Главная > Uncategorized > «Тӯли як сол «Пайкон» чиро гуфта натавонист?»

«Тӯли як сол «Пайкон» чиро гуфта натавонист?»

Дар арафаи яксолагии ҳафтанома бо як суол ба онҳое, ки ба ВАО алоқамандӣ доранд, муроҷиат намудем. Суоли мо чунин буд:
Иброҳим УСМОНОВ, доктори илмҳои таърих, профессор, устоди факултаи рӯзноманигории ДМТ, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон:
— Ман «Пайкон»-ро намехонам…

Субҳон ҶАЛИЛОВ, радиои Ватан»:
«Пайкон» бояд аз ростиву адолат бигӯяд!
— «Пайкон» тӯли як сол ҳар чиро, ки муҳим буд, дар мавридаш гуфт ва навишт. Табиист, ки ҳар навиштарову ҳар гуфтаро хонанда ва шунавандааш аз рӯи донишу хираду фаҳмиши худаш қабул мекунад. Аммо… «Пайкон» барои мардуми бедор аст. Ҳадафи аксари навиштаҳои ин ҳафтанома барои бедорӣ ва адолат буд. Гумонам, «Пайкон» аз ин баъд ҳам бояд мисли имрӯзаш аз ростӣ ва адолат, шинохт ва садоқат бигӯяд. Зеро маълум аст, ки мо ба ин чизҳо бештар аз ҳар вақти дигар ниёз дорем! Боварӣ дорам, он чизеро, ки ман ба ногуфтаҳои Шумо шомил карданӣ ҳастам, дар нақшаҳои Шумо ҳаст. Барои Шумо комёбӣ ва сарбаландӣ мехоҳам. Воқеан ҳам, ростиро завол нест.

Маҳмадалии МАҚСАДУЛЛОҲ, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон»:
«Пайкон» бояд тобеи Вазорати адлия бошад!
— Аслан «Пайкон» ба дастам гоҳ — гоҳ мерасад. Вақте онро ба даст мегирам, масъалаҳои ҳуқуқиро мебинам. Он чизеро, ки Ҷумъаи Толиб мехоҳад. Чун Ҷумъаи Толиб худаш ҳуқуқшинос аст, чизе, ки дар «Пайкон» чоп мешавад, аслан баҳсҳои юридикиянд. Хоҳиш мекардам, ки бештар ба маводу мавзӯъҳои журналистика ва таҳаввулоти журналистӣ даст зананд. Мебоист «Пайкон» як газетае мебуд, ки тобеи Вазорати адлия бошад.

Иршод СУЛАЙМОНӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат»:
«Пайкон» бояд аз иҷтимоъ бигӯяд!
— «Пайкон» гапи бисёре гуфт ва бояд бигӯяд. Ин рисолати аслии як воситаи ахбор аст, ки аз мушкил, аз ҳодиса ва аз ноӯҳдабароии касе ё ҷомеа мегӯяд. Аммо ба назари ман, беҳтарин дастоварди «Пайкон» дар як сол пайдо кардани мавқеъ дар бозори иттилоот буд. Ман пеш аз ҳама дарёфти мавқеъро ба дастандаркоронаш табрик мекунам. «Пайкон» ва ҳар рӯзномаи дигар бояд чӣ бигӯянд? Инъикоси воқеӣ ва бидуни ғараз, норасоӣ ва бемасъулии нафаре, ки ба сарнавишти як бахши аъзами иҷтимоъ, сиёсат ва давлат масъул гаштааст. «Пайкон»-ро ман ҳамчун як нашрияи иҷтимоӣ мешиносам ва аксари матолиби онро масъалаҳои иҷтимоӣ ташкил мекунанд. Агар ин нашрия мехоҳад дар бозор, дар қолаби ҳамин консепсия рақобат кунад, беҳтар мебуд агар дар ин самт бисёртар бигӯяд. Мушкили нашрияҳои мо дар он аст, ки ҳама мехоҳанд як самти фаъолият дошта бошанд. Ҳама нашрияи умумимиллӣ будан мехоҳанд ва ҳарфи аввал дар бораи миллатро бояд онҳо бигӯянд. Ин нашрияҳои моро ба универсализми журналистика мебарад, ки бо ин шакл мақеъро истеҳком бахшидан душвор мегардад. Аз ин нигоҳ, аксари нашрияҳои мо ба ҳамдигар монандӣ пайдо кардаанд. Ин амал симои аслии нашрияҳои моро камранг ва хира кардааст. Ҳарф сари он меравад, ки хонанда «Пайкон»-ро барои он бояд бихарад, ки як мавзӯъро дар ғайри он пайдо намекунад. «Пайкон» бояд бо симои аслии худаш сухан бигӯяд. Агар ин нашрия дар самти иҷтимоъ ногуфтаҳояшро бигӯяд, фикр мекунам, ба пайдо кардани симои асосияш наздиктар мешавад.

Хуршеди АТОВУЛЛО: сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:
«Пайкон» аз дунболи идеологияи Ҷумъаи Толиб рафт
— Аввалан аз фурсати муносиб истифода бурда, аҳли қалами «Пайкон»-ро табрик мекунам. Дар мавриди он, ки «Пайкон» чиро гуфта натавонист, гуфтани ҳастам, ки бадбахтона ҳафтанома аз дунболи идеологияи Ҷумъаи Толиб рафт. Яъне, чун мавзӯъҳои дӯстдоштаи Ҷумъаи Толиб масъалаҳои судию парвандаҳои ҷиноист, ҳафтанома ҳам як гуна ба минбари баҳсномаҳои судӣ бадал шуд. Вале вақтҳои охир бо кӯшиши Фазлиддин ҳамин анъана шикаста истодааст.
Ман фикр мекунам, ки дар баҳсҳои судӣ фактҳои зиёди гуфтанӣ ҳастанд. То ҷое ман медонам, Ҷумъаи Толиб вақте мавод менависад, фақат як далелро пешниҳод мекунад, 99 далели дигарро барои рӯзи фардо боқӣ мемонад. Ба ҳамин хотир, ман хоҳиш доштам, ки ин баҳсҳои судӣ як андоза рӯшантар инъикос шавад.
Ҳамчунин, «Пайкон» метавонист дар назди худ мактаби журналистони ҷавонро таъсис диҳад. Ва ман мехоҳам, ки ҳамин мактаб фаъол бошаду барои «Пайкон» дар оянда журналистони хуб тарбия кунад.

Равшани МАХСУМЗОД, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи Гардун»:
Кори «Пайкон» бояд воқеъбинона бошад
— Аввалаш, ягон рӯзнома ё маҷалла наметавонад дар тӯли як сол ҳамаи камбудию норасоиҳои зиндагӣ ва дарди дили хонандаро гӯяд. То ҷое ман медонам, ҳафтаномаи «Пайкон» бо вуҷуди он ки як сол боз ба нашр мерасад, хеле ҷасурона проблемаҳои рӯзгори моро дар саҳифаҳои худ дарҷ мекунад.
Дар замони Шӯравӣ як шиор буд, ки бояд миқдор набошаду бештар сифат бошад. Ман хоҳони онам, ки дар оянда ҳам ҳафтанома ҳар чизе чоп мекунад, бояд дарди хонандаро гӯяд. Мавзӯеро пайгирӣ кунад, ки он воқеъбинона бошад. Ба ҳамаи кормандони ҳафтанома барор мехоҳам.

Сайёфи МИЗРОБ, сардабири ҳафтаномаи «СССР»:

«Пайкон» метавонад ба китоби «Рекордҳои Гинес» дохил шавад
— Ростӣ, ман ҳатто хабар надоштам, ки «Пайкон» яксола мешавад. Чунки дар тӯли мавҷудияти худ «Пайкон» ба фикри ман, як роҳи тӯлониеро тай кардааст. Яъне, он халои иттилоотие, ки буд, ҷойи пойи «Пайкон» дар он холӣ буд ва онро дарёфт. Ба фикри ман, «Пайкон» як сол неву шояд даҳсолаҳо вуҷуд дошт. Дар хусуси он, ки «Пайкон» чиро нагуфтааст, бисёр чизҳое ҳастанд, ки на танҳо «Пайкон» нагуфтааст, балки дигар газетаҳо на карда ва на гуфта метавонанд. Чунки миссияи журналистика ҳеҷ вақт поён намеёбад. Он коре, ки «Пайкон» кардааст, ман фикр мекунам, кори хеле назаррас буд. Ба вижа он судбозиҳое, ки сари «Пайкон» доир гардид, бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки «Пайкон» ҳадафмандона бар ҷойе расидааст ва пойи касеро зер кардааст. Ман фикр мекунам, ки ин гуна моҷароҳо ҳоло ба сари «ПАЙКОН» зиёд мегузаранд ва он 300 000 сомонӣ ҷаримае, ки «Тоҷикстандарт» талаб кард, аввали кор аст. Имрӯз, ки чиновникҳо «камари ҳиммат» баста, журналистикаи тоҷикро ба 1 миллиону 2-3-5-6 миллион сомонӣ ҷарима мебанданд, ман бовар дорам, ки агар вазъият ҳамин гуна рафтан гирад, «Пайкон»-ро ҷаримаҳои 50-миллионаву 100-миллиона интизор аст ва «Пайкон» метавонад ба китоби «Рекордҳои Гинес» дохил шавад.
Ман барои тамоми кормандони «Пайкон», ки усулан ҷавон ҳастанд ва ғайрат доранд, орзу мекунам, ки ҳамеша чунин бимонанд ва вақте ки синну солашон ба ҷойе ё ба синну соли намедонам Cайёфу Раҷабу Хуршеду Ҷумъаи Толиб мерасад, ҳамин гуна ҷасоратро дар худ дошта бошанд. Ба шумо барори кор мехоҳам!

Пайванди ГУЛМУРОДЗОДА, устоди факултети журналистикаи ДМТ:
Талаб кардани ҳама чиз мушкилӣ дорад…
— Аз як ҳафтаномаи навтаъсис талаб кардани бисёр чизҳо ба назари ман, мушкилӣ дорад. Чунки ҳар касе нав ба кор шурӯъ мекунад, то ба як роҳи муайян даромадан бояд хеле заҳмат кашаду талош кунад. Ман гумон мекунам, ки ҳафтаномаи «Пайкон» аз аввали таъсис ёфтанаш ба масъалаҳои бисёр муҳими ҷомеаи мо, махсусан ба масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард ва мардумро як навъ ба гирифтани маърифати ҳуқуқӣ водор сохт, ки ин ҳам дар ҷамъияти имрӯзаи мо як кори хеле бузург аст. Аз тарафи дигар, дар ҷомеаи имрӯза муаммову мушкилоти зиёде ҳастанд, ки онҳо бояд таҳлили амиқ дошта бошанд ва азбаски имконияти ба минтақаҳо ва гӯшаву канори ҷумҳурӣ бештар сафар кардани кормандони ҳафтанома мушкилӣ дорад, гумон мекунам, на ҳамаи масъалаҳое, ки имрӯз барои ҷумҳурии мо муҳим аст, онҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтаанд.
Бисёр мехостам, ки оянда кормандони ҳафтанома фаъолтар бошанд ва дар бозгӯии масъалаҳо ва роҳи ҳалли муаммову мушкилоте, ки дорем, ба онҳо бештар дахолат кунанд.
Имрӯз яке аз муаммоҳои бисёр шадиди ҷомеаи мо гумон мекунам, ки ин рушду нумӯи кишоварзӣ аст, ки аз як тараф гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин дар назар бошад, аз тарафи дигар қисме аз заминҳои мо ба шӯразору биёбон мубаддал шуда истодаанд. Дар баррасии ин масъала низ рӯзноманигорон бояд фаъол бошанд. Аз ҷониби дигар, боз масоиле ҳастанд, ки рӯзноманигорони мо танҳо бо хабар додану иттилоъ расонидан бояд қаноат накунанду ин масъалаҳоро мавриди таҳлил қарор диҳанд ва барои пешрафту шукуфоии миллати мо як кӯмаке карда бошанд. Аз ҳамин гуна масоил боз масъалаи маориф ва фарҳанг аст. Имрӯз як масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо ин масъалаи илм асту дар сатҳи байналмилалӣ мо ҳам мақому маконе бояд дошта бошем.
Ман мехоҳам, ки ҳафтаномаи «Пайкон» ба ин масъалаҳо бештар дахолат карда бошаду онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад.

Дӯстмуроди БОБО, устоди факултети журналистикаи ДМТ:
«Пайкон» ба дарди ҳамагон мехӯрд
— Тӯли як сол дар байни расонаҳои зиёде, ки имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ нашр мешаванд, роҳу равиш ва хонандаи худро ёфтани «Пайкон» худ як муваффақият аст. Ҳафтавор тӯли як сол аслан масоилеро матраҳ намуд, ки ба сиёсат, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва махсусан иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарукор дошт ва ба дарди ҳамагон мехӯрд. Мехоҳам ҳамкории Тоҷикистонро бо тоҷикони муқими ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон бинам, ки дар ин бора қариб чизе дар ҳафтавор ба назар нарасид. Баъдан, мехоҳам, ки «Пайкон» саҳифаи фарҳангии худро дошта бошад, ки дар он тамоми масоили вобаста ба фарҳангу маориф матраҳ шавад.
Ба тамоми кормандони ҳафтавор муваффақият хоҳонам ва орзуи онро дорам, ки «Пайкон» 100-солаҳо дар фазои иттилотии кишвар партавафшон бошаду ба дарди мардум хӯрад.

Хилватшо ХОҶАЕВ, муҳаррири СМТ:
Зудбоварии «Пайкон» ба «қавли мардӣ»
— «Пайкон» ва пайкониён тайи як соли рафта тавонистанд миёни ҷомеа мавқеъ пайдо кунанд ва то ҷое муваффаҳ ҳам гаштанд. Матолибе, ки Ҷумъаи Толиб бо тими ҷавони худ мавриди таҳқиқот қарор медиҳад, ҳам дард ва ҳам доғи ҷомеаи имрӯзи мост. Нақзи ҳуқуқи инсон, қазияҳои мухталифи пурсарусадо ва назарсанҷиҳои анҷомёфта аз сӯйи «Пайкон» бароям писанданд. Аммо мепурсед, кадом иқдом ва ё матлаби «Пайкон» бароям мақбул набуд ва нест? Ҳоло хоҳам гуфт: зудбоварии сардабири мӯҳтарами нашрия дар мавриди «қавли мардӣ»-и масъули баландпоя. Дигар, боқӣ худ хуб медонед, ки манзурам чист… Муваффақ бошеду сарбаланд ва ҳам комёбӣ насибатон. Шумо танҳо нестед. Албатта дар ҳар ҷабҳаи набард бо Шумо ҳамбастагии ҳамкасбон ҳаст!

Марат МАМАДШОЕВ, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс»:
«Пайкон» хонандаи зиёд ёфт
— Дар тӯли як сол «Пайкон» рӯзномаи бақувват шуд ва байни мардум шӯҳрат пайдо кард. Ман фикр мекунам, ки дар муддати фаъолияташ «Пайкон» тариқи мустақилият ва сиёсати редаксионии худ хонандагони зиёд ёфт. Ба кулли кормандони он барор мехоҳам.

Ҷумъаи МИРЗО, сармуҳаррири нашрияи «Нури зиндагӣ»
Агар «Пайкон» ҳама гапро мегуфт…
Суоли пешгузоштаи кормандони нашрияи «Пайкон» дар мавриди он, ки ҳафтанома дар давоми як сол чӣ чизро нагуфт, касро ба андеша кардан водор менамояд. Онҳо бо як тир ду нишон мезананд ва шарҳ медиҳам, ки чаро?
Аввалан, агар «Пайкон» дар давоми як сол ҳама чизро мегуфт, пас имрӯз ҳоҷат ба нашри ҳафтанома намемонд. Дуввум, онҳо бо ин «усул»-и худ «идея»-ҳои моро «медузданд» ва боз як соли дигар онҳоро истифода мебаранду боз соли дигар суолро дигархелтар ба пеши мо мегузоранд: «Дар давоми як соли оянда «Пайкон» чиро бояд гӯяд?».
Чун хоҳиш кардаанд, хотири ҳамсоягарӣ маҷбурем, ки чизе бигӯем, то ба манфиати ин нашрия ва хонандагони он бошад.
Якум, нашрия нагуфт, ки чаро дар Тоҷикистон дониши ҳуқуқии мардум кам аст?
Дуввум, нашрия нагуфт, ки чаро муҳоҷиронии меҳнатии мо мавриди таҳқир дар дигар кишварҳо қарор мегиранду мо хомӯшем?
Сеюм, нагуфт, ки чаро баъзан тири сардодаи «Пайкон» ба нишон нарасида, боз ба худи онҳо равона мегардад?
Чорум, нагуфт, ки кай ришваситонӣ дар Тоҷикистон анҷом меёбад?
Панҷум, нагуфт, ки кай мушкилоти «Пайкон» бо «Тоҷикстандарт» анҷом меёбад?
Боз «Пайкон» нагуфт, ки ҷашни яксолагии нашрияро кай ва дар куҷо таҷлил хоҳанд кард?
Боз «Пайкон» чиро нагуфт, дар пурсишномаи соли ояндаи нашрия посух хоҳем гуфт, агар то он вақт нашрия ё соҳиби 300000 сомонӣ шавад ё 300000 сомониро аз даст диҳад.

Раҷаби Мирзо, журналисти мустақил:
«Пайкон» ба инъикоси «мавзӯъҳои мамнӯъ» даст мезанад?
— Фикр мекунам, ягона дастоварде, ки матбуоти тоҷик дар чанд соли ахир пайдо кардааст, ин самтгароӣ дар фаъолият аст. Манзурам ба бахшҳои гуногун худро масъул кардани нашрияҳост. Аз ҷумла, «Пайкон» тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар бахши мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ва таҳқиқотӣ тақвият бахшад. Ҳоло наметавон гуфт, ки нашрия ин самтро ба таври комил анҷом медиҳад. Шояд барои ин адами таҷриба ва низ набудани шароити муносиб, бахусус дарёфти маълумоти кофӣ мусоидат кардааст, аммо муҳимаш ин ки, гоми нахуст гузошта шуд.
Дуруст аст, ки «Пайкон» ҳамзамон мекӯшад ба мавзӯъҳои дигар, аз қабили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ рӯ биёрад. Вале гуфтан душвор аст, ки бархӯрдаш аз матбуоти дигари бозтобкунандаи чунин мавзӯъҳо фарқкунанда бошад. Гумон мекунам, ин иллати асосии матбуоти фаъоли мамлакат аст, ки хонанда ҳини интихоби онҳо ба саргумӣ мемонад, чун дар онҳо бархӯрди вижаро эҳсос намекунад.
Чӣ гуфтану чӣ нагуфтани «Пайкон» низ ба гумонам аз ҳамин мавзӯъ бармеояд. Яъне, мавзӯъҳои табӯ (мамнӯъ) барои нашрияи шумо низ ҳамонҳоеянд, ки дигарон доранд. Шояд нашрияҳо дар рӯ ба рӯ бо маъракаҳои сиёсие чун интихобот кӯшиш карданд, ки аз «имтиҳон» гузаранд ва баъди он ба инъикоси «мавзӯъҳои мамнӯъ» даст бизананд?
Ҷавоби мушаххас ба ин суол надорам, аммо умед дорам.

Раҳими КАРИМ, донишҷӯйи ДМТ:
«Пайкон» имиҷи худро нигоҳ дошт
— Дар ин замони ҳассос як сол арзи ҳастӣ намудани як нашрияи мустақил худ ин як дастоварди бузург аст барои муассиси нашрияи «Пайкон». Зеро дар қатори дигар нашрияҳо «Пайкон» тавонист дар пур намудани фазои иттилоотии кишвар саҳми бориз гузорад. Тӯли як сол «Пайкон» имиҷи худро дар ҷомеа нигоҳ дошт. Бо вуҷуди он, ки нисфи умри яксолаашро бо суду судбозӣ сипарӣ намуд, ин аз он далолат медиҳад, ки «Пайкон» ба мардум чизе дода тавонистааст. Дар давоми як соли фаъолияташ …қариб чизи нагуфтании «Пайкон», ки қонун манъ накардааст, намонд. Вале кам матолибе нашр намуд дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик. Агар ҳайати эҷодии ин нашрия дар давоми фаъолияти минбаъдаашон ба ин мавзӯъҳо низ даст мезаданд, хеле хуб мешуд.
Чизи дигаре, ки бояд қайд кунам, ин аст, ки аз ҷониби нашрия журналистони ҷавон кам дастгирӣ меёбанд. Агар ба ин нукта низ диққати махсус медоданд, барои мо журналистони ҷавон хеле хуб мешуд.

«Пайкон» моро тарбия мекунад

Ҳафтаномаи «Пайкон» моро аз ҳаёту фаъолияти мардум ва расму одот, ҳамчунин, аз ҳодисаҳои муҳими рӯз огоҳ кард. Ба воситаи ин ҳафтанома мо дар бораи воқеаҳое маълумот мегирем, ки аҳамияти ҳаррӯза доранду кӯҳнанашавандаанд. Вақте «Пайкон»-ро ба даст мегирему мехонем, хеле ҳам эҳсоси хурсандӣ мекунем. Зеро, баррасии масъала дар он тарзе ба роҳ монда шудааст, ки кас гумон мебарад шахсан дар мавзеи ҳодисаи инъикосшуда иштирок намудааст. «Пайкон» ба мо нафақат хабарҳои хубу тоза мерасонад, балки ҳамчун воситаи тарбиявӣ низ хизмат мекунад. Шоҳид шудаем, ки баъзе донишҷӯён ва донишмандон ҳатто ҳангоми дар нақлиёт рафтан «Пайкон» мехонанд.
Ба ҳамаи коргарони ҳафтаномаи «Пайкон» дуруд гуфта, ба онҳо умри дароз, тани сиҳат ва баракат дар касбу кор орзу дорем. Мехоҳем дар оянда ҳамеша ба мо хабарҳои хушро аз дохили кишвар ва берун аз он низ расонанд.

Муҳаммади НАБӣ,
Азаматуллои ҲАКИМЗОДА,
хонандагони мактаби миёнаи №90-и шаҳри Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: