Главная > Uncategorized > Афсонаи пурдоғи таърих

Афсонаи пурдоғи таърих

… Фирдавсиро ба зери пойи пил андохтанӣ шудему ҷисмашро дар гӯристони умум ҷо надодем ва ҳоло шавкати номашро мекунем. Мисли он, ки Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махдум, Муҳиддиновро бо зарби тӯҳмат душмани халқу ҷосуси хориҷ хонда, паррондему ҳоло қаҳрамони халқашон кардем. Ин мисолҳо он қадар ҷомаи таърихи башарро доғдор кардаанд, ки дар ҷомаи таърих ба андозаи мисқоле нуқтаи бедоғ нест.

Мутолиаи васоити мухталиф,- аз рӯзномаву маҷалла то китобу китобат дар жанрҳои мухталиф,- аз хабару очерк то осори илмиву бадеӣ дар мавзӯи фалсафаи иҷтимоъ ва сиёсати ҳаёти ҷомеаи инсонӣ дорои тазодҳои баёнӣ ва ҳукмист, ки фарди дорои тафаккури мантиқиро ба умқи андеша мебарад.
Мушаххасан, муроди гуфтор масъалаи ташкил, танзим ва таҳлили ҷомеаи башарист. Як фарди мантиқӣ қоил аст, ки дар кори офариниши олам баробарии мутлақ вуҷуд надорад. Ин нобаробарӣ дар ду ҷавҳари инсон, ҷисм ва рӯҳ (дар ҳодисаи тафаккуру ақл) зоҳир аст. Фардҳои башарӣ дар сифатҳои ҷисмӣ яке зебо, дигаре хунукчеҳра ва саввум минарух аст. Ин фардҳо яке тануманду баландболо, дигаре пастаку мундуқ, заифу нотавон аст. Ва як чеҳраи дилкаш ба фаррухиву танумандии худ менозад ва «лилипут»-у заифак дар ҳоли худ нороҳат аст. Аммо он як пеши кӣ миннат дораду дигар пеши кӣ ҳаққи муҷодала? Оё кадом як модар намехоҳад зодаи ӯ аз ҳама болову воло бошад? Нобаробарии ҷисмӣ дар ашё мисоли айният аст. Як санг ба сахтӣ хорасанг аст, дигар ба таркиби кимиёӣ мармару ёқут, саввум намаксангу ва, ва…
Дар ҳоли тавони рӯҳӣ (дар ҳодисаи тафаккуру ақл) ҳам ин нобаробарӣ ошкор ва бебаҳс аст. Аз шогирдони мактаби Бӯалӣ фақат ӯ Бӯалӣ шуд, агарчи устод як буд. Иллат як аст. Андозаи зарфи тафаккур. Ончунин, ки як зарф ғунҷоиши 1 громм моеъро дораду дигар 100, саввум 1000 ва, ва…
Ва инак, ин ҳама нобаробарӣ маншаи худро аз куҷо гирифта? Ба ин ҳама нобаробарӣ кӣ масъул аст?
Аҳли рӯҳгаро маншаи ҳастиро аз Худованди воҳид медонанд. Пас, аз нигоҳи ин ҷамоат Худованд ҳамчунин хоста. Чаро? Зеро ҳеҷ наққоше тавассути як ранг нақш наофарида. Яъне, Холиқ наққошӣ кардааст. Аз қудрати худ хабар додааст.
Моддигароён инчунин сурат гирифтани ҳодисаро ба «ДНК»-ҳову ирқҳо ва арзиши «меҳнат», ки гӯё аз маймун одамро ба вуҷуд овардааст, вобаста кардаанд, ки мо мақоми эшонро ҷониб надорем. Аммо ин ҷо ин баҳсро нахоҳем гузошт, зеро мурод дар ин гуфтор масъалаи дигар аст.
Ва мо чун як фарди рӯҳгаро таҳлили мавзӯъро аз мақоми рӯҳгароӣ (боварӣ ба ҳастии Холиқ) мавриди назар қарор додем.
Ва чун гуфтем, ки башар, ки бештари он дар пояи рӯҳгароӣ қарор доранд, баъд аз чунин наққошии Холиқ кори заминро ба чӣ дастуре танзим намуданд? Иддае бар ин ақида ҳастанд, ки чун нобаробарӣ дар сифати офариниш аст, ба ин бояд иқрор шуд ва кори ҷомеаи башариро ҳам дар ҳамин дастур метавон ба роҳ монд. Яъне, эшон барои ҳоли гадову муҷрим, фақиру нотавон, маризу ятим ҳеҷ масъулиятеро дар худ қабул надоранд ва ин қонунро қонуни офаринишӣ мешуморанд ва ба як хитоб мегӯянд: «Олам ҳамин тавр сохта шудааст».
Дар андешаи мо, ин ҳукм ва хулоса басо заиф, ғайриқабул ва беарзиш аст. Зеро ин қавм мақоми Холиқро барои худ таҷовуз кардаанд. Эшон ба он нарасидаанд, ки аз мақоми Холиқ то махлуқ масофаи беҳудуд аст.
Дуруст ин аст, ки ҳар кадом ҷаҳондори ин олами моддӣ дар навбати худ пеши Холиқи олам оҷизу нотавон, мӯҳтоҷ ба бахшишу иноят аст. Ва Худованд аз тариқи имтиҳон ин қавмро бар сари заифу нотавонон имконе аз сифоти қудратмандии худ додааст ва тамошо дорад, ки мо чӣ мекунем. Дар ояи 53-и «Инъом» омадааст: «Ва ҳамчунин мо бархеро ба бархи дигаре биозмудем…». Яъне, Холиқ якеро дар ҳоли ҳусну қудрат ба ҳоли имтиҳон гузоштаву якеро дар ҳоли хирачеҳриву заъфу нотавонӣ. Ин маънӣ дар ояи 155-и сураи «Бақарра» ошкор аст, ки гуфта шуда: «Ва албатта шуморо ба сахтиҳо чун тарс ва гурӯснагӣ ва нуқсони амвол ва нуфус ва офоти зироат биозмоем…».
Аз ин ҷо, хулосаи гуфтор ин аст, ки Офаридгор инсони махлуқро дар пояҳои гуногун барои озмуд офарид, то бубинад, ки эшон дар ҳоли худ чӣ мекунанд.
Аҳли қудрат ва имконро озмоиш ин аст, ки бар заифону нотавонон, аҳли ҳуснро озмоиш ин аст, ки бар зиштрӯён бо чашми раҳмат ва эҳсон назар кунанд, то барои худ аз ҷониби соҳиби Қудрат ҳамчунин подошеро насиба созанд. Таассуф, инсони заминӣ бо номи Худо сухан мегӯяду дар муқобили Худо амал мекунад. Башар басо мунофиқ ва риёкор гаштааст. Сухан дигар асту амал дигар. Агар ба Худо бовар надорем, чаро ошкор нагӯем, ки дар ин дунё мо дунболи андешаи худ ҳастем, ончунон ки ин суханро аҳли даҳрия гуфтанд. Ин тоифа гӯё бовар доранд, ки Худоро ҳам метавон фиребид. Агар не, чаро ин суханони китоби Худо онҳоро ба ҳуш наорад, ки гуфта: «Ва гурӯҳе аз мардум гӯянд, ки мо имон овардаем ба Худо ва рӯзи қиёмат ва ҳол он ки имон наовардаанд» (Бақара-8). «Кофирон чун ба аҳли имон бархӯранд, гӯянд: Мо имон овардаем ва чун бо шайтонҳои худ хилват кунанд гӯянд: Мо ботинан бо шумоем, ҷузъ он ки мӯъминонро истеҳзо мекунем» (Бақара-14).
Ҳамин риё ва нифоқ аст, ки ҷомеаҳои худро халқӣ (демократӣ) ном мениҳему дар асл ҳоли халқро дар сахттарин ҳолати иҷтимоъ ва хортарин иззат қарор медиҳем. Ҳамин ҳолати дурӣ аз Худо аст, ки барои манфиате аз манофеи дунё ҳақро ботил месозему ботилро ҳақ. Ҳамин нифоқу риё ва дурӣ аз Холиқ аст, ки ба хотири ҷоҳу мансабе бар халқи Худо тӯҳмат мезанему ростро каҷ мехонему каҷро рост. Ҳамин нифоқу риё ва бегонагӣ ба Офаридгор аст, ки «Ба исми Аллоҳ» сухан оғоз мекунему ба ризои Шайтон амал мекунем. Ҳамин аст, ки «мулло»-и шинохтаи вақтамон ба хотири ризои «сиёсати ғолиб» дар муқобили ҳукми Офаридгор «фатво» медиҳад. Ҳамин рӯсиёҳиамон аст, ки дар аёми худ ростонро ба банди дору кунҷи зиндон мекашему сипас «саридор»-иёну «ҷасадҳои зиндонӣ»-ро «намуна»-и таърих мехонем.

Муҳаммадалии НУРАЛӣ
Давом дорад

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: