Главная > Uncategorized > Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Эшони Шарифхоҷа

Эшони Шарифхоҷа

Дар ноҳияи Файзобод чанд рӯз ба омӯзиши масъалае машғул будем. Касе намедонист, ки аз куҷоему ба кадом кор машғулем. Ҳангоми дар он ҷо буданамон диққати моро корвони мошинҳо ба худ кашид. Аз чанд нафар суол кардем, ки ин мошинҳо ба куҷо мераванд? Посух доданд, ки «назди эшон». Ҳисси таваҷҷӯҳамон боло гирифту ба пурсиш машғул шудем. Маълум гардид, ки дар деҳаи Ҳаймаҳмадӣ эшоне будаанду назди он кас корафтодагон аз гӯшаю канор меомадаанд. Мо ҳам ба мошине нишаста, ба назди хонаи эшон омадем. Нафарони зиёде меистоданд. Ба сӯҳбати онҳо гӯш медодему маълум гардид, ки аксар нафарони кӯдак надошта ба ин ҷо муроҷиат мекардаанд. Дар дасти баъзе занони дар навбат истода кӯдакони навзод буданд. Наздики як соат мушоҳида намудем, бо одамон сӯҳбат кардем. Нафаре аз сокинони деҳа моро шинохту ба наздамон омад. Маълум гардид, ки одамон назди эшони Яҳё меомаданд. Ин эшон писари чаҳоруми эшони Шарифхоҷа будаанд. Эшони Шарифхоҷа яке аз маъруфтарин олимони соҳаи тариқат будаанд. Писарони дигарашон Ҳоҷӣ Абдулазиз бо роҳнамоии падар мазореро обод намуда, дар роҳи тариқат шуғл меварзад, Абдуҳалим ба касби деҳқонӣ машғул аст, Носҳиддин — қории Қуръон, Абдуқодир дар Туркия таҳсил дорад, Абдусиддиқ дар мактаби миёна мехонад, Фирдавсӣ дар тарбия аст. Эшони Шарифхоҷа барои идома додани амали хеш ба писарашон эшони Яҳё фотиҳа додаанд.
Хеле зиёд интизорӣ кашидем. Одамони дар навбат буда ҳис карданд, ки рӯзноманигор ҳастем, иҷозати бенавбат назди эшони Яҳё даромадан доданд. Сӯҳбати мо пас аз одоби муошират якбора оғоз ёфт.
— Падари мо, эшонбобо ҳазрати марҳум, ҳазрати эшони Шарифхоҷа алайҳирраҳмаҳ, Худо раҳмату махфираташон кунад, аз ҳамон хурдсолиашон дар назди пирашон, бобоямон ҳазрати бузургвор шайх Абдураҳими Давлат, ки бо лақаби «Бузургвор» машҳур аст, таълим гирифтаанд. Қишлоқи Элокҳо ҳозир марқадашон аст. Зодаи Хоҷа Ёқубанд. Он ҳазрат макони таваллудашон ҳамон ҷо будааст. Он кас дар Бухоро хондаанд, қариб 40 сол таҳсил карда омадаанд. Ҳам олими шариат ҳастанду ҳам тариқат. Дар илми тариқат ҳам бисёр бузургвори калонанд. Ҳазрати қиблагоҳи мо аз ҳамон кас таълим гирифтаанд. Аз 8-солагияшон то даргузаштан ҳамон нафар пирашон буданд. Таълими ҳамон шахсро гирифтаанд, дуои ҳамон касро гирифтаанд. Умуман, дар давраи пеш чӣ хел буд? Дар 15-солагӣ духтарашонро ба падари мо додаанд. Аз ӯ боз фарзанд таваллуд шудааст. Дар 16-солагиашон фарзанддор шудаанд падари мо. Акаҳоямон ҳастанд. Модарҳо ҷудоянд. Модари акаҳоямон, ки аз дунё мегузаранд, баъд падарамон аз Хоҷа Ёқуб ба Элокҳо меоянду зиндагӣ мекунанд. Насиб будааст, ки модари моро мегиранд. Аз модари мо боз се писар меёбанд. Ҳамин ҷо дар давраи Шӯравӣ дар совхоз кор мекунанд. Аз ҳамон авлод модари Ҳазрати қиблагоҳамон ҳам табиб будаанд, бисёр кампири покдоман будаанд. Модари падарамон аҳли тасаввуф будаанд. Модарашон ҳам мардуми аз дуру наздик омадаро бисёр табобат мекардаанд. Зеро аз пирашон дуо гирифтаанд.
Ҳар касе ки меояд, дар ҳолати ҷавон буданаш ҳам табобат мегирад. Ҳазорон беморони Ҳазрат шифо меёбанд, фарзанддор мешаванд. Насиб будааст, ки эшон мардумро табобат кардаанду мардум ҳам аз он кас бисёр файз дидаанд.
Ростӣ, Ҳазрат ҳангоми аз дунё гузаштанашон бемори сахт ҳам набуданд. Ҳамаи писаронашонро қиблагоҳ дуо доданд. Аз он ҷумла мани нолоиқро ҳам. Амр карданд, ки «фарзандам, дар ҷойи ман мешинию вазифаи маро давом медиҳӣ!». Ман пешниҳод кардам, ки акаи калониамон ҳаст, ин корро ӯ кунад. Мехостам вазифаи табобатро иҷро накунам, чунки дуо хондан мушкил аст. Падарамон гуфтанд, ки «писарам, дар ҷойи ман мешинӣ ва ҳамин вазифаи маро ба ҷо меорӣ. Иншоаллоҳ, баъд мани нолоиқро мефаҳмӣ! Ҳар саҳар панҷ варақ аз каломи Худо, даҳ варақ аз Қуръон мехонӣ! Ҳар ҳафта як бор китоби «Далоил-ул-хайриёт»-ро хатм мекунӣ. Ҳамин китобро як маротиба ба рӯҳи ман, маротибаи дигар ба рӯҳи тамоми мӯъминҳои гузаштагӣ мебахшӣ. Кадом мардуме, ки аз дари хонаат даромад, ҳамчун хоҳар, апаву бародару модар қабул мекунӣ. Макони пайғамбарҳо покиро металабад. Бо чашми баду нияти бад ягон меҳмонро қабул намекунӣ. Яъне пок мезиҳӣ!».
Дар ҳақиқат амрашонро қабул кардам. Зеро ноилоҷ будам. Чун ба ман амр доданд, хуб гуфтам, зеро инкор кардан аз рӯи одоб намешуд. Алҳамдулиллоҳ, то як сол ҳамин корро пеш бурдам. Бузургиву нафаси Ҳазрат буд, ки баъди як соли даргузашташон нафаре занг задаву гуфт: «Бобои эшон, боре Ҳаҷ рафтаед?» Гуфтам, ки не. Ҳамин тавр, ногаҳонӣ маро ба Ҳаҷ бурданд. Зиёрати хонаи Худо карда, гашта омадам, дар муддати 10-12 рӯз, бе ҳеҷ мушкилӣ. Ягон касро нагуфтам, ки маро Ҳаҷ бар. Бе пул, бе ҳеҷ чиз ба хонаи Худо бурданд. Дар хонаи Худо меҳмондориямон карданд. Меҳмони подшоҳ шудем. Раҳмат ба Президент, ки бо шарофати масҷидсозиҳо меҳмонони тоҷикро бисёр хуш қабул намуда эҳтироми зиёд гузоштанд. Ҳангоми бозгашт аз хонаи Худо дар қирғизеро бисёр илҳомаш омаду гуфт: «Эй ҳоҷиҳои Тоҷикистон, шумо ҳамаатон як ҷо шинед, ман расми шуморо бигирам. Ҳазор раҳмат ба ҳамон подшоҳи шумо. Ман ҳамин расмҳоро бурда дар Қирғизистон нишон медиҳам». Ба фикрам, қирғизҳо он қадар роҳбаладҳои хуб ҳам надоштанд. Ҳоҷиҳои тоҷик аҷоиб. Ҳам роҳбалади хуб доштанд, ҳам Ҳаҷи хуб карданд. Квотаи мо низ бисёртар будааст. Ҳамин тавр, аз хонаи Худо гашта омадем.
Шукри Худо, муддати як солу ду-се моҳ шуд, ки вазифаҳои ҳазрати қиблагоҳро ба ҷо меорем. Алҳамдуллилоҳ, ки хоҷагии деҳқонӣ дорем, кор мекунем. Мардум ноумед нашаванд гуфта, ҳазрати қиблагоҳамон амр дода буданд, то касеро рӯҳафтода насозем. Алҳамдуллилоҳ, бефарзандҳо ва беморҳоро ба воситаи каломи Худо, ояти Қуръон ва саловотҳои пайғамбар табобат мекунем. Баъзеяшонро бо ягон гиёҳ, бо ягон доругие, ки аз ҳамон ба мо насиҳат карданду ба мо мерос мондааст. Иншоаллоҳ, мардуми бисёре ҳастанд, ки файз гирифтаанд.
Шумо шоҳиди зинда будед, шоҳиди воқеа будед. Баъд аз ҳазрати қиблагоҳ гузаштан ростӣ дар маъракаи ёдбуд мо як дафтар кушодем. Беморҳое, ки аз қиблагоҳ файз гирифтаанд, пеши мо меоянд ва онҳоро китобат мекунем. Аллакай ҳафт дафтари умумӣ пур шуд. Зиёда аз 1500 — 2000 одам бо суроға ва рақами телефонҳояшон номнавис шудаанд. Санадҳо ҳастанд, ки мардум чи қадар файз гирифтаанд. Яъне, аз ниёгони мо, аз бузургону бобову авлодони мо мерос монда буд. Мо ба ҳамин ақида ҳастем, ки иншоаллоҳ, каломи Худо шифобахш аст.
— Мебахшед, пас аз фавти қиблагоҳатон ягон хоб буд, ё фақат як гуфтори ҳамон кас, як фотиҳаи ҳамон кас, ки аз паяшон рафтед? Баъзе ҳолатҳое мешавад, ки дар хоб ягон чиз мебинанд ё…
— Боракалло. Баъзе сирҳои илми ҳолу қол ва тасаввуфҳое ҳастанд, онҳоро гуфтан намешавад. Аз ҳамаи бузургон аз олами фонӣ бигӯем, аз ҷониби Худованд як файз мерасад. Ин ба туфайли пайғамбарон омадагӣ. Як ҳолатҳое ҳаст, ки иншоаллоҳ, вақте инсонҳои пок нафас мекашанд, Худованд нафаси онҳоро дору мекунад, албатта ҳаст, баъзе ҳамон хел чизҳо ҳам мешавад. Як қуввае мешавад, алҳамдуллилоҳ, баъзе вақт низ ҳамин хел илҳоме пайдо мешавад, ки хаёл мекунем, дар пуштамон касе ҳаст, ёрдам мекунад. Ҳазрати қиблагоҳ соли 1997 бо ду бародарамон Ҳаҷ рафта буданд.Дар ҳамон вақт амр карда буданд, ки меистӣ меҳмонҳоро ҷавоб медиҳӣ. Як бемор аз Ёвон омад, вақте каломи Худоро мехондам, хаёл мекардам, дар наздам як рӯҳи калон истодааст. Ҳамин сураҳои оддие, ки мехондам, фаромӯш мекардам. Як чанд маротиба зӯрам нарасид. Ба ростӣ, гашта аз сар нияти сахт кардаму худи бобоҳои калонро пеширӯй овардаму ба воситаи бузургвору ҳазрати пирамону қиблагоҳро ба ёд оварда, ҳамон касалро хондам. Онҳо бефарзанд буданд. Бисёр азоб кашидам. Дидам, ки чизе халал мерасонад, лекин ман хондам Баъд боз аз Ёвон як касалӣ омад. Он бемор касалии руҳӣ доштааст. Аз касалии пештара тарсон шудам, ки ман ҷавонаму қувватам намерасад. Бобоҳоро пеши рӯй овардам, ҳазратҳоро. Касалӣ рафту ҳазрати қиблагоҳ аз Ҳаҷ бозгаштанд.Худашон дар ҷояшон нишаста меҳмонҳояшонро қабул мекарданд. Мо мебаромадем аз қафои таҳсилу аз қафои кору борамон будем. Ҳамон бемори Ёвонӣ меояду мегӯяд, ки Бобои эшон барои ман ҳамон писаратон даркор. Маро ду мӯйсафед катӣ хонданд. Хазрати қиблагоҳ амр карданд, ки дар назди як домуллои калон таҳсил кардем, баъди хатми мактаб замони Шӯравӣ буд. Ҳазрати домуллои Эмом алайҳи раҳмаҳ масъалаҳову илми каломро ба мо омӯзониданд. Шояд ба ҳамон хотир бошад, ҳазрат маро амр карданд, ки мардумро ноумед накунем. Аввал Худованд худаш шифо медиҳад. Ҳоло 500-600 нафар аз даму нафаси мо фарзанддор шудаанд. Ягон баҳрае гирифтаанд , ки ин аз ҷониби Аллоҳ сурат гирифт. Мо ягон даъво надорем.

Ҷумъаи ТОЛИБ,
Азимҷон Бадалов,
БМСТЖ

(Давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: