Главная > Uncategorized > Шокирҷон ҲАКИМОВ:»Ҷойи ман дигар кас мебуд, аз сактаи дил ё фишори хун мемурд»

Шокирҷон ҲАКИМОВ:»Ҷойи ман дигар кас мебуд, аз сактаи дил ё фишори хун мемурд»

Мақомҳои интихоботӣ дар шаҳри Конибодом баъд аз як рӯзи баргузории овоздиҳии такрории 14-уми март эълом дошта буданд, ки рақиби сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов — Насрулло Маҳмудов, номзад аз ҲХДТ бо гирифтани 54,7 фоизи оро пирӯз шудааст. Аммо баъдан Шокирҷон Ҳакимов вокуниш нишон дод. Барои маълум кардани омилҳои вокуниш сӯҳбате доштем бо Шокирҷон Ҳакимов.
— Шокирҷон Ҳакимов, ҳавзае, ки дар он Шумо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ будед, ягона ҳавзае буд, ки дар он овоздиҳии такрорӣ шуд. Пеш аз оғози овоздиҳии такрорӣ коршиносон чунин ақида доштанд, ки Шумо интихоб мешавед. Вале пешгӯии онҳо амалӣ нашуд. Ба фикри Шумо, кадом омилу сабабҳо буданд, ки вакил интихоб нашудед?
— Пеш аз ҳама бояд зикр намуд, ки мардум дар Конибодом огоҳона дар интихобот иштирок намуданд. Шарту шароит ва сатҳи рақобат миёни номзадҳо, инчунин дахолати ғайриқонунии мақомоти мухталифи ҳокимияти давлатӣ низ боиси иштироки фаъолонаи интихобкунандагони ин ҳавза дар интихобот шуд. Ман самимияти ҳамдиёронам ва истиқболи онҳоро эҳсос ва дарк менамудам. Мо корро бо шаст нафар оғоз намудем, вале вобаста аз зиёд шудани таҳдид ва фишор ба интихобкунандагон аз ҷониби баъзе кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси шаҳри Конибодом ва кормандони масъули Ҳукумати шаҳри Конибодом ҷонибдорони ман зиёдтар шуданд. Ин аксуламал ва як шакли махсуси эътирози мардуми Конибодом ба кӯшиши маҳдуд намудани ҳуқуқи интихоботии онҳо буд. Шаби 28-уми феврал то саҳарии 1-уми март дар назди ситоди пешазинтихоботиям, ки дар наздикии Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ буд, тақрибан 5000 одам гирд омаданд. Онҳо гумон доштанд, ки ман дар интихобот баранда шудаам. Аммо чун раъйдиҳӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ гузашт, дар варақаҳои зиёди овоздиҳӣ, ки қаблан номи ман хат зада шуда буд, барои фаъолияти мӯътадили нозирон монеаҳои сунъӣ эҷод карда буданд, маълум шуд, ки бояд овоздиҳии такрорӣ баргузор гардад. Тақрибан соати 3-и пагоҳии 1-уми март дар ҳузури нозирони байналмилалӣ дар бинои Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ нишасти матбуотӣ доир намуда, эродҳоямро, ки хусусияти усулӣ доштанд, дар шоҳидии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён намудам. Бо вуҷуди ин, то соати 17:00-и 1-уми март бо риояи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар ҷойи аён протоколи ниҳоӣ овехта нашуд ва аз эълони замони баргузории овоздиҳии такрорӣ ҳавза худдорӣ менамуд. Баъд маълум шуд, ки раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботиро дар шаҳри Хуҷанд водор намудаанд, ки зери санаде имзо гузорад, ки тибқи он гӯё Маҳмудов Насрулло — номзад аз ҲХДТ 73 фоизи раъйи мардумро ба даст оварда бошад. Масъулини ситоди пешазинтихоботии вай бошад, аллакай ғалабаро «қайд мекарданд». Чун тақрибан соати 5-и пагоҳӣ ман аз чунин сурат гирифтани кор огоҳӣ ёфтам, оҷилан ба ситод баргаштам ва бо роҳбари дастгоҳи КМИР Додоҷонов М., воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва нозирони хориҷӣ дар робита ба вазъи ба амал омада сӯҳбат доштам. Соати 16:00 тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» ба ҷойи Комиссияи ҳавзавӣ раиси КМИР Болтуев М. эълон кард, ки 14-уми март дар шаҳри Конибодом овоздиҳии такрорӣ бояд доир гардад.
Баъди овоздиҳии такрорӣ, ки 14-уми март гузашт, ҳудуди 10 ҳазор нафар интихобкунанда ҷамъ шуданд. Воқеан ман инро интизор набудам. Одамони ҷамъшуда воқеан хеле самимӣ буданд, вале натиҷаи овоздиҳии такрорӣ онҳоро ноумед карда буд. Доираҳои муайян хеле манфиатдор буданд, ки вазъият дар ҳавзаи мазкур муташанниҷ шавад ва барои ин маро гунаҳкор кунанд. Аммо ҷонибдорони ман бо вуҷуди эҳсосӣ буданашон кӯшиш намуданд, ки одоби сиёсиро риоя кунанд. Ман низ нахостам ба амалҳои ношоистаи ҳукумати маҳаллӣ аксуламал нишон диҳам, ки боиси бенизомӣ дар ҷомеа шавад. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 200 нафар корманди мақомоти амниятӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба Конибодом сафарбар шуда буданд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб арзу сипоси худро ба интихобкунандагони шаҳри Конибодом барои эҳтиром, пазироии самимӣ ва садоқатмандияшон тариқи ҳафтаномаи шумо иброз менамоям. Зеро, маҳз дастгирии онҳо имони маро комилтар ва иродаамро мустаҳкамтар менамуд.
— Баъди овоздиҳии такрорӣ Шумо иброз доштед, ки раъйи бештари мардумро ба даст овардаеду дар шумориши овозҳо тақаллубкорӣ шудааст. Мехостем дар ин хусус муфассалтар мегуфтед.
— Новобаста аз кафил будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гузаронидани интихоботи шаффоф, озод ва демократӣ дар шаҳри Конибодом раванди интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом халалдор намуданд.
Дар рафти интихобот чунин амалҳои ғайриқонунӣ буданд, ки моҳияти онҳо хусусияти усулӣ дошт ва ба афкори ҷамъиятӣ ва натиҷаи интихобот таъсири манфӣ расонд:
— Тиби маълумоти дар бораи шумораи интихобкунандагон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳру ноҳияи Конибодом 98 162 интихобкунанда будааст, ки аз онҳо 17 093 нафар дар муҳоҷират будаанд. Мувофиқи ин маълумот, бояд дар интихобот 81 069 нафар интихобкунанда иштирок мекард. Аммо тибқи маълумоте, ки Комиссияи ҳавзавӣ эълон намуд, гӯё дар интихобот 84 472 нафар интихобкунанда иштирок намудааст, ки 96%-интихобкунандаро ташкил медиҳад, ки ба воқеият мутобиқат намекунад.
— Дар робита бояд зикр намуд, ки: а) номувофиқатӣ дар маълумотҳои оморӣ вуҷуд дорад, шумораи бюллетенҳои овоздиҳии аз ҳавза гирифташуда ба маълумотҳои омории дар протоколҳои Комиссияи участкаҳои интихоботӣ нишондодашуда мувофиқат намекунад; б) масъулини участкаҳои интихоботӣ ба 270 то 400 нафар интихобкунанда даъватнома надодаанд; в) баъд аз соати 14:30 дар аксарияти участкаҳои интихоботӣ қуттиҳои овоздиҳиро кушода, ба ҳисоби варақаҳои овоздиҳӣ шурӯъ намудаанд. Вақте ки интихобкунандагон ба участкаҳо барои овоздиҳӣ меоянд, аллакай дар дафтарҳои махсус қайдҳо ва имзои шахсони номаълум гузошта шуда будаанд. г) тақрибан 20 000 варақаи овоздиҳӣ тавассути раисони баъзе маҳаллаҳо, аъзоёни Комиссияи участкаҳои интихоботӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хизматчиёни давлатӣ, корхонаҳою хоҷагиҳо дастраси одамоне мешуданд, ки бояд ба Маҳмудов Насрулло — номзад аз ҲХДТ раъй медоданд.
— Ду маротиба кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар арафаи овоздиҳии такрорӣ бо аъзоёни комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ маҷлиси махсус доир намуда, талаб кардаанд, ки ғалабаи Маҳмудов Насруллоро дар овоздиҳии такрорӣ бо ҳар роҳу восита таъмин намоянд. Аз ҷумла, дар ин маҷлис ба комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ дастур дода шудааст, ки барои кори нозирони ман монеа эҷод кунанд, то ки онҳо натавонанд ба таври зарурӣ ва самарабахш вазифаи худро иҷро намоянд. Рӯзи интихобот ҳамин тавр ҳам шуд. Ба нозирон чунин ҷойи нишаст муқаррар карда шуд, ки онҳо аз мизи кори Комиссияи участкаҳои интихоботӣ дар фосилаи дур нишаста, имконияти таҳти назорат гирифтани кори Комиссияро надоштанд ва ҳангоми ҳисоб кардани овозҳо ба аксарияти онҳо иҷозат дода нашуд, ки бевосита рафти ҳисоби овозҳоро назорат кунанд ва нусхаи протоколҳоро гиранд.
— Ҳар рӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии раиси шаҳр ва муовинони ӯ маҷлис доир мегардид, ки ҳадафи он сафарбар намудани ҳамаи роҳбарони корхонаҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ходимони ташкилотҳои динӣ ва раисони маҳаллаҳо баҳри таъмини ғалабаи Маҳмудов Насрулло дар интихобот буд. Дар ин маҷлисҳо доим таъкид мешуд, ки ҳамаи роҳбароне, ки дастуру супоришҳои раиси шаҳр ва муовинонашро дар робита ба интихобот инкор мекунанд,вобаста аз натиҷаи интихобот албатта, аз вазифаҳои хизматияшон озод карда мешаванд. Омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони техникуми технологӣ, омӯзишгоҳи педагогӣ, тиббӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони беморхонаи марказии ноҳия дар ба дари хонаи сокинони Конибодом вобаста шуда буданд.
— Дар мувофиқа бо раиси шаҳри Конибодом заминҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пулодон ва Шарипов ғайриқонунӣ фурӯхта шуда, фоидаи аз он гирифта ба интихобот низ сарф мешуд. Аз номи Маҳмудов Насрулло дар чойхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ чорвои калон ва майдаи шохдорро қурбонӣ карда, ба интихобкунандагон зиёфат медоданд.
— Бояд махсусан қайд намоям, ки дар умум тарғиботу ташвиқоти пешазинтихоботиро на ин ки номзад ба вакилӣ Н. Маҳмудов бо ситод ва ҷонибдорони худ ташкил ва баргузор мекард, балки ба ҷойи номзад роҳбарият ва дастгоҳи мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва худидора, роҳбарияти мактабҳои миёна ва ғайра ташкил мекардаанд, ки ин бевосита вайрон сохтани қонунгузории амалкунандаи кишвар оид ба интихобот мебошад.
— Яке аз қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ дар он ифода ёфт, ки дар арафаи овоздиҳии такрорӣ дар участкаҳои интихоботӣ аъзоёне, ки мавқеи принсипиалӣ доштанд ва кӯшиш менамуданд, ки қонуниятро таъмин намоянд, ба шахсони дигар иваз карда шуданд.
— Рӯзи интихобот ва овоздиҳии такрорӣ дар назди биноҳои овоздиҳӣ то 20 нафар шахсони масъули зинаҳои мухталифи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияи Конибодом, инчунин роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, раисони маҳаллаҳо истода, ба ҳар интихобкунанда ба Маҳмудов Н. овоз доданро ёдрас менамуданд.
— Тавре таҳлилҳо нишон доданд, шахсони вафоткарда низ раъй додаанд. Дар беморхонаи марказии ноҳия ва бунгоҳҳои деҳот ба таври сунъӣ ва аз меъёр зиёд беморон нишон дода шудаанд, ки гӯё ба ҷонибдории Маҳмудов Н. раъй додаанд.
— Тариқи телевизиони «Анис»-и Конибодом ходимони дин тибқи дастури раиси шаҳр интихобкунандагонро даъват менамуданд, ки ба Маҳмудов Н. раъй диҳанд.
— Ғайр аз ин, боиси таассуф аст, ки баъд аз эълони натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе сокинони шаҳри Конибодом, ки фаъолона дар маъракаи пешазинтихоботӣ бо ман ҳамкорӣ менамуданд, мавриди фишор, таҳдид ва таъқиби мақомоти мухталифи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва роҳбарони алоҳида шудаанд. Раиси шаҳри Конибодом, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом, мудири беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом, раисони баъзе ҷамоати деҳоти ноҳия ва сарварони хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони соҳаи тиб, созмонҳои ҷамъиятӣ ва хизматчиёни давлатии сатҳи маҳаллиро водор карда истодаанд, ки ариза дар хусуси бо хоҳиши худ аз кор озод намуданро нависанд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо ҳама гуна чораҳо андешида мешавад, то ки бо ташаббуси маъмурият новобаста аз шакли моликият ва тобеияти маъмурӣ онҳоро аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод менамоянд. Нисбати баъзе чонибдорони ман дар ҳузури шоҳидон, яъне дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (чойхона) ва пайвандону фарзандонашон таҳқиру ҳақорат ва суханҳои қабеҳро раво дидаанд, ки шаъну шарафи инсонӣ ва обрӯю эътибори шахсии онҳоро паст мезанад.

— Ин ва ҳамаи дигар амалҳои ношоиста ва ғайриқонунии худро раиси шаҳри Конибодом ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон вобаста намуда, ӯро ҳамчун кафили амалҳои худ эълон менамуд.
— Дар робита ба халалдор гардидани ҳуқуқи интихоботии сокинони шаҳри Конибодом гуфтаед, ки ба иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори генералӣ итминон доред. То чӣ андоза онҳо ба ин масъала мутаваҷҷеҳ мешаванд?
— Дар кирдору рафтори роҳбарони зинаҳои мухталифи ҳокимияти маҳаллии вилоят ва шаҳр, аз ҷумла баъзе кормандони масъули ҳукумати вилоят, раис, муовинон ва кормандони масъули ҳукумати шаҳр, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр, беморхонаи марказии ноҳия, баъзе ходимони динӣ ва раисони ҷамоати деҳот, корхонаю хоҷагиҳо аломатҳои ҷинояти вазнин — амалҳои мухолифи асосҳои сохти конститутсионӣ ва моҳияти давлат ҷой доранд. Аммо боиси таассуф аст, ки аз лаҳзаи аввали соҳибихтиёрии Тоҷикистон ягон бор нашудааст, ки раҳбарияти сиёсии давлат хизматчиёни давлатиро маҳз бо ҳамин сабаб ба истеъфо фиристода бошад. Агар ҳамин тавр шавад, дар таҷрибаи давлатдории муосири мо як падидаи нав ба вуҷуд меояд, ки боиси зиёдтар гардидани масъулияти хизматчии давлатӣ ва ташаккули иродаи нави сиёсӣ мешавад. Ман ҳамчун олим ва сиёсатмадор дар бисёр давлатҳои хориҷӣ будам. Камтар мушоҳида кардам, ки дар мамлакати режими сиёсии демократидошта сардори давлаташ кафили маъракаи муҳими сиёсии аҳамияти стратегидошта шаваду дигар хизматчии давлатии аз сардори давлат вобаста кафил будани роҳбарро нодида гирад. Агар ҳамин тавр шавад, хизматчии давлатӣ бояд ё ба истеъфо равад, ё нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад. Дар акси ҳол, эҳтироми шаҳрвандон ба сардори давлат камтар ва заминаи иҷтимоии чунин роҳбар заифтар мегардад. Одатан, тавре ки мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ба чунин амал роҳбароне даст мезананд, ки барои кор кардан дар шароити нав худро мутобиқ карда натавонистаанд ва ҳамин тавр, садоқатмандии худро ба сардори давлат нишон доданӣ мешаванд.
— Умуман, Шумо метавонистед дар интихоботи Маҷлиси намояндагон номзадиятонро пешбарӣ накунед?
— Ман ҳамчун сиёсатмадор ва олими соҳаи ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ ва муқоисаи Қонуни асосӣ ҳақ надоштам, ки дар ин интихобот иштирок накунам. Медонед, олими соҳаи фанни дақиқ кашфиёташро дар иқтисод ё истеҳсолот тадбиқ мекунад. Барои олими соҳаи фанҳои ҷамъиятӣ мушкилтар аст. Дар кишвар шахсони маълумоти олӣ ва унвони илмидоштаи зиёд дорем, вале аксарияти онҳо аз иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат худдорӣ менамоянд. Онҳо ё фурсати муносибро интизор мешаванд, ё бо роҳи тамаллуқ ва воситаҳои дигар мехоҳанд дар ҷомеа мақом пайдо кунанд. Бинобар ин, ҳамчун сиёсатмадори замони нав ва олим новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта ҳаққи маънавии иштирок накарданро дар интихобот надоштам. Дар чунин ҳолат вазифаи ман аз ҷумла дар он буд, ки дар вуҷуди мардум тарсу ҳаросро кам карда, ҷуръати сиёсӣ ва афзалияти арзишҳои демократиро дар ботини онҳо зиёд кунам. Зеро дар шароити феълӣ мардум асосан бо баҳонаи интихобот аз сӯҳбату мулоқотҳои шахсиятҳои дигари сиёсии Тоҷикистон баҳраманд мешаванд. Ба ҳама маълум аст, ки солҳои наздик тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ баҳсҳоро бо иштироки элитаи сиёсӣ интизор шудан имконият надорад.
Ман агар бевосита дар интихобот иштирок намекардам ва дар заминаи шунидаҳоям ва хондаҳоям раванди муносибатҳои сиёсиро танқид мекардам, хуб намешуд. Ба ҳар сурат, ман гумон намекунам, ки ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва дарки шаҳрвандии ман ва дигар номзадҳое, ки дар интихобот бидуни мувофиқа бо мақомоти расмии давлатӣ иштирок кардаанд, аз номзадҳое, ки ҲХДТ-ро дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон муаррифӣ менамуданд, камтар бошад.
— Баъди овоздиҳии такрорӣ худро чи гуна ҳис кардед?
— Чун имонам комил асту иродаи мустаҳкам дорам, то охир рафтам. Ҳамдиёронам борҳо дар Конибодом таъқид мекарданд, ки агар ба ҷойи ман ягон нафари дагар мебуд, аз баланд шудани фишори хун ё сактаи дил мемурд.
Аммо чун дар интихобот дастгирии бевоситаи интихобкунандагони Конибодомро эҳсос менамудам ва дарк кардам, ки мардум моҳияти ҳадафу ормонҳои маро пазируфтаанд, ҷуръати сиёсиям зиёдтар шуд.
Як ҳолатро воқеан ман дарк намудам. Мардуми мо қадри сухан ва самимияти шахсиятро мефаҳманд. Бо ин гуна мардум имконият ва шароити беҳтар кардани зиндагии онҳо вуҷуд дорад. Барои ин фақат иродаи сиёсӣ ва заминаи мусоиди қонунгузорӣ лозим аст.
Мусоҳиб Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: