Главная > Uncategorized > Ашки модар

Ашки модар


Яке аз рӯзҳои абрнок, вале бе бориш буд. Чун аз канори бинои Вазорати нақлиёт мегузаштам, назарам ба писарбачае афтод, ки рӯйи асфалт бо зонувонаш роҳ мерафт ва аз қафояш тӯдаи бачаҳо қийчувкунон дартоз буданд. Наздик шудам ва хостам сабаб пурсам. Аммо ҷавон дар ҷавоби суолам ҳайрон-ҳайрон ба ман менигаристу забони гӯё надошт. Асли ҳол аз он тӯдаи бачаҳо донистанӣ шудам. Гуфтанд, ки ҷавон роҳ рафта наметавонад ва забонаш ҳам дар суханронӣ оҷизӣ мекашад. Суроғаи хонаашонро пурсидам. Бо ишораи ангушт бинои хобгоҳи мутааллиқ ба нассоҷонро нишон доданд.
Вақте вориди ҳуҷраи ҷавони маъюб гардидам, модараш бо чеҳраи кушода, аммо андаке мағшуш пешвоз баромад. Маро ба хона хонд, дастурхон густурд ва чойи гарм овард. Аммо ҳоли ҳазини он ҷавон чунон бар ман кора карда буд, ки ҳатто чой аз гулӯям намегузашт.
Нахуст аз киву чикора будани аъзои ин оила суол кардам ва модари ҷавонро ба ихтиёри гуфт вогузоштам, то ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд. ӯ ба гуфтор даромад: «Ман зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳастам. Дар оилаи омӯзгор таваллуд шудаам. Падарам Алиев Қурбон шахси обрӯманд ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аълочии маорифи халқ, дорандаи чандин ордену медалҳо, ғайр аз ин, таърихшиносу шоир ҳам буд. Ҳамяроқи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев ва инчунин шаҳрванди фахрии Ленинград буд. Давраи бачагии ман дар ҳамин ноҳия гузаштааст. Баъди хатми синфи даҳум ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шудам. Пас аз хатми донишгоҳ дар мактаби миёнаи рақами 23-и ҳамин ноҳия ба кор даромадам. Соли 1986 ба шавҳар баромадам ва дар шаҳри Кӯлоб дар мактаби №37 муаллима шуда кор мекардам. Дар ин мактабҳо ман ду вазифаро иҷро мекардам, ҳам сарвожатий ва ҳам муаллимаи синфҳои ибтидоӣ. Дар хонадони падари ман, яьне, оилае ки ман таваллуд шудаам, писар набуд. Дар оилаи ман писар таваллуд шуд. Бадбахтона, писари аввалинам Бахтиёрҷон дар яксолагияш аз дунё гузашт. Ин бор дугоник таваллуд кардам — Ҳасану Ҳусейн. Ҳусейн ҳам аз дунё гузашт. Писари дигарам Ҷасурҷон ҳам аз дунё гузашт. Дар шаҳри Кӯлоб рӯ ба рӯйи хонаи ман қабристон буд. Ҳарсе писарони ман дар ҳамон ҷо дафн карда шуда буданд. Аз ҳамин сабаб, ман аз ғаму андӯҳи бисёр натавонистам дар ин хона зиндагӣ кунам. Чунки ҳар саҳар вақте аз хоб мехестам, болои гӯри писарҳоям гову гӯсолаҳоро медидаму аз саҳар то бегоҳ гиря мекардам. Ҳамин сабаб шуду ман аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе кӯчидам. Ба ин ҷо омада, дар хонаи писари холаам, дар кӯчаи Клара Сеткина 3-4 сол иҷора нишастам.
Соли 1997 ман кор намекардам. Он вақт кӯдаки майда доштам, дар хона менишастам. Баъд мо аз он хона ба дигар ҷо кӯч бастем. Боз дугоник таваллуд кардам — Фотимаю Зӯҳро. Ҳардуяшон хурдакак буданд. Ман наметавонистам ба кор бароям. Вале чун зиндагӣ душвор шудан гирифт, ба Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик рафтам. Гуфтанд, ки аз ҳисоби корхона як хонача медиҳанд, ба шарте, ки дар онҷо кор кунам. Дипломамро гирифтаму дигар ҷой корковӣ рафтам. Ба боғчаи №97 даромадам. Мудири боғча ҳуҷҷатҳоямро дида, маро ба кор қабул кард. Дар инҷо як муддат кор кардам. Солҳои 2000-ум духтарчаам бемор шуд ва аз дунё гузашт. Аз боғча ба Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик ба кор рафтам. Дар фабрикаи якум кор кардам. Ордери хонаро гирифтам, кӯдакон ва худамро дар қайд гузоштам. Аз нобуд шудани духтарчаам шаш моҳ гузашту боз навмедӣ ба сарам омад. Писарам Ҳасанҷон вақти аз мактаб омадан зери автомашина монда, ҷароҳати вазнин бардошт. Боз ба беморхона афтодем, боз ғаму андӯҳ ва азобу машаққат диданам оғоз шуд. Қариб чор моҳ кӯдак намеҷунбид, намешунид, намедид. Ҳатто нафаскашияшро ҳис намекардам. Болои сари ӯ менишастаму намедонистам, ки мурда аст ё зинда. Сардухтур Чобулов мегуфт, ки болои сари кӯдак магитофон оварда монем. Ман гуфтам, ки писарчаи ман дар чунин вазъият асту чи хел мангитафон оварда мемонам? Духтурҳо мегуфтанд, ки Ҳасан мешунавад».
Ҳаминҷо сухани мадари ҷавони маъюбро буридам. Зеро ҷараёни қазияи ба беморхона афтодани ҷавонро пеш аз садама донистан мехостам. Модар дубора оҳи сард аз дили пурдард берун оварду ба сухан оғоз кард: «21-уми май буд. Ҳасан гуфт, ки ба мактаб намеравад. Хоҳиш кардам, ки равад, рӯзи охири дарс аст. Рафт. Аз рафтанаш як соат ҳам нагузашта буд, ки муаллимаш попӯшу сумкаашро овард. Ба ҷойи ҳодиса рафтем. Ба нозири минтақавӣ муроҷиат кардам ва доду вой бардоштам, ки писарамро ёбанд. Зангзаниҳо сар шуд. Оқибат маълум карданд, ки кӯдакеро ба беморхонаи Қарияи Боло бурдаанд. Вақте вориди беморхона шудем, нафароне, ки писарамро бо мошин зада буданд, онҷо менишастанд. Ҳамшираи шафқат маро наздаш хонда, либосҳои писарамро дод. Чун писарамро дидам, ҳама ҷояш варам буд. Боварии кас намеомад, ки ӯ одам мешавад…».
Занро гиря беш аз пеш гулӯгир кард. Аммо боз ба суханаш идома дод: «Чор моҳ гузашт. Дар ин муддат чанд касалӣ мурд. Як рӯз шавҳарам хабаргирӣ омад. Бо ӯ менишастем, ки ногоҳ кӯдак ба замин афтод. Ман тарсидам. Хаёл кардам, ки мурдааст. Сардухтур ҳам омад. Кӯдак ин вақт оҳиста — оҳиста як ангушташро ҷунбонд. Духтур Зокиров ҳама вақт омада аҳвол мепурсид. Ҳамин тавр, баъди чанд муддат кӯдакро ҷавоб доданд. Падараш рафта аз бозор шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафед харида овард. Ҳамаи духтурҳо либосҳоро дар тани кӯдак дида, гирён шуданд. Писарамро ба хона овардем. Баъди 7 моҳ ташхис гузаронида, муайян карданд, ки дар мағзи сараш хун ҷамь шудааст. Ҷарроҳӣ карда, як қисм хунҳои ҷамъшударо гирифтанд, аммо нисфи дигараш монд. Баъди ҷарроҳӣ писарам гап зад. Аз як палата бисёр касалиҳо сиҳат шуда мебаромаданд. Як писар аз бачаи ман касалияш вазнинтар буд, сиҳат шуда баромад. Рӯзе ман ҳам ба палата даромадам, ки духтурҳо хурсандӣ доранд. Маро дида, гуфтанд, ки писарат гап зад. Ҳамшираи шафқат болои сараш рафту пурсид, ки 1 гӯяд. Бо дастҳояш ҳисоб мекард. Ман бошам, ҳайронаму гиря дорам».

Баъдан аз модари ҷавон пурсидам, ки тақдири он соҳиби мошин, ки писарашро зер карда буд, чӣ шудааст? Гуфт: «ӯро бахшидам. Ҳаволаашро ба Худо кардам. Танҳо аз масъулини шаҳрдорӣ хоҳише дорам. Агар тавонанд, дар кунҷаке аз пойтахт бароям қитъаи замин ҷудо намоянд, то хонае бино карда, фарзандонамро аз ин ҳуҷраи иҷора берун барам».
Модар ин дам бо алам ҳарф мезад ва ёдаш ба фарзандонаш банд буд. Ҳасанҷони маъюб бошад, зонувонашро рӯйи палос молиш дода, ҳар сӯ мелағжид ва бо забони барои ман нофаҳмо ким-чиҳое мегуфт. Шояд ашки модар ӯро ба шӯр оварда, ки мехост бо лаҳни нимшунаво варо таскин диҳад…

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: