Главная > Uncategorized > «Пайкон» ва ҳизби мо

«Пайкон» ва ҳизби мо

Амир ҚАРАҚУЛОВ, раиси ҲАТ:
«Пайкон» мавқеи худро ишғол кард
— Боиси хушнудист, ки ҳафтаномаи «Пайон» ҳамчун як нашрияи писандида дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии Тоҷикистон мавқеи худро ишғол кард. Бо ҷашни дилписанд хушбод мегӯям ва барои нойил шудан ба камолоти маънавии мардуми Тоҷикистон ба аҳли кормандони ҳафтанома саломатии бардавом ва бурдбориҳо орзумандам.
Иродатманди Шумо, академик Қарақулов Амир Бӯриевич.

Раҳматилло ЗОЙИРОВ, раиси ҲСДТ
«Пайкон» — НОНСЕНСи ҷомеаи Тоҷикистон!
Соли аввали фаъолияти «Пайкон» нишон дод, ки дар симои ин ҳафтанома мо, яъне Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар умум, ҷомеаи Тоҷикистон моҳиятан типи нави ҳафтаномаро дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон кашф кардем, ки дар вазъияти имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ нонсенс мебошад. Мушоҳида мешавад, ки «Пайкон» ҳамчун ҳафтанома ҳафтаномаи тиҷоратӣ нест. Ин ҳафтаномаи манфиати мардумист. Яъне, манфиати мардум ва мушкилоти мардум барои «Пайкон» аз тиҷорат болотар мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳафтанома рӯзҳои мушкилиҳои моддӣ ва молиявӣ дар соли аввал ду-се карат зиёдтар буд.
Бояд қайд намоям, ки ҳафтаномаи «Пайкон» ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон табиатан монандӣ дорад. Ҳам аз рӯи таъиноти иҷтимоияш (масъалаҳои доғи рӯзро новобаста аз шахсияту мақомот пешниҳод менамояд ва ақидаи худро дорад), ҳам аз рӯи рафтораш (соҳиби ҷасорат), ҳам аз рӯи қабули он аз ҷониби мардуми Тоҷикистон (маҳбубият) ва ҳукумат (ҳарос), аз ҳама муҳим — барои беҳбудӣ ва пешравии ҷомеа худфидоӣ дорад.
Ғайр аз ин, ҳафтаномаи «Пайкон» дар соли сипаришуда маркази ақидаҳои ҳуқуқҳимоятгарон буд. Ин сифат дар муаррифии ҳафтаномаи «Пайкон» нақши махсусро ишғол менамояд. Дар умум, бояд хулоса кард, ки «Пайкон» дар ин як сол ба номгӯйи худ мутобиқ буд, яъне «нӯги тези найза»-ро дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ифода мекард. Ин мӯҳтавои «Пайкон» шуд.
Албатта, фаъолияти ҳафтанома бе ҳайати эҷодӣ ба миён намеояд. Хислату сифатҳои ҳафтанома ин сараввал хислату сифатҳои сардабир ва ҳайати эҷодӣ мебошад. Дар ин рӯз барои сардабири ҳафтанома — Ҷумъаи Толиб ва дастаи «Пайкон» ҳам дар эҷод, ҳам дар самти мустақилияти моддию молиявӣ бурдбориҳо таманно дорам.

Мӯсо АСОЗОДА, раиси душанбегии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
«Ба «Пайкон» бурдборӣ мехоҳам»
— Пеш аз ҳама тамоми кормандони эҷодии ҳафтаномаи «Пайкон»-ро бо рӯзи ҷашн, яъне яксолагии нашрия табрик мегӯям. Хоҳони онам, ки қалами ҳамаи кормандонаш бурро бошад ва дар ҷомеасозии ояндаи мо саҳми арзандаи худро бештар гузоранд. Дар ин роҳ ман ба аҳли эҷоди ҳафтанома бурдборӣ мехоҳам ва хоҳиш мекунам, ки бештар атрофи ҷомеасозӣ, роҳҳои ҳалли проблемаҳо ва мушкилоте, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад, сухан гӯянд ва дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
«Дарк кардем, «Пайкон» арзанда аст»
— Ба қарибӣ дар ҳаёти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ нақши барҷаста дошт. Нақши матбуоти даврӣ, бахусус рӯзномаҳои хусусӣ, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, дар ин маъракаи сиёсӣ басо бузург ва назаррас буд. Аз он ҷумла, ҳафтаномаи «Пайкон», ки дар чанд шуморааш дар бораи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мақолаҳо ва матлабҳои заруриро оид ба ташвиқу тарғиб, ҳадафҳои барномаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҲСТ ба мардум расонид, қобили дастгирист ва баробари қобили дастгирӣ будан, мавзӯи асосии он на бо таври ахборӣ, балки дар шакли таҳлилӣ ва ҷиддӣ сурат гирифт. Имрӯз мо дарк кардем, ки «Пайкон» яке аз рӯзномаҳои бисёр арзанда ва дар баробари ин, ҳақиқатнигор дар ҷумҳурӣ буда, барои инъикос намудани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар як саҳми бисёр муҳимро дорост, ки ин пеш аз ҳама барои мардум ва озодии сухану озодии матбуот мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, ман ҳамчун роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон «Пайкон»-ро ба муносибати яксолагияш, чун рӯзномаи ҳақиқатнигор, рӯзномае, ки ба дарди мардум мехӯрад, табрик карда, барои дар оянда рушду нумӯъ ёфтан ва бештар ба таври объективона инъикос намудани ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули кишвар бурдбориҳо хоста, барои ҳайати эҷодии он муваффақият хоҳонам.

Шамсиддин ҶАЛОЛОВ, раиси душанбегии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
«»Пайкон» бо мо ҳамкорӣ надорад»
— На ягон бор интервю гирифтаанд, на барномаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро пешниҳод кардаанд, на ягон масъаларо аз мо пурсидаанд… Ба назди мо аз чанд нашрия — «Истиқлол», «Нигоҳ», «Озодагон», «Азия-плюс», «Миллат», «Народная газета» ва ғайра омаданд. Мо бо ҳамаи нашрияҳо ҳамкорӣ дорем, лекин бо «Пайкон» дар масъалаи ҳамкорӣ умуман огоҳӣ надорам. Ман намедонам бо кадом аҳзоби сиёсӣ сарукор доранд. Ягон бор дар мавзӯе савол ҳам намедиҳанд. Ман бештари нашрияҳо, аз он ҷумла, ҳафтаномаи «Пайкон»-ро низ мутолиа мекунам. Ин ҳафтанома ба ман маъқул аст. Дар шумораҳои аввалааш бисёр мақолаҳои хуб чоп мешуд, лекин мисли баъзе ҳафтаномаҳо рубрикаи махсусе надорад, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ақидаву нуқтаи назари худро баён кунанд. Мо барои ҳамкорӣ омодаем.

Масъуд СОБИРОВ, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
«Бигзор «Пайкон» ҳамеша пайкон бошад!»
— Дар муаррифӣ шудани Ҳизби демократ тайи се-чор соли ахир матбуоту расонаҳои ғайридавлатӣ саҳми бузург доранд. Ба ҳамин хотир, дар нишасти матбуотии ҲДТ рӯзи 3-юми март дар қатори дигар ҳафтаномаҳо раҳбарияти ҳизб нақши «Пайкон»-ро ҳам назаррас қайд карда буданд. Яъне, ҳафтаномаи «Пайкон» ба ҳар навъе, ки бошад, дар муаррифӣ шудани Ҳизби демократ саҳм дорад ва ҳамин расонаҳои ғайридавлатӣ буданд, ки имрӯз Ҳизби демократро мардум воқеан ҳамчун як ҳизби ҳақиқӣ мешиносанд. Аз ин хотир, ба муносибати яксолагии «Пайкон» ҳайати эҷодии онро самимона табрик мегӯям. Бигзор «Пайкон» ҳамеша чун пайкон нишонрас ва дар рӯи дасти мардум бошад!

Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
«Ҳамчун вакил ба «Пайкон» кӯмак мерасонам»
— Аслан арзи вуҷуд доштани ин ё он рӯзнома дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеаи навин, махсусан Тоҷикистон, дар замони соҳибистиқлолӣ ин як паёмади нек аст. Ва ҳар як рӯзномае, ки дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа саҳм дорад, аз рӯзҳои аввали арзи вуҷуд доштанаш бояд як иқдоми неке карда бошад. Ба фикри манн, «Пайкон» яке аз ҳамон рӯзномаҳоест, ки дар давоми як сол раванди ояндасози ҷомеаро таҳким мебахшад ва яке аз нашрияҳои шинохташудаи махсусан коршиносон, сиёсатшиносон ва онҳое мебошад, ки дар ин ё он ҷабҳаи сиёсат фаъолият мекунанд. Бо «Пайкон» гарчанде барвақт шинос набудам, аммо дар давоми маъракаи сиёсие, ки дар ҳаёти ҷомеаи мо ба вуқӯъ пайваст, яъне дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот «Пайкон»-ро ҳамчун яке аз рӯзномаҳое, ки ҳампояи нашрияҳои бонуфузи кишвар аст, шинохтам. Ин рӯзнома дар муқоиса бо баъзе нашрияҳо на баҳри сенсатсия ё ҳангома кӯшиш ба харҷ медиҳад, балки аз мавқеи реалӣ ба ин ё он ҳаводис назар мекунад. Ман барои «Пайкон» дар ин фасли баҳор, дар рӯзҳое, ки табиат зинда мешавад, муваффақият хоҳонам ва таманнои онро дорам, ки ҳайати эҷодии «Пайкон» ба он ҳадафҳое, ки дар наздашон гузоштаанд, расанд ва дар оянда барои таҳияву нашр, харидану хондани рӯзнома агар ягон кӯмаки хоксоронае лозим шавад, ман ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон, ба ҳайси яке аз роҳбарони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ба ҳайси як хонанда метавонам мусоидат кунам.

Муҳиддин КАБИРӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
«Аз ҳамкорӣ бо «Пайкон» қаноатмандем»
— Аввалин шиносоии мо бо «Пайкон», метавон гуфт, ки таъсири «Пайкон» ба ҲНИТ ё таъсири ҳизби мо ба «Пайкон» аз он вақте шурӯъ шуд, ки як матлаберо ҳафтанома нашр карда буд ва баъдан дар Агентии «Ховар» дар бораи он матлаб вокунише нашр шуд, ки муаллифи «Пайкон»-ро муттаҳам ба он мекард, ки гӯё маводи супоришии ҲНИТ-ро ба табъ расонида бошад. Ва баъдан сардабири «Пайкон» раддияе навишта, арз карда буданд, ки раиси ҲНИТ-ро аз наздик надидаанд ва он касро шахсан намешиносанд. Ин кор воқеият дошт. Мо баъди нашри он матлаб бо сардабири «Пайкон» дар ноҳияи Файзобод вохӯрдем, ки ҳамон шиносоӣ ё зиёрати аввалину охирини мо бо сардабири «Пайкон» аст, ки иншооллоҳ охирин нахоҳад буд ва мо бо ҳайати рӯзнома аз наздик шинос хоҳем шуд. Вале бо навиштаҳои бисёр мутавозуни худ чӣ аз лиҳози танқидӣ ва чӣ таърифӣ дар бораи ҲНИТ таъсири худро расонидааст. Чун мо ҳама гуна танқиди созандаро, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон мекунад, ҳамчун кӯмак ба худ медонем ва ҳамчунин, таърифи ҷойӣ ва воқеиро ҳам як дастгирӣ ва кӯмаки маънавӣ ҳисоб мекунем. Аз ин рӯ, «Пайкон» бо матлабҳои худ, ки дар бораи вазъи сиёсии кишвар, таҳлили ташаккули раванди бисёрҳизбӣ дар кишвар ва ҳамчунин фаъолияти ҳизби мо кардааст, бетаъсир набуд ва мо аз ин ҳамкорӣ қаноатмандем.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: