Главная > Uncategorized > Санг ба пойи лангу пул аз ҷайби бепул

Санг ба пойи лангу пул аз ҷайби бепул

Мардони солор нақл мекунанд, ки дар даврони Шӯравӣ, вақте донишҷӯёни донишкадаи тиббӣ бо ихтисоси ҷарроҳӣ институтро хатм мекардаанд, барои таҷриба аввал сагро ҷарроҳӣ менамудаанд. Ҳатто дар баландкӯҳи ағбаи «Анзоб» барои чунин амал озмоишгоҳе барои ҷарроҳони оянда мавҷуд будааст. Пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ин амал барҳам хӯрдааст. Намедонем айни замон ҷарроҳони ҷавон нахустин маротиба теғро дар кадом ҷисми ҷондор месанҷанд…

Ҳадафи мо аз овардани ин пешгуфтор ба тариқи санҷишӣ пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мебошад. Агар пулакӣ кардани роҳ ҳам шабеҳи ҳамон тариқи озмоиши таҷриба ҷарроҳӣ кардан бошад, пас вой бар ҳоли ин мардум, ки дар дараҷаи аз ҳама зиёди камбизоатӣ умр ба сар мебаранд. Кас намедонад «озмоиш» чӣ сон мегузарад, «бемор» аз таги теғ мехезад ё не… Гуфторе ҳаст, ки «боз санг ба пойи ланг мезанад».
Сабаби осемасариву шитобкориҳои мақомоти болоӣ, алалхусус Вазорати нақлиётро дар мавриди пулакӣ намудани ягона роҳе, ки қисмати шимоли Тоҷикистонро ба қисмати ҷануби он мепайвандад, ба ҷуз худашону Худо касе намедонад. Роҳро пулакӣ карданд. Айни замон ронандагон барои як қисми роҳ маблағ месупоранд. Масалан, то ноҳияи Шаҳристон танҳо барои роҳи аз Душанбе то мавзеи Ҳушёрӣ маблағ ситонда мешавад. Ҳаракати нақлиёт дар дигар қисматҳо бепул аст. Вале ҳамоно азоби мусофирону ронандагон идома дорад. Оё мӯҳтарам вазири нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Бобоев медониста бошад, ки пас аз пули роҳро супоридан дар ағбаи «Шаҳристон» мусофирону ронандагон чанд рӯз гурӯснаву ташна истоданд?! Ҳафтаи гузашта дар ин мавзеъ бинобар бад будани вазъи роҳ баъзе ронандагон чор шабонарӯз истоданд. Дарвоқеъ, дар тамоми дунё таомул аст, ки иншоотеро пас аз пурра ба истифода додан, баъд дар борааш ба тариқи ҷиддӣ сухан меронанду масъалаеро пеш мегиранд. Ҳеҷ нафаҳмидем, ки нақби ағбаи «Шаҳристон» ба охир нарасида, ин роҳро пулакӣ карданд. Охир, ҳоло ҳам наздиқи 30 километр роҳ тавассути ағбаи «Шаҳристон» аст, ки хар он тараф истад, буз «буксават» мекунад. Аксари онҳое, ки қад-қади дарёи Варзоб мераванду меоянд, роҳашон сӯйи ағбаи «Шаҳристон» аст. Наход ҳангоми пулакӣ кардани роҳ ҳамин масъала ба ёдашон нарасида бошад? Намешуд, ки каме интизор шаванд, нақбро ба истифода диҳанду пас роҳро яклухт пулакӣ кунанд?… Намедонем ин қадар шавқманди ин роҳро пулакӣ кардан кӣ бошаду чӣ мехоста бошад? Вақте масъалаи пулакӣ шудани роҳ дар парлумон пайдо шуд, ғайр аз раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов дигар ягон вакили халқ садо баланд накард. Имрӯз ҳам мо ба умеди депутатҳои аз ин минтақа «интихоб»-шуда намешавем, зеро ба фикри мо, онҳо интихоб не, балки таъин шудаанд…
Модоме ҳадаф ба тариқи санҷиш пулакӣ кардани роҳ буд, чаро он дар дигар самт мавриди омӯзиш қарор дода нашуд? Масалан, имкон дошт роҳи Душанбе-Кӯлоб тавассути шаҳри Қӯрғонтеппа пулакӣ карда шавад. Ё ин ки, аз шаҳри Душанбе то шаҳри Қӯрғонтеппа. Чунки дигар роҳҳо ҳастанд, ки ронандагон метавонанд тавассути он бе пардохти маблағ ба ин минтақа раванд ё аз он ҷо оянд.
Масофаи роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамагӣ 410 километр мебошад. Барои мисол мо роҳро аз Душанбе то Истаравшан интихоб намудем, ки тақрибан 200 километр аст. Масофаи байни Душанбе то Кӯлоб ҳам ҳамин қадар аст. Ронанда масофаи байни Душанбе то Истаравшанро дар муддати 6-7 соат тай менамояду аз Душанбе то Кӯлобро дар зарфи 2 ё 3 соат. Маблағи роҳкиро бошад, барои аз Душанбе то Истаравшан рафтан аз 150 то 170 сомонӣ барои як нафар асту аз шаҳри Душанбе то Кӯлоб метавонед бар ивази 20 ё 30 сомонӣ равед. Ҳамарӯза тавассути ин шоҳроҳ қариб 500 мошини боркаши КАМАЗ, бо ҳисоби миёна камаш 10-тоннагӣ бор ба тарафи ҷануб меоранд. Аксаран тоҷиронанд, ки маҳсулоти ниёзи мардумро мекашонанд. Вақте барои роҳ аз онҳо пул меситонанд, онро на аз ҷайби худ, балки ба болои ҳамон маҳсулот зам мекунанд. Ба мардуми камбағал боз қиматтар мефурӯшанд, ки инро боз як намуди ғорати мардум тибқи дастури ниҳодҳои болоӣ метавон гуфт. То он даме, ки мардум бе пул ба ин роҳ ба таври доимӣ рафтуомад мекарданд, ҳама вақт шикоят мекарданду мегуфтанд, ки ин роҳ пулакӣ аст. Чунки дар роҳ «роҳзанҳо» аз ронандагон бо ҳар баҳона маблағ ситонда, ба ҷайби худ мезаданд. Аммо имрӯз, ки роҳ қонунан ба ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» супорида шуд, кӣ кафил буда метавонад, ки дигар ашхос аз ронандагон маблағ намеситонанд?
Дар байни мардум гуфторе ҳаст, ки «рафтани шутурро чӣ мебинӣ, ба омаданаш нигар». Пулаки шудани роҳ оғози кор аст. Дар пеш омадани селу фаромадани кӯҳ, ниҳоят бо омадани фасли зимистон тармаро бояд фикр кард. Ҳамаи он фалокатҳое, ки дар ин шоҳроҳ ба амал омаду ҷони нафарони зиёдеро рабуд, дар мавзеҳое сурат гирифтанд, ки нақбҳои худсохти хитоӣ надоштанд. Тамоми роҳро бошад имкони пӯшондану аз тарма эмин нигоҳ доштан нест. Пас ин ширкате, ки пулро мегирад, кафили бехатарии роҳакиён буда метавонад? Боз нашавад, ки ба рӯйхати соҳибони роҳ — Вазорати нақлиёту хитоиҳою эрониҳо ин ширкат ҳам дохил шаваду яке ба сӯйи дигаре ангушти ишорат нишон диҳанду дар масъалаи таъмири роҳ бошад, «чашмаки ман, чашмаки ту» гуфта нишинанд?!
Модоме дар бораи манфиат фикр мекунем, пас фикри онро ҳам бояд кард, ки ҳамасола бар асари тармафароиву дигар офaтҳо дар ин роҳ чанд нафар ҳалок мегарданд. Зери тарма мондану ҳалок гардидани сафаракиён ягон нафар аз масъулини ниҳодҳои болоиро дар ташвиш намемонад. Пас, имрӯз роҳи нимтаъмиршудаю пулакигардидаи Душанбе-Чаноқ мақоли «Номи калону шаҳри вайрон»-ро намемонад?

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: