Главная > Uncategorized > Роҳ пулакӣ шуд! Ҳаво фаромӯӯӯӯӯӯӯш…

Роҳ пулакӣ шуд! Ҳаво фаромӯӯӯӯӯӯӯш…

Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон — Чанак аз 1-уми апрел ба ин сӯ расман пулакӣ эълон шуд. Дар Тоҷикистон пулакӣ шудани роҳ маротибаи аввал аст ва он ҳам дар роҳе, ки қисмати шимоли Тоҷикистонро бо ҷануби он мепайвандад, сурат гирифт. Пулакӣ шудани роҳ дар ҳолест, ки он аз аввал вуҷуд дошт ва танҳо ширкати чинӣ онро аз нав таъмир кард. Азнавсозии роҳи Душанбе — Чанак, ки 410 километр аст, ба ӯҳдаи ширкати чинии «Чайна роуд» гузошта шуда буд, ки арзиши умумии лоиҳа 295,9 миллион долларро ташкил медод. Аз он 281,1 млн. доллар маблағи Бонки содироту воридоти Чин буда, ҳиссаи Тоҷикистон ба 14,8 млн. доллар баробар аст.

Чор намуди пардохт

Маросими пулакӣ шудани роҳ рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар пости Чорбоғ, даромадгоҳи Душанбе аз самти ноҳияи Варзоб бо иштироки вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев ва намояндаи ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» Ричард Кук баргузор гашт. Ширкати мазкур масъули ҷамъоварандаи маблағи шоҳроҳи Душанбе — Чанак ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи пулакӣ кардани роҳ бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон бо далели ширкати афшорӣ ё марбут ба каси номаълум будани он, дар вогузоштани роҳ ба ихтиёри «Инновейтив роуд солюшенз» мухолифат доштанд. Вале бо вуҷуди мухолифатҳо қонун қабул гардид, ки мувофиқи он дар навбати аввал пулакӣ гаштани роҳи Душанбе — Чанак ба масофаи 350 километр ба нақша гирифта шудааст. Дар тӯли ин роҳ 7 посгоҳи пулчинӣ таъсис дода шудааст, ки дар Варзоб, Ҳушёрӣ, Истиқлол, Шаҳристон, Истаравшан, Хуҷанд ва Ворух ҷойгиранд.
Дар нархномаи ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» чор намуди пардохт зикр гаштааст. Якум, мошинҳои сабукрав, мошинҳое, ки то ду тонна бор мебаранд ё то 19 мусофир мекашанд, 30 дирам барои як километр маблағ пардохт мекунанд. Дуввум, мошинҳои аз 2 то 7 тонна борбардоранда ва автобусҳое, ки аз 20 то 39 ҷой доранд, 60 дирам барои як км. Саввум, мошинҳои аз 7 то 14 тонна ва автобусҳое, ки беш аз 40 ҷой доранд, 1,5 сомонӣ. Чорум, камазҳо ва мошинҳои борбардоре, ки аз 14 тонна бештар бор мекашанд, 1,88 сомонӣ барои ҳар километр маблағ месупоранд. Истифода аз ин роҳ танҳо барои нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул аст.

Нозирон ва дидбонгоҳҳо

Бархе аз коршиносон вазъияти имрӯзаи роҳ ва азобу машаққати ронандаҳоро ёдовар гашта, аз пулакӣ шудани роҳи мазкур изҳори нигаронӣ мекунанд. Ахиран дар расонаҳои хабарӣ вобаста ба пулакӣ шудани роҳ нигарониҳои зиёде аз ҷониби шаҳрвандон иброз дошта шуд. Иддае даъво мекарданд, ки ин роҳ аллакай пулакист, танҳо қимати он афзоиш ёфтааст. Зеро нақби «Истиқлол» то кунун пурра тармим нашудаасту аз вазъияти муносиб истифода бурда, бархе аз нозирон бар ивази гирифтани маблағи муайян ронандагонро барои гузаштан тавассути тунели мазкур иҷоза медиҳанд. Масалан, сокини шаҳри Душанбе, Бобораҳим Шарипов нақл мекунад, ки ҳангоми баргаштан аз самти Шаҳристон дар дидбонгоҳи Анзоб нозирон беш аз 200 мошинро то бегоҳ нигоҳ доштаанд, ки дар байни мусофирон кӯдакону занони бемор низ интизорӣ мекашиданд. Вай мегӯяд, ки оё виҷдону инсоф ҳаст, ки рӯзона мошинҳоро бозмедоранду шабона баъди ситонидани пул ронандаҳоро ҷавоб медиҳанд?!
Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки бо таъсиси якчанд посгоҳи ҷамъоварии пул шумораи дидбонгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ шояд кам карда шавад. Вале ба андешаи таҳлилгари иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён, таъсиси нуқтаҳои пулситонӣ ба дидбонгоҳҳои БДА рабте надорад. Зеро ҳар яке аз онҳо кори худро анҷом медиҳанд.
Аммо дар ҳамин ҳол ба иттилои баъзе ронандагон, пости Чорбоғи даромадигоҳи Душанбе бардошта шудааст.
Ронандаи мусофиркаш, Диловар Шоимов мегӯяд, ҳукумати Шӯравӣ буд, ки ғами мардумро мехӯрду ин роҳ аз он замон мерос мондааст. Акнун, ки роҳи тайёрро аз нав таъмир карданд, он пулакӣ шуд. Одамон мегӯянд, ки дар оянда ҳаво ҳам пулакӣ мешавад, лекин аллакай аз ронанда барои вайрон кардани атмосфера баъзан маблағ талаб мекунанд. Яъне, ҳаво ҳам пулакӣ шудааст гӯем, хато намекунем.

Тасмими ғайричашмдошт

Ба иттилои расонаҳо, аз оғози тармиму азнавсозии роҳи Душанбе — Чанак механизми баргардонидани маблағи қарз ба таври расмӣ ба мардум фаҳмонида нашудааст. Аз ин рӯ, пулакӣ шудани роҳ ғайричашмдошти мардум сурат гирифт. Номи ширкати маблағситон, ки «Инновейтив роуд солюшенз» аст, низ ба нав ифшо гардидааст. Дар доираҳои муайян ширкати мазкурро афшорӣ ҳам ном мебаранд. Вале бо вуҷуди ҷустуҷӯ аз сайтҳои интернетӣ, дар бораи кай таъсис ёфтани ширкату ба кӣ тааллуқ доштани он маълумот пайдо нашуд. Танҳо дар бораи ширкати бритониёӣ буданаш ва ба таври толлингӣ фаъолият карданаш аз баъзе сомонаҳо маълумот ёфтан мумкин аст. Вале ба гуфтаи коршиносон, ин ширкат дар саҳмгузорӣ барои тармими роҳи Душанбе -Чанак ё дигар роҳҳои Тоҷикистон нақше надорад.
Аммо дар ҳамин ҳол вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» пештар низ дар Тоҷикистон кор мекард ва тариқи музоядаи байналмилалӣ барои роҳандозии системаи роҳи пулакӣ интихоб гаштааст. Вале аз фаъолияти ин ширкат ва ғолиби музояда гаштани он дар Тоҷикистон расонаҳо дар гузашта хабар надодаанд.

Роҳи Данғара пулакӣ мешавад?

Дар ҳолате, ки роҳи Душанбе — Чанак бо пули қарз аз нав таъмир мегардад ва аллакай ҳаракати нақлиёт дар он бо пардохти маблағ сурат мегирад, суоле пайдо мешавад, ки оё роҳи азнавсохтаи Данғара ва Хоруғ, ки он низ бо пули қарз тармим карда шудааст, пулакӣ мешавад ё не?
Ба андешаи бархе аз коршиносон роҳи Душанбе — Чанак даромади калон меорад, аз ин хотир мақомоти давлатӣ пулакӣ кардани онро ба нақша гирифтаанд. Зеро ҳаракати ниҳоят зиёди нақлиёт асосан тавассути шоҳроҳи мазкур сурат мегирад. Дар роҳи Хоруғу Данғара ҳаракати нақлиёт ва кашонидани бору таҷҳизот чандон бисёр нест. Ба ин далел, таваҷҷӯҳи масъулин ба шоҳроҳи Душанбе — Чанак бештар аст.
Дар ҳамин ҳол вазири нақлиёт Олим Бобоев мегӯяд, ки пулакӣ кардани роҳҳои Данғараву Хоруғ ба даромади роҳи Душанбе — Чанак вобаста аст. Агар даромади хуб диҳад, оянда ин роҳҳо низ пулакӣ мешаванд.
Ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» масъули ҷамъоварии пул дар шоҳроҳи Душанде — Чанак аст, вале то кай даромад аз роҳро ба ихтиёр дорад? Оё ба таври ҳамеша аз даромади ин роҳ бархӯрдор хоҳад буд? Ба андешаи таҳлилгарон, дар давоми якчанд сол маблағи қарзе, ки Чин додааст, баргардонда хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев, ин ширкат дар давоми 30 сол аз даромади роҳ истифода хоҳад кард.

Нархҳо афзоиш меёбанд

Ба иддаои бархе аз коршиносон, барои мардуми Тоҷикистон, ки дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ фақиртарин маҳсуб мешаванд, ин тасмим ғайричашмдошт будааст. Лекин мақомоти давлатӣ онро баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ бамаврид арзёбӣ кардаанд. Ба таври мисол, масъулини идораи антимонополӣ пулакӣ шудани роҳро барои фароҳам овардани шароити мусоид дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ маънидод кардаанд. Ба андешаи масъулин, то 400 ҷойи нави корӣ пайдо гашта, кашонидани бор тавассути роҳи мумфарш осон мешавад. Таҳлилгари иқтисодӣ, Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки пулакӣ шудани роҳҳо баръакс ба афзоиши нархи маҳсулот ва дигар хизматрасониҳо оварда мерасонад.
Ба таври мисол, агар КАМАЗ аз Хуҷанд ба Душанбе бор орад, ба ҳисоби миёна роҳ 200 км бошад, бо пардохти 1,5 сомонӣ барои ҳар як километр дар умум 300 сомонӣ харҷи изофӣ дорад. Баҳри он ки аз бори овардааш фоида гирад, маҳсулотро қиматтар мефурӯшад.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал — демократ мегӯяд, ки дар таҷрибаи кишварҳои дигар агар роҳ пулакӣ бошад, роҳи дигар ё алтернативие низ ҳаст, ки ронанда метавонад ба таври ихтиёрӣ аз онҳо истифода кунад. Вале дар Тоҷикистон ин ҷиҳатро ба инобат нагирифта, кӯшиш карда истодаанд, ки оҳиста-оҳиста роҳҳоро пулакӣ кунанд. ӯ мегӯяд: «Агар мо роҳҳоро пулакӣ кунем, пас ронанда арзиши хизматрасонияшро аз ҳисоби мусофир боло мебарад, ки ин боиси боз ҳам паст гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад».
Аммо бо афзоиш ёфтани қимати маҳсулот, табиист, ки маоши шаҳрвандон баланд намешавад.
Зимнан ҳаракат дар ин роҳ бо далели нотамом будани корҳо дар нақби «Истиқлол» ва тармафароии зиёд бо душворӣ имконпазир аст. Бо вуҷуди сохтани гузаргоҳҳо бар асари лағжиши тарма даҳҳо тан дар ин роҳ ба ҳалокат расидаанд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Хонанда
    15 апреля, 2010 в 10:42 дп

    Вокеан by нашрия хонданибоб аст. Ба хамаи Шумо кормандони by нашрия бурдбори таманно дорам.
    Бо ин хама чуръат манмани намекунед. Ахсант!

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий