Главная > Uncategorized > Неъмати «мурдакашак»

Неъмати «мурдакашак»

Неъмат Бобоҷонов! Кист, ки дар Питер ин марди некдилу савобҷӯро нашиносад? Вақте аз тоҷикони Санкт-Петербург суроғаи Неъмат Бобоҷоновро пурсон шудам, онҳо гашта суол доданд, ки «кадом Неъмат? Ҳамон Неъмати мурдакашак?». Ҳайрон шудам аз ин посухи эшон.
Вақте ки Неъматро ҷуста — ҷуста ба майитгоҳ омадам, диламро як воҳимаву ғамгинӣ фаро гирифт. Дидани ғӯрамаргони тоҷик хеле дардовар бцуд. Шоми 5-уми марти соли ҷорӣ дар натиҷаи сӯхтори шадид ду кӯдаки хурдсол сӯхта ба ҳалокат расиданд. Дидани мурдаҳои кӯдакони хурдсол сабру таҳаммуламро рабуд.
Неъмат Бобоҷонов бо ҳамроҳии марди хайрхоҳ Бурҳониддин ин ду ҷасадро бо расму русуми мусулмонӣ шӯста кафан карданд. Ман низ дар дафни ин кӯдакон иштирок кардам. То имрӯз чеҳраи зиндагихоҳи онҳо аз пеши чашмонам дур намешавад.
Раиси бунёди башардӯстона Неъмат Бобоҷонов дар назди бозори хӯрокаи «Сенной» барои кушодани масҷиди мусулмонон саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Шӯстани мурда воҷиб аст, зеро фариштагон ҷасади Ҳазрати Одам алайҳиссаломро шӯстаанд. Ва тариқаи мурдашӯиро ба фарзанди Одам таълим додаанд. Мурдашӯӣ, кафанпечӣ ва гӯрканиро ба марду зан аз хурд то бузург таълим додаанд.
Неъмат Бобоҷонов аз соли 1995 ин ҷониб дар шаҳри Санкт-Петербург кору зиндагӣ мекунад. Аслан ӯ маълумоти олии геологӣ дорад. То ин соат ӯ зиёда аз 412 нафар мурдаҳои ғӯрамарги тоҷикро ба меҳан фиристодааст.
— Ҳар навбате, ки ба майитгоҳ даромада, аз байни ҷасадҳои зиёд ҷасади тоҷикеро мебарорам, қалбам ба гиря медарояд. Аз Худованд дар дил илтиҷо мекунам, ки ин охирин мурдаи тоҷик бошад. Дигар гиряву навҳаи тоҷикеро дидан намехоҳам,- мегӯяд ӯ.
— Сабаби асосии ба ҳалокат расидани тоҷикон чист?
— Сабабҳо гуногунанд. Вале баъзе ҳолатҳое мешавад, ки худи тоҷикон дар сӯхтани ҳаёташон гунаҳкоранд. Баъзеҳо ба майнӯшиву нашъамандӣ дода шуда, гоҳо вафот мекунанд. Гоҳо аз бекорӣ ба авбошиву дуздӣ машғул мешаванд. Масалан, дирӯз як мурдаи ҷавони тоҷикро ба ватан фиристодем, ки бо саббаи зиёд истеъмол кардани арақ дилаш суст шуда вафот кардааст.
— Дар мусофират чӣ таҷриба гирифтед?
— Мусофириыву муҳоҷират дард аст. Дарде, ки шояд миллати тоҷикро ба парешониву сарсонӣ бубарад.
Ҳасратзадаи шоми ғарибон моем,
Дар ҳалқаи занҷири рақибон моем.
Чун Юсуфи мисрӣ дар миёни чоҳем,
Бе ҳеҷ гунаҳ наход палидон моем?

— Кай ба ватан баргаштанӣ ҳастед?
— Инашро Худо медонад.
— Чӣ таманно доред?
— Дигар барои ҷасадбарорӣ ба майитгоҳ надароям. Хаста шудам.
Неъматро баъзе дӯстон насиҳат карда, аз аз рӯи дилсӯзӣ мегӯянд, ки «баро аз баҳри мурдабарӣ! Магар касе барои ин корат раҳмат мегӯяд!?». Аммо ӯ ба ин суханон заррае аҳамият намедиҳад.

Аз муаллиф:

Дар ин шаҳри мардум дар муддати кӯтоҳ олитарин эҳсоси инсониро дар ҳамватанон хеле кам дидам. Муҳоҷират беихтиёр пусти одамиро иваз мекардааст. Дар як хонаи иҷора падару писареро дидам, ки алоҳида харид карда, хӯрок мехӯрданд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН,
Санкт-Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: