Главная > Uncategorized > Савлат дар сояи «Дости Бурут»?

Савлат дар сояи «Дости Бурут»?

ё чаро як нафар худро ба муқимиҳо «шоҳ» эълон карда, на ба ягон қонуну на ба сарваре гардан намефурорад?

«Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз аризаи такрорӣ сардори идора ё ягон вазиру кабир дар таҳлука меафтод ва барои ҳалли он қазия ба аризанависон таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Имрӯзҳо бошад, ариза бе иштироки даъвогар пинҳонӣ санҷида мешавад ва аз натиҷаи он танҳо худи санҷишгару гунаҳкор воқиф мешаванду халос»,- омадааст дар аризаи як гурӯҳ сокинони деҳаи Солеҳони (собиқ Ҷалҷит) ҷамоати деҳоти ба номи Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат…

Солҳои 1986-1990 дар мавзеи Хами Шаҳид (қад — қади шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ) бо ризогии раиси хоҷагӣ А. Сафаров ва сарагроном Т. Яқубов беш аз 30 нафар дар 28 га замин боғи ток бунёд намуда, онро ҳосилхез карданд. Лекин тахминан солҳои 1993-1994 ҷонишини сарагрономи хоҷагӣ Шодмон Восеев дар ҷамъомади назди раис таклиф намуд, ки 12 га токзори ба шоҳроҳ наздикро решакан намуда, ба замини кишт табдил диҳанд. Ин таклиф ба сари сарагроном Т. Яқубов чун «бомбаи атомӣ» фурӯ афтод ва ӯ эътироз намуда, ҳосилхез будани он қитъаро далел оварда, дар хотима иброз намуд, ки ин таклиф ба мақсади ободӣ набуда, ғаразнок аст.
Пас аз вафоти Т. Яқубов Шодмон Восеев сарагроном таъин шуд. Чун ӯ мутахассиси ин соҳа набуд, сар шуд кори «агроном»-и ӯ — решакан кардани токзори ҳосилхез. Бригадир Д. Ҷонмаҳмадов ба ин амал зид буд. Вале Восеев Ш. 12 га токзорро решакан карда, оилаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ С. Усмонов, Ю. Шеров, Т. Назаров, Ш. Шералӣ, М. Шеров, Ш. Қурбоналӣ ва дигаронро аз нони даҳонашон маҳрум кард.
Аз ин 12 га токзор 4700 пояи бетонӣ, се қатор сими 10000-метра, 13000 ниҳоли ток, беш аз 600 метр симтӯри гирди боғ аз рӯйи шаҳодати Д. Ҷонмаҳмадов ва М. Шеров ба хонаи Восеев Шодмон бурда шуда, бар ивазашон қурутоб хӯрдаанд.
Ҳарчанд Ш. Восеев сокини деҳаи Солеҳон набошад ҳам, як гектар заминро пинҳонӣ иҷора гирифта, баъд 5 га замини обиро низ хоҷагии деҳқонӣ карда гирифтааст. Саволе ба миён меояд, ки магар дигар деҳқонони асили деҳа ин миқдор заминро обод карда наметавонистанд? Метавонистанд, вале Восеев Шодмон аз вазифаи хеш ва писараш Лутфулло Восеев (собиқ корманди Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат) истифода бурда, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ заминҳоро ғасб кард.
Ш. Восеев ба ҳама як нақшаи қалбакии писараш тайёркардаро нишон медиҳад, ки он хандаовар аст. Ин нақшаи тақсимоти замин мутобиқи протоколи №8, аз 3.12.1998-и маҷлиси раёсати колхози 60-солагии Тоҷикистон рӯи қоғаз омада, он вақт деҳа Ҷалҷит ном дошт. Вале падару писар дар ин нақша, ки гӯё 12 сол пеш тартиб дода шудааст, номи имрӯзаи деҳа — Солеҳонро (2008) ҳам қайд кардаанд.
Ин ҳама ғасбкуниҳо ӯро қонеъ нагардонд ва ӯ аз Ҳукумати шаҳри Ваҳдат барои сохтмони маркази савдо дар шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ замин пурсид. Ҳукумат ба корманди Кумитаи заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар карда, барояш 0,05 га замин ҷудо кард. Бо кадом «афсун»-е Ш. Восеев 0,05 га-ро ба 0,15 га мубаддал гардонд, ҳарчанд ин қитъа дар харитаи ҷумҳуриявии шаҳри Ваҳдат 0,05 га-ро ишғол мекунад. Дар як вақт ин қитъа аз ҷониби Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе бо ҳуқуқи истифодабарӣ ба Ҷ. Тағоев ҷудо карда шудааст.
Бо ин найрангбозиҳо Ш. Восеев дӯкон сохта, роҳи гузари байни 32 хоҷагиро бастааст ва мардум наметавонанд, ки қитъаҳои хешро коркард намоянд…
Вақте ба ҷонишини раиси шаҳри Ваҳдат Хайриддин Камолов ин арзи мардумро расондам, ӯ ба раиси навтаъини Шӯрои деҳоти Б. Бурунов Маҳмудҷон Орифҷонов занг зада, аз рӯйи қонун дида баромадани масъаларо ба миён гузошт. Рӯзи дигар дар ҳузури М. Орифҷонову ҷонишинаш Т. Туйдиев доир ба ин қазия сӯҳбат доштем.
Раиси хоҷагии «Сомониён» Абдуҷаббор Бобохонов аз телефон баъди иштибоҳан «мактуби дастгоҳи иҷроияи президент»-ро «намоянда аз дастгоҳи президент» шунидан, зуд ҳозир шуд ва дидем, ки ӯ актёрест бемисл.
— Раис,- муроҷиат намуд ӯ ба ман,- (аз соҳиб шудан ба ин вазифа ифтихор намудам) ин одам маро гӯш намекунад, худаш ҳама ҳуҷҷатҳоро тахт карда меораду ман фақат мӯҳр зада имзо мемонам. Восеев хеле якрав аст, вай на гапи маро мегираду на суду прокуратура ва ҳукумати шаҳрро писанд мекунад ва на…
Сурфа имкон надод, ки раис боз киро писанд накардани Ш. Восеевро фош кунад. Дар ҳақиқат ӯ ва А. Бобохонов то ҳол эътирози Прокуратураи шаҳри Ваҳдатро бо имзои муовини аввали ин даргоҳи адолат А. К. Изатуллоев (№547, аз 22.06.2004) иҷро накарда, 0,08 га замини ғайриқонунӣ гирифтаро ба хоҷагии деҳқонии «Сомониён» барнагардонда, баръакс қитъаро симтӯрпеч карда, зич дарахт шинондаанд.
Дар мактуби раиси Ҳукумати шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба сокинони деҳаи Солеҳон (№2581-1, аз 9.07.2009) низ ин эътирози прокурор ва боз ба 6,5 м замини Ч. Тағоев ғайриқонунӣ соҳиб шудани Ш. Восеев қайд гардида, зикр шуда, ки ба ӯ барои бартарафкунии қонуншиканӣ дастур дода шудааст. Лекин Ш. Восеев ин дастурро «дастурхонпеч» карда мондааст.
Муовини директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Нозанинов ҳам дар мактубаш (№3/7-05-968, аз 2.07.2009) эътирози прокурорро ба шикоятгарон хотиррасон кардааст.
Дар назди ба ном маркази савдо, вале дар асл манзили истиқоматии Ш. Восеев моро писараш чун «абри баҳман» пешвоз гирифт. «Болои сӯхта намакоб», шамоли изғирини файзободӣ гӯшҳоро «навозиш» медоду барфи якваҷаба худро ба пойафзоли мо ҷо мекард.
— Отам нест,- гуфт ӯ бо ситеза чун фаҳмид асли мақсадамонро.- Меҳмон дорад, ай фонди Оғохон.
Раиси хоҷагӣ А. Бобохонов боз нақши роҳбари сахтгирро бозида, ӯро каме насиҳат карда, хоҳиш намуд, ки бо телефон падарашро пайдо кунад.
— Бугу, ки ай аппарати президент одам омадай,- таъкид намуд раис.
Пас аз чанде писари Ш. Восеев бо дафтарчаю қаламе пайдо шуда, гуфт:
— Отам мега, ки баъди як соат омада метона. Ага меҳмоно вақт надошта бошанд, ному насаб, ҷойи кор, адресҳошонро бигӣ…
Бо М. Орифҷонову Т. Туйдиев худ ба ҷойи прокуратураю Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат аз рӯйи харитаи қитъаҳои замини ҷудошуда муайян кардем, ки дар ҳақиқат Ш. Восеев роҳи Назаров Т., Ёқубов М. ва дигар хоҷагидорҳоро баста, дар як вақт обпартои (латоки) ин мавзеъро валангор ҳам кардааст.
Пеш аз савори мошин шудан, писари Ш. Восеев огоҳамон кард:
— Пеш аз шумо ҳам 10-12 комиссия омада буд, ҳуҷҷатҳои мо тахтанд, беҳуда овора шудед…
Кас ҳайрон мешавад, ки агар Ш. Восеев барин ашхос «Ман аз авлоди Дости Бурутам» гуфта, бо қурутобу шакароб ва такя ба кадом як «тағо» дар як маҳал, ки ҷойи зисташон нест, соҳиби ҳазорҳо гектар замин шаванду боғҳои ҳосилхезро ба харобӣ расонанд, пас сокинони муқимӣ ба чӣ кор машғул мешуда бошанд?
То дастхатро ба чопи компютерӣ супурдан, раиси навтаъини ҷамоати Б. Бурунов, марди босаводу бофарҳанг ва таҷрибадор М. Орифҷонов аз вазифа сабукдӯш карда шуд.
— Марди босавод ба касе маъқул нест,- иброз дошт як зиёие дар сӯҳбат…
Ҳукумати шаҳри Ваҳдат, Прокуратура, Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ ва раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат бояд то омадани мақомоти тафтишотӣ кори садорати хоҷагии деҳқонии «Сомониён»-ро дурусттар аз «ғалбер» гузаронанд, то ин «беморӣ» ба дигар хоҷагиҳо сироят накунад. Зеро дар хусуси А. Бобохонов барин раису Ш. Восеев барин хоҷагидор гуфтаанд:
Гар роҳбари хоҷагӣ чунин аст,
Э, вой ба ҳоли Ваҳдати мо!

Ваҳҳоби ЛАТИФ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: