Главная > Uncategorized > Ҳ. САЙФУЛЛОҲЗОДА: «Миралиевро сазовори раисии Маҷлиси Миллӣ донистан иштибоҳ аст»

Ҳ. САЙФУЛЛОҲЗОДА: «Миралиевро сазовори раисии Маҷлиси Миллӣ донистан иштибоҳ аст»

Ҳафтаи гузашта интихоботи Маҷлиси Миллӣ баргузор гардид. Рӯзҳои наздик нахустин иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ даъват мешавад ва яке аз мавзӯъҳои асосии он интихоби раиси нави Маҷлиси Миллӣ хоҳад буд. Аммо суол ин аст, ки ба раисии Маҷлис Миллӣ ин бор кӣ меояд? Барои дарёфти посух ба ин ва дигар суолҳо бо таҳлилгари масоили сиёсии маркази таҳлилии «Диалог» Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода сӯҳбат анҷом додем.
-Ҷаноби Сайфуллоҳзода, мешавад тахмин зад, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар вазифа боқӣ хоҳад монд ва шахси нав хоҳад омад?
— Баргузида шудани нафари дуввуми низоми давлатдории кишвар дар шароити феълӣ дигар чандон муҳим ва ҷиддӣ ба назар намерасад, чун таҷрибаи даҳ соли ахир ба ин масъала ҷавоб додааст. Агар сухан атрофи шахсияти Маҳмадсаид Убайдуллоев равад, бале, ӯ дар мақоми раиси Маҷлиси Милӣ обрӯ ва нуфузи вижае дошт. Дар умум, ҷомеа ба ин фикр буд, ки ҷойнишини ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон танҳо ва танҳо вай буда метавонад. Маҳз аз ҳамин нигоҳ, нафари дуввум будан дар низоми давлатдории Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷонибҳои мухталифро ба худ ҷалб мекард. Аммо бо мурури вақт доираҳои манфиатхоҳ тавонистанд ҷойгоҳи шахсияти М. Убайдуллоевро дар низоми давлатдорӣ хело пойин баранд. Дар ин авохир ҳатто афкори парокандаеро низ миёни мардум ба вуҷуд оварданд, ки номзадии мири шаҳри Душанбе ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод намешавад. Аммо раванди омодагириҳо ба интихоботи Маҷлиси Миллӣ нишон дод, ки ҳанӯз ҳам нуфузи М. Убайдуллоев дар маҳдудаи хоси низоми давлатдории Тоҷикистон ҷой доштааст. Агар ба тарзи дигар гӯем, худи шахсияти Убайдуллоев онро нигоҳ дошта тавонистааст. Ба матбубот кашидани масъалаи номзадии ӯ аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллии шаҳри Душанбе шаҳодати ҳамин гуфтаҳост. Пас, банда ба ин назарам, ки дар марҳилаи феълӣ эшон раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб мегарданд ва ҳадди ақал бояд 2-3 сол ин симматро ба дӯш дошта бошанд, то нафари сазовори ҷойгузини дигареро пайдо намоянд.

Аввал андеша, баъд амал…
— Фарзияҳое низ ҳаст, ки Душанбеи расмӣ ба ҳошияи саҳнаи сиёсӣ равон кардани Убайдуллоев омода нест, зеро оқибати он боиси эҷоди танишҳои минтақавӣ мегардад…
— Бале, агар чунин як тасмим сурат бигирад, яъне масъалаи барканор кардани Убайдуллоев ба воқеият табдил ёбад, ин на танҳо шахсияти ӯро дар мухолифат бо Эмомалӣ Раҳмон қарор медиҳад, балки масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи қишрҳои муайяни навоҳии атрофи Кӯлобро ҳам ба худ ҷалб месозад. Имрӯз баҳс ва андешаҳои зиёде дар қисматҳои ин қаламрав вуҷуд дорад. Гумон мекунам, минтақаи Кангурту Данғара дар ҳошияи ин қаламрав қарор хоҳанд гирифт.
— То солҳои наздик Убайдуллоев ҳарчанд шахси аввал муаррифӣ намешуд, вале дуввум ҳам ёд намешуд. Солҳои охир ҳадс зада мешуд, ки нуфузи ӯ коҳиш ёфттаст, вале ҳоло маълум аст, ки нуфузаш побароҷост…
— Дар ин маврид ишораҳо кардам ва ҳоло ҳаминро илова карданиям, ки ин гуна ҳарфҳо чандон ба воқеият мувофиқ нестанд. Бубинед, дар марҳалаи аввали фаъолияти Маҷлиси Миллӣ, баргузор гаштани ҷаласаҳои муштараки ду палатаи парлумонӣ, бахусус дар давраҳои ба истироҳат рафтан ё сафарҳои хориҷии чандрӯзаи Президенти кишвар, ҷойгоҳи М. Убайдуллоев ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ хеле рӯшан эҳсос мешуд. Эшон вақте ҳамчун нафари дуввуми кишвар мақомоти мухталифи давлатро ба ҷаласаҳои назди хеш даъват ва амру дастур ихтихос мекард, дар ниҳодҳои ҳукумат таъсири ҷиддӣ дошт. Ин ҳама аз шахсияти худи М. Убайдуллоев вобастагӣ дошт. Алабатта, чунин як раванди коҳиш ёфтани нуфузи эшон танҳо дар нисбати шахсияти вай нест, балки дар нисбати дигарон ҳам, ки худро ба истилоҳ «шахсият» медонистанд, сурат гирифтааст. Пас, посухи суол ин аст, ки ҳар он нафаре ки фикри ошкоро ҷойгузин будани хешро дар муқобили роҳбарияти феълӣ дар сар дорад, бояд аз ин афкор даст бикашад ва ё канор равад. Чунки баргузида шудани нафари дуввум ин дар иродаи доираи алоҳидаи давлатмардони кишвар қарор дорад.
— Назари дигаре ҳам буд, ки Амиршо Миралиев ба симати раиси Маҷлиси Миллӣ баргузида мешавад. Вале бо таъин шудани ӯ ба муовинатии Маҷлиси Намояндагон маълум, ки тасмимҳо тағйир ёфтанд…
— Аз назари банда, чунин як таҳлил, ки гӯё Амиршо Миралиев ба симмати раиси Маҷлиси Милӣ пазируфта мешавад, чандон дуруст нест. Эҳтимол ин гуна таҳлилгарон замоне ба ин фикр омаданд, ки муносибат миёни М. Убайдуллоев ва А. Миралиев рӯшантар гардид. Вале, банда қаблан ҳам ба ин назар будам, ки А. Миралиевро сазовори раисии Маҷлиси Миллӣ донистан иштибоҳ аст. Имрӯз ки эшон ба муовинатии Маҷлиси Намояндагон интиқол ёфтаанд, ба ин маъност, ки ӯ дигар дар тасмимгириҳои алоҳида таъсире нахоҳад дошт. Ва агар ошкортар гӯем, фиристодани он кас ба Маҷлиси Намояндагон зоҳиран метавонад контроли раиси парлумон бошад.

Чаро ҳадафҳо барбод рафтанд?

— Яке аз ҳадафҳои аслии таъсиси Маҷлиси Миллӣ интиқоли қудрат ба ҷониби дигар будааст. Вале дар чанд соли охир сарусадо атрофи ин ҳадафҳо баланд намешуд. Воқеӣ будани ин ҳадафҳо то куҷо воқеият дорад?
— Албатта дар марҳалаи аввали таъсиси Маҷлиси Миллӣ ин ҳарфҳо усулан ҷой доштанд. Гузашта аз ин, дар раванди тағйироти Конститутсионии соли 1999 ва талошҳои хоси доираҳои бозингар ба хубӣ эҳсос мешуд. Аммо ин ҷо паҳлӯи дигари масъала, яъне таъсиси парлумони касбии дупалатагӣ ва ҷузъиёти онро низ бояд рӯшан кард. Таъсиси парлумони касбӣ фикри раҳбарияти ИНОТ буд ва ҷониби Ҳукумати ҶТ дар раванди музокирот инро доимо рад мекард. Вале оқибат мувофиқа ҳосил шуд ва ин масъала яке аз шартҳо дар Созишномаи сулҳ ворид гардид. Дар Комиссияи Оштии Миллӣ ҳангоми баррасии ҷузъиёти парлумони касбӣ, чигунагии номгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои он, масъалаи дар ду палата фаъолият доштани парлумон мавриди баҳси шадид ва тӯлонӣ қарор гирифт. Мухолифин ҳарду палатаи парлумониро касбӣ медиданд ва дар палатаи болоии он ҳам, ки бояд номи Маҷлиси Намояндагонро медошт, интихоби мустақими намояндагии манотиқи кишвар сурат мегирифт. Ҷониби ҳукумат тарафдори парлумони дупалатагӣ набуд, аммо баъдан яку якбора дар мавриди таъсиси палатаи болоӣ фикри хешро дигар карда, Маҷлиси Олиро ба тарзи нав дидан хост. Яъне, Маҷлиси Миллӣ — палатаи болоӣ ва Маҷлиси Намояндагон — палатаи поёнӣ, он ҳам касбӣ. Тавре ба мушоҳида мерасад, онҳо фикри таъсиси Маҷлиси Миллиро усулан тағйир доданд. Дар он марҳала таври маълум, ислоҳи Конститутсия ногузир буд ва интихоботи президентӣ низ дар пеш меистод. Ин ду масъала ба ҳам печида гаштанд ва масъалаи муайян кардани нафари дуввуми конститутсионӣ ҳам пеш омад. Ба ин хотир, таҳлилгарон бояд ҳарду масъаларо дар контексти якдигар баррасӣ намоянд. Яъне, пайдо шудани талаботи конститутсионии интихоботи 7-солаи якмаротибаи президентӣ ва нафари дуввум будани раиси Маҷлиси Миллиро.
— Оё барои Тоҷикистон — як кишвари дастнигари иқтисодӣ мавҷудияти Маҷлиси Миллӣ зарур аст? Ҳатто то ҷойе маълум аст, узви Маҷлиси Миллӣ маош ҳам мегирад. Кам ҳам бошад. Вале узви Маҷлиси Миллӣ мансаби дигар низ дораду аз онҷо ҳам маош мегирад?
— Матраҳ кардани ҳама гуна масоилро танҳо аз нигоҳи молӣ ҷоиз намебинам, вале мавҷудияти палатаи болоии парлумон, яъне Маҷлиси Миллиро ба тарзи имрӯзаш низ дигар нолозим медонам. Таҷрибаи даҳ соли фаъолияти ин ниҳоди қонунгузор ҷуз бесалоҳиятӣ чизи дигаре аз худ нишон надод. Чаро? Чунки танҳо мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳастанд, ки ба истилоҳ узвияти Маҷлиси Миллиро касб мекунанд. Аз ин хотир, номи Маҷлиси Милӣ ҳам дигар мувофиқи матлаб нест. Агар раисони ҳукуматҳое аз навоҳии мухталиф гӯё интихоб ё ба истилоҳ шахсиятҳое аз ҷониби сарвари давлат таъин мешаванд, намояндагии манотиқеро касб карда наметавонанд. Хуб мебуд, агар бармегаштем ба ғояи аслии талаботи Созишномаи сулҳ дар мавриди таъсиси парлумони касбӣ, илло Маҷлиси Миллӣ дигар нолозим аст. Танҳо масъала он мемонад, ки дар низоми конститутсионӣ чӣ тағйироте ворид мегардад ва оё нафари дуввум будан лозим аст ё хайр?

Танҳо узви ҲХДТ узви ММ мешавад. ЧАРО?

— Чаро бояд ҳатман раисони шаҳру вилоятҳо ва намоядагони ҲХДТ узви Маҷлиси Миллӣ гарданд? Оё барои намояндагони аҳзоби дигар ва ғайриҳизбӣ заминаҳои ҳуқуқӣ иҷоза намедиҳанд?
— Масъалаи интихоб шудани раисони вилоят ва навоҳӣ ё намояндагони ҲХДТ ба Маҷлиси Миллӣ ҳеҷ ҷойи пӯшида надорад. Биёед баргардем ба интихоботи Маҷлиси Намояндагон, бахусус интихоботҳои маҷлисҳои маҳаллӣ, ки онҳо чӣ гуна ва бо ширкати чӣ афроде доир мегарданд, ҳадди ақал интихоботи маҳаллии имсола. Қонуншиканӣ ва таҳқири намояндагони ҲНИТ дар интихоботҳои маҷлисҳои маҳаллӣ ҳисоб надошт. Тамоми чораҳо дида шуд, то онҳо вориди маҷлисҳои маҳаллӣ нашаванд. Агар дар ҷое ин номумкин мегардид, даст мезаданд ба бекор кардани натиҷаи интихобот. Ба ҳар ҳол, ҲНИТ дар умум 42 нафарро ба маҷлисҳои маҳалии навоҳии кишвар ворид карда тавонист.
Дар қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ омадааст, ки узви Маҷлиси Миллӣ дар маҷлисҳои якҷояи маҷлисҳои маҳалии вилоятҳо, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба таври ғайримустақим интихоб мегарданд. Акнун пурсида мешавад, ки кадом вакилоне маҷлиси маҳалии хешро дар ҷаласаҳои якҷояи маҷлисҳои маҳаллӣ намояндагӣ мекунанд? Албатта, намояндагони ҲХДТ, ки дар воқеъ «мардумӣ» будани хешро нишон дода тавонистанд. 2 ё 3 намояндаи ҲНИТ дар шумори 40-50 нафари вакили маҷлис, он ҳам дар баъзе навоҳӣ маълум аст, ки намояндагии маҷлиси маҳаллиро ба даст оварда наметавонанд ва дар интихоботи ғайримустақими аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳам ширкат надоранд. Дигар ин ҷо чӣ мушкиле боқӣ намемонад дар интихоби нафарони «баргузида»? Ҳеҷ!
— Аз тарафи мардум интихоб нашудани Маҷлиси Миллӣ поймол кардани ҳуқуқи мардум нест? Чун бо раъйи мардум Маҷлиси Миллӣ таъсис ёфт ва гуфта шуда буд, ки «ин барои як давраи гузариш». Ва дигар ин ки, чаро Маҷлиси Миллӣ натавонистааст нақши муассир гузорад. Ҳатто дар ҷомеа фаъолияти Маҷлиси Миллӣ норӯшан аст.
— Мехоҳам қайд намоям, ки дар мавриди зарурати таъсиси Маҷлиси Миллӣ дар боло ишораҳои ошкоре доштам. Албатта, тарзи интихоби Маҷлиси Миллӣ дар асоси қонунгузории кишвар сурат мегирад ва онро набояд поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон донист. Он ки Маҷлиси Миллӣ дар асоси раъйи мардум таъсис ёфтааст, масъалаи дигар аст. Вале «барои як давраи гузариш» гуфтани он чандон фикри саҳеҳ нест. Вақте мо баъзе паҳлӯҳои масъаларо дар мавриди ҷойгузини Эмомалӣ Раҳмон шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев ишора кардем, маънои давраи гузаришро надорад. Агар ин давраро «давраи интиқоли қудрат» номгузорӣ кунем, дурусттар мебуд.
Нақши муассир гузошта натавонистани Маҷлиси Миллӣ дар низоми қонунгузорӣ ва ё низоми давлатдорӣ баҳси зиёдеро талаб мекунад ва дар чаҳорчӯби як мусоҳиба атрофи он мубодилаи афкор кардан имконнопазир аст. Ҳамон ишораҳои ғайримустақим интихоб шудан ва ҳузури намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ба ҳайси узви Маҷлиси Миллӣ кифоя аст, ки бигӯем: Маҷлиси миллӣ нақши хосе дар низоми давлатдорӣ дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҷомеа ниёз ба як таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дорад.

Ҳарамгули ҚОДИР, махсус барои «Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: