Главная > Uncategorized > Убайдуллоев мераваду Рустами Эмомалӣ меояд?

Убайдуллоев мераваду Рустами Эмомалӣ меояд?

Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Бо ҳамҳамаву дамдамаи ғолибон ва озурдагии «афтодагон». Инак, интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ наздик аст. Яъне, баъди Наврӯз, 25-уми март дар панҷ ҳавзаи интихоботӣ дар саросари кишвар номзадҳо метавонанд овоз гиранд. Воқеан, ин интихоботро метавон «Интихоботи Наврӯзӣ» ном бурд, чун мардум акнун сурати идонаи худро дур накарда, бо шавқ ба натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси Миллӣ таваҷҷӯҳ мекунанд.
Раиси КМИР Мирзоалӣ Болтуев мегӯяд, ки аз се вилоят — Суғд, Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз 13 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ панҷнафарӣ, ки ҷамъоҷамъ 25 нафарро ташкил хоҳанд дод, 25-уми март зимни баргузории интихоботи Маҷлиси Миллӣ интихоб хоҳанд шуд. Чун Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат аст, ҳашт нафари дигарро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъин хоҳад кард.
Ба интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ нафароне пешбарӣ шудаанд, ки миёни мардум мавқеъ ва нуфузи зиёд доранд. Масалан, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси корхонаи «Тоҷиксемент» Маҳмадсаид Зубайдов, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва ғ.
Шояд бо сабаби пешбарӣ шудани номзадҳои намоён бошад, ки баъзе коршиносон ба хулосаҳои гуногун расидаанд. Масалан, таҳлилгари тоҷик Давлат Усмон мегӯяд, ки имкон дорад дар даври сеюми фаъолияти Маҷлиси Миллӣ курсии раисӣ ба шахси дигаре насиб гардад: «Бо дарназардошти вазъияте, ки имрӯз ҷомеа қарор дорад, тағйир хӯрдани раиси Маҷлиси Миллӣ аз эҳтимол дур нест». Ин дар ҳолест, ки пештар чанде аз намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар фаъолияти Маҷлиси Миллиро камранг хонда буданд. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар буд, ки Маҷлиси Миллӣ боре ҳам лоиҳаи қонун ва ё санадеро, ки аз сӯи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, барнагардондааст. «Тақрибан ҳолате ҳам надоштем, ки қонуне, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда бошад, аз тарафи аъзои Маҷлиси Миллӣ рад шуда бошад ва тасдиқ нашуда бошад. Чунин ҳолатро ман ёд надорам. Буданд ҳолатҳое, ки боз ҳам бо машварат баргардонда мешуданд, на барои рад шудан, балки барои такмили қонун, ки ин хеле нодир буд. Бештар сабаб сари масоили таҳрирӣ ва забонӣ буд ва ҳеҷ гоҳ ҷавҳари усулӣ надоштанд»,- гуфта буд ӯ. Ба андешаи Кабирӣ, ҳатто миёни ду ниҳоди қонунгузор ҳеҷ гоҳ ихтилофи назар ба вуҷуд наомадааст ва ӯ сабабро дар ташаккули Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз аксарияти намояндагони як ҳизб ва он ҳам Ҳизби халқӣ — демократӣ медонад.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бошад, мегуфт, ки аксарияти аъзои Маҷлиси Миллӣ бо вуҷуди дар миёни мардум будан дар ҳалли мушкилоти онҳо хомӯширо авлотар медонанд. «Онҳое, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳастанд ва дар маҳалҳо дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ ва ғайридавлатӣ кор мекунанд, аз мушкилоти мардум воқиф ҳастанд. Албатта онҳо вобастаи давлат ҳастанд, чун онҳоро ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кардааст. Лекин онҳо бештар бо мардум наздикӣ доранд ва мушкилоти онҳо, масалан проблемаи андоз, хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки валангор шудаанд ва ё заминҳои пахтаро барои сохтмони хонаҳои ду-се-ошёна ба одамони пулдор тақсим кардан, хуб медонанд. Лекин ман то ҳол надидаам, ки ин масоил ва дигар мушкилоти мардумро ба исрор пешниҳод карда бошанд. Мо дар Маҷлиси Намояндагон заҳмат мекашем, баррасӣ мекунем ва ҳатто ҷанҷол мекунем, лекин дар он тараф, яъне Маҷлиси Миллӣ хомӯшӣ»,- изҳор дошта буд ӯ.
Коршиносон низ шояд ба ҳамин нуқтаҳо таваҷҷӯҳ карда, хулоса бароварда бошанд, ки Маҷлиси Миллӣ дар ҳоли тағйирёбии куллист. Ва ин хулоса андешаеро ба бор овардааст, ки чун Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе музаффар шуд, шояд курсии Маҷлиси Миллиро ба даст орад. Аммо коршиноси маркази «Диалог» Ҳикматулло Сайфуллозода дар ин маврид мегӯяд: «Гумон намекунам, ки дар марҳалаи феълӣ масъалаи ба ҳайси ягон мақоми шоистаеро дар Маҷлиси Миллӣ ба фарзанди хеш қоил шудан матраҳ бошад. Ин барои дурнамо метавонад бошад, ки вакилии Маҷлиси Душанбе даричаест аввалан барои расидан ба Маҷлиси Миллӣ ва баъд ба қудрати воқеӣ».
Метавон ба ин ин гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода то андозае розӣ шуд. Зеро, ҳарчанд пешбарии номзадҳо то 18-уми март идома дорад, баъди гузаштани интихоботи Маҷлиси Миллӣ низ барои Рустами Эмомалӣ барои расидан ба қудрат вақт ҳаст.

Фаррухи ФОЗИЛ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: