Главная > Мусоҳиба > «Ман қасди аҷалро зи амал мегирам»

«Ман қасди аҷалро зи амал мегирам»

Ганҷи вайрона

Махсуми Одина дар утоки корияш

Кашидам ранҷ баҳри ганҷ дар ин вайронаи дунё,
Бидидам нек Воқиф, ганҷи ин вайрона ман будам.
Воқиф

Намедонам, зиндагӣ дарё бошад, ё дарё зиндагӣ. Мудом ин ду мафҳумро ба ҳам ташбеҳ медиҳанду оҳиста, хеле оҳиста пичирросзанон мегӯянд: «Зиндагӣ оби равон». Шояд чунин бошад. Умр ҳам чун дарё аз сарчашма, аз пистони модар оғоз меёбад. Монанди дарё туғён дорад, мисли он сукут мекунад, ниҳоят ба маҷроҳо тақсим мешавад. Фарҷомаш ба абадият пайвастан. Бале, ба замин ҷуфт шудану абадан боқӣ мондан.

Махсуми Одинаро дар водии Зарафшон кам касоне ҳастанд, ки ҳамсинну солаш бошанду нашиносанд. Дар ин водӣ танҳо вирди забон овардани номаш басандааст, ки оид ба хислату атвори ҳамидааш сухан гӯянд. Вале пас аз ба шаҳри Душанбе кӯчида омадан, ҳама ӯро чун як табиби мардумӣ мешиносанд. Махсуми Одина соли 1939 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1961 Институти педагогиро хатм карда, бо роҳхати донишгоҳ ба шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ меравад. Ба мактаби деҳаи Шамтуч барои фаъолият намудан мефиристанд. Аз фанни физика дарс мегӯяд. Пас аз ин ба зодгоҳаш деҳаи Дарғ мефиристанду то соли 1963 муаллим, баъд то соли 1980 вазифаи директори мактабро адо мекунад. Аз соли 1980 то моҳи марти соли 1992 раиси кумитаи иҷроияи шӯрои ҷамоати деҳаи Шамтуч интихоб карданд. Аз соли 1992 то соли 1995 раиси колхози Тоҷикистон буд.

Ғами олам — роҳ сӯйи табобат

Эй дили ғампарвари ман душмани шодӣ мабош.
Аз ду сар дар ту ғами олам намеғунҷад, бизӣ.

Гулрухсор

Ёд дорам… Санҷиши марги тифли бегуноҳаш идома дошт. ӯ сигори кашидаашро ба охир нарасонда, навашро оташ гиронда, сӯйи лабаш мебурд. Аз дуди сигор ду ангушташ зард гашта буд. Намояндаи ҳамонвақтаи прокуратураи вилоят мегуфт: «Ба иродаи ин шахс қоилам. Бо вуҷуди ин қадар ноадолатиҳо боз таҳаммул мекунад. Агар ман мебудам…».
— То андозае огаҳӣ дорем, Шумо ҳамчун омӯзгор, ҳамчунин корманди мақомоти иҷроия ном бароварда будед. Чӣ водор намуд, ки яку якбора рӯ ба тиб ва табобат оред?

— Аввалан, дар кӯдакӣ хоҳиши духтур шудан доштам. Дар мактаби миёна муаллими химия набуду ин фанро нахонда будем. Ба ин нигоҳ накарда, ҳуҷҷатҳоямро ба Институти тиббӣ супоридам ва дар санҷиш як муаллима гуфт, ки Шумо аз фанни биология баҳои чор мегиред, лекин аз фанни химия баҳо намегиред. Маслиҳат доданд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба Институти педагогӣ супорам. Чунин кардам ва дар ин институт имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супорида, донишҷӯйи факултаи физика ва математика шудам.
— Шумо гуфтаниед, ки орзуйи табиб шудан аз давраи ҷавониятон буд?
— Бале. Як сабаби дигар ҳам буд, ки мудом маро сӯйи ин касб талқин менамуд. Ду бародарам аз исҳоли хун фавтиданд ва ин манзараи бисёр мудҳиш буд, ки дар пеши назари модар ва худам бародаронам ҷон доданд. Ҳамон ҷо ман бисёр ғамгин шудам, ки наход инсоният қодир набошад, ки бемории исҳоли хунро даво бахшад. Он вақт ман дар синфи шаш мехондам. Ҳамон солҳо ният кардам, ки агар мактабро тамом кунам, рафта духтур мешавам.
— То ҷое, ки медонем, 2 писари Шумо ба соҳаи тиб алоқамандӣ доранд, ҷарроҳ мебошанд. Инро чи хел маънидод мекунед? Ин идомаи орзуйи Шумо буд?
— Диёри мо аз маркази ноҳия дар масофаи хеле дур воқеъ гардидааст. Соле набуд, ки аз бемориҳои гуногун 15-20 нафар ба ҳалокат нарасанд. Духтур набуд. Фақат як фелдшер дар тамоми совети қишлоқ буд. Таъсири ҳамин чизҳо буд, ки ман қавл додам: донишгоҳро тамом мекунаму дар деҳа кадр тайёр менамоям. Ҳамон замоне, ки ман ба донишгоҳ дохил мешудам, аз деҳа 5 нафар ба мактабҳои олӣ ҳуҷҷат супоридем, ки ин як инқилоб буд. Дар мактаб танҳо ду нафар муаллимони маълумоти олидор буданд. Вақте мо рафтем, 7 нафар шудем. Ба ҳамин васила кадри маҳалларо бақувват гардонидем. Ҳамон солҳо мактаби деҳа то синфи 8 буд. Мо онро ба мактаби миёна табдил додем. Баъд фақат дараҷаи дониши мактаббачаҳоро баланд бардоштем. Аз ҳамон хатмкунандагон ба фикрам 18 нафар буданд. Ҳамаи онҳо маълумоти олӣ гирифтанд. Ҳамон давра ман ҳамчун директори ҷавон кӯшиш кардам, ки шароити мактаб беҳтар гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъдан деҳа ва совети қишлоқро омӯхтам, ки ба кадом кадрҳо ниёз доранд. Мактаббачаҳоро барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ тайёр кардем ва баҳое, ки пеш аз дохил шудан аз ҷониби муаллимони мактаб гузошта мешуд, айнан дар донишгоҳ мегирифтанд.
Мисол, Сафар Абдулло (номзади илмҳои тиб, корманди шӯъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло) гуфтанӣ духтур дорем, ки мутахассис дар соҳаи пӯсиши устухон аст. Дар Тоҷикистон дар ин соҳа мисли вай кадри боқувват надорем. Ин кас дар мактаби миёна баҳои 4 гирифт. Вале ҳангоми қабулшавӣ ба донишгоҳи тиббӣ имтиҳонро бо баҳои аъло супорид.
Миқдори духтурҳо дар деҳа ва совети қишлоқ зиёд шуд. Агар хато накунам, имрӯз дар онҷо қариб 50 духтур ҳаст ва дар тамом минтақаҳои Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
Дар ҳамаи соҳаҳо кадр тайёр кардем. Дар хотирам нест, ки дар муддати 34 соли кориям ба рухсатӣ рафта бошам. Ҳамон вақт мо бо мактабҳои олӣ гуфтугӯ мекардем. Ҳамроҳи шогирдони мактаб ба Душанбе мерафтем. Ман худам аз физика кадр тайёр мекардам ва дигар муаллимон аз дигар фанҳо кадр тайёр мекарданд.
— Бо ин ҳама таҷриба, ки дар мактаб ва мақомоти маҳаллӣ доштед, барои чӣ дар ягон мақомот ба ҳайси мушовир кор накардеду ба тиб рӯй овардед?
— Вақте ман духтур тарбия кардам, худам ба мақсадам нарасидам. Гуфтаи Лоиқ аст, ки «Ман қасди аҷалро зи амал мегирам». Барои ҳамин то рӯй оварданам ба соҳаи тиб дар дилам доғ буд. Баъдан зери таъсири Ҳомидҷон Зоҳидов мондам. Гиёҳшиноси моҳир буданд ва дар чанд сафар ҳамроҳ будем. Ва дар саҳро бо гиёҳҳо шинос мешудем. Он кас чанд гиёҳро номбар карда, хислатҳои шифобахшияшро мегуфтанд. Ба ман гуфтанд, ки диёратон бисёр диёри бафайз ва обод аст ва афсӯс, ки гиёҳҳоро истифода намекунед. Ва чанд гиёҳро ба ман нишон дода, ба кадом дард даво буданашро фаҳмониданд ва супориш доданд, ки то омаданашон гиёҳҳоро ба беморон диҳаму муолиҷа кунам. Баъди дубора ба деҳа рафтани Ҳомидҷон Зоҳидов гуфтам, ки гапатон дуруст будааст. Пештар андеша доштам, ки алафро гов мехӯрад, одам гов не-ку, ки алаф хӯрад. Яъне, ба таблетка одат карда будем. Ман таҳти таъсири тибби онрӯза монда будам. Ба устод Ҳомидҷон Зоҳидов намемондам нафас кашанд ва аз шавқи зиёд ба он кас суолҳо медодам. Баъдан чанд китобро тавсия карданд. Аз ҷумла китоби Синоро. Вақти зиёдамро ба хондани китобҳои тиббӣ сарф мекардам. Растаниҳоро истифода бурдам ва аз соли 1965 инҷониб Сино мехонам.
Раҳматии Зоҳидов гуфтанд, ки як гап мегӯям. Ҷавоб додам, ки ҳаққи гапи шуморо нагирифтан надорам. Хурсанд шуданд. Гуфтанд, чӣ мешавад, ки аз баҳри коратон бароеду бо ман кор кунед? Ман он вақт директори мактаб будам. Гуфтанд як хона дорем, хонаи худашонро дар назар доштанд. Дар он хона ду ҷойхоб ҷой мегирад ва ғайр аз китоб дигар чизе надорад. Ҳардуямон дар онҷо мехонем. Ман ба шумо забони арабӣ ва форсиро ёд медиҳам, истифодабарии растаниҳоро ёд медиҳам. Мумкин аз шумо дар оянда олим мебарояд. Давомнокии умрам кам мондааст. Гуфтам, гапатон дуруст, ман аз падар як писар ҳастам ва хоҳарҳоям ҳастанд. Гуфтам, падарам дунёро падруд гуфтаанд. Модарам танҳоянд. Агар ман ҳамроҳашон набошам, хуб намешавад. Гуфтанд фикр кунед. Ман гуфтам, фикр кардам, дигар имконият нест. Баъд гуфтанд, майлаш, рӯзе мешавад, ки пушаймон мешавед.
— Ҳозир пушаймон шудаед?
— Не! Барои чӣ? Агар ман ба шаҳри Душанбе меомадам, он ободие, ки дар ҳудуди ҷамоату деҳа шуд, шояд намешуд. Лекин агар бо устод мебудам, аз ман табиби бақувват мебаромад.
Устод набзро бисёр нағз медонистанд. Ман ҳоло аз набз тасаввурот надорам. Ман фақат тахикардияро сарфаҳм меравам. Ман ҳозир пушаймон нестам, чунки аз ду тараф бурд кардам.

Фақат банди аҷал…

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Абӯалӣ ибни Сино
— Боре гуфта будед, ки ман собит месозам, дар Тоҷикистон шахсоне ҳастанд, ки идомадиҳандаи кори Синоянд. Яъне, Сино намурдааст. Оё бемориҳое ҳаст, ки тибби имрӯза барои табобаташон қодир нест, вале табибон метавонанд?
— Табобат ба воситаи растаниҳо аз ҷониби табибони муосир қабул шудааст. Исбот карданд, ки табобат бо истифода аз растаниҳо фоидаашон аз зарарашон зиёдтар аст. Ҳозир дар давлатҳои мутараққӣ рӯ ба табобати растанӣ овардаанд. Бар замми ин, ки ман ҳам табиб ҳастам, вале Сино не, Синохон. Солҳои пешина дар масъалаи табибон хатои калон гузашта буд. Дар деҳаи мо як падару писар бисёр табиби донишманд буданд ва ман шоҳид, ки бемории Лепра (мараз)-ро табобат карданд. Ба ин беморӣ як самарқандӣ гирифтор буд. Писари ҳамон табиб он маризро муолиҷа кард. Баъде, ки ӯ шифо ёфт, он мардро нашинохтам. Мегиристу сарашро пеши пойи он табиб мемонд. Он мард гуфт, ки ман соҳиби хона, фарзанд, оила ва хонаи алоҳида будам. Бо ман чун бо як саг муомила мекарданд… Табиб дар ҳамонҷо сабабашро муайян карда буд.
Пурсид:
— Ту чӣ кор мекардӣ?
Он мариз ҷавоб дод:
— Қассобам.
Табиб гуфт:
— Чӣ мекуштӣ?
ӯ гуфт:
— Буз.
Табиб гуфт:
— Ҳамон буз ба ҳамин бало гирифторат кардааст.
Ҳамин гуна шахсон натавонистанд шогирде тарбия кунанд, зеро он вақт мумкин набуд.
Имрӯз китобҳои Сино ба пуррагӣ ба мо нарасидааст. Сино барои бисёр бемориҳо монография дошт. Китобҳои Синоро дар вақташ дуздида бурданд. Имрӯз агар шумо бинед, тиб дар Изроил тараққӣ кардааст. Барои он ки, китобҳои Синоро бурдаанд. Барои чӣ имрӯз гиёҳҳоро аз Тоҷикикстон ба онҷо мебаранд? Тоҷикистон дар ҳақиқат мамлакати бой аст. Ба сабаби нодонӣ мо имрӯз бад зиндагонӣ карда истодаем. Ҳоло ба ҳар ҳол қонунро қабул карданд. Зиддиятҳо буданд, ки табиби мардумӣ сараввал донишгоҳи тиббиро хатм кунад.
Табиби халқӣ он аст, ки аз миёни халқ бо таҷрибааш табобат мекунад. Вақте ман донишгоҳро хатм мекунам, барои чӣ табиби хаққӣ шавам? Ба беморхона рафта кор мекунам. Ба ҳар ҳол, Президенти мо табибонро дастгирӣ карданд.
— Дар пайравӣ аз Сино оё муваффақ гардидед?
— Ман барои бой шудан табиб нашудаам. Лекин як орзу дорам. 4-5 беморӣ ҳаст, ки мегӯянд «табобат надорад». Ман натарсида бо ин бемориҳо кор карда истодаам. Ман бо бисёре аз табибон дӯстӣ дорам ва вақте дар ин бора сӯҳбат мекунем, онҳо мегӯянд, ки ин бемориҳо табобатнашавандаанд. Ба фикри онҳо розӣ нашуда, мегӯям, ки ин бемориҳо табобатшавандаанд.
Мисол меорам. Бемории диққи нафас (астма)-ро имрӯз дар ҷаҳон ҳам табобатнашаванда мегӯянд. Ман ин бемориро ба воситаи растаниҳо табобат мекунам, ки умрбод пайдо намешавад. Бар замми ин, исбот кардаам, ки касе переднизолон -гормон қабул кардааст, душвор табобат мешавад. Нав пайдо шудагияш дар муддати кӯтоҳ, дар як моҳ табобат мешавад. Ё ин ки, бемории гайморит. Дар тамоми дунё ин беморӣ табобат надорад. Бемории эпилепсия (саръ). Ман кафолат медиҳам, ки ин бемориро табобат мекунам. Ё ки псориаз (бемории пӯст) ҳам дар ҷаҳон табобат надорад. Ман муолиҷаи ин бемориро то ба охир нарасондаам. Ба ҳар ҳол, 5 нафарро табобат кардаам. Агар шахс нав ба ин беморӣ гирифтор шуда бошад, зуд сиҳат меёад. Ба ҳар ҳол, ман як шахсро табобат кардам ва сеюм сол аст, ки дар баданаш пайдо нашудааст. Ин бурди калон аст барои ман. Боз як касалии вазнини дигар ҳаст, ки «почечний давления» ё «гломерулонефрит» мегӯянд. Ин беморӣ аз 18 то 40-сола ҷавононро мекушад. Варам мекунанду мемуранд. Ин ҳам дар ҷаҳон табобат надорад. Ман ду беморро табобат кардаам. Вақте ба духтурон мегӯям, онҳо мазоҳ карда механданд.
Ман ба гуфтаҳои Сино такя мекунам, ки ин беморӣ табобатшаванда аст. Дар ибтидо ин беморӣ бисёр нағз табобат мешавад. Сабаби ин бемориро Сино ба бемориҳои балғамӣ дохил мекунад. Ман ба гуфтаи Сино амал намуда, балғами беморонро аз вуҷудашон баровардам, мизоҷашонро оташӣ кардам ва беморон сиҳат ёфтанд.
— Шумо чи гуна муайян мекунед, ки шахс ба кадом беморӣ гирифтор аст? Оё барои ташхис бо тибби муосир ҳамкорӣ доред?
— Гарчанде худам сабаби касалиро муайян мекунам, вале қонеъ намешавам. Ба беморон тавсия медиҳам, ки рафта ташхиси пешоб, хун, балғам супоранд ва духтур касалияшонро муайян намояд. Ман ин диагнозро барои худам «страховка» мекунам. Ҳолатҳое мешавад, ки диагнози духтур бо хулосаи ман рост намеояд. Барои мо муайян кардани беморӣ осон нест. Масалан, дар замони Сино сабаби бемориро бо чор хилт ифода мекарданд. Балғаму савдову сафрову хун. Организми инсон гуё аз чор хилт иборат аст. Илми имрӯза исбот кард, ки организми инсон беш аз 65 элемент иборат аст. Имрӯз русҳо назар ба тоҷикон Синоро нағз истифода бурда истодаанд.
Масалан, ман хилтро ба ҳисоб мегирам. Аз рӯйи гуфтаи Сино, ин чор хилт якто ё дутояш аз ҳолати муайян мебарояд. Фавран одам касал мешавад. Вазифаи табиб ин аст, ки ҳаминро муайян кунад. Агар кам шуда бошад, зиёд кунад, агар зиёд бошад, кам карданаш даркор. Барои кадом намуди касале, ки бошад, сиҳат меёбад. Ман ҳамин чизҳоро дар Сино зиёда аз сад маротиба хондаам. Боз рӯзи дароз Сино мехонам. Як мураккабӣ аст, ки мо худамон тоҷику забони Синоро намедонем. Китобҳои Сино бо забони фалсафӣ ва мантиқӣ навиштааст. Бо ин тӯли чанд сол хонданам баъзе мавзӯъҳои Сино навиштаро 40 фоиз, баъзеи дигарашро 50 фоиз мефаҳмам ва лаззат мебарам. Ба баъзе табибон суол медиҳам, ки инро чанд бор хондед? Мегӯянд, се-чор маротиба. Баъд мегӯям, ки аз ман дида одами кунд набудааст, ки аз соли 1965 Сино мехонаму ҳамагӣ 40 фоиз мефаҳмам. Шумо се маротиба хонда мефаҳмед. Баъди оне, ки суолу ҷавоб мекунем, як калима ҷавоб гуфта наметавонанд.
Ташхис бисёр кори мураккаб аст. Дониши назариявии баланд доштан даркор, қобилияти зиёд фикр кардан доштан лозим. Масалан, агар бемор аломатҳои касалашро нағз гуфта натавонад, ман беморро ё ҳашт ё нӯҳ бор мепурсам. Барои чӣ? Барои он ки, бемор ҳама чизро мушоҳида намекунад ва ба ҳама чиз эътибор намедиҳад. Вақте ман ба бемор савол медиҳам ва ӯ ҷавоби нодуруст медиҳад, вайро ҷанг намекунам ва саволро тағйир медиҳам ва бо дигар шакл ба ӯ мефаҳмонам. Масалан, агар гап дар бораи балғам равад, мегӯям, ки балғаматонро маззааш чи хел аст? Ман луқма партофта мегӯям, ки шаш намуди балғам, ки талху туршу шӯр ва ҳоказо. Аз ҳаминҳо кадомаш? Агар ба ин ҳам ҷавоб надиҳад, ба ӯ мефармоям, ки як чашад. Агар аз ин ҳам муайян накунам, ман аз хобу хоббинӣ муайян мекунам. Мегӯям, нағз хобатон мебарад? Мегӯяд ҳа. Мегӯям, хобҳои ганда мебинед? Мегӯяд, ҳа. Мегӯяд, морҳо намемонанд хоб равам. Мегӯям, рангаш чи хел? Зард, сурх, сафед, сиёҳ. Боз мегӯям, саг ҳаст? Гов чӣ? Мегӯяд ҳа. Аз ғору торикӣ чӣ? Мегӯяд, ҳа.
Ҳама чизе, ки дар хоб бо ранги сиёҳ меояд — ин дар рагҳои хунгарди майнаи сар хилти савдо ҷойгир шудагӣ. Ана баъд кофтуковро сар мекунем. Ин ба мо фақат замина медиҳад. Баъд мебинем, ки ин бемории савдоӣ будааст.
— Туғрал гуфтааст:
— Худ табиби худ шаву бемории худ кун даво,
Қобили сиҳат наӣ аз Бӯалӣ Сино чӣ ҳаз?

Оё тарзи табобататон ба он беморон — мизоҷоне, ки ба Шумо муроҷиат мекунанд, ягон вобастагӣ дорад?
— Беморро қабул мекунам. Бемор фикрашро мегӯяд. Ман андешаҳоямро дар бораи беморияш иброз медорам. Барои он ки бемор табобат шавад, се қувва лозим. Якум, дониши табиб. Дуюм, таъсири дору. Сеюм, парҳез, эътиқоди бемор нисбати табиб. Бе ин се чиз касал табобат намешавад. Мо касалро фиреб карда наметавонем, касал моро фиреб мекунад.

Некхоҳонро нигаҳ дорад Худо

Сангпушт аз некии худ неши ақраб дидааст,
Некхоҳонро зи бадхоҳон нигаҳ дорад Худо.

(…)

Эҳтимол кам касон чун ӯ меҳру муҳаббати самимӣ ба зодгоҳ, ба диёр, ба ватан дошта бошанд. Дар водӣ аксаран номи ӯро мегирифтанд. Дар маҷлисҳои расмӣ, дар тӯйу маъракаҳо — дар ҳама чо чун намунаи ибрат номашро вирди забон меоварданд. Вале ҳамдеҳагонаш амалеро нисбаташ раво диданд, ки шояд ба ягон кас муносиб надонанд. Писари панҷсолаашро кушта, қисм-қисм намуда, аз кӯҳ ба деҳа фуроварда, дар якчанд қабристон «гӯр» карданд…- Гуфта будед, ки одамҳо пеш аз ба дорулбақо рафтан ҷавобнома менависанд, бигзор ҳамин ҷавобномаи ман як «литсензия» барои фаъолияти табибӣ бошад…
— Литсензия мисли диплом аст барои табибон. Яъне, шаҳодатнома барои фаъолиятам буд. Вақти надоштанам эҳтимол муттаҳам мекарданд.
— Шумо ба он нафароне, ки мехоҳанд табиб шаванд, чи гуфтанӣ ҳастед?
— Аз худам сар карда, ба табибон мегӯям, ки фақат Синоро хонанд. Хонанд, хонанд. Лекин хондан ҳам чанд хел мешавад. Пас аз хондан фикр кунанд, ки чӣ хонданд.
— Шумо дар асоси растаниҳо табобат мекунед. Ин растаниҳоро худатон ҷамъоварӣ мекунед?
— Ҷамъоварии растанӣ ҳам қоида дорад. Растанӣ бояд дар ҳавои соф, беғубор рӯида бошад. Баъди ҷамъоварӣ онро фавран дар ҷои соя мондан даркор. Мавзеи гиёҳҳо бояд аз роҳи мошингард дур бошад. Агар растаниҳо дар ҷойи баланд ва регзамин бошанд, боз хубтар. Кӯҳҳо тарафи офтобрӯя ва соярӯя доранд. Алафҳое, ки дар офтобрӯя ҳастанд, таъсирашон зиёдтар аст.
Растаниҳои аз ҳама сертаъсир дар водии Зарафшон аст. Таъсири нури ултрабунафш барои растаниҳо фоидаи калон дорад.
— Ҳазрати Лоиқ дар як шеъраш мегӯяд:
Зиндагӣ ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам,
Ман туро чун сарнавишти хеш дигар мекунам.
Каҷҳисобиҳои ту бо ростон беҳуда аст,
Бо ту рӯзе ман ҳисобамро баробар мекунам.

Ба ин синну сол расидаву дар соҳаҳои зиёде мувафақ шудед. Ҳисобатонро бо зиндагӣ баробар кардед?
— Ман дар ҳаёт ба ҳамаи орзуҳоям расидам. Чунки, он чизе мехостам, ҳамааш шуд. Кадр буд, шуд, ободии диёр буд, шуд. Хусусан, беморхона, роҳу купрук буд, шуд. Гӯё ман дар назди халқам он чизе, ки ваъда дода будам, ҳамонро Худо кушоиш доду кардам.
Ҳоло дар Душанбе орзуҳоям ҷомаи ҷомаи амал мепӯшанд. Дар болои бемории псориаз кор мекардам ва табибон механдиданд. Ман ба онҳо гуфтам, шумо хандед, рӯзе мерасад, ки ин бемориро табобат мекунам.
Ҳозир бисёр бемориҳои аз насл мегузаштагӣ ҳастанд. Бемории фишори хунро низ меросӣ мегӯянд. Ё касалии қанд. Аммо ин маънии онро надорад, ки илоҷи шифояш набошад. Имрӯз бо истифода аз табобати муосир умри ин гуна беморонро дароз мекунанд.
Бемории астма, ки гирифторонаш дар Тоҷикистон кам нестанд. Ин беморӣ аз тарафи духтурон реклама мешавад, ки табобат надорад. Ман ду кӯдаки сесола ва даҳҳо калонсолро, ки гирифтори ин беморӣ буданд, табобат кардам. Имрӯз орзу дорам, ки бо кӯмаки ягон нафар хориҷиҳо омада аз дасти ман табобат гиранд. Баъди шифо ёфтанашон аз онҳо пурсанду ба онҳо савол диҳанд, ки дар куҷо табобат гирифтӣ? Гӯянд, ки дар Тоҷикистон. Донед, ки ин ватани Синост. Сино намурдааст ва намемирад.

Ҷумъаи ТОЛИБ, Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Мусоҳиба
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: