Главная > Uncategorized > «Пайкон» — даргоҳи сарҷамъшавӣ

«Пайкон» — даргоҳи сарҷамъшавӣ

Пеш аз он, ки дар бораи ҳафтаномаи «Пайкон» чизе гӯем, лозим медонем, ки чӣ гуна ба ин нашрия кор омаданамонро ёдрас шавем. Чун он барои корро дар «Пайкон» шурӯъ кардан робитаи ногусастанӣ дорад. Дар майдони журналистика мо — Саида, Фарангис, Нилуфар ва Парвонаро ҳарчанд рӯзноманигори маъруф нашуда бошем ҳам, вале аз ҷиҳати ҳамеша ҳамроҳ будан, бисёриҳо шинохтаанд. Зеро аз ҳафтаномаи «Зиндагӣ» сар карда, то Маркази тадқиқоти журналистӣ, «Фараж»-у «Овоза» ва то «Пайкон» мо ҳамроҳем.

Пас аз ҷойи кори охирин, яъне «Фараж» аввал Нилуфар ба кори дигар ГУЗАШТ, баъдан Парвона ба «рухсатӣ»-и муваққатӣ БАРОМАД. Мондем ману Фарангис. Баъдан сарсониҳои судии ду нафари ахир, ки бешак кашокашҳои тӯлонии он ба дили роҳбарон низ зада буд, шурӯъ шуданд. Фарангис бошад, то анҷом ёфтани суд аз кор РАФТ. Ҳарчанд ин қазия ба пирӯзии мо анҷом ёфт, вале он вақт Саидаро дигар дар журналистика чизе дошта наметавонист. Зеро барои ӯ ҳам пароканда шудани команда ва ҳам ҳафт моҳ сарсониҳои аз прокуратура ба РКД ва аз он ҷо ба суд, зарбаи гароне расонид. Аммо он вақт касе ҳолати рӯҳии моро дарк карда наметавонист. Танҳо ва танҳо як ҷумларо такрор мекарданд: Тарсидед, барои ҳамин аз журналистика дур шудед!
Масалан, он замон баробари аз кор рафтанамон аксар роҳбарони расонаҳои хабарӣ дар алоҳидагӣ ҳар якеи моро ба кор даъват мекарданд, вале чун як ҷумларо мегуфтанд, аз ҳамаи пешниҳодҳо даст мекашидем. Яъне, мегуфтанд, ки «Биё дар мо кор кун, кори мо сиёсӣ, танқидӣ ва суду судбозӣ нест, ки тарсед».
Давоми як соли парокандагӣ мо мекӯшидем дар як ҳафта як бор сарҷамъ шуда, аз аҳволи ҳамдигар бохабар шавем. Дар ин муддат танҳо Ҷумъаи Толиб, ки дар МТЖ бо мо кор карда буд, ин ҳолати рӯҳии моро дарк мекарду халос. Ва ҳар бори дидани мо ваъда медод, ки бо даст додани аввалин имконият чори шуморо мисли пештара сарҷамъ мекунам.
Ҳамин тавр, дар арафаи Наврӯз нашрияи «Пайкон»-ро Ҷумъаи Толиб ба хотири мо таъсис дода, бе ягон шарт, маҳдудият ва ваъдаҳои подарҳаво дар ихтиёрамон гузошт. Ва мо бо Рӯзи нав, Андешаи нав, Ҳасрати нав, ва то ҷое Пешаи нав боз вориди майдони журналистика шудем.
Ин ҷо бояд аз нашри шумораи нахустини «Пайкон» ёдрас шавем, ки бо чӣ қадар азобҳо чоп шуда буд. Он замон чун ману Парвона танҳо газетаро омода мекардем, ҳар лаҳза ва баробари навиштани ҳар як ҷумлаамон мегуфтем: «Газетаро ин ҳафта чоп карда наметавонем». Зеро ҳам мушкилоти молӣ доштему ҳам техникӣ ва ҳам ҳайати эҷодӣ. Аммо акаи Ҷумъабой дар азмашон қавӣ буданд ва ба мо бо такрор ёдрас мешуданд, ки «аз чизе тарсидан даркор нест ва нашрия бояд дар арафаи Рӯзи матбуот чоп шавад». Аммо ба шаҳодатнома, ки 3-юми марти соли 2009 дода шуда буд, бо кадом сабабе вазири фарҳанг имзо нагузошт. Шаҳодатномаро вазир дар рӯзи 11-уми марти соли 2009 имзо гузошт.
Баъдан пас аз нашри ҳафтанома мо дарк кардем, ки сабаби ин исрорҳо дар чӣ буда. Чунки агар ба таърихи матбуоти тоҷик назар кунем, қариб ҳама рӯзнома ва ҳафтаномаҳои мо маҳз дар ҳамин арафаи Наврӯз таъсис ёфтаанд.
Пас, яксолагият муборак, эй тифлаке, ки тавонистӣ се нафари ба қавле, ПАРОКАНДАшударо сарҷамъ кардӣ!

ПАРВОНА, САИДА ва ФАРАНГИС

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: