Главная > Uncategorized > Чанорҳо аз дасти табар нолонанд

Чанорҳо аз дасти табар нолонанд

Олимон дар қисмати ғарбии Шветсия арчаеро дарёф намудаанд, ки умри он ба 8 ҳазор сол баробар аст! Умри дарозу тӯлонии ин дарахти табиатро олимон дар лабораторияҳои Иёлоти Флоридаи ИМА ба воситаи ташхиси радиокарбонӣ муайян сохтаанд. Дар натиҷаи ин ташхисҳо олимон ба ақидае омаданд, ки ин дарахт аввалин аз дарахтҳое мебошад, ки пас аз хотимаёбии давраи яхбандӣ рӯйидааст. Аммо то пайдо гаштани ин арча дар Калифорния санавбаре мерӯйид, ки он таърихи қариб 5-ҳазорсола дошт ва дарахти кӯҳансолтарини сайёра ҳисоб мешуд.
Дар дунё чанорҳо ҳам дарахтони бисёрсола ба шумор мераванд. Дар аксари мамлакатҳои дунё дар сохтани шаҳрҳои калон аз давраҳои қадим чанорҳо яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи майдонҳои кабудизори ин шаҳрҳо маҳсуб меёфтанд. Шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру марказҳои Тоҷикистон низ аз қадимулайём бо дарахтони зебову паҳнбарги чанорҳо маъқули сайёҳон гашта буданд ва ҳоло ҳам писанданд. Агар кас ба кадом шаҳру деҳоте наравад, албатта дарахти чанорро ё дар кӯчаҳои он, ё дар саҳни нишастгоҳҳо, ё дар назди чойхонаву мактабу масҷидҳо вомехӯрад. Яъне, яке аз одатҳои қадимаи мардуми диёрамон ҳамин будааст, ки дар ҷойи саршавии чашмаҳо, дар маркази деҳот, дар ҷойҳои дамгирии мардум албатта дарахтони чанорро мешинондаанд ва дар зери ин дарахтони сояафкан аз сангу хок сурфа сохта, мардум дар он ҷо ҷамъ омада, истироҳат мекардаанд, маъракаҳояшоро мегузаронидаанд ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ меоростаанд. Ин анъана ҳоло ҳам дар кулли деҳот ба чашм мерасад. Масалан, дар маркази деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт ду дарахти калони чанор мерӯяд, ки таърихи онҳоро беш аз 5 аср мегӯянд. Ё ин ки, дар деҳаи Маҳмуруди ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дарахти азими чаноре мерӯяд, ки дар он ҷо як чашмаи калони оби зулол ҷорист ва таърихи ин дарахтро деҳотиён беш аз 700 сол мегӯянд. Дар шаҳри Душанбе низ дар назди чойхонаи «Роҳат» дарахти қадимаи шаҳрамон то ҳол қомат афрохтааст, ки таърихи вайро низ хеле тӯлонӣ арзёбӣ мекунанд. Чунин дарахтони дарозумри чанорро кас қариб дар сар то сари деҳоти мамлакат вомехӯрад. Ин дарахтони қадимаро бобову аҷдодони гузаштаи мардуми азизамон шинонда, ба мо наслҳо мерос мондаанд.
Вале, тайи солҳои охир мо мушоҳида менамоем, ки дар маркази мамлакатамон — шаҳри Душанбе ва дар аксари марказҳои вилояту ноҳияҳо одамон як бераҳмӣ нисбати ин дарахтон зоҳир намуда, ин дарахтони сояафкани диёрамонро бурида, онҳоро аз байн бурда истодаанд. Ба қарибӣ чунин ҳодисаи куллан аз байн бурдани чунин дарахтони қадимаи чанорҳоро дар ноҳияи Қубодиён ба итмом расонидаанд. Ҳол он ки, қади чунин дарахтонро агар паст менамуданд ва онҳоро аз нав ҷавон мегардониданд (омалаживание), ин дарахтон боз чи қадар мардумро аз ҳавои тафсони фасли тобистон ва гарду чанги ҳаво ҳимоя менамуданд.
Баъзе аз гурӯҳи одамон ба он ақида ҳастанд, ки гӯё гарди гули дарахти чинор дар фасли баҳор дар натиҷаи гул карданаш роҳи нафаси одамонро мегирифта бошаду боиси хориши узвҳои нафаскашии одамон мегашта бошад. Мумкин ин дар асл ҳам дар як муддати муайян барои қисме аз одамони чунин алергиядор таъсир намояд. Пас, бояд чунин одамон дар фасли баҳор, дар вақти гули чанорҳо даҳону бинипӯшаки оддии аз дока тайёршударо истифода баранд. Чунки, вақте мо мефаҳмем, ки ягон вируси грипп омадааст, ба осонӣ даҳону биниямонро ба докаҳои махсус мепӯшонем ва бо ҳамин аз хатари касалӣ худро эмин нигоҳ медорем.
Аммо бояд қайд намуд, ки чанорҳо — «дарахтони вафодор»-и табиату одамон дар давоми фасли тафсони тобистон муҳити зисти одамон, хиёбону кӯчаҳо, биноҳо, саҳни мактабу боғчаву кӯдакистонҳоро аз таъсири шӯълаҳои баланди нури офтоб, аз таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб чи қадар хубу босамар муҳофизат намуда, ҳаворо аз оксиген ғанӣ мегардонанд.
«Ба болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, ташкилотҳои коммуналии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бошанд, боз ба он ақиде ҳастанд, ки дар фасли тирамоҳ баъди фарорасии хазонрез баргҳои чанорҳо кӯчаҳоро пур карда, боиси саргардонии зиёдатӣ мегашта бошад. Ин фикр ҳам дуруст аст, вале набояд фаромӯш кард, ки барги чунин дарахтон беҳтарин поруи табиӣ ба шумор рафта, дар сурати дуруст тайёр намудан, аз онҳо поруи органикӣ (компости аз баргу дигар қисмҳои растаниҳо тайёркардашуда) ҳосил мешавад. Онро ба замин андохта, метавон бо ин восита қабати ҳосилхезии заминро хеле баланд бардошта, миқдори кирмҳои лойхӯрак ва дигар микроорганизмҳои фоидаовари хокро хело афзун гардонид.
Дар аксари мамлакатҳои тараққикардаи олам, ба монади Франсия, Олмон, Швейтсария, Туркиё ва ғайра дарахтони чинор қисми асосии дарахтони сояафкану сабзи шаҳрҳои ин мамлакатҳоро ташкил медиҳанд. Ҳатто дар шаҳри Стамбули Туркиё барои оне, ки як дарахти қадимаи чанорро дар ҷойи сабзишаш осеб нарасонанд, шаҳрдорону сохтмончиён самти лоиҳаи мураккаби роҳи зеризаминиро дигар сохтанд!
Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, яке аз воситаҳои дар ҳаво зиёд гаштани гази ихроҷгаштаи карбон ин афзоши миқдори нақлиёт мебошад. Бо чунин суръате, ки ҳоло газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера партофта мешаванд ва агар пеши ин ҷараён гирифта нашавад, то охири асри XXI ҳарорати ҳаво метавонад то 7°С баланд гашта, хисороти калонро пеш оварад. Мувофиқи маълумотҳо, то соли 2030 миқдори автомобилҳои олам боз 50 фисад хоҳад афзуд, ки ин боз ҳам ба зиёд гаштани ихроҷи газҳои ба ҳаво партофташаванда оварда мерасонад.
Тайи солҳои охир зиёд гаштани нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва дар дигар манотиқи мамлакат низ мушоҳида мегардад. Барои кам гаштану фурӯ бурдани ин газҳои вазнине, ки аз нақлиёт, аз заводу фабрикаҳо ихроҷ мегарданд ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист ягон дарахт ба дарахти чанор баробар шуда наметавонад. Набояд фаромӯш кард, ки мувофиқи тадқиқоти олимон, як дарахти чанор дар муддати 1 сол метавонад бештар аз 250 кг гази карбонро фурӯ барад. Аммо дигар дарахтони хурду сӯзанбарг чунин қобилиятро надоранд, агарчанде онҳо ҳамешасабзанд.
Бинобар ин, кам кардани миқдори дарахтони чанор дар шаҳру деҳоти кишварамон дар оянда ба муҳити зист метавонад хисороти калон ворид созад. Аз ин рӯ, месазад аз ин раванди номатлуб ҳамагон ҷилавгирӣ намоянд, то ин ки чанорзори мамлакат бештар гашта, чанорҳо афзоиш ёбанд.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: