Главная > Uncategorized > Интихобот-2015

Интихобот-2015

Дар кишвари Бекорон ҳизбҳои сиёсӣ хостанд барои баргузории интихоботи шаффофу демократии панҷ соли баъд сари мизи гуфтушунид биншинанд ва аз барномаҳои худ барои интихоботи навбатӣ, ки ба соли 2015 рост меомадааст, якдигарро огоҳ созанд. Ҳизби даҳриҳо, ки ҳизби ҳоким маҳсуб меёфт, худро ба унвони роҳбару довари маҷлис муаррифӣ карда, гуфт, ки барномаи ҳар яки ҳизбҳоро шунида, баҳо хоҳад дод ва сухани охир аз намояндаи ин ҳизб хоҳад буд. Зеро барномаи даҳриҳо пешрафтаву комил ба ҳисоб рафта, мардум онро қадр мекард. Дигар аҳзоб танҳо метавонистанд ба баҳс ворид шаванду барномаи якдигарро таҳлил кунанд.
1. Нахуст намояндаи Ҳизби арзанкорон барномаи амали худро муаррифӣ карда, гуфт, ки аз сабаби он ки 70 фоизи аҳолии кишварро деҳотиён ташкил медиҳанд ва бештари онҳо соҳиби замин буда, деҳқони асил маҳсуб меёбанду ба арзанкорӣ машғуланд, мо аз ҳисоби арзан аҳолиро пурра бо маводи ғизоӣ таъмин карда, боқимондаи онро ба хориҷи кишвар бароварда мефурӯшему аз ин ҳисоб буҷаи давлатро ғанӣ гардонида, ба ҳар шаҳрванд зиндагии арзандаро кафолат медиҳем.
Намояндагони ҳизбҳои қонунчиён ва дипломатҳо ин даъвои арзанкоронро рад карда, гуфтанд, ки аввалан, кишвари ҳамсоя барои содироти арзан иҷоза намедиҳад ва дигар ин ки, дар масъалаи чӣ тавр гузаронидани интихоботи шаффоф чизе гуфта нашуд. Арзанкорон арз карданд, ки баргузории интихоботи шаффофро даҳриҳо ваъда додаанд, мо боварии комил дорем, ки интихобот — 2015 шаффофу озод мегузарад. Сипас намояндаи даҳриҳо аз арзанкорон барои боварияшон изҳори сипос карда, сухани охирро гуфт, ки мо дар масъалаи содироти арзан тавассути кишвари ҳамсоя ба онҳо мадад мерасонем.
2. Намояндаи нанотехнологҳо баромад карда, гуфт, мо дуюм ҳизбем, ки баъди Ҳизби пирон фаъоият дорем. Аз ин рӯ, хидматҳои мо барои мардум зиёд аст. Агар мо вориди Парламент шавем, соҳаи наносиёсат, наноиқтисодиёт, наномаориф ва нанофарҳангро пеш мебарем. Лекин ин ниятҳои мо он вақт амалӣ мешавад, ки ҳукумат нанокафолат диҳад ва наноинтихобот баргузор гардад.
3. Намояндаи ислоҳкорон дар баромади хеш қайд кард, ки дар саргаҳи об истодаем, лидери сиёсӣ дорем. То кай дастнигарӣ аз хориҷиён, то кай дастнгарӣ аз сармоягузорон!? Мо худ бо қувваву нерӯи хеш кишварамонро месозем, иқтисодиёташро пешрафта мегардонем, ки Бекорон яке аз кишварҳои мутараққӣ дар ҷаҳон шавад. — Мо ба Парламент олимон-ислоҳкоронро ворид мекунем, то роҳҳои баромадан аз бекориро нишон диҳанд ва мо ба интихоботи шаффоф бовар дорем,- гуфт намояндаи ислоҳкорон.
Аммо дар ин ҷо боз намояндаи дипломатҳо эътироз баён кард, ки ҳоло боре ислоҳкорон ба Парламент ворид нашудаанду ин қадар ваъдаҳои болохонадор медиҳанд. Мутмаинем, ки баъди панҷ соли фаъолияташон дар Парламент шоҳид хоҳед буд, ки онҳо дурӯғ мегӯянд. Аммо намояндаи даҳриҳо варақаи рӯйхати ҳизбҳоро гирифта: — Ис-ис-лоҳкорон дар №3 ҷой гирифтаанд,- бо машаққате аз рӯи варақ хонд ва гуфт, ки ҳизби ислоҳкор аз олимҳои арзанда иборатанд, мо барномаи эшонро қабул мекунем.
4. Навбат ба намояндаи Ҳизби пирон расид. Вай гуфт, ташкилшавии дигар аҳзобро агар тахминан як даҳсола шуда бошад, мо садсола шудем. Моро аз мактаббачаи синфи даҳ боло ҳама мешиносад ва қабул дорад. Агар даҳриҳо кафолат диҳанд, ки интихоботи дар пеш истода демократӣ мегузарад, мо ваъда медиҳем, ки соҳиби курсиҳои Парламент мешавем ва қисме бекоронро ба Парламент ворид карда, қисми дигарашонро бо ҷойи кор таъмин мекунем ва буҷаи кишварро бо маблағи коргару деҳқон ғанӣ мегардонем. Намояндаи даҳриҳо моро «қавлу амал якест» гуфта, ваъда дод.
5. Намояндаи дипломатҳо оромона ба сухан гуфтан оғоз кард. Дар барномаи амали мо функсияҳои хаёливу фантастикӣ нест. Мо ваъда намедиҳем, ки дар панҷ сол Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳем. Мо аз рӯи ваколатҳои худ ҳар чӣ тавоне дорем, барои манфиати халқу ватан хидмат хоҳем кард. Ба ваъдаҳои интихоботи шаффофу демократӣ бовар надорем, танҳо умедворем, ки мардум моро интихоб хоҳанд кард.
6. Намояндаи Ҳизби камбағалон сухан оғоз кард ва гуфт, мо аз ҳукумати бекорон талаб мекунем, ки гаравпулии номзадҳо ба Парламентро аз байн баранд ё арзонтар кунанд. Зеро мо маблағи пардохтмекардагӣ надорем, вале мо бо мардум ҳастем.
7. Навбат ба Ҳизби қонунчиён расид. Намояндаи он гуфт, ки танҳо ваъдаи интихоботи шаффофу демократӣ кофӣ нест. Мо талаб дорем, ки дар ин маврид қонуне қабул шавад, то баёнгари воқеии интихоботи озод бошад. Пешрафти ҷомеаро бо ақлу хирад ва адолат таъмин мекунем. Аммо намояндаи даҳриҳо дархости қонунчиёнро рад карда, сухани охирро гуфт, ки қавлу амали мо якест. Дар ин бора дигар ҷойи баҳс нест.
8. Акнун навбат ба Ҳизби даҳриҳо расид. Намояндаи он сухан оғоз кард. Моро мардум мешиносанд. Мо бо мардумем. Ҳизби моро ҳизби «интеллегенсия» меноманд. Мо мардуми бекорро ба хориҷа роҳнамоӣ мекунем, то ризқу рӯзӣ ёбанду худро таъмин кунанд. Бо назардошти он ки муҳоҷирон ба милисаҳо ва гумруки хориҷӣ маблағ медиҳанд, мо низ аз онҳо бояд маблағ ситонем ва бо ин роҳ буҷаи давлатро ғанӣ гардонем. Хориҷиён ҳаққи маблағ ситонидан доранду мо не чӣ?! Мо барои сафари онҳо ба муҳоҷират ҳама шароитрову онҳо ба мо ҳеҷ чизро? Ин нодуруст аст.
Аммо дар ин дам намояндаи дипломатҳо эътироз баён кард, ки бо мардум будани шумо ба мантиқ рост намеояд. Зеро шумо «интеллегенсия» будаед, аммо мардум бекору бесавод. Шумо мардумро ба муҳоҷират роҳнамоӣ кардед, аммо сабабгори бекории мардум низ ҳастед. Тамоми корхонаву заводҳо аз дасти шумо хароб шуд, заминҳо аз деҳқон кашида гирифта шуда, ба одамони бой дода шуд, ки қасру кӯшк созанд. Мардуми бечора бекор монду маҷбур ба муҳоҷират рафт.
Дар ин ҳол намояндаи даҳриҳо низ ба шӯр омада, дод зад, ки дар харобу табоҳ шудани кишвар саҳми мо баробар аст. Инро фаромӯш накунед!
— Дар ваҳдату ободкориҳо чӣ?,- оромона суол дод намояндаи дипломатҳо. Хайрият дар ин дам нозири хориҷӣ ба байн даромад ва ҷадалро хомӯш карду гуфт:
— Як пешниҳод дорам. Биёед мардуми бе ин ҳам бекору бенаво ва бечораро дар азият намононем. Рӯзи интихоботи 2010-ро байни худ маслиҳат кунеду ба мардум нафаҳмонед, то аз як ноҳия ба ноҳия ва аз як шаҳр ба шаҳр овораву муҳоҷир нагарданд. Худатон байни худ овозҳоро бо фоизи дилхоҳ тақсим кунеду натиҷаашро эълом доред. Барои чӣ мардумро даъват мекунед, ин қадар овораву саргардон месозеду баъдан боз ҳамон гуфтаи ман мешавад, яъне овозтақсимкунӣ сурат мегирад? Беҳтар нест, ки аз аввал ҳамин корро анҷом диҳед?
— Мо розӣ,- бо як овоз намояндаҳои аҳзоби кишвари Бекорон садо баланд карданд. Аммо андеша чизе нест, ки шах шуда монад. Ҳоло то панҷ соли баъд 361 паҳлӯи он тағйир меёбад.

Файзи АВЛИЁ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: