Главная > Uncategorized > Баҳси ДТИКТ, таҳаммули Фарҳод Раҳимов, «неш»-и Хуршед Зиёев

Баҳси ДТИКТ, таҳаммули Фарҳод Раҳимов, «неш»-и Хуршед Зиёев

Аз вазифа рафтани собиқ ректори ягона донишкадаи мустақили Тоҷикистон Хаёл Бобоевро қариб як сол мешавад. Моҳи майи соли гузашта баъди аз кор рафтани Бобоев дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» мақолае бо номи «Ректор тарки вазифа кард, вале на ҳамаи омӯзгорон маош гирифтанд» мунташир гардид, ки ба қалами С. Искандаров тааллуқ дошт. Баъдан дар ҳафтаномаи «Пайкон» мақолаи «Хаёл Бобоев: Агар ин пулҳоро ман мехӯрдам…» чоп шуд, ки пас аз нашри он дар байни мардум, хусусан устодону донишҷӯёни ДТИКТ сарусадои зиёде ба миён омад. Собиқ ректорро пас аз вазифа барканор шуданаш вохӯрдему дар мавриди ДТИКТ сӯҳбат карда, фикрашро рӯйи қоғаз овардем. Аз боварии Бобоев, ки ба наздикӣ 70% донишомӯзон тарки ин даргоҳи таълимӣ мекунанд, муассис ва кулли кормандони донишкада дар ҳайрат буданд. «Намедонем ин боварии собиқ ректори донишкада Х. Бобоев аз куҷо маншаъ мегирад!» гуфта буданд онҳо.

Бори нахуст Бобоев дар асоси моддаи 46-и Кодекси меҳнати ҶТ бинобар аз якчанд фармони муассис саркашӣ намуданаш ва иҷро нагардидани фармони корфармо аз вазифаи ректорӣ озод карда шуда буд. Сипас фармон тағйир ёфта, Х. Бобоев бо дигар восита, яъне бо аризаи худ аз кор меравад. Чанд рӯз қабл аз ба истеъфо рафтани Бобоев воқеан дар байни донишҷӯёни донишкадаи номбурда дар мавриди барҳам хӯрдани ягона донишкадаи мустақили Тоҷикистон суханҳои зиёде шунида мешуд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар Бобоев дар мавриди баста шудани донишкадаи мустақили Тоҷикистон ҳарфе намегуфт, пас аз куҷо овозаи баста шудани он пайдо мешуд? Ё мақоли «то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад» рост баромад?
Баъди чопи мақолаҳои пай дар пай дар ВАО овозае паҳн гардида буд, ки гӯё Вазорати маориф шикояти собиқ ректори ин донишкада Х. Бобоевро ба назар гирифта, ба хулосае омадааст, ки ин донишкадаро мебандад. Бисёриҳо аз ин овозаҳо боварӣ надоштанду мегуфтанд: «Ҷойи он, ки вазорат чунин муассисаҳоро дастгирӣ кунад, чӣ хел онро мебастааст?». Ниҳоят фармони вазири маориф аз 23-юми июли соли 2009 дар мавриди муваққатан боз доштани фаъолияти ДТИКТ баромад. Дар расонаҳои давлатӣ хабарҳое низ нашр гардид, ки довталабон бояд ҳуҷҷатҳояшонро бозпас гиранд. Нафаре намедонад, довталабоне, ки ҳуҷҷатҳояшонро бозпас гирифтанд, ба куҷо рафтаанд. Оё онҳо дар донишкадаи дигар аз рӯйи ихтисосе, ки ба он шавқу рағбат доштанд, дохил шуданд ё не? Ё дар кӯча монданд? Агар аз ноилоҷӣ ба дигар макотиби олӣ дохил шуда бошанд, пас онҳо метавоанд дар оянда мутахассис хуб шаванд?
Вақте дар ин маврид бо Бобоев ҳамсӯҳбат гаштем, гуфта буд, ки рафта аз устодони донишкада пурсон шавем. Ҳамчунин, хоҳиш дошт суол диҳем, ки чаро дар давоми чанд соли ахир чор ректор тарки вазифа кардаанд? Ҳарчанд муяссар нашуд бо собиқ ректорҳо дар мавриди тарки вазифаашон сӯҳбат кунем, тавонистем дар ин маврид фикри устодони донишкадаро гирем ва онҳо чунин посух доданд: «Мо медонем, ки ректори аввала Шукуров буданд. Рафтани Шукуров аз вазифа бо муноқиша набуд. То ҷое аз забони Шукуров шунида будем, он кас бо фармони Президенти ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуда буданд. Ректори дуюм Ҷамшедов буданд, ки он кас бояд дар асоси барномаи грантӣ як моҳ ба хориҷа сафар мекарданд. Аз муассис хоҳиш намуда буданд, ки ӯро аз вазифааш барканор кунанд. Ҳангоми ба истеъфо рафтан ба он кас аз ҷониби донишкада тӯҳфа тақдим гардид. Сеюм ректор Ҳ. Умаров буданд, вале аз сабаби ба нафақа рафтанашон дигар кор карда натавонистанд. Доим аз фаъолияти донишкада қаноатманд буданд. Маълум аст, ки Х. Бобоев чи хел аз вазифа рафт». Яъне, ақидаи Х. Бобоевро устодони донишкада беасос донистанд. Ба ин маънӣ, ки Бобоев бо ин иддао мехоҳад донишкадаро гунаҳкор созад. Баҳсҳои судӣ ҳам оғоз гардид. Тибқи иттилое, ки ба даст овардем, 13 ҷаласаи судии вазорат бо донишкада баргузор гардидааст. Ҷониби вазорат мехоҳад иҷозатномаеро, ки барои фаъолияти донишкада додаасту эътибори он то соли 2013 аст, бозпас гирад. Муовини вазири маориф Фарҳод Раҳимов дар ин маврид мегӯяд: «Мо мехоҳем иҷозатномаеро, ки барои фаъолияти ДТИКТ дода будем, бозпас гирем. Ба фаъолият кардану накарданаш коре надорем». Модоме ки Вазорати маориф иҷозатномаи бозпас гирад, пас донишкада чи хел метавонад фаъолияташро идома диҳад!? Ҷониби донишкада мегӯянд: «Мақоми Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ ба ДТИКТ аз тарафи вазорат иҷборӣ тағйири ном кард. «Мо пешниҳод кардем, пешниҳоди моро қабул карданд, сипас мақоми донишгоҳ ба донишкада табдил дода шуд»- мегӯяд дар навбати худ Ф. Раҳимов
Дар мурофиаи судии ДТИКТ бо Вазорати маориф, ки дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе доир гардида буд, Фарҳод Раҳимов аз куҷо омаданамро пурсон шуд. Вақте аз «Пайкон» гуфтем, Хуршед Зиёев заҳрхандае карду гуфт: «Ин нашрияи расмии донишкадаи инноватсионӣ». Ба ин далел, ки гӯё мо дар ин баҳси дуҷониба танҳо тарафдори як ҷониб ҳастем. Ҳол он ки, чанд маротиба мухбирҳои ҳафтанома барои фаҳмидани фикри намояндаи вазорат рафта буданду онҳо бо ҳар баҳона сӯҳбат кардан нахостанд. Гузашта аз ин, барои ҷавоб нагардонидан ба мақолаҳое, ки дар бораи баҳси Вазорати маориф ва ДТИКТ нашр гардидааст, то ҳол масъулини соҳа қарздоранд.
Дар охирин ҷаласаи судии донишкада бо вазорат Фарҳод Раҳимов иброз дошт: «Ҳамаи он мақолаҳое, ки дар бораи Вазорати маориф нашр гардидаанд, ҷамъ кунем, ҷилдҳо китоб мешавад. Аммо ба ҳамаи ин таҳаммул мекунем». Вақте дар мавриди фармони рақами 622 пурсон шудем, «баҳси мо ба ин масъала иртиботе надорад, албатта мақолаҳои таҳқиромезро дар назар дорем. Дар дигар бора бошад, вазорат муваззаф аст, ки ҷавоб диҳад»,- гуфт Фарҳод Раҳимов.
Медонем, ки бо ин ҷавоб аз вазъият баромаданиянд, аммо онро қабул надорем. Ҷониби вазорат фикр мекунанд, ки мо донишкадаро дастгирӣ мекунем, ки хушбахтона ин тавр нест. Танҳо аз ҳақиқати ҳол гуфтанием, ки вазорат чӣ мехоҳаду донишкада чӣ. Ба андешаи кормандони донишкада, ба ин масъала характери сиёсӣ дода истодаанд. Аммо намояндаи вазорат Ф. Раҳимов мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба масъалаи мавриди назар ҷанбаи сиёсӣ надодаанду дода намешавад.
Хуллас, бо ҳар роҳ ҷонибҳо мехоҳанд камбудиҳои якдигарро ёбанд. Вазорати маориф мехоҳад дар мавриди бинои донишкада ба додгоҳ муроҷиат кунад. Зеро онро ғайриқонунӣ медонад. Ба гуфтаи ҷониби донишкада, бинои донишкада ғайриқонунӣ нест ва намояндагони он мехоҳанд дар ин маврид баҳсҳо идома ёбанд.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Хусейн
    Июнь 17, 2010 в 4:24 дп

    ин бахси нотамом холо хам нотамом монд. ман хамчун донишчуи курси аввали ДОнишкадаи сохибкори ва хизмат мегуям ки наход Вазорати маориф бо хамин як донишкада бахси суди кунад.Охир ин донишкада барои пешрафти чавонон барох монда шудааст. Донишкада мукобили давлат нест ку? чуноне ки раёсати донишкада гуфтаанд»БАХИЛИ ПЕШРАФТИ МАОРИФ НЕСТ!» Ман хамчун шахрванд гуфтаниам ки монед Донишкада ба кори худ машгул шавад. Мукобили баста шудани онам!!!!!!!!!!!!!!

    Нравится

  2. Сагдиана
    Июнь 17, 2010 в 4:36 дп

    Пеш аз ин ки суханамро огоз кунам, гуфтаниам, ки худ кормандони Вазоарат авом хастанд. Конунро намедонанду конун бози мекунанд. Наход Донишкадае ки ба рои рушди чавонон ва пешрафти чомеа фаъолият дорад ба манфиати мамалакатамон кор пеш бурда истодааст онро банданд. Оё ягон суханашлн мукобили давлат ё вазорат буд? пеш аз бахс. ман аз фазорати маориф хохиш менамоям ки ин доникадаро бо холи худ гузорад чунки ин ба манфиати мо донишчуён хаст на бар хилофи манфиати мо. Агар тамоми Донишгоху Донишкадахоро дида барои мисли ин донишкада то 5 сол забони англиси дарс намегуянд. то 5 сол компютер дарс намегуянд. «БАХИЛИ ПЕШРАФТИ МАОРИФ НЕСТ!»

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: