Главная > Uncategorized > Ҳаёти мардуми деҳот ва огоҳиву ноогоҳӣ

Ҳаёти мардуми деҳот ва огоҳиву ноогоҳӣ

Бечорагони қавми тоҷик дар кӯҳистон аз ҳар гуна неъматҳои шаҳрӣ маҳрум, ба меҳнати сахт гирифторанд, як қисми эшон дар шаҳрҳо ба воситаи ҳаммолӣ, мардикорӣ, қаровулӣ ва саройбонӣ рӯз мегузаронанд… (Аз мақолаи «Қавми тоҷик ва рӯзнома»).
Касби аҳолии кӯҳистон умуман деҳқонӣ буда, аз ҳунарҳо — чоруқдӯзӣ, оҳангарӣ, карбосбофист. Аз пашми ҳайвонот ба қадри эҳтиёҷи худ ҷувол, хӯрҷин ва миқдоре чакман ҳозир мекунанд…
Аҳлоии кӯҳистони тоҷикро деҳқонӣ ва касбу ҳунарашон ба ҳеҷ ваҷҳ мояи рӯзгузаронӣ шуда наметавонад. Бинобар ин, аҳолии кӯҳистон ғолибан дар Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Тошканд мардикорӣ, ҳаммолӣ ва саройбонӣ мекунанд…
Аз ҳамин рӯз эътиборан аҳли вуқуфро лозим аст, ки бо навиштани аҳволи кӯҳистон рӯзномаи тоҷикии фақирро (ишора ба «Овози тоҷик»,- Ф. У.) ғанӣ намоянд.
(Аз мақолаи «Тоҷикони кӯҳистон»).
Ин чанд сатре, ки дар боло ишора шуд, иқтибос аз мақолаҳои устод Айнӣ буданд, ки дар саҳифаҳои аввалин рӯзномаи сирф тоҷикии «Овози тоҷик» 85 сол қабл интишор гардидаанд. Ҳанӯз барвақт устод Айнӣ ранҷу азоби мардуми кӯҳистонро дарк намудаву пайваста менавиштанд ва ба ҳукумати амир гӯшрас мекарданд. Ҳамчунин, дар рӯзномаи «Овози тоҷик» пайваста аз ҳаёту тарзи зиндагонии мардуми деҳоти Тоҷикистон таъкид мекарданд. Аммо имрӯз ҳам аксари он мушкилоте, ки устод Айнӣ дар мақолаҳояшон зикр мекарданд, бетағйир мондаанд. Агар дар мақолаҳои эшон мардикории мардуми деҳоти Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Тошканд зикр шуда бошад, имрӯз чунин авзоъ дар мисоли муҳоҷирати тоҷикон ба Русия аён мешавад. Зеро имрӯз дар кишвари Русия ҳам на ҳар кас кор карда метавонад. Ҳамасола шахсони зиёде дар ин мамлакат аз дасти русҳои золим «кидат» шуда, ба ватан бо дасти хушку холӣ бармегарданд ва ё қисми дигар дар он ҷо бе ному нишон мегарданд.
Қисми зиёди мардуми деҳотро имрӯз деҳқонон ташкил медиҳанд. Аммо баробари афзоиши аҳолӣ ҳатто дар баъзе аз деҳот замин барои сокинон басанда нест. Дар шароити имрӯза дар деҳот аҳолие, ки кор карда маош мегиранд — муаллимон, баъдан, бархе аз духтуронону коргарони ҷамоатҳоянд, ки ба ҳисоби оморӣ 25%-и аҳолиро ташкил медиҳанд. Қисми ками дигар ба чорводориву тоҷирӣ машғуланд. Яъне, аз ҳисоби худ зиндагонӣ мекунанд. Хулоса, қисмати зиёди мардуми кӯҳистон дар зимистон бекоранд ва аз ҳамин сабаб дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирд омада, бо қартабозӣ, волейбол ва футболбозӣ чашми рӯзро кӯр мекунанд. Муаллимон ҳам 50% ба муаллимиву боқимонда ба деҳқониву чорводорӣ ва корҳои дигар машғуланд. Аммо ин айби онҳо нест ва дар шароити имрӯза боиси нигаронӣ ҳам шуда наметавонад. Зеро, агар бо ҳамин роҳ нараванд, бо маоши муаллимӣ наметавонанд рӯз гузаронанд.
«Дар аҳди кӯҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаҳои тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд. Аҳолии кӯҳистон, умуман соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёд муҳаббат доранд».
(С. Айнӣ: «Тоҷикони кӯҳистон»).
Оре, устод Айнӣ ҳақ ҳастанд. Писарони кӯҳистон ноилоҷ ба хотири таҳсил як бало карда роҳи шаҳрро пеш мегиранд. Вале замони имрӯза ва камбағалӣ мардумро то ҷое ба танг овардааст, ки духтарони деҳот барои дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил кардан шароит надоранд. Бо вуҷуди он, ки президенти мамлакат Э. Раҳмон барои ба донишгоҳҳои олӣ ҷалб кардани духтарони деҳоти дурдаст квотаҳоро пешниҳод намуд. Аммо он квотаҳо куҷо мешаванду киҳо онҳоро мегиранд, ба ҳама маълум. Вале як чиро дар назар бояд дошт, ки дар деҳоти Тоҷикистон духтарони босаводу бомаърифат кам нестанд.
Чунончи дар боло зикр шуд, аҳолии кӯҳистон ба ҳазор мушкиливу машаққати зиёд зиндагӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол, дар шаҳр одамон илоҷе ёфта, рӯзашонро мегузаронанд, вале барои мардуми кӯҳистон дар вақти бекорӣ ва ба хусус дар фасли зимистон, ки шумораи бекорон меафзояд, пул ёфтан хеле душвор аст. Чизи дигар ин ки, мардуми дар деҳот иқоматдошта бо сабаби дур будан аз шаҳр ба рӯзномаву маҷаллот дастрасӣ надоранд ва аз бисёр масоил ноогоҳ мемонанд.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама ҷамоати деҳот корхонаву фермаҳои чорвопарвариву паррандапарварӣ мавҷуд буд ва қисми зиёди мардум шуғлеву касбу коре доштанд. Аммо имрӯз ҳамаи ин корхонаву фермаҳои деҳот аз байн рафтаанд ва биноҳои онҳоро одамон харида, аз они худ кардаанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки дар деҳоти кӯҳистон ҳар гуна корхонаҳои хурд сохта, мардумро ба кор ҷалб созем. Зеро аксарияти маҳсулоти деҳқониву мевагӣ дар деҳоти Тоҷикистон мерӯяд, ки қисмати зиёди ин мевагиҳо ба Русия интиқол мешавад

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: