Главная > Uncategorized > Ба як мард чил ҳунар кам аст

Ба як мард чил ҳунар кам аст

Таври маълум, бозори кор имрӯз дар Тоҷикистон ба андозае танг аст, ки бештари қувваи корӣ, яъне мардони тоҷикро ба нияти рӯзии фарзандро ёфтан равонаи Русия кардааст. Қисме аз мардони тоҷик, ки имкони ба хориҷа сафар карданро ҳам надоранд, ба шуғлҳои хурдтарину каммаоштарини кишвар қаноат намуда, «нимта нон роҳати ҷон» мегӯянду сабурона рӯз мегузаронанд. Вале, хушбахтона, боз ниҳодҳое ҳастанд, ки барои қишри камбизоати ҷомеа ҷойҳои кор муҳайё мекунанд ва ҳамзамон, ба мардум касбу кор меомӯзонанд.
Чанде пеш дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маркази омӯзиши сангтарошӣ дари худро ба рӯйи ҷавонони оилаҳои ниёзманд боз намуд.
Ниёзбек Қурбонов, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират зимни суханронӣ дар бораи маркази мазкур чунин гуфт: «Мо асосан бо одамони бекор машғулем, новобаста аз синну солашон. Агар он ҷавонон ҳамчун шаҳрванди бекор худашонро дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта бошанду бо роҳхат барои касбомӯзӣ омада бошанд, метавонанд дар инҷо ба таври ройгон соҳиби ҳунар шаванд. Дар ин марказ тамоми шароитҳо барои касбомӯзон муҳайё карда шудааст. Ҳатто барои шахсоне, ки аз ноҳияҳои дурдастанд, ҷойи хоб ва хӯроки севақта пешбинӣ гардидааст. Дар инҷо на танҳо касб, балки ҳунари хизматрасонӣ ҳам омӯзонида мешавад. Чуноне ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо тоҷирон зикр карда буданд, пешхизматӣ ҳам касб ба шумор меравад, на ҳар кас аз ӯҳдааш баромада метавонад. Мо ният дорем, ки дар оянда ин гуна марказҳоро дар вилоятҳои Суғду Бадахшон ҳам ташкил намоем».
Чун ба маркази омӯзиши сангтарошӣ рафтем, донистем, ки қариб ҳама омӯзгорон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон омада будаанд. Музаффари Муқаддам, устоди ҳамин омӯзишгоҳ аз ҶИЭ дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Устодон ва тамоми дастгоҳҳои сангтарошӣ аз Эрон оварда шудаанд. Дар инҷо ҳамагӣ 17 нафар касб меомӯзанд. Касби сангтарошӣ на танҳо хоси писарҳост, балки духтарҳо низ онро меомӯзанд. Чунки он қадар касби вазнин ҳам ба шумор намеравад. Ҷавононе, ки алҳол ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, аллакай тамоми нозукиҳои сангтароширо аз бар намуда истодаанд. Албатта кор бе мушкилӣ намешавад. Авали ҳар як кор мушкил аст. Мо муаллимон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар оянда шогирдони болаёқат пайдо кунем ва аз онҳо Тоҷикистоне, ки сарзамини кӯҳистон ва дорои сарватҳои зиёд аст, истифода барад».
Вақте сӯҳбатамон бо омӯзгорони маркази омӯзиши сангтарошӣ анҷом ёфт, хоҳише пайдо шуд, ки бо чанд тан аз мизоҷони ин даргоҳ ошно шавем. Салмон аз ноҳияи Тоҷикобод, ки барои омӯхтани сангтарошӣ омадааст, мегӯяд: «Ман бисёр хурсандам, ки дар ин марказ тамоми шароитҳо муҳайёст ва сифати таълими устодон бениҳоят хуб аст. Мехоҳам ин ҳунарро бо тамоми нозукиҳояш аз худ кунаму рафта дар зодгоҳам, ки аз кӯҳҳои серсанг иборат аст, кор кунам». Ҳалимахон бошад, чунин андеша дорад: «Ман айни ҳол 42-солаам. Аз хурдӣ ҳунари сангтароширо хеле меписандидам. Худоро шукр, ки ҳамин марказ кушода шуду мо соҳиби ҳунар мешавем. Кӯшиш мекунам дар оянда як корхонаи шахсӣ созаму барои ободии ватани худ хизмат кунам».
Донишҷӯйи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Ширин ба донишҷӯй буданаш нигоҳ накарда, дар ин марказ касбомӯзӣ дорад. ӯ мегӯяд: «Ғайр аз донишҷӯйӣ боз мехоҳам ҳунари сангтароширо аз худ кунам. Чун ин ҳунарро дӯст медорам, дар тӯли як моҳ аллакай сохтани гарданбанд, ангуштарин ва дигар чизҳоро бо истифода аз санги ҳақиқ аз худ кардам».
Одинабек Ғоибов иброз дошт, ки худ заргар аст. Аммо вақте мефаҳмад, ки чунин як марказ кушода шудааст, аз рӯйи мақоли «Ба як мард чил ҳунар кам аст» амал карда, барои омӯхтани сангтарошӣ меояд.
Чунон ки маълумамон гашт, яке аз ташкилкунандагони маркази омӯзиши сангтарошӣ дар Душанбе Кумитаи имдоди Хумайнист. Ин Кумита дар Тоҷикистон тӯли 15 сол аст, ки таъсис ёфтаву фаъолият дорад. Раиси Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Душанбе С. Раззовӣ мегӯяд: «Дар ин 15 сол бо лутфи Худованд Кумита хадамоти хуберо ба мардум додаст. Қариб 70 ҳазор хонавода аз Кумитаи имдод ёрдам гирифтаанд. Лекин ҳадафи асосии то тавонмандсозист. Агар мо касеро ба худ вобаста нигоҳ дорем, ин ҳунар нест. Ман номи инро хизмат намегузорам. Мо набояд ба унвони як кишвари хориҷӣ хонаводаҳоро солҳои сол ба худ вобаста нигоҳ дорем, балки кӯмак расонем, то ин хонавода дар пойи худ устувор биистад ва баъд аз мо ҷудо шуда, худоҳофизӣ кунад».
Ба андешаи С. Раззовӣ, ҳадафи Кумитаи имдод на расонидани кӯмаки ҳамешагии муфт аст, балки мехоҳад мардум худаш оҳиста-оҳиста роҳи даромадро ёфта, маблағ кор кунад. ӯ аз ҷумла зикр менамояд: «Ба қавли Эмом Хумайнӣ, ҳадафи Кумитаи имдод мадад ба ҳаёту кори бесарпарастон аст. Яъне, хонаводаи бесарпарасте, ки модараш ба инҷо меояду хӯрок мебарад ва ҳамроҳи фарзандонаш мехӯранд, фикр мекунад, ки ин хуб ва роҳат аст. Албатта ин фикр нодуруст аст. Мо кӯшиш мекунем ба он хонавода кӯмак расонем, то ки худаш хӯрока ба даст оварда, бихӯрад. Вақте фарзанд мебинад, ки модараш барои рӯзии хонавода кор мекунад, нигоҳаш ба тарафи кор хоҳад буд, на ба тарафи ин, ки чун модараш мегиряд, бояд ӯ ҳам биравад канори модару бигиряд».
С. Раззовӣ ҳамчунин сарзамини кӯҳсор будани Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт: «Тоҷикистон дорои маъданҳои зиёдест, ба мисли сандуқҳои дарбаста. Мутаассифона, маҳорати сангтарошӣ дар Тоҷикистон набуд. Ба ҳамин хотир, аз Эрон дастгоҳҳои бисёр хуберо омода карда фиристоданд ва муҳимтар аз ҳама, устодони пуртаҷриба низ равон сохтанд, ки қариб ҳамаашон сангшиноси бузурганд. Рӯзҳои наздик озмун байни сангтарошон дар назар дошта шудааст. Ҳар касе дар озмун фаъол бошад, бо тӯҳфа сарфароз хоҳад шуд».

Мустафо СУЛТОНОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: