Главная > Uncategorized > Ноболиғон ва фиттаҳои эротикӣ

Ноболиғон ва фиттаҳои эротикӣ

Баробари боло рафтани нарху наво, дар оила дуруст тарбия нагирифтани ноболиғону ҷавонон ва канда шудани алоқаи мактаб бо падару модарон, аз мактаб дур мондани хонандагон, дар машғулиятҳо нагузаштани соатҳои тарбиявӣ боиси даст ба ҷиноят задани ноболиғону наврасон гаштааст.
Тавре нозири калони гурӯҳи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШКД-и ноҳияи Файзобод — лейтенанти милитсия Ҳамза Ёров иброз дошт, дар тӯли соли 2009 11 ҷинояти содиркардаи ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд, ки аксарияти онҳо дар дуздии молу амволи шаҳрвандон гумонбар дониста мешаванд.
Фирдавси Бегиҷон, соли таваллудаш 22.04.1994, хонандаи мактаби миёнаи №40-и шаҳраки Лолагӣ, Мақсуди Аҳмадшоҳ, хонандаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №40, соли таваллудаш 05.05.1994. Онҳо аз хонаи ҳамсояашон 14-сомонигӣ, ҷамъ 28 сомониро дуздидаанд.
Қурбоналӣ Муҳиддинов, соли таваллудаш 29.06.1994, сокини шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун ба дуздии телефони мобилӣ гунаҳкор дониста мешавад. Фирӯзи Зубайдулло, соли таваллудаш 26.09.1991, аз деҳаи Қанғелӣ даст ба ҷиноят зада, телефони мобилии шаҳрванд Толиб Раҳмоновро бо қуттичааш ба яғмо бурд. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ҳамчунин, дар тӯли ду моҳу 15 рӯзи моҳи марти соли 2010 панҷ ҷинояти ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Шӯҳратуллои Сайдулло, соли таваллудаш 26.02.1992, хонандаи синфи 11-и мактаб — гимназия, сокини кӯчаи Зебунисо — 8 ба фурӯши фиттаҳои эротикӣ машғул шуда, дар машғулиятҳо иштирок намекард.
Нусратулло Ҷунайдов, соли таваллудаш 28.12.1993, сокини ноҳияи Файзобод, аз мактаб дур монда, ба корҳои ношоиста, аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ, майнӯшӣ даст задааст. Нисбати ноболиғони номбурда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, алҳол тафтишот идома дорад.
Бояд зикр кард, рафтори ноболиғоне, ки даст ба ҷинояту корҳои ношоиста мезананд, бо айби падару модарон ва омӯзгорон ба амал меояд. Дар мактабҳо дар мавзӯъҳои ахлоқи ҳамидаи инсоният, панду маслиҳатҳои ниёгон, сулҳу ваҳдат, ватандорию ватандӯстӣ, дониши хубу аъло соатҳои тарбиявӣ қариб гузаронида намешавад. Падару модаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки нисбати тарбияи фарзандон бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Онҳо андеша намекунанд, ки барои беназоратияшон рӯзе фаро мерасаду фарзандон даст ба ҷиноят зада, дар паси панҷара мешинанд.
Барои пешгирии ҷинояту ҷинояткории ноболиғону ҷавонон шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия гурӯҳи таблиғотчиёнро таъсис дод. Гурӯҳ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ба мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ рафта, бо хонандагону омӯзгорон дар мавзӯъҳои «Сулҳу ваҳдат», «Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ», «Аз гуфтугӯи телефони мобилӣ даст кашед!», «Ҳурмати калонсолонро ба ҷо биёрем!», «Алҳазар аз заҳри сафед!», «Даст ба корҳои ношоиста назанед!» ва ғайраҳо сӯҳбату вохӯриҳои судманд доир менамоянд.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои якшанбе дар минтақаи Мискинобод якшанбебозор барпо мегардад. Ноболиғону ҷавононро мушоҳида мекунем, ки ба фурӯши фиттаҳои эротикӣ машғуланд. Нозири минтақавии бозор аз назди онҳо мегузараду инро нодида мегирад. Ҳамчунин, ноболиғону ҷавонони нохонда бе ҳуҷҷати ронандагӣ ё ҳуҷҷатҳои харидаи ронандагӣ дар паси чанбар нишаста, воситаҳои нақлиётро идора мекунанд. Бештари садамаҳои нақлиётӣ ба айби онҳо рӯй медиҳад, ки ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.
Падару модарон дидаю дониста воситаҳои нақлиётро ба фарзандони ноболиғу ҷавонон ихтиёрдорӣ мекунанд. Онҳо бояд андеша кунанд, ки рӯй додани фалокатҳои садамавӣ ба хонадонашон мушкилиҳоро пеш меораду оқибат дар паси панҷара мешинанд.

Ҳокими САФАР,
Нозанин ЮСУФОВА, ноҳияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: