Главная > Uncategorized > Орзу ё «Мактаби нобиғаҳо»

Орзу ё «Мактаби нобиғаҳо»

Қариб 20 сол мешавад, ки Тоҷикистони мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар роҳи созандагиву тараққиёт қарор дорад. Дар оғоз ва ахиран ҳам амиқ дарк намудем, ки омили асосиву таконбахши пешбарии ҷомеа ин ташаккул ва таҳаввули соҳаи маориф мебошад. Соҳаи маориф ҳамчун як мафҳуми маҳдуд ба назар мерасад, аммо ҳамагӣ чанд лаҳза андеша сари он собит менамояд, ки танҳо соҳаи маориф метавонад дар пешрафти тамоми соҳаҳо мусоидат намояд.
Ба ҷомеаи мутамаддини пешрафтаи Ғарб менигарем ва дар андаке фурсат барои мо собит мегардад, ки онҳо ба ин зинаҳои баланд тавассути соҳаи илму маориф расидаанд. Имрӯзҳо олимони ҷомеаи амрикоӣ барои омӯхтани шароити ҳаёт дар дигар сайёраҳо машғуланд. Муҳаққиқони кайҳоншиноси рус ва чинӣ нақшаҳои коркарди сарватҳои дар сайёраи Моҳ қарордоштаро тарҳрезӣ менамоянду меомӯзанд. Илми кайҳоншиносии баъзе кишварҳои дигар монанди Замин вуҷуд доштани сайёраи ҳаммонандро ҷустуҷӯ доранд. Тавассути лабораторияҳои махсуси худкор берун аз сайёраи Замин таҳаввулот ва дигаргуниҳои он омӯхта мешавад. Акнун савол ба миён меояд, ки оё омода намудани ҳамин гуна мутахассисон амали саҳлу соддаву муқаррарӣ мебошад? Албатта не! Пеш аз ҳама ин гуна ашхос аз дигарон мутафовут мебошанд. Баъд гӯем, ки онҳо нобиғаҳои ҷамъиятанд. Ҷалб намудани ҳамагон ба илму донишомӯзӣ шарт ва зарур аст. Вале дар ҳамин раванд бояд баъзе паҳлӯҳо ва ҷиҳатҳо хеле амиқ дар мадди назар қарор дошта бошанд. Ин ҷиҳат дарёфти намояндагони махсус ва алоҳидаи насли наврасу ҷавон мебошад, ки онҳо ё нобиғаанд, ё истеъдоди фавқулодда доранд. Хато аст агар гӯем, ки мо аз миёни даҳҳо ҳазору садҳо ҳазор ин гуна афродро намеёбем.
Ин гуна кӯдакону наврасоне, ки лаёқати фавқулодда доранд, бовар дорам, ки кам нестанд. Баъзан тавассути барномаҳои алоҳидаи радиову телевизион ва маводи рӯзномаву маҷаллаҳо чунин иттилоъ пайдо мекунем, ки дар фалон гӯшаву канори кишвар ин ё он кӯдаку наврасе ҳаёт ба сар мебарад, ки бо баъзе хусусиятҳои интеллектии худ атрофиёнро ба ҳайрат овардааст. Ва ин гуна фардро ҳатман «Худодод» меномем. Ана ҳамин гуна дарёфтҳо моро бояд ба он водор намояд, ки нисбати онҳо бетафовут набошем. Онҳоро ҷамъ созем, омӯзонем, шароити мусоидро фароҳам созему аз онҳо олиму мутахассиси варзида омода созем. Ҳадисе ҳаст, ки «истеъдод муҳим аст, вале муҳимтар аз он тарбияи истеъдод аст». Имрӯз дар мамолики пешрафтаи мутараққӣ ба ин масъалан диққати ҷиддӣ медиҳанд. Масалан дар Чин аз рӯйи ташхиси умумӣ ҳазорон нафар наврасонеро, ки қобилияти махсус доранд, муайян менамоянд. Аз рӯйи таҳлилу ташхиси махсуси дигар (ДНК ва монанди он) аз ин миён 50 нафар соҳибистеъдодтаринҳоро муайян месозанд ва бо ин фарогирӣ дар макотиби махсус нобиғаҳои ояндаро тарбия менамоянд. Ин таҷриба дар мегаполиси Чунтсин дар давраҳои муайян гузаронида мешавад. Татбиқкунандаи ин лоиҳа «Қасри кӯдакон»-и ин мегаполис мебошад. Аҷобату махсусияти ин масъала дар ҳақиқат қобили таваҷҷӯҳ аст. Баъд аз як соли ҷамъ кардани ин гуна нобиғаҳо, ки аз миёни садҳо ҳазор танҳо панҷоҳ нафар интихоб мешаванд, зинаи навбатӣ сурат мегирад. Аз рӯйи 13 нишондоди тиббиву психологӣ аксҳои махсуси рентгении қафаси сина ва майнаи сари ин нобиғаҳо гирифта шуда, ба маркази бузурги илмии дигар, ки дар Шанхай воқеъ аст, фиристода мешавад. Дар ин ҷо муайян карда мешавад, ки дараҷаи интеллект, ҳиссиёт ва дигар унсурҳои ғайритабии кӯдак дар кадом сатҳ қарор дорад. Аллакай дар ин ҷо муайян карда мешавад, ки кӯдак ё наврас дар оянда ҳамчун кӣ ба воя мерасад: химик, физик, мутафаккир ё варзишгар. Ба ин ҳолат монанд дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон мисоли дигарро мебинем. Берун аз шаҳр дар баландии хушбоду ҳаво «Мактаби кӯҳӣ» амал менамояд. Ин мактабҳо чандто буда, шумораи толибилмони як мактаб аз 45-50 нафар зиёд нест. Ҳар як синфи он бошад, ҳудудан 5-10 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи муаллимон аз шумораи толибилмон 2-3 маротиба зиёд аст. Онҳо аз рӯйи барномаҳои махсуси таълимӣ фаро гирифта мешаванд, сипас ҳамчун олимони наврасу ҷавон баъд аз чандин сол ба макотиби олии дараҷаи яки Ҷопон шомил мешаванд. Бо назардошти қобилият ҳар кадоми онҳо ба ихтисоси муайян ҷалб карда мешаванд.
Ин гуна мисолҳоро зиёд метавон овард. Дар ҷумҳурии мо низ метавон ин гуна нақшаҳоро татбиқ намуд. Дар гузаштаи таърихӣ тоҷикон фарзандони фарзонае доштанд, ки ҷаҳон то ба имрӯз ба илми назариявии онҳо мӯҳтоҷ аст. Тибби Синоро то имрӯз меомӯзанд. Назарияи илмии Муҳаммад Хоразмӣ то ҳанӯз сармашқи олимони соҳаи риёзӣ аст.
Даҳҳо мисоли дигарро метавон пеш оварду ифтихор намуд, ки мо гузаштаи пурғановат доштем. Сарвари давлат дар чандин сӯҳбату мулоқотҳо аз он ёдовар мешавад, ки чаро имрӯз Саъдиву Ҳофизу Бедилҳо аз миллати мо намерӯяд. Шикваҳо дуруст аст. Гомҳои ҷиддӣ дар пайгирии ин масъала бояд андохт.
Бинобар ин, ҳамчун як фарди ҷонибдори ҷомеаи солиму пешрафта пешниҳод доштам, ки ба як нишасти фаррохи намояндагони вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва дигар доираҳои илмӣ ин масъала матраҳ шавад. Дар ин замина мо бо ҳамкорӣ бо баъзе ашхоси бомаърифату ватандӯст лоиҳаеро омода намудаем, ки нуқтаи назар ва андешаҳои мутахассисони алоҳидаро низ талаб менамояд. Ҳоло ки соли 2010 ҳамчун соли маориф ва фарҳанги техникӣ мебошад, гумон мекунем гузоштани баъзе қадамҳо хеле зарур аст. Бовар дорем, ки дар ин самт шахсан Сарвари давлат низ моро дастгирӣ менамояд. Ташкили чунин як мактаби махсуси нобиғаҳо ояндаи дурахшони мост. Лоиҳаи мо омода аст ва интизори вокуниши мақомоти дахлдор ва андешаву афкори соҳибназарон мебошем.
Кароматулло ШОКИРЗОДА, омӯзгор, сокини шаҳри Ваҳдат

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: