Главная > Uncategorized > Президент қонун имзо кард

Президент қонун имзо кард

Оё бо истифода аз ин қонун бозори «сиёҳ»-и тоҷироне, ки ба
хариду фурӯши узви одам сару кор мегиранд, васеътар намешавад?
Хариду фурӯши узвҳои бадани инсон дар ҷаҳони имрӯз ба унвони як тиҷорати пинҳонӣ рушд меёбад. Шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ дар бархе кишварҳо боис шудааст, ки шаҳрвандони он бар ивази маблағи ночизе ҷузъе, порае ва қисме аз узви тани худро фурӯшанду зиндагияшонро пеш баранд. Ба таври мисол, баъзе узвҳо дар тани инсон дутогиянд, ки як вазифаро иҷро мекунанд ва бо ҷудо карда гирифтани яктои он дигараш кори пешинаро дар танҳоӣ метавонад иҷро кунад. Ба ин мисол шуда метавонад гурдаи одам, ки дутост, вале бо кандани яке дигаре аз кор намемонад ва имрӯз яке аз узвҳои бештар мавриди хариду фурӯш ва тиҷорат қарордошта маҳсуб меёбад.
Тасмими Зардорӣ
Мувофиқи маълумотҳо, Покистон пас аз Чин дуввумин кишварест, ки сайёҳон ба мақсади харидан ва иваз кардани узвашон ба узви солим бештар ташриф меоранд. Аз рӯйи навиштаи маҷаллаи Ташкилоти табибони Покистон, ҳамасола дар ин кишвар беш аз 1500 нафар аҳолии камбизоат узви солими худро бар ивази маблағи ночизе мефурӯшанд, то барои худу аҳлу аёли худ «қутти лоямуте» пайдо кунанд. Дар бозори сиёҳи Покистон як узви солим то 40 ҳазор доллар нарх дорад, ки аз ин ҳамагӣ 5 фоиз ба фурӯшандаи он мерасидааст. Чунин тарзи хариду фурӯш ғайриқонунӣ сурат мегирад ва бесабаб нест, ки дар ин робита Президенти Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ дар бораи ба танзим даровардани ивазкунӣ ва хариду фурӯши узвҳои одамӣ қонунеро имзо кард. Зеро шояд мушкили мавҷуд дар кишварашро хуб эҳсос карда, ки чунин тасмимеро гирифтааст ва дар баробари ин, васият намудааст, ки баъди маргаш бадани ӯро ба қисмҳо ҷудо сохта, ба одамони эҳтиёҷманд ройгон диҳанд. ӯ ин васиятро ба хотираи завҷааш Беназир Бҳутто кардааст, ки дар натиҷаи як амали террористӣ дар Покистон ба шаҳодат расида буд.
Ба иттилои хабаргузории «The Times of India», қонуни нав барои хариду фурӯш ва ивазнамоии ғайриқонунии аъзо ҷазои аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол маҳрум шуданро пешбинӣ карда, ҳамзамон назорат аз болои онро пурзӯр мекунад. Ҳамзамон дар ҳолатҳои зарурӣ иҷоза дода мешавад, ки дар бемористонҳои Покистон эҳтиёҷмандон узвҳои корношоями худро ба узви солим иваз намоянд.
Ба гуфтаи Осиф Алӣ Зардорӣ хариду фурӯши узви инсон ба таври қочоқ ва ҳамзамон на аз рӯи кӯмак ба як эҳтиёҷманди мушаххас, балки бо мақсади рӯзгузаронӣ ва тиҷорат як амали нангин маҳсуб меёбад, ки ба хотири он кишвари Покистон муддатҳои дароз дар муҳосираи иқтисодии байналмилалӣ монда, зарари зиёд дидааст. Дар робита ба қонуни имзогашта Президенти Покистон ба парлумон ва масъулини Вазорати тандурустӣ супориш додаст, ки моҳияти қонунро ҳамаҷониба ва саҳеҳ ба мардум фаҳмонанд.

«Зарур бошад, раво бошад»

Дар бораи иваз кардани узви инсон дар ҳолатҳои зарурӣ бори аввал дар миёни кишварҳое, ки бештари аҳолии он мусулмононанд, қонун қабул карда мешавад. Дар баъзе расонаҳои хабарӣ ин амали Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардориро ба унвони «инқилоби хурде дар ҷаҳони исломӣ» арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон сари ин масъала баҳсҳоеро ҳам бо тобиши шаръӣ шурӯъ кардаанд, ки оё аз нигоҳи дини ислом чунин амали Президенти Покистон дуруст буд ё на?
Дар нашрияи «Комсомольская правда»-и Русия муаллиф барои таҳлили масъала аз имом-хатиби масҷиди ҷомеи Маскав Илдар Аляутдинов суол мекунад, ки оё ҷанбаи шаръии он ба назар гирифта шудааст ё не. Имом чунин посух додааст, ки дар амали мазкур, яъне иваз кардани узви инсон дар ҳолатҳои зарурӣ ягон меъёри шариати ислом вайрон нагаштааст.
Дар ҳамин ҳол оиди ин мавзӯъ аз баъзе ҷомеашиносон ва рӯҳониёни Тоҷикистон низ суол кардем. Ба андешаи ҷомеашинос Давлати Мардон, эҳтимолияти иваз кардани узви инсон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон вуҷуд дорад. Шояд дар Тоҷикистон низ хариду фурӯши пинҳонии узви инсон мавҷуд бошад, вале дар ин бора ягон ҳодисаи боздошту маҳкумкунӣ сурат нагирифтааст. Аз ин хотир ақидаи дигаре низ пайдо мешавад, ки эҳтимолан ба ин тиҷорат камтар машғуланд ё тамоман ҷой надоштани он низ вуҷуд дорад,- мегӯяд ӯ. Аммо ба эътимоди Давлат, дар ҳолати зурурӣ кӯмак расонидан ба инсони эҳтиёҷманд ҳеҷ ҷинояте маҳсуб намеёбад.
— Бигзор шахс узви худро бар ивази маблағи муайян фурӯшад, муҳим он ки инсони эҳтиёҷманд зинда монад. Он некие, ки мардум интизор доранд, дар аксар ҳолат бар ивази пул анҷом мепазирад. Масалан, шахс дар ҳолати марг қарор дорад, ҷарроҳӣ кардан зарур аст, вале духтур бар ивази пул ҷарроҳиро анҷом медиҳад. Ё ки ҳуқуқи шахсеро поймол карданиянду ӯ ниёз ба ҳуқуқҳимоякунанда дорад, лекин вакили дифоъ низ бар ивази пул ҳуқуқи он шахсро ҳимоя мекунад. Хулоса корҳои нек низ бар ивази маблағ сурат мегирад. Аммо ин ҷо гап дар бораи узви инсон меравад, ки ӯ бояд аз баҳраш гузарад ё лоақал аз ду узв якеро ба хотири ҳифзи ҷони инсони дигар қурбон карданист. Пас чаро ҷоиз набошад, ки узви худро бар ивази маблағ фурӯшад?- мегӯяд ӯ.
Вале дар масъалаи хундиҳӣ ба андешаи баъзе ҳолдонҳо як омили тафовуткунандае миёни мардуми кишварҳои Шарқи мусулмонӣ ва давлатҳои Ғарб вуҷуд дорад. Масалан, дар бештари давлатҳои Аврупо мардум бар ивази маблағ хун медиҳанд. Лекин дар баъзе кишварҳои исломӣ ё аксарияташон мусалмон, мафкураи мардум чунин ақидаеро мепазирад, ки хундиҳӣ ба бародари мусалмон бояд ройгон сурат гирад. Ба гуфтаи соҳибназарон дар кишвари Афғонистон чунин ҳолатҳо зиёд ба чашм мерасад, ки одамон барои ройгон хун додан ба эҳтиёҷманде ҷангу талош мекунанд. Ҳамзамон ин гуна ҳолат дар Ҷумҳурии исломии Эрон низ вуҷуд дорад, ки мардум ҳар гоҳе ба бемористон рафта, ба хотири кӯмак ба эҳтиёҷмандон ройгон хун месупоранд.
Дар ин ҳол яке аз рӯҳониёни Тоҷикистон, домулло Нурмуҳаммад мегӯяд, ки супоридани узву хун додан ба хотири зинда мондани касе ҷоиз аст, ба шарте, ки худи шахси супоранда имкони зинда мондан ва зиндагӣ кардан дошта бошад. Ин як кори хайрест, ки савоби бузург дорад,- мегӯяд ӯ. Вале дар мавриди фурӯхтани узв меъёри шариати исломиро чунин баён дошт, ки шахси зинда танҳо дар ҳолати зарурӣ метавонад фурӯшад, дар ҳоле ки дигар роҳи зиндагӣ кардан вуҷуд надошта бошад. Вале узви инсонро пас аз маргаш ҷоиз аст ройгон ё харида ба шахси эҳтиёҷманд диҳанд, дар ҳолате ки худи майит дар зиндагӣ васият карда бошад. Домулло Нурмуҳаммад фурӯхтани хунро ҳам ҷоиз мешуморад, вале ройгон супориданро авлотар меҳисобад.
— Вале тиҷорати узве, ки ҳоло аз рӯйи маълумоти расонаҳои Покистон баъзе шаҳрвандони ин кишвар оғоз кардаанд, оё як амри зарурист ва набудани чораву роҳи дигар шуморидан дуруст аст? Дар ҳоле ки ҳама кор имконпазир аст, агар худи инсон хоҳиш дошта бошад ва барои расидан ба мақсад кӯшишу талош кунад,- мегӯянд соҳибназарон.
Аммо барои шахсоне ки воқеан ниёз ба узви солим доранд, модоме кӯмак кардан амри муҳим ва зарурист, пас намояндагони кишварҳои дигар шояд аз ин ба баъд дар тасвиби ин гуна як қонуне аз Осиф Алӣ Зардорӣ пайравӣ мекунанд? Инро вақт нишон хоҳад дод. Лекин паҳлӯи дигари масъала ин ҷо норӯшан мемонад, ки баъди тасвиби қонун он то куҷо амалӣ мегардад ва ба манфиати умум кор мекунад. Баъдан оё бо истифода аз қонун бозори «сиёҳ»-и тоҷироне, ки ба хариду фурӯши узви одам сару кор мегиранд, авҷ намегирад? Суолест, ки ба он посух додан ҳоло барвақт аст. Вале кори як рӯзноманигор нишон додани паҳлӯҳои проблема аст ва ин ба тасвибу тасдиқи қонун рабте надорад. Зеро дуввумӣ вазифаи Парлумон буда метавонад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: