Главная > Uncategorized > Анвар АБДУРАСУЛОВ: «Милтиқ» гирифта, донишҷӯро ҳимоят мекунам!

Анвар АБДУРАСУЛОВ: «Милтиқ» гирифта, донишҷӯро ҳимоят мекунам!


Чанд гоҳ боз дар бораи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни мардум сарусадо баланд шуда буд, ки гӯё ин донишгоҳ ягона таълимгоҳест, ки донишҷӯёнро аз дигар донишгоҳҳо дида, бештар хориҷ менамояд. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва дигар масоили марбути донишгоҳи мазкур сӯҳбате доштем бо ректори он Анвар Абдурасулов.
— Мӯҳтарам Анвар Абдурасулов! Сабабҳои солҳои охир ба илмҳои техникӣ рӯй овардани ҷавононро дар чӣ мебинед?
— Агар ба мушоҳидаҳои коршиносон назар андозем, мебинем, ки то солҳои 60-ум таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илмҳои техникӣ бештар буд. Аз солҳои 60-ум то солҳои 90-ум ҷавонон бештар ба илмҳои гуманитарӣ рӯй оварданд. Вале боз аз солҳои 90-ум диққати ҷавононро илмҳои дақиқу техникӣ ба худ ҷалб намуда истодааст. Инро на танҳо дар мисоли донишгоҳҳои кишварҳои дигар, инчунин дар мисоли донишгоҳи мо ҳам мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, аз соли 2000-ум ин ҷониб хоҳишмандони таҳсил дар факултетҳои энергетикӣ дар ҷойи аввал баромад, ки сабабаш сохтмону пайдо шудани ҷойҳои кор дар нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вале тӯли ду соли охир талабот ба факултаи сохтмон ва меъмории донишгоҳи мо бештар гардидааст, чунки ниёзи ҷомеа ба сохтмон афзуда истодааст. Талаботи воқеии ҷомеа самти интихоби касбро муайян менамояд.
— Худи ҷавонон аз рӯйи кадом меъёр ва тасаввур касбро интихоб мекунанд?
— Саволи хуб аст. Мутаассифона ҷавонони мо ҳанӯз ҳам моҳияти касбро шинохта наметавонанд. Бисёре аз ҷавонони ба донишгоҳи мо дохилшаванда интихоби кӯр-кӯрона доранд. Ҳозир ҳама аз паси ҳангома рафта, ҳамон панҷ — шаш тахассусеро, ки дар байни мардум маъмул аст, интихоб намуда, ҳуҷҷат месупоранд. Баъзан аксари довталабони болаёқат дар ҳамин ихтиссосҳо ҳуҷҷат супорида, барои бештар қабул намудани ҷавонои болаёқат ба донишгоҳ монеъ мешаванд. Масалан, дар ихтисоси энергетикӣ 10 ҷойи буҷавии дохилшавӣ пешбинӣ шудааст ва ҷавонон ба ҳамин ҳангомаҳо дода шуда, «касби бозоргир аст» гуфта, 30-40 ва дар баъзе ҳолатҳо 50 нафар ба ин ихтисос ҳуҷҷат месупоранд. Аз онҳо 10 нафарашон дохил мешаванду 30-40 нафари дигар мемонад. Ҳол он ки, донишгоҳи мо 51 ихтисоси зарурии дигар дорад. Агар он 30 нафар 10-нафарӣ ба дигар ихтисосҳои донишгоҳ ҳуҷҷат месупориданд, мо метавонистем 90% чунин бачаҳои боистеъдодро дар донишгоҳи худ нигоҳ дорем. Ана ҳамин ҳангома ва ноомодагӣ ба интихоби касб дар байни ҷавонон аст, ки рақобати носолимро ба бор меораду онҳо аз донишгоҳ дур мемонанд.
— Оё ҳаст ихтисосе, ки таваҷҷӯҳ ба он тамоман кам бошаду холӣ монад?
— Ҳаст. Масалан соли гузашта ба тахассусҳои «Коркарди нахҳои табиӣ (пахта)», «Истифодаи самараноки захираҳои обӣ», «Металлургияи металлҳои ранга», ки барои Тоҷикистон тахассусҳои заруриянд, хоҳишмандон хеле кам буданд ва бо ин сабаб мо дар гурӯҳи шартномавӣ донишҷӯй қабул накардем. Ин фақат ба донишгоҳи мо хос нест. Ҳатто ҳангоми қабул ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар низ мушоҳида мешавад. Як сол пеш ҳангоми қабул ба донишгоҳҳои Федератсияи Русия, ки дар донишгоҳи мо сурат мегирифт ва аз рӯйи 51 тахассус барои 150 нафар ҷой довталаб қабул карда мешуд, зиёда аз 470 нафар ҳуҷҷат супориданд. Аз ҳамин 470 нафар ҳоҳишмандон ба 26 ихтисос ариза дода буданду халос. Ҳол он ки, ҷойҳои талабкардаи мо барои Русия ҳам зарурӣ буданд.
— Дар мавриди аз имтиҳоноти дохилшавӣ гузаштану нагузаштани ҷавонон чӣ гуфта метавонед? Зеро бисёр шоҳид гаштаем, ки дар кулли таълимгоҳҳо баъди гузаштани имтиҳон норозигии тарафҳо баланд мешавад.
— Мо кӯшиш мекунем, ки имтиҳони қабул ҳарчи бештар шаффоф бошаду ҳарчи бештар ҷавонони донишмандро дар донишгоҳ нигоҳ дорем. Вале боз як масъалаи писихологии дигар ҳам ҳаст. Масалан, аз як мактаб 5 нафар бачаҳои бо баҳои хубу аълохонда омаданду дар ҳамон факултаи энеркетика ба гурӯҳи буҷавӣ, ки озмун калон аст, ҳуҷҷат супориданд ва ягон нафарашон нагузашт. Аз ҳамон ҳамсинфонашон як бачае, ки доим ду дошту се карат серо базӯр медонист, омаду дар як тахассуси дигари озмунаш ками шартномавӣ ҳуҷҷат супориду дохил шуд. Вақте ин бачаҳо ба деҳа бармегарданд, дар байни мардум тасаввуроте пайдо мешавад, ки «Дар Донишгоҳи техникӣ ҳақиқат нест! Мана писари фалонча, ки бо баҳои панҷ мехонд, нагузашту писари фалонӣ, ки савод надошту пул дошт, гузашт». Ман боз мегӯям, ки дуруст шинохтану дуруст интихоб намудани касб ин душворию овозаҳоро аз байн мебардошт. Мо кӯшиш мекунем роҳҳои ҳалли ин мушкилиро ёбем, вале онро ба мардум фаҳмонидан душвор аст. Саҳми Васоити ахбори омма дар ин самт калон буда метавонад, чунки ҳоло талаботи замонро шинохтану роҳи дурустро ихтиёр кардан ҳатто барои волидон низ пурра муяссар нагаштааст. Яке аз вазифаҳои рушди фарҳанги техникии ҷомеа дар ҳамин аст.
— Метавон гуфт, ки саводи донишҷӯёни донишгоҳи шумо дар сатҳи зарурист ва оё усули дарсгузарии устодон онҳоро қонеъ мекунад?
— Албатта не. Сатҳи таълиму касбомӯзӣ моро ҳеҷ вақт қонеъ карда наметавонад. Дар акси ҳол, пешравӣ намебуд. Мақсади мо раҳнамун кардани ҷавонон ба сӯйи илму технологияи муосир аст. Мутаассифона ҳоло дар ин самт камбудиҳо зиёданд. Сатҳи дониши довталабону донишҷӯёнамон паст аст. Қисми зиёди онҳо амалҳои оддии мактабиро иҷро намуда наметавонанд. Ҷавонони мо ва волидайнашон бештар барои ба даст овардани коғаз — диплом талош мекунанд, на барои гирифтани дониш. Дар дигар кишварҳо ин кор камтар аст. Онҳо барои соҳиби касб шудану дониш гирифтан бештар кӯшиш менамоянд. Ман то ҳол ягон волидайнеро надидаам, ки гуфта бошад: «Дониши писари ман хуб нест, бигузор як сол такрорӣ хонад». Баръакс, «як бало кунед тамом кунад» мегӯянд.
Фикр мекунам мо устодони хуб дорем. Онҳо ҳазорон нафар ҷавонро касб омӯхта, ба кору эҷод ҳидоят намудаанд. Устодони ҷавони камтаҷриба ҳам ҳастанд. Лекин фикр мекунам, ки сатҳу сифати дарси устод аз сатҳи донишу талаботи донишҷӯён низ сахт вобастагӣ дорад. Агар сатҳи дониши шунаванда барои донистану фаҳмидани устод мувофиқ набошад, дарси устодро дуруст баҳо доданашон душвор аст. Ман бисёр вақт шӯхӣ мекунам, ки бисёриҳо мори кашидаро бештар мешиносанд аз мори навишташуда. Манзурам ҳамин аст, ки тибқи ривоят, дар замони пеш дар як деҳае як муллое бачаҳоро дарс медодаасту аз ҳисоби онҳо рӯз мегузаронидааст. Баъди чанд вақт ба он деҳа як муллои ҷавону босавод меояду ба бачаҳо тарзи навиштанро меомӯзад. Ин муллои калонсол мебинад, ки бачаҳо навиштану хонданро омӯхта истодаанд, ба таҳлука меафтад, ки аз нони даҳонаш мемонад. Ба назди мардум рафта, воҳима бардошта, онҳоро метарсонад, ки ин ҷавон фарзандони шуморо ба роҳи нодурусту бесаводӣ бурда истодааст. Агар бовар накунед, имтиҳон кунед. Мардуми бесавод он муллои ҷавонро имтиҳон мекунанд. Супориш медиҳанд, ки мор нависад. Ин ҷавон мор менависад. Мулло бошад, расми моро мекашаду ба мардум мегӯяд, ки кадоме аз инҳо мор аст? Мардуми бесавод ҳамон мори кашидаро «мор» мегӯянду ҷавони босаводро аз деҳа зада берун мекунанд.
— Бояд гӯем, ки саволи асосии мо — ин зиёд хориҷ шудани донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Дар ин миён чӣ омилҳое вуҷуд дошта метавонанд?
— Мақсади роҳбарияти донишгоҳ хориҷ кардани донишҷӯён нест. Лекин мувофиқи низомномаҳои амалкунанда агар донишҷӯён имтиҳонҳоро дар мӯҳлатҳои пешбинишуда насупоранд, ногузир онҳоро хориҷ намудан лозим мешавад. Низомномаҳо дар ҳамаи мактабҳои олӣ якхелаанд, шояд талаботҳо гуногун бошанд. Дар ҳақиқат дар донишгоҳи мо хориҷкунии донишҷӯён зиёдтар аст. Ҷойи пӯшида нест. Соли гузашта моро дар ҳамин масъалаи интиқолу барқароркунӣ прокуратура низ тафтиш карда буд. Дар ду сол зиёда аз 2400 донишҷӯй хориҷ шуда буд. Ҳар сол зиёда аз ҳазорнафарӣ, яъне дар ҳар нимсола 500-нафарӣ. Фикр мекунам яке аз сабабҳои зиёдтар хориҷшавии донишҷӯён дар донишгоҳи мо ин душвории иҷрои корҳои амалӣ, лабораторӣ ва лоиҳаҳои курсӣ мебошад. На ҳамаи донишҷӯён ин корҳоро иҷро намуда, сари вақт супорида метавонанд. Мо роҳҳои гуногуни ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намуда истодаем. Масалан, имсол ҳангоми супоридани имтиҳонҳо аз тарзи иҷозатномагирӣ даст кашидем. Ҳамаи донишҷӯён дар як вақт ҳам санҷишу ҳам имтиҳонҳоро аз рӯи омодагияшон супориданд. Натиҷаашро вақт нишон медиҳад. Ба ҳар ҳол, шумори хориҷшудагон камтар шуд.
Мо ба донишҷӯёни курсҳои якум бештар имтиёз медиҳем, чунки онҳо аз тартиботи мактаби олӣ ҳанӯз огоҳ нестанд ва барқарор намудани донишҷӯйи курси якум душвор аст. Вале ман боз мегӯям, ки ҳеҷ кас мақсади хориҷ кардани донишҷӯро надорад. Мо ҳатто барои онҳое, ки қарздор мемонанд, дарсҳои иловагӣ мегузаронему ҳатто барои супоридани имтиҳону санҷишҳо вақтро боз як моҳ зиёдтар мекунем. Вале дар охири охирон вақте ки ҳамаи мӯҳлатҳо гузашту чанд нафар монд, маҷбур мешавем онҳоро хориҷ кунем.
Вале бештари хориҷшудагон боз барқарор мешаванд. Бовар кунед, барқароршавӣ дар донишгоҳи мо осонтар аст нисбати дигар донишгоҳҳо. Вале хондан дар донишгоҳи мо душвор аст. Боз чанд сабукие низ барои донишҷӯён пешниҳод намудем. Ин нимсола ҷамъоҷамъ 320 нафар донишҷӯ хориҷ шуд, ки нисбати солҳои пеш камтар аст. Аз 8000 нафар донишҷӯйи шӯъбаи рӯзона 320 нафар, яъне 4% хориҷ шудаанд.
— Дар вақти хориҷ кардани донишҷӯй аз донишгоҳ гурӯҳҳои шартномавию буҷавӣ ба инобат гирифта мешаванд?
— Мо чи дар вақти таҳсил ва чи дар вақти хориҷ кардан ба буҷавию шартномавӣ будани донишҷӯён аҳамият намедиҳем. Гурӯҳҳои мо баробаранд. Як хел талабот аст, як хел хориҷ шудан аст. Ҳангоми таҳсил имтиёз аз рӯи ягон аломат пешбинӣ нашудааст! Ман фикр мекунам, агар бо ягон аломат мо донишҷӯёни шартномавиро аз буҷавӣ фарқ кунонем, дар байни донишҷӯён нобаробарию нобовариро ба бор меорад. Хато аст, дуруст аст, ман тарафдори ҳамин ақидаам. Ман боз мегӯям, агар донишҷӯ босавод бошад, нодуруст хориҷ шуда бошад, биёяду бигӯяд, ки «ман савод дораму муаллим ба ман баҳо намемонад», худам «милтиқ» гирифта, он ҷавонро ҳимоят мекунам! Ғайр аз ин, вақте, ки рӯйхати хориҷшавандагон тартиб дода мешавад, аз донишҷӯ хоҳиш мекунем, ки бо волидайнаш, бо адвокат ё дигар пуштибонаш ба маҷлис бо иштироки Раёсат биёяд, даъвояшро гӯяд ва баъди ин мо фармонро дар бораи хориҷ имзо менамоем. Ба замми ин, дар донишгоҳ як комиссияи аппелятсионии марказӣ амал менамояд, ки даъвои донишҷӯёни хориҷшударо низ дида мебарояд ва аз рӯи қарори он фармони хориҷшавӣ бекор карда мешавад.

Мусоҳиб Завқибек СОЛИҲОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. TAJIK
    Апрель 5, 2010 в 9:57 дп

    Az sharoiti ilmomuzii tojikon dar Malaysia metoned injo oshno shaved/ http://tajmy.wordpress.com/

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: