Главная > Uncategorized > Эҳсоси хатар

Эҳсоси хатар

Ахиран муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону ӯзбекистон ба баҳсҳои расонаӣ табдил шуд. Манъи вагонҳои молу таҷҳизоти соҳибкорони тоҷикистонӣ дар қаламрави ӯзбекистон муддати тӯлонӣ, косаи сабри сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқиловро лабрез намуд. Якбора дар даргоҳи «ҳомии миллатҳо», ки 20 сол боз ба мардуми дар шиканҷа қарордоштаи Афғонистону Фаластин кӯмак кардан мехоҳаду талошаш бенатиҷа анҷом мешавад, дарди дилашро гуфт. Ба ҳар сурат, вақте аз мушкили мардум, дарду ранҷ ва машаққати онҳо дар минбари Созмони милал як мақоми баландпояи расмии Тоҷикистон ҳарф зад, симои давлати мардумиро то андозае ошкор сохт.
Аммо дар ин лаҳзаҳо ба хотир ҳаммиллатони муҳоҷири дар Русия буда меоянд, ки нисфи аҳолии Тоҷикистон бо маблағи онҳо зиндагӣ мегузаронанд ва қисмати зиёди буҷаи давлатро низ пули онҳо ташкил медиҳад. Вале дар баробари марги маҷбуриву куштори фоҷеабори онҳо аз ҷониби тоссарон, мақомоти расмӣ дар чунин минбарҳо садо баланд накарданд, то муҳоҷирон шердил шаванд, ки онон низ пуштибон доранд. Шояд дар ин ҳол «Равшану Ҷамшуд»-ҳо байни хосу ом ном намебароварданд, агар ҳомиён ба ҳимоят бармехостанд. Вале сиёсат дар баробари давлатҳои муайяне қудрати андозае доштааст.
Бо вуҷуди фош гаштани «баҳонасозиҳо»-и ӯзбекистон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, ҳолати дар банд мондани вагонҳои молу таҷҳизот дар кишвари ҳамсояро сафири ӯзбекистон Шоҳқосим Шоҳисломов боз ҳам мушкилоти фаннӣ унвон кард. Илова бар ин, вай бо таъкид бар он, ки аз роҳи оҳани ӯзбекистон қатораҳои кишварҳои аврупоиву амрикоӣ, ки ба Афғонистон бор интиқол медиҳанд, қатораҳои Эрону Тоҷикистон низ мегузаранд ва дар баробари ин, мавсими оғози кишоварзиро дар худи ӯзбекистон ёдовар гашта, дар навбат истодани вагонҳоро мисол овард. Вале мақомоти расмии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки боз навбати вагонҳои тоҷикӣ дар байни дигар қатораҳо дар охир қарор доштааст. Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ ин даъвои ӯзбекистонро, ки гӯё аз аввал сел омада роҳро вайрон карда бошад ва баъдан қатораҳои бешумор дар навбат қарор доранд, беасос хонд.
Вале иддае аз коршиносон мушкили дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани вагонҳои Тоҷикистонро вобаста ба проблемаи байни мақомот оид ба мавҷудияти баъзе нофаҳмиҳо арзёбӣ карданд. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, ки мардуми ин ду кишвар ба ҳам мухолиф нестанд, танҳо ин ҷо мақомоти ҳар ду давлат бар муқобили ҳамдигар қарор доранд.
Вале тазоҳуроти ахири Ҷунбиши экологии ӯзбакистон мардумро низ ба шӯр овард. Аммо дар ҳамин ҳол доираи муайяни коршиносон ҳамкорӣ доштани ин ҷунбиш бо ҳукуматро аз эҳтимол дур намедонанд.
Фишор ба ӯзбекистон имкон дорад?
Аммо баҳси дигар ҳоло сари он меравад, ки ҷониби Тоҷикистон аз чӣ воситае метавонад истифода барад, то дар оянда вагонҳои тоҷирон бо чунин мушкил рӯ ба рӯ нашавад?
Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ гуфтааст, ки дар шароити феълӣ коре кардан ғайриимкон аст, танҳо умедвор будан мумкин аст, ки ӯзбекистон бо риояи ҳуқуқҳои байналмилалӣ вагонҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.
Ҳамчунин як роҳи дигари баромадан аз ин ҳолатро вай сохтани роҳи оҳан тариқи кишвари Афғонистон ба Туркманистон медонад. — Ҳарчанд роҳ хеле тӯлонӣ мегардад, лекин барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бояд созем,- изҳор мекунад ӯ. Аммо ин нақшаи оянда буда, барои сохтани он маблағи зиёд лозим аст.
Аммо ҳадсҳое дар мавриди бастани роҳи об ҳаст, ки шояд ягона фишор алайҳи иқдомоти ӯзбекистон бошад. Вале Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ин гуна иқдом даст намезанад.
Вай гуфтааст, ки Тоҷикистон имкони бастани обро дошта бошад ҳам, шояд ин корро накунад.
— Чун ин гуна тасмимҳо дар фарҳанги мо нест, аз лиҳози фарҳанги сиёсӣ низ ин кор барои мо норавост,- мегӯяд ӯ.
Сайфулло Сафаров роҳҳои ҳалли ҳуқуқиро пешниҳод мекунад, ки бо риояи меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ бояд сурат бигирад.

Экология сиёсӣ мешавад?
Ҷунбиши экологии ӯзбекистон гуфтааст, ки дар Донишгоҳи Тирмизи вилояти Сурхондарёи ӯзбекистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳудуди 1200 нафар тазоҳургарон гирди ҳам омада, алайҳи корхонаи ТАЛКО эътироз кардаанд. Тазоҳургарон фаъолияти ин корхонаро барои муҳити зисту вазъи саломатии сокинони манотиқи наздисарҳадӣ, аз ҷумла Сариосиё, Узун ва Деҳнави Сурхондарё, ки беш аз 580 ҳазор нафар дар ин навоҳӣ умр ба сар мебаранд, зараровар арзёбӣ кардаанд. Ҷунбиши мазкур тазоҳуротро дар 35-умин солгарди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи алюминии Тоҷикистон барпо кардааст. Ба гуфтаи эътирозгарон, ин корхона ба муҳит ва табиати навоҳии ҳаммарзи ӯзбекистон таъсири манфӣ расонида, боиси хурӯҷи бемориҳои мухталиф, бахусус бемориҳои ирсии кӯдакона дар байни сокинони минтақа гаштааст. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар робита ба ин проблема ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиатномаи дастаҷамъӣ нависанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала то ҳол вокунише нишон надодаанд. Аммо баъзе мутахассисони тоҷик бо ишора ба он, ки корхонаи алюминий бо назардошти амнияти муҳити зисти минтақа бунёд шудааст, ин эътирози тазоҳургаронро ба мухолифати Тоҷикистону ӯзбекистон дар мавзӯи обу энергетика рабт медиҳанд.
Бояд гуфт, ки тазоҳуроти мухолифони ширкати ТАЛКО дар Тирмиз яке аз аввалин иқдоми Ҷунбиши экологии ӯзбекистон аст. Ҳамзамон, аз рӯи баъзе маълумотҳо, ин созмон ба доираҳои ҳукумати ӯзбекистон рабт дошта, дар охири соли 2009 ба саҳнаи сиёсӣ ворид гаштааст ва намояндагони он дар Парлумон якбора 15 курсиро соҳиб шудаанд.
Ҳангоми оғози бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ӯзбекистон хостори ворид кардани вакилон — экологҳо ба Парлумони Тоҷикистон шуда буд, то аз болои кори сохтмони НБО-и «Роғун» назорат баранд. Ба андешаи таҳлилгарон бо эҳтимолияти зиёд Ҷунбиши экологиву вакилони назоратчии ӯзбекистон шояд «ду тифли як модар» бошанд. Чун дар лаҳзаҳои аввали кушодани чеҳра бо ҳукумати худ ҳамқадам бар зидди он самти фаъолияти Тоҷикистон ҳастанд, ки ӯзбекистон низ мухолифи бунёд ва фаъолияти онҳост. ӯзбекистон бунёди «Роғун»-ро намехост, шояд ба унвони вакилони назоратчӣ бо ҳадафҳои махсус вориди Тоҷикистон шуданиянд. Чанде пеш расонаҳои ҳукуматии ӯзбекистон ба ширкати ТАЛКО ҳуҷум карда буданд, ки ин тазоҳуроти Ҷунбиши экологҳо эҳтимол идомаи мухолифати ӯзбекистон бошад,- ҳадс мезананд таҳлилгарон.
Вале боиси тааҷҷуб аст, ки ин қадар молу таҷҳизоти тоҷирони тоҷик муддати тӯлонӣ дар роҳи оҳани ҳамсоякишвар банд монда, қисмате аз кор баромадаанд, ё сифати аслии худро гум кардаанду касе аз ҷониби Тоҷикистон ба ин гуна дастаҷамъие, ки Ҷунбиши экологӣ тазоҳур кардааст, эътироз намекунад. Тӯли солҳои сипаришуда мардуми тоҷик тамоми шиканҷаву озорро аз ҷониби ӯзбекистон таҳаммул кард. Минаи дар марз гузоштаи ӯзбекистон садҳо нафарро нобуд сохту садҳои дигарро маҷрӯҳ кард. Фарзандони кушташудагон ятиму бепарастор монданд. Дар зимистони сард ҳамсоякишвар мардумро аз барқ маҳрум кард, тоқат карданд, тазоҳурот ба миён наомад. Вале барои як корхонаи алюминии начандон наздик ба минтақаҳои аҳолинишин мардуми ӯзбекистон тазоҳурот шурӯъ карданд. Тоқати «тоҷикона»-ро на ҳар кас дорад ва шояд тоб оварда ҳам натавонад. Ба ҳар ҳол, хотиррасон кардан шояд зарур аст, ки ҳамсояҳо мақоли «санги вазнинро об намебарад»-и тоҷикиро фаромӯш накунанд.

Ҷоизаи Президент ва сиёсати об
Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар чаҳорчӯбаи боздиди панҷрӯзааш дар шаҳри Ню-Йорк ба қароргоҳи Созмони милали муттаҳид рафта, дар муколамаи сатҳи олии Маҷмаи умумии СММ бо номи «Маблағгузорӣ барои рушд» ширкат ва суханронӣ кард.
Сарвазири Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон оид ба захираи обу энергетикии кишвар, ки беш аз 527 миллиард киловатро ташкил медиҳад, маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, аз ин захираи бузург Тоҷикистон танҳо 5 дар садашро истифода мебарад. Дар обанбори «Роғун» 13 миллиард метри мукааб об ғунҷоиш меёфтааст. Вале раванди ҷамъшавии оби обанбор тӯли чандсолаҳо давом хоҳад ёфт. Сарвазир пешниҳод кард, ки агар бо роҳи маданӣ ҳамкорӣ сурат гирад, мушкилоти обро метавон ба нафъи мардуми Осиёи Миёна ҳал кард.
Баъди мулоқот бо роҳбари СММ Пан Ги Мун дар қароргоҳи ин созмон расми супоридани ҷоизаи «Расидан ба ҳадафҳои ҳазорсолаи СММ» сурат гирифт. Имсол ҷоизаи мазкур ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд. Ҷоизаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гирифт.
Вале иддае аз коршиносон тақдими ҷоизаро марбут ба масъалаи об медонанд, ки бо назардошти дар саргаҳи об қарор доштани Тоҷикистон давлатҳову созмонҳои бонуфуз мехоҳанд таваҷҷӯҳи роҳбарияти Тоҷикистонро ба худ бештар ҷалб кунанд.
Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки ин як сиёсати пасипардагии давлатҳои абарқудрат аст, ки талош мекунанд байни ин ду кишвар нофаҳмиҳо ба вуҷуд ояд ва онҳо аз ин вазъият сӯйистифода кунанд. ӯ мегӯяд, ки ҳамаи ин талоши абарқудратҳо дар масъалаи об аст. Чун дар 10-15 соли ахир мавзӯи оби тоза як проблемаи ҷаҳонӣ мешавад, аз ин хотир Бонки ҷаҳониву дигар созмону давлатҳо кӯшиш мекунанд таваҷҷӯҳи роҳбарияти Тоҷикистонро ба сӯи худ ҷалб кунанд.
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба истилоҳ «муҳосираи иқтисодӣ»-и аз ҷониби ӯзбекистон суратгирифта як навъ эътирози сиёсиест алайҳи иқдомоти Тоҷикистон барои сохтани «Роғун».
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ки ин як навъ фишори сиёсист, ки бо роҳи фишори иқтисодӣ сурат гирифтааст. Сабаби асосӣ сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст. Зеро ба андешаи ин коршинос ахиран суханрониҳои намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд нисбатан ба манфиати Тоҷикистон буд, ки боиси норозигии ӯзбекистон гардиду бо истифода аз усулҳои гуногун мехоҳад фишор орад.
Аммо дар ҳамин ҳол Георгий Петров, мудири лабараторияи нерӯи барқи Пажӯҳишгоҳи нерӯи барқи Тоҷикистон дар масъалаи мувофиқ будани Бонки ҷаҳонӣ ба бунёди «Роғун»-ро дар сӯҳбати аввала хушбинӣ арзёбӣ кардааст. Вай мегӯяд: «Ҳоло мо хеле хушбин ҳастем, ки Бонки ҷаҳонӣ бо мост. Вале бозрасии фаннӣ ин худи сохтмони «Роғун» нест. Пайвастани Бонки ҷаҳонӣ ба ин бозрасӣ қадами дипломатие буд. Ман мутмаинам, ки пас аз як ё ду соли бозрасӣ бонки мазкур эълом медорад, ки то замоне кишварҳо байни худ мувофиқа накунанд, коре анҷом дода намешавад.
Ба ҳар ҳол, маълум мешавад, чанд ҷонибдории ахири созмонҳои хориҷиву дигар давлатҳо аз сиёсати Тоҷикистон ва изҳори кӯмак намудан ба кишвари мо водор намуда, ки ҷониби ӯзбекистон эҳсоси хатар кунад.

Нуруллоҳи АҲМАД, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: