Главная > Uncategorized > «Пайкон» — ларза дар андоми фиребкорон

«Пайкон» — ларза дар андоми фиребкорон

Нуралӣ ДАВЛАТ, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:
«Пайкон» ду масъалаи муҳимро ҳал кард
— Як сол мӯҳлати зиёд нест. Аммо дар бозори ВАО-и Тоҷикистон соли хеле муҳим аст. Чаро? Ба он хотир, ки аввалан роҳ ёфтан ба ин бозоре, ки чандон васеъ нест, кори мушкил аст. Алалхусус дар миёни ҳафтаномаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ки аллакай ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд. Дуввум ин ки, дар соли аввал ҳафтанома ҳам коллективи худро меёбад ва ҳам равиши худро муайян мекунад.
Ҳафтаномаи «Пайкон» дар ин як соле, ки гузашт, ин ду масъалаи муҳимро ҳал кард. Ҳам ҷойгоҳ ёфт ва ҳам ҳайати эҷодии он ташаккул ёфт. Ва ин бесабаб набуд, зеро ҳайати эҷодие, ки ҷамъ омадаст, аз қабл соҳибтаҷриба буданд.
Журналистони варзида Ҷумъабойи Толиб ва Фазлиддин Асозода, ки собиқаи кори калон дар ҳафтаномаҳои кишвар доштанд, хуб медонистанд, ки муштариён инъикоси кадом мушкилоти ҷомеаро дар саҳифаҳои «Пайкон» дидан мехоҳанд. Ва тибқи ҳамин талабот рафтор карданд ва дуруст ҳам карданд. Имрӯз «Пайкон» бегуфтугӯ яке аз беҳтарин ҳафтаномаҳои кишвар аст.
Як сол бомуваффақият пушти сар шуд. Яксолагӣ муборак, ҳамкасбони соҳибкасб!

Зафари СӯФӣ, муассиси ҳафтаномаи «Озодагон»:
«Пайкон» — ларза дар андоми фиребкорон
Тифли яксола беғаштарин, беҳтарин ва ширинтарин даврони умри худро мегузаронад. Ҳанӯз аз фиребу найрангҳои атрофиён хабаре надорад. Аммо тифли яксолаи бародари мо Ҷумъаи Толиб ва ҳамкоронашон имрӯз чунон огоҳона ва ҷасурона дар майдони расонаҳо қад алам карда, ки ларза дар андоми фиребкорону найрангбозон андохта. Бадеҳист ҳар расона рисолати худро дорад ва он чизҳоеро мегӯяд, яъне он мавзӯъҳоеро баррасӣ ва таҳқиқ мекунад, ки дар ростои рисолаташ бошад. Аз ин назар ҳеҷ як расонаи хабарӣ наметавонад ҳама чизро гуфта бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ чунин вазифа ҳам надорад.
«Пайкон», ки аввалин соли сарбаландона қад алам карданаш дар майдони расонаҳоро барои кормандони он ва тамоми хонандагонаш самимона шодбош мегӯям, дар ростои он рисолате, ки муассис ва дастандаркорони он таъин кардаанд, воқеан қадамҳои устувор ва муваффақ гузоштааст. Ба иборати дигар, ҳама чизро дар ростои рисолаташ гуфта ва муҳим аз ҳама, бо ҷасорат гуфта, содиқона гуфта, самимӣ гуфта, рост гуфта. Ҳарчанд… ҳамеша чунин будаву шояд чунин хоҳад буд, ки баҳои бо ҷасорат гуфтан, рост гуфтан барои гӯянда хеле гарон тамом мешавад. Аммо ин «ранҷ кашидан» валлоҳ, ки дар ҳар сурат аз даст пеши бар қомат дуто кардану сарафканда будан болотару бартар будаву хоҳад буд.
Нахустин солгарди фаъолияти пурсамар, ки ба таҷлили Наврӯзи хуҷистапай рост омада, муборак бод ва ҳамеша Наврӯзи пирӯзиҳоятонро орзумандам.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: