Главная > Uncategorized > Ҳамсояатро дузд магир!

Ҳамсояатро дузд магир!

Борҳо тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва тариқи ВЭА перомуни косташавии хулқу атвор ва муносибату муоширати мардум, алалхусус наврасон ва ҷавонон андеша ва нигарониҳо сурат гирифтаанд. Дар маҷолису маҳофил ва ҷамъомадҳои мухталиф низ роҷеъ ба ин масъала мубодилаи афкор сурат мегирад. Бархе нафарон оид ба мушкилоти мазкур фикрронӣ намуда, бархеи дигар маърузахонӣ карда, ин зуҳуроти номатлубро таъсири анъаноти ғарб ва ҷонибдории мардум аз он муаррифӣ мекунанд. Афкори фавқ бидуни шубҳа мақоли мардумии «атрофи хонаатро маҳкам кун, ҳамсояатро дузд магир»-ро пеши назар меорад.

Алорағми падидоии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб феълан муоширати мардум нисбат ба солҳои қаблӣ куллан тафовут дорад: Таваҷҷӯҳ нисбат ба забони адабии тоҷикӣ бештар гардида, истифодаи калимоти қабеҳ (дашном) аз ҷониби ҷавонону наврасон, ки аксаран истилоҳи русиянд, кам ба гӯш мерасад. Дар ҳеҷ давру замон таркиби луғавии забони тоҷикӣ омехтаи калимоту гуфтори қабеҳ набуд ва нахоҳад шуд. Аксари ин гуна истилоҳот, ки вирди забони мардум аст, русӣ буда, таҳти таъсири замони Шӯравӣ «мерос» мондааст ва дар ҷараёни дуршавӣ аз замони фурӯпошии он ва афзун шудани шавқи мардум ба равиши асолати ниёгони хеш ин гуна калимот ва гуфтор марҳила ба марҳила ва дар муддати маҳдуд аз забонҳо зудуда хоҳад шуд.
Халқи тоҷик ва соири миллатҳои дунё аз аҳди бостон то ба имрӯз урфу одати писандидаи якдигарро баргузида, дар қолаби дилхоҳ мақбули хеш намуда, онро дар ҳаёти худ татбиқ сохтаанд. Аз ин рӯ, ағлаби оини миллатҳо ба ҳам ҳамбастагии амиқ доранд.
Баробари бурузи ҳокимияти халқӣ дар аксар манотиқи Аврупо миёни мардум як қатор анъаноти ҷадиде зуҳур намуд. Фарангиён аз ҳокимияти мутааллиқ ба худ сӯиистифода бурда, ҳар гуна русуми нораворо эҷод намуданд. Пӯшида нест, ки ин зуҳуроти номатлуб ба сарҳади кушодаи Осиёву Африқо, алалхусус ба мамолики исломӣ ворид гардид ва дар муносибату муошират ва рафтори мардуми он бо зарқи сабукии хеш таъсири манфӣ гузошт, ки имрӯз боиси нигаронии ҳамагон аст. Натоиҷи аз ҷониби мардум пазируфтани ҳамон анъанотест, ки аз шеваи шарқиёна тақрибан номе мондаасту халос. Набояд имрӯз пурра ба шеваи Ғарб побанд шавем, балки моро зарур аст аз усули аҷдоди хеш истифода бурда, баъзе анъанот ва шеваи писандидаи Ғарбро интихоб ва гулчин намуда, омехта бо қолаби шарқиёна тобеи хеш созем. Аммо таваҷҷӯҳи бештар ба оини ниёгони хеш дошта бошем.
Пайдо гардидани шаъну эътибори мамолики бонуфузи имрӯзи олам ва мустаҳкам гардидани иқтидори онҳо қабл аз ҳама аз одобу ахлоқ ва маданияту фарҳанги ҷамъияти он сарчашма мегирад. Ағлаби уламову удабои ниёгони мо, ки бо анвори ғояҳои хеш уфуқи ниҳоди аҳли башарро мунаввар гардонидаанд, пайванди амиқ ва ногусастание ба дин ва Худову каломи ӯ доштанд. Дар ин замина хулосаи Алберт Эйнштейн, яке аз шахсияти нотакрор ва олимеро, ки шӯҳрати ҷаҳонии ӯ дар бунёди силоҳи атомист, овардан айни муддаост: «Мақсади асосии инсонро дин муайян мекунад. Аммо дар масоили он, ки барои расидан ба ин мақсадҳо чӣ бояд кард, илм посухи амиқ медиҳад. Дар оғози асосҳои илмӣ бори дигар дин ширкат мекунад. Ман наметавонам олимеро бидуни доштани эътиқоди амиқ тасаввур намоям». Асрори дар майдони илму адаб зуҳур нанамудани уламову удабои асилро низ аз ин хулоса метавон дарёфт. Имрӯз пайваста дар андешаи онем, ки чаро Ҳофизу Саъдиву Синои дигар зуҳур наменамояд. Ва чун эшон аналҳақе, лисонулғайбе ва дорои ахлоқи ҳамидае ба вуҷуд намеояд, ки боиси ибрат ва муназзамии ҷомеаи ҷаҳон гардад. Аз сукути уламову удабои феълӣ бошад, ҳар замон дар изтиробем. Аммо ашхосе чун нафарони фавқуззикр аз батни модаре ба вуҷуд меоянд, ки дорои хулқи нек, имони комил ва пӯшандаи ҳиҷоб мебошанду сатр. Монеа эҷод намудан ба пӯшидани сатру ҳиҷоб ва дар симои эшон дидани зани манфур ва орӣ аз хулқу атвори нек моро водор ба он месозад, ки мунтазири на Ҳофиз ва на Саъдиву Синои дигар бошем.
Ҷорӣ намудани интизом дар миёни мардум низ яке аз умури душвор аст ва афкори умумро аз чораҷӯён тақозо менамояд. Аз ин рӯ, кулли мамлакатҳое, ки имрӯз ба ҳар гуна бӯҳрон мувоҷеҳанд, дар ин масъалаи нозук азият мекашанд. Роҳу воситаҳои ҳалли масъалаи мазкур бешуморанд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо кафолати боварибахш надоранд, ба ҷуз он роҳе, ки ҳангоми дучор ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ Амрико аз он истифода бурд. Соли 1937, вақте ки Амрико ба бӯҳрони молиявӣ мувоҷеҳ гардид, мардуми он аз чаҳорчӯбаи одоб берун баромада, тамоюл ба фисқу фуҷур намуданд. Аён аст, ки тамоми халқҳои рӯйи дунё пайрави адёни хешанд ва ҳар яке ба дини худ ва худои худ имони комил доранд. Элитаи ҳокимияти Амрико маҳз ана ҳамин чизро дарк намуда, ҳалли мушкилотро дар маънавиёти дин ҷалб кардани таваҷҷӯҳи халқ дарёфтанд: бештар рӯҳониёни динро баҳри рафъи бӯҳрони фарҳангӣ ҷалб намуданд. Намояндагони дин вазъиятро амиқ омӯхта, вобаста ба он аз худ ғояҳои гуногун бароварданд. Бо ин восита оқибат низомро ҷорӣ намуданд.
Мақсад ин ки, бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2009 таъсири манфии хешро ба кулли мамолики рӯи дунё расонид, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳам. Ва пӯшида нест, ки сатҳи ҷурму ҷинояткорӣ низ тибқи омор дар мамлакат афзуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро 29-уми январи соли равон дар ҷаласаи васеи ҳукумат зикр намуда, афзоиши сатҳи ҷурму ҷинояткориро 6,7 фоиз арзёбӣ кард. Мавзӯи мазкур рӯзномаву маҷаллаҳои давриро фаро гирифт, аммо бо интишору ҳадс задан ва пешниҳодоти ҳисоботи оморӣ метавон ҷилави ин роҳро гирифт? На. Пас зарурати он расида, ки роҳ ба воизин ва рӯҳониёни дин кушода шавад, то эшон тавонанд мардумро аз ҷиҳатҳои ахлоқиву маънавии улуми илоҳиёт баҳравар гардонанд. Зеро гуфтаанд:
Чу баҳре бувад, к-он надорад канор,
Каломе, ки гуфтаст Парвардгор.
Ва бо ин васила тавон ба эҳёшавии фарҳангу маданият, муносибат ва муоширати неки мардум ва ахлоқу шеваи ниёгон заминаи боэътимод гузошт. Каломи Худо барои мардуме, ки 98 фоизи онро мусулмонон ташкил медиҳанд, азиз ва муқаддас буда, саркашӣ аз ин фармони пок барои онҳо ҷурмест бе ҳадду марз.

Дилшоди МУҲАММАДМУРОД

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: