Мегӯянд барои шинохтани як одам ними умр камӣ мекунад. Аммо барои шинохти каму кост ва ё баръакс, беҳбудиву фазилати ҳар расонаи навтаъсис як сол ҳам басанда аст. Нашрияи «Пайкон», ки имрӯзҳо яксолагии худро таҷлил мекунад, дар баробари беҳбудиву дастовардҳо, камбудиҳо низ дошт. Ба хотир меорам, вақте як сол қабл ин нашрияи ҷамъиятиву сиёсӣ вориди майдони матбуот шуд, мавзӯъҳои ҷиддиву муҳими замонро бо шеваи хоси матбуоти муосир пайгирӣ ва баррасӣ кард. Ин мавзӯъҳо бештар сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Аммо бо гузашти муддате рӯзнома шурӯъ кард ба инъикоси қазияву бархӯрдҳо миёни нафарони алоҳида, гурӯҳҳо ё мақомоти мухталиф. Маводҳо зиёдтар дар самти мушкилоти ҳуқуқӣ баррасӣ мешуданд. Аз ин сабаб буд, ки баъзан рӯзноманигорон «Пайкон»-ро шӯхиомез «ҷангхалоскунак» меномиданд. Яъне нашри чунин мавод то дараҷае зиёд шуд, ки нашрия ба як дастуруламал ё гӯшаи эълон ва ё варақаи махсуси судӣ табдил ёфт. Аммо чӣ мегӯед, ки худи «Пайкон» бо чопи матолибе аз номи соҳибкорон бо Агентии «Тоҷикстандарт» бархӯрд карду дар ҳалли мушкилаш касе «миёнарав» ё «ҷангхалоскунак» нашуд. Мисле ки «сӯзан ҳамаро мепӯшонаду худаш луч аст!».
Ҷанбаи дигари манфии нашрия — ин камрангии мавзӯъҳо мебошад. Ба назари ман, «Пайкон» ба мавзӯъҳои илмиву фарҳангӣ хеле кам даст мезанад. Масалан, вазъи амалӣ шудани талаботи қонун дар бораи забони давлатӣ, набудани ҳуруфи миллии тоҷикӣ дар сафҳакалиди компютер ва ҷаҳони интернету дар хотираи телефонҳои мобилӣ ва ғайра аз мавзӯъҳое маҳсуб мешаванд, ки баҳси онҳо то ҳанӯз поён наёфтааст. Вале то ҳол «Пайкон» дар ин иртибот хомӯш аст.
Эътимоди хонанда муҳимтарин ҷанбаи маҳбубияти ҳар расона маҳсуб мешавад. Баъзан дар саҳифаҳои «Пайкон» як мавзӯъ бо ду тобиши маъноӣ чоп мешавад, ки боиси нофаҳмии хонанда мегардад. Масалан, дар як шумораи ин ҳафтанома маводи интиқодие дар бораи фаъолияти сарвазири кишвар ба нашр расида буд ва ҳамзамон боз дар ҳамин шумора маводи ситоишие зери унвони «Зиҳӣ, Оқил Оқилов, ки муште ба пушти сарвазири ӯзбекистон кӯфт!» рӯйи чоп омад. Акнун худ қазоват кунед, ки як хонанда ба кадоме аз ин маводҳо баҳогузорӣ карда метавонад? Ба фикри ман, хонанда дар ин маврид ба мавқеъгирии нашрия шубҳа мекунад.
Ба ҳамин тартиб, камбудиву нуқсонҳоро дар «Пайкон» ба қадри мушоҳидаҳоямон навиштем. Ҳарчанд сухани мо сахт буд, вале ҳақиқатро гуфтем. Умед дорем, ки ин сахтгӯйиҳои дӯстонаи мо боиси озурдагии хотири аҳли қалами ҳафтанома намешавад. Зеро шиори «Пайкон» ин аст: «Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон!».

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: