Главная > Uncategorized > Халқро кӯру кару гунг набинед!

Халқро кӯру кару гунг набинед!

Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи «Пайкон» мақолаеро бо номи «Вақти бараҳна гуфтан аст» хондаму виҷдонам азобам дод. Қалам ба даст гирифта, ба шумоён ҳодисаро баён намуда, аз мансабдорону курсинишинон хоҳиш менамоям, ки ғуруру такаббурро яксӯ монда, ғами халқро бинанд, ки чӣ тавр фарзандони онҳо аз беаҳамиятии курсинишинон ба ҳалокат мерасанд.
Мабодо ягон шаҳрванди Русия ё дигар давлат ба ҳодисаи табиат дармонаду ҳалок шавад, тамоми ҷаҳонро хабар медиҳанду роҳбарону мансабдоронаш ба маҳали воқеа мерасанд. Аз мо чӣ? Касеро парвои мурдани касе нест. Касе таги тарма монда ҳалок мешавад, ё тобути ҷавони тоҷикро аз Русия ҳар ҳафта, моҳу сол меоранд, виҷдону имони мансабдорони мо намеҷунбад. Худо накарда, агар ин фарзандони мансабдорони мо бошанд, баъд мефаҳманд.
Ман бо ҳамсарам 07.02.2010 аз шаҳри Хуҷанд, ки барои беморбинӣ рафта будам, дар бозгашт аз соати 13:00 то соати 24:00, давоми 10 соат зиёда аз 200 мошини боркашу мусофирбарро дар дидбонгоҳи ағбаи «Шаҳристон» дидам, ки бе ягон асос онҳоро нигоҳ дошта, шаб ки шуд, аз ронандаҳо пул гирифта, баъд ҷавоб медиҳанд. Ман шоҳид дорам…
07.02.2010, соати 24:00 аз ағбаи «Шаҳристон» баъди 10 соати интизорӣ ба роҳ баромадем. 08.02.2010 шабона ноҳияи Айниро гузашта, ба саршавии ағбаи «Анзоб» расидем. Бинем, дар посгоҳ ё дидгоҳи дигар боз зиёда аз 200 мошинро нигоҳ доштаанд. Дар байни мусофирон кӯдакону занони бемор низ буданд.
Ман асабонӣ шуда, назди нозироне рафтам, ки роҳро баста буданд. Аз онҳо сабаб пурсидам. Ҷавоби дақиқ надоданд. Ман худам «шлагбаум»-ро кушода, ду мошинеро, ки занҳову кӯдакони бемор доштанд, ба роҳ баровардам. Соати 5:00 субҳ ба хона расидем.
Оё виҷдону инсоф доранд, ки рӯзона мошинҳоро нигоҳ дошта, шабона баъди пул ситонидан ронандаҳоро ҷавоб медиҳанд!!!
Фоҷиаи 17.03.2010-ро бошад, ҷияни ман Шарипов Рустам, ки аз Хуҷанд меомад, бо чашми худ дидаасту мурдаҳоро аз таги тарма баровардааст. Масъулони корҳои дохилӣ гапи дурӯғ гуфтаанд, ки одамон пиёда ағбаро гузаштаанд. Не, ҷанобон!! Дурӯғгӯӣ ҳам об дорад! Халқро кӯру кару гунг набинед!
Ин ҳама ҷавонони ғӯрамарги тоҷик бо сабаби хунукназарии шумо — мансабдорон мурдаанд! Бояд шуморо виҷдонатон азоб диҳад! Фардо назди суди Парвардигор ҷавоб мегӯед! Дар он вақт пулу мансабу ғурури шумо ба кор намеояд!

Бобораҳим ШАРИПОВ, сокини шаҳри Душанбе, нафақахӯр

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: