Главная > Uncategorized > Уштуркуланги бедум…

Уштуркуланги бедум…

Мардум дар начотдихии нафорони зери тарма монда

ва ё тафсилоти ҷони нафарони зиёдеро рабудани тарма
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов
Охирҳои моҳи декабри соли гузашта гузорише аз сафари панҷрӯза, аз азобу машаққати ронандагону мусофирон дар роҳи Хуҷанд — Душанбе бо номи «Ҳастед-мӣ ҷаноби вазирон?» ва ё рӯзи сиёҳӣ сафаракӣ» дар ҳафтаномаи «Пайкон» гузорише ба дасти чоп дода, умедвор будем, ки вазирони мӯҳтарам: вазири корҳои дохилӣ А. Қаҳҳоров, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Бобоев, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Латипов вокунише нишон медиҳанд. Ё ин ки барои беҳбудии вазъияти роҳи Душанбе — Хуҷанд тадбире меандешанд. Вале ғайр аз ду посухи сар то ба по худсафедкунӣ, ки аз зерсохторҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ гирифтем, то ҳол ягон садое нест. Аслан мо барои посух гирифтан мақола наменависем. Ҳадафамон беҳтар намудани вазъият мебошад. Чун бо хонандагон робитаи доимӣ дорем, аз рӯйи маълумотҳои онҳо, вазъият бад шудаасту беҳ нест.
Дигар аз будан ё набудани вазирон пурсиданӣ нестем. Чунки аёнро ҳоҷат ба баён нест!
Боз сафари навбатӣ пеш омаду санаи 17-уми марти соли 2010 ба роҳ баромадем. Пурсиши «мункар-накир» аз дидбонгоҳи мавзеи Чорбоғ оғоз ёфт. Ронанда ба дидбонгоҳ рафта, баргашта омаду «инҳо инсоф надоранд» гӯён, дашномкунон паси чанбари ҳаракат нишастанӣ буд, ки нафаре дар либоси ғайринизомӣ «мо аз УБНОН» гуфту боз ронанда аз мошин фуромад…
Болотар аз деҳаи Ҳушёрӣ дар ду тарафи роҳ корвони мошинҳо меистоданд. Мо ба ин дидбонгоҳи муваққатӣ наздик шудем. Аз мошини сабукраве чизу чораи мусофиронро фуроварда месанҷиданд. Як нозири милиса шарҳ дод, ки «информатсия» будаасту мошинҳоро месанҷидаанд. Намедонам дар асоси «информатсия» ягон чиз дарёф карда бошанд ё не. Вале наздики ним соат моро ҳам нигоҳ доштанду пас иҷозати сафар доданд…
Аз мавзеи Майхӯра ба роҳи нақби «Истиқлол» баромадему 5-6 километр ҳаракат карда будем, ки мошинҳои боркаш қатор меистоданд. Мо аз паҳлӯи онҳо то ҷойе, ки ҳаракати мошин имконият дошт, ба боло баромадем. Соат тақрибан 10 буду мошини мо ҳам истод. Аз он пиёда шуда, ба боло ҳаракат намудем. Мошинҳои боркашу сабукрав, ки ниҳоят зиёд буданд, меистоданд. Наздики як километр пиёда баромадем, ки ҳаракати мошинҳо ба самти нақби «Истиқлол» оғоз ёфт. Ҳаракат мекарданду боз меистоданд. Ҳамин тавр, то ҷойи «садамавӣ», аз хобгоҳи эрониён болотар баромадем. Сабаби асосияш чуқуричаи аз барф пайдошуда буд, ки онро дуруст тоза накарда буданд. Мошини боркаш то он ҷо меомаду руст мемонд. Аз пеш дигар мошин онро мекашид. Мошини аввала ҳаракат мекарду мошини дар қафо буда боз интизори дигаре меистод. Ба чунин минвол як қисми мошинҳои боркаш гузаштанд. Навбат ба мошинҳои сабукрав расид. Ду мошини сабукрави тамғаи «Муссо» гузашту мошини дигаре омада руст монд. Наздики 20 нафар ҷавонон барои онро тела додан ба роҳ фуромаданд. Рақами давлатии дар роҳ буда 37-50 02 РТ, ба идораи барқи шаҳри Панҷакент тааллуқ доштааст. Дар он мавзеъ қаблан тарма фуромада будааст. Тармаро тоза кардаанд, ки баландияш наздики 10 метр, шояд аз он баландтар буд. Ронандагону мусофирон, ки шумораашон аз 60 нафар зиёд буд, дар болои ҳамин тарма истода, ҳаракати мошинҳои боркаш ва сабукравро назора мекарданд. Ногоҳ аз назди хобгоҳи эрониён садои чанд тан баланд шуд: «Тарма». Аз боло танҳо ба мисли чанге намуд. Кӣ ба куҷо мегурехт, касе намедонист. Ногоҳ шамоли ниҳоят сарди пуршиддате маро аз пой ба як чуқурие афтонд. Кулӯлаҳои барф омада мезаданд. Лаҳзаи интизорӣ, интизории он ки «ана, тарма мепӯшонад» тӯл кашид. Ба боло нигаристаму дидам, ки тарма қарор гирифтааст. Аз ҷой хестам. Се-чор метр дуртар марде аз таги барф, ки як қисмашро пӯшонда буд, азми хестан дошт. Ба ӯ кӯмак намудам. Дуртар ҷавоне то нисфаш дар «оғӯш»-и барф меистоду мегуфт: «Поям дард карда истодааст». Дигарон бел оварданд. ӯро халос карда, ба тарафи дигари тарма гузаштем. Намедонам то омадани мо чанд нафарро аз таги тарма халос карда бошанд. Ҷавони 19-20-солае то китфаш дар дохили барф бо чашмони маҳзун ба атрофиёнаш менигаристу сухан гуфта наметавонист.
Агар ҷаҳду талоши ронандаи Камаз Абдураҳим Соҳибов намебуд, зинда берун баровардани он ҷавон ғайри имкон буд. Дигар дар рӯи тарма касе ба чашм наменамуд, зери он буданд. Яке додару дигаре набера, сеюмӣ ҳамраҳашро меҷӯст. Дар поён, дар нишебие сиёҳие намудор буд. Чанд нафар ҷонашонро ба хатар гузошта, ба поён фуромаданд. Ҷавоне омада гуфт, ки аз паси ӯ ду нафар буданд. ӯро тарма зад, ба берун афтиду дигарон таги тарма монданд. Кӣ бо чизе ки мехост тармаро мекофт. Садои нола, гиря, ба хаёлам, тармаи сардро об мекард. Дар паҳлӯям нафаре меистоду гуфт:
— Ана, ин ҷоро кобем, изи хун ҳаст…
Нағзтар нигоҳ кардам, модаре девонавор тармаро бо ангуштонаш меканду аз нӯги ангуштонаш хун мешориду бехабар буд…
Аз таги тарма одаме намудор гардид. Рост меистод. Сарашро аз тарма ҷудо карданд. Вале аллакай дер шуда буд. Нафари нахустини аз зери тарма бароварда сокини ноҳияи Бохтар Тоҷиддин Саъдуллоев будааст. Баъди чанде ҷасади нафари дигареро аз зери тарма бароварданд, ки номаш Бобишою аз деҳаи Тагоби ноҳияи Варзоб буд.
Ба воситаҳои ахбори ватаниву хориҷӣ занг задаму дигар тоқати истодан, тоқати шунидани нолаву шеван накарда, пиёда роҳ пеш гирифтам…
То ҳанӯз он манзара пеши назарам ҷилвагар аст. Дар як мижа задан, бинобар бепарвоии дигарон ҷони чанд нафарро тарма рабуд. Аниқ намедонам, фавтидагон чанд нафар буданд. Агар мардум садо баланд намекарданду одамон намегурехтанд, имкон дошт аз 70-80 нафар ягон кас ҷон ба саломат намебурд. Аввалаш, ҳамаи ин хости Худост. Рӯзи банда, ки буд шуд, ба рӯзи каси дигаре гашта наметавонад. Вале боз дигар паҳлӯи масъала ҳаст, ки агар техникае мебуду ҳамагӣ 5 метр роҳро тоза мекард, имконият дошт ин ҳодиса рух надиҳад. Беҳуда дар оғоз аз мақолаи «Ҳастед-мӣ ҷаноби вазирон?» ёдовар нашудем. Ана, ба ин посух таваҷҷӯҳ кунед! «Аз тарафи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон таҳти рақами 256 аз 22.12. 2009 сол дар мувофиқа бо ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ бароварда шудааст. Бинобар ҳамин, МДНРА-и ноҳияи Варзоб дар минтақаи «Майхӯра» навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намудааст.
Барои пошидани маводи зидди лағжиш 200 м3 қуму намак захира шуда, дар вақтҳои лозимӣ истифода бурда мешавад. Инчунин, ба ин қитъа аз механизми мошинҳои муассиса як адад экскватор, як адад худборкунаки фронталӣ, як адад автогрейдери ДЗ-135, як адад трактори Т-150 (лунаход), як адад булдозери Т-130, як адад ЗИЛ ММЗ ва як адад ГАЗ-66 барои тоза намудани барфу тарма аз роҳ сафарбар шудааст.
Ғайр аз ин, бинобар вазнин будани ин қитъа ва офатҳои зиёд боридани барфу фаромадани тарма дар асоси фармони МД «ИХРА минтақаи Ҳисор» таҳти рақами 41, аз 3.12.2009 сол аз муассисаи ноҳияи Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Рӯдакӣ, Ваҳдат якададӣ худборкунаки фронталӣ бо навбат сафарбар карда шудаанд.
Аз тарафи ширкати хитоии «Чайна-Роуд» як адад худборкунаки фронталии дигар дар минтақаҳои номбурда вобаста шудааст.
А. ШАРИПОВ,
сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор».
Он дар шумораи 04 (46), аз 27-уми январи соли 2010 нашр шуд. Мо пурсиданием: Канӣ он техника, ки аз саҳарӣ то соати 15:00 бинобар чуқуричае ҳаракати мошинҳо халалдор шаваду роҳро тоза накунад?!
Дар дафтари матбуотии ВКД гуфтаанд, ки бинобар аз роҳ пиёда гузаштани мусофирон тарма онҳоро гирифтааст. Не, ҷудо ҳам мебахшед!!! Он ҷавонон барои ба ҷойи трактор «кор» кардан ҷони худро бохтанд. Агар мошин дар он ҷо руст намемонд, дар болои тарма мебуданду ақаллан имконияти гурехтан доштанд.
Дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар бораи намедонам «хатнатӯй» бошад, ё «хайматӯй» аз субҳ то шом гузориш пахш мекунанду «камбизоат»-е, ки як дона гӯшвораш як тӯй мешавад, ҳоҷат ба занҷири тиллои гарданаш нест, «миннатдорӣ» мекунад. Дар бораи як нафаре, ки дар Юнон мурдааст, такрор ба такрор мегӯянд. Пас чаро дар бораи ин фоҷиа хомӯш меистанд?! Аз гузоришҳои наврӯзӣ ҳам дар шаҳри Панҷакенту ҳам дар ноҳияи Айнӣ хабар доданд. Чаро дар бораи он кӯҳе, ки дар мавзеи Петеи ноҳияи Айнӣ фуромада, мошини корхонаи «Оби Зулол»-ро тамоман корношоям кард, ҳаракати мӯътадиди нақлиётро халалдор намуд, чизе намегӯянд? Ин ҳодиса санаи 17-уми марти соли 2010 ба амал омада буду хушбахтона ронандаи он Икром Бобоев саломат аст. Санаи 27-уми марти соли равон сармеханики ин корхона Юнус Олимов омада, аз ҳисоби корхона сангро шикаста мошинро аз зери он халос карданд. Охир, ин корхона ҳам андози роҳ месупорад…
Намедонем роҳ тавассути нақби «Истиқлол» дар худ чӣ сирре дорад. Соли гузашта ҳаракати нақлиётро тавассути он манъ карданду мо барои омӯзиши чанд масъала расман иҷозат гирифтем. Вақте ки чанд мақола нашр намудем, дигар иҷозати рафту омад надоданд. Боз найзаҳои сарозери яху ҳавзчаҳои яхбастаро дида, меандешем, ки дар давраи тобистон ҳаракати нақлиётро тавассути нақб манъ карда буданд, пас чӣ корро анҷом доданд? Дохили нақб уқёнуси яхбастаи шимолиро мемонад.
Борҳо таъкид намудем. Боз мегӯем, ки яке аз сабабҳои дар байни тармаҳо ба ҳам вохӯрдани воситаҳои нақлиёту ба ҳаракати номӯътадил оварда расондан, бе ягон сабаб нигоҳ доштани мошинҳо дар дидбонгоҳҳо мебошад. Ин рафтори кормандони милисаро ба ҷуз худашону Худо каси дигар намедонад.
Ҳар гоҳ мегӯянд, ки роҳи Душанбе — Хуҷанд пулакӣ мешавад, ба ростӣ хандаам меояд. Чунки ин роҳ кайҳо пулакӣ шудагӣ. Танҳо кас намедонад, ки он ба чоҳи бетагӣ кӣ меравад… Майлаш, онро пулакӣ кунанду муайян шавад, ки соҳиби роҳ кист? Айни замон аз роҳсозони маҳаллӣ пурсед, сӯи эронӣ нишон медиҳанд, эронӣ сӯи хитоӣ…
Ин амал латифаеро ба хотирам меорад. Нақл мекунанд, ки рӯзе Муллоафандӣ бо тезрави дарозгӯшаш дар роҳе мерафтааст. Роҳ хеле мушкилгузар будаасту хари Муллоафандӣ дар лой дар мемонад. Нафаре кӯмак карданӣ шуда, аз думи маркаб бардоштанӣ мешаваду думи онро меканад. Болои ҳамаи ин Афандӣ миннатдор шуда, думи харашро ба хӯрҷин мегузорад ва ҳар гоҳ, ки мушоҳидон аз ӯ думи харашро мепурсидаанд, «дар хӯрҷин» гӯён, нишон медодааст.
Бигзор, роҳ пулакӣ шавад. Чун думи хари Афандӣ, дар ихтиёри кӣ буданашро ба мардум гӯед, мешавад, мӯҳтарам Оқил Оқилов!

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: