Главная > Uncategorized > Дидгоҳи иштибоҳӣ

Дидгоҳи иштибоҳӣ

Cомонаи англисии Die Zeit мақолаи Роберт Темплер, раҳбари барномаи осиёгии International Crisis Group-ро дар мавриди муносибати ҳукуматҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нерӯҳои исломи сиёсӣ ва тундравон нашр кардааст. Дар мақолаи мазкур мавзӯи зиндонҳои маҳаллӣ ва нақши онҳо дар инкишофи ҷунбишҳои исломӣ матраҳ шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, он чизе ки дар дохили зиндонҳо сурат мегирад, пайомадҳои номатлуб ба бор оварда метавонад. Cомонаи Die Zeit навиштааст, ки аксарияти маҳбусон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷурми тундгароии мазҳабӣ паси панҷара менишинанд. Ин боис мешавад, дар зиндонҳо созмонҳои исломӣ — миссионерони тундгарои хуб омодашуда ва ҷавонони гумроҳе зуҳур кунанд, ки бар ивази маҳкум шудан дар ҷаҳонбинии худ устувортар мешаванд.
Муаллифи мақола роҳи беҳтари мубориза бо ифротгароёнро дар бартараф кардани камбизотӣ ва фасод арзёбӣ намудааст. Аммо, ба гуфтаи вай, ҳар нафаре ки дар тазоҳуроти ифротгароёни исломӣ ширкат мекунад, ба маҳбас кашида мешавад. Масалан, дар моҳи ноябри соли 2008 дар Қирғизистон гурӯҳи калонеро ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум карданд, ки танҳо дар як намоише дар ҷануби кишвар ширкат варзиданд.
«Мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ байни ҳаракатҳои сулҳхоҳи мазҳабӣ ва онҳое, ки муборизаи мусаллаҳонаро ташвиқ мекунанд, фарқ намегузоранд»,- омадааст дар идомаи мақола. Ин далел таркиш миёни ҳукуматҳо ва ҳаракатҳои исломиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ васеътар мекунад.

Тоҷикистон дигар аст…

Мақолаи Роберт Темплер, ки тариқи васоити зуд паҳншаванда пахш гардидааст, аллакай миёни коршиносони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ақидаҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Саид Иброҳими Назар, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва коршинос дар умури дину мазҳаб мегӯяд, ки дар воқеъ, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна вазъият ранги дигар гирифт. Ба гуфтаи вай, дар солҳои аввали истиқлолият дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон муносибат бо исломиҳо хуб набуд. Танҳо баъди имзои созишномаи сулҳ иқдомҳои хуби ҳамкорӣ ба миён омад. Дар ӯзбекистон бошад, нисбати ислому мусулмонон ҳамон дидгоҳи қаблӣ, ки иштибоҳист, боқӣ монд, ки боиси ба вуҷуд омадани нерӯҳои ифротгарое ба монанди Ҳаракати Исломии ӯзбекистон шуд. «Мо мебинем, ки дар Тоҷикистон фазо тамоман дигар аст. Фазои ҳар як кишвар аз кишварҳои дигар фарқ мекунад. Тоҷикистон дигар аст, ӯзбекистон дигар, Қазоқистону Қирғизистон дигар»,- афзуд ӯ.

Фишор вуҷуд надорад…

Дар идомаи матлаби cомонаи Die Zeit омадааст, ки чораҷӯйии шадид нисбати ҷудоиандозони исломӣ ба афзоиши шумораи онҳо мусоидат мекунад. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд фавран барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ чораҷӯйӣ намоянд ва бар зидди фасоду сӯйистифода аз мансаб чораҳои қатъӣ андешанд.
Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Марказӣ исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки комилан зидди ин андешаҳост. Ба гуфтаи вай, мушоҳида мешавад, ки дар Тоҷикистон беҳтарин муносибат нисбати мусулмонҳост. Ин ҳам ба он хотир аст, ки аксари кулли шаҳрвандони кишвар мусалмонанд. «Аз ягон ҷо то ҳол нашунидем, ки ба ягон мусулмон фишор оварда бошанд, аз намоз хондан манъ карда бошанд. Албатта бо чашм ҳам дида нашудааст. Агар натиҷаҳои пинҳонӣ аз он корҳо бошанд, мо бехабар ҳастем»,- зикр намуд мавсуф.
Саид Иброҳими Назар мегӯяд, ки наметавон ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро якгуна баҳо дод, зеро муносибати ҳукуматҳо бо нерӯҳои исломӣ, бахусус исломиҳои сиёсӣ фарқ мекунад. Барои мисол, ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ҳизби сиёсии динӣ фаъолият дорад. Яъне, асоси мухолифат инҷо фаъолияти сиёсии ҳизб аст, на исломӣ ё динӣ будани он. Дар ӯзбекистон бошад, фаъолияти ҳизбҳои мамнӯъшудае, ки аз номи Ислом баромад мекунанд, аллакай характери мухолифати низомӣ доранд. Аз ин рӯ, иштибоҳот дар матлаби сомонаи мазкур ин аст, ки ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ якгуна баҳо додааст.

Амалиёти махфӣ

Тавре зикр кардем, ба ақидаи Саид Иброҳими Назар, ихтилофи сиёсӣ дигар аст, ихтилофи динӣ дигар. «Ихтилофи сиёсӣ дар ҳама кишвар ҳаст. Бигзор кишварҳои демократӣ, масалан Тоҷикистонро бигирем. Ман умед дорам ихтилофот дар чорчӯбаи фаъолиятҳои сиёсӣ боқӣ мемонад ва умед дорам чи Ҳукумати Тоҷикистон, чи Ҳизби наҳзати исломӣ барномаҳои созанда барои ободии кишвар доранд. Он ки ихтилофи дидгоҳ вуҷуд дорад, ҳама барои ободии Тоҷикистон аст»,- мегӯяд ӯ.
Дар ин маврид рӯзноманигори тоҷик Султони Ҳамад низ бар ин назар аст, ки сиёсати ҳар кишвар аз дигараш фарқ мекунад. Ба андешаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳизби сиёсие, ки характери динӣ дорад, озодона фаъолият мекунад. Аммо дар дигар кишварҳо, назири ӯзбекистон ё Туркманистон болои ҷавононе, ки мехоҳанд аз мавқеи ислом ба сиёсат назар андозанд, фишор ҳаст. Ба андешаи номбурда, дар баъзе кишварҳо, бахусус ӯзбекистон ташкилотҳое ҳастанд, ки махфӣ амал мекунанд. ӯ низ ҳангоми ташреҳи мавзӯъ чун Саид Иброҳими Назар аз Ҳаракати исломии ӯзбекистон ёдовар шуд. «Ҳаракати исломии ӯзбекистон муқобили сиёсати Ислом Каримов ва Ҳукумати ӯзбекистон будани худро пинҳон намедорад. Дар кишварҳои дигар, бахусус Қирғизистону Қазоқистон бошад, ба он дараҷа зери фишор нестанд»,- афзуд ӯ.

Рақиб, на душмани миллат!

Ҳаминҷо фаъолияти гурӯҳҳое пеши назар меояд, ки чанде пеш дар Тоҷикистон аъзоёни онҳоро ба ҷавобгариву маҳкама кашиданд. Пас, фаъолияту ҳадафҳои ин гурӯҳҳоро чи гуна баҳо додан мумкин аст? Султони Ҳамад дар ин маврид сухан ронда, қайд мекунад, ки дар зеҳни мардум ҳамон натоиҷи воқеаҳои солҳои 90-ум боқӣ мондаасту вақте мебинанд, ки баъзеҳоро ҳукуматдорон бо айби даст доштан ба фаъолияти исломӣ дастгир мекунанд, гумон мебаранд ҳамаи онҳое, ки бо ислом сарукор доранд, гурӯҳҳои хоҳони муташанниҷии авзои ҷомеаянд. «Мутаассифона, камбудиҳо ҳастанд. Худи додрасҳо наметавонанд одилона пуштибонӣ кунанд. Ҳол он ки, худи Президент ҳам гуфтанд, ки аз аҳозби сиёсӣ душман натарошед, онҳо як узви ҳамин ҷомеа ҳастанд. Онҳоро ҳамҷун рақиб донистан даркор, на ҳамчун душмани миллат»,- мегӯяд Султони Ҳамад.
Аммо тавре аз суханони мусоҳибонамон бармеояд, омили асосии мухолифати исломхоҳон бо ҳукуматдорон дар Осиёи Марказӣ, бахусус ӯзбекистону Туркманистон манфиатҳои сиёсист. Яъне, дар ин кишварҳо ба исломхоҳон таври бояду шояд таваҷҷӯҳ намешавад, дархостҳояшонро иҷро намекунанд ва ин боиси норозигии онҳо мегардад. Шояд ҳукуматдорон аз сари қудрат омадани исломистҳо дар натиҷаи фаъолияти озод бурдан меҳаросанд ва аз ҳамин хотир пеши роҳашон саду мавонеъ мегузоранд. Аммо таҷрибаи Тоҷикистон собит месозад, ки фаъолияти ҲНИТ танҳо ба манфиат асту бар зарар не.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: