Главная > Uncategorized > Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Идома аз шумораи гузашта. Аввалаш:

— Дар наздатон ғайр аз китобҳои динӣ «Фарҳанги забони тоҷикӣ» меистад. Сабабаш?
— «Кимёи саодат», ба худатон маълум, ки китоби ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ мебошад. Онро мехонем ва аз он баҳра мегирем. Аз дигар китобҳои динӣ ҳамчунин. «Фарҳанги забони точикӣ» бошад, ин фарҳанги мост. Мо аҳли илму фазлро дӯст медорем. Аз ин фарҳангҳо мудом истифода мебарему баъзе мардуме, ки файз мебинанд, аз даму нафаси мо фарзанд меёбанд, аз мо хоҳиш мекунанд, то номи тифли навзодро гузорем… Баъзе луғатҳои номро мекобем ва ҳамин чизҳоро албатта аз фарҳанг мегирем. Аз «Ғиёс-ул-луғот» мегирем. Боз хоҳонем, ки доир ба исмҳо луғат бошад, то аз он истифода барем. Иншоаллоҳ, мо қариб аз ҳама мехонем, истифода мебарем. Бисёр мардум аз роҳҳои дур меоянд. Остонаи домуллои Файзобод, эшони Файзобод, бузурги Файзобод гуфта меоянд. Ба ин шӯҳрат мо нарасидаем. Ин шӯҳрати қиблагоҳ буду ҳаст. Ҳазрати қиблагоҳ аҳли тасаввуф буданд. Бисёр шабзиндадор буданд. Бузургияшон дар ҳамин, ки дар назди чанд пир хизмат кардагӣ, даст гирифтагӣ, дуо гирифтагӣ буданд. Шабона қариб намехобиданд. Кадом замоне бедор мешудем, ба тоату ибодату зикри Парвардигор машғул буданд. Дар илми ҳолу тариқат доно буданд.
— Мебахшед, тасаввуф гуфтед. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Шумо дар муқоиса ба падаратон, худатонро дар кадом зина мебинед?
Кору амали он касро дар кадом сатҳ бо муқоиса бо худатон дарёфтед?
— Алҳамдуллилоҳ, як корест, ки ҳар вақте ки мо дар ҷавонӣ дар назди падар таълим мегирифтем. Китобҳои «Ҳафтяк», «Фарзи айн», «Чаҳор китоб» хондем. Ҳазрати лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мехондем. Дар ҳамон вақтҳо ҳазрати Мирзо Бедил мехондем, «Фиқҳи тайлонӣ» хондем. Ҳазрати қиблагоҳ таълим медоданд, аҷоиб сухан мекарданд. Дарс медоданду мегуфтанд, ки бачем, агар ҳафт тарафи замину осмонро хонию илми қолу ҳолро дар бар нагирӣ, монанди таоми бенамак мемонӣ. Ҳазрат мегуфтанд, ки вақте инҳоро хондеду синну солатон ба ҷое расиду калон шудед, ҳатман дар назди ягон пири тариқат касб кунед. Ин ҳам як илми махсус мебошад. Бо иҷозати худашон мо рафта дар назди фарзанди як бузургвор, яъне хусури қиблагоҳ, қайнаи қиблагоҳ, ҳазрати марҳум эшони Шайхи Элокӣ вазифа гирифтем. Вазифаҳои тасаввуфиро ба мо доданд. Ҳазрат амр карданд, ки мо бояд онҳоро ба ҷо орем. Алҳамдуллилоҳ, зиёда аз сӣ сол шуда истодааст, ки меомӯзем… Мо аз қиблагоҳамон пасттаракем. Ҳаргиз ба ҳазрати қиблагоҳамон баробар шудан, наздик шуда наметавонем. Шояд пайрав ҳастем, ки касабаҳои ҳамон ҳазрати қиблагоҳро тай кунем. Мо бузургии қиблагоҳамонро то чанде, ки меҳнат мекунему дар ҳамон доира ҳастем, ҳамон қадар амиқтар дарк мекунем. Медонему тан медиҳем, ки падарамон бузург будаанд. Бо вуҷуди аз синни 70-сола боло буданашон бисёр хизмати содиқона мекарданд, дар ҳамин касабаҳои аҳли тасаввуфиашон, дар касабаҳои илми ҳолиашон. Ин илми ҳолро ҳамаи сирҳояшро гуфта намешавад. Мавлавии Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст, ки:
Ҳар киро асрори ҳақ омӯхтанд,
Васф карданду даҳонаш дӯхтанд.

— Инҷо дар бораи аҳли тасаввуф ҳазрати Ҳофизу ҳазрати мавлоно Ҷалолиддини Румӣ сухан кардед. Ҳазрати Бедил дар як ҷо мегӯяд:
Санги роҳи хеш созад Каъбаву бутхонаро,
Ҳарки чун Бедил тавофи Каъбаи дилҳо кунад.
Аз диди Шумо Бедил чиро дар назар дорад?

— Аввал, аз Худованд омӯрзиш мехоҳам, ки мабодо хато нашавад. Бечорагиву хоксориву шикастагии худашро дар назар гирифтаву, яъне инсон маҳви Аллоҳ таъоло шуд, ба якка ва ягонагии ӯ маҳв шуду шинохт. Ба фикри ман дигар чизҳо ронда мешавад, барои худошиносӣ ҳамаи онҳоро як тараф мемонаду фақат як зоти бемисл бар дараҷаи олӣ парастиш кардану саҷда карданаш, яъне ки худашро дар пеши Худованд аз як зарра ҳам боло намебинад. «Ман арафа нафсуҳу фақат арафа рабуҳу». Яъне, «Шахсе ки бишносад нафси худашро, боз ба таҳқиқ бишносад Рабби худро, Худои худро шинохтааст». Ин аҳли тасаввуф ҳамин қадар бузурганд, ки… Лисонулғайб мегӯяд:
Кам мабош аз дарахти сояфикан,
Ҳар ки санг занад, самар бахшаш.

Мусулмони комил ҳамин қадар бояд даъво кунад, ки мусулмон шудааст. ӯ мисли дарахти мевадеҳ бошад. Вақте дарахти мевадорро бо санг мезанӣ, он дарахт як нок ё себ медиҳад, ки «гир, бихӯр!». Мусалмони комил вақте ба дараҷаи камолот расид, аз онҳо озори касе бар намеояд. Ҳамаи мардум дарс гирифтаанд, аз ҷумла пирҳои тариқат. Аз он ҷумла ҳазрати Имоми Аъзам. Бузургвор ними мардуми дунёро муттаҳид карданд. Эшон пайрав ба илми ҳолу тасаввуфу худошиносӣ буданд. Як қиссае ба ёдам расид: Ҳазрати қиблагоҳ нақл мекарданд, ки «бачам, як рӯз ҳазрати Мӯсо (а) бо Парвардигор (ҷ) гап мезанад. Аз Парвардигор нидо меояд:
— Ё Мӯсо аз махлуқоте, ки дар дунё ман халқ кардам, аз худат пасттарро ба назди ман биёр. Ҳазрати Мӯсо (а) омада мегӯяд, ки олам пур аз одами бечора, яктояшро гирифта меорам. Борхалтаашро гирифта даруни маҳаллааш меравад. То чанде пеш меравад, меҳри Парвардигор дар дилаш ҷӯш задан мегирад: «Охир инҳо ҳамааш махлуқи Худо, номаълум, ки дар назди Парвардигор қадри ман баланд бошад, ё ин камбағал. Аз одамизод намеорам»,- мегӯяду назди ҳайвонот меравад ва бар онҳо назар мекунад. Боз меҳри Парвардигор дар дилаш ҷӯш мезанад, ки инҳоро як холиқ офаридааст, онҳо махлуқи Худо ҳастанд. Мабодо онҳо қадрашон дар назди Худованд аз ман баланд бошад. Аз ҳайвонот ҳам мувофиқе намеёбад, ки гирифта биёрад. Гиря карда, дар назди санги калоне меғалтаду камтар дам мегтрад. Дар ҳамон ҳолат ба қудрати илоҳӣ як саги пашмаш рехтагӣ, пӯсткандаи пир назди ҳамон санг пайдо мешавад. Мӯсо мегӯяд, ки агар ҳамин саг аз ман, аз қадри ман дар назди Худо пасттар набошад, дигар ҳеҷ махлуқи пасттаре нест. Нигоҳ мекунад, ки саг бо пойҳои худ роҳ меравад. Метарсад, ки онро ҳам Худо халқ кардааст. Он ҳам махлуқи Худо аст. Ман намедонам, мумкин қадри ин саг аз ман баланд бошад, гуфта нола мекунад. Меояду ба Парвардигор роз мегӯяд: — эй зоти бечуни якто. Ман дар дунё касеро ва ё чизеро аз худам пасттар наёфтам, ки ба пешат орам. Аз худам пасттар касе ва чизе нест.
Ҳазрати Парвардигор (ҷ) мегӯяд, ки «қасам бар зоти ҷалолиям ё Мӯсо, агар ҳамон сагро меовардӣ, ҳароина номи туро аз девони пайғамбарӣ хат мезадам».
Таълимоти илми ҳоли устодони мо ҳамин аст, ки инсон бояд нафсашро эҳтиёт кунад, ки ӯро ба илмдониаш, ба эшониаш, ба мансабдориаш фирефта накунад. Ту акнун одами бузург шудагӣ, ту одами зӯр шудагӣ, аз ту зӯртар нест касе. Вале касе зӯр нест, касе бузург нест, касе тавоно нест. Зӯру бузургу тавоно Худо аст. Мо бандаем, яъне ғуломи Худоем. Мо таслим ба Худо ҳастем. Мӯъмин бояд чусту чолок бошад, вале таваккал ба Худо кунад.
— Аз лисонулғайб ҳазрати Хоҷа Ҳофиз ёдовар шудем. Хоҷа Ҳофиз дар мақтаъи як ғазалаш мегӯяд:
Ҳофиз асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш,
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?

Муроди ҳазрати Ҳофиз чист?

— Ин ҳазратҳо, ман ҳамин хел баҳо дода, ё гуфта метавонам, ки бисёр бузургворҳои калон буданд. Илмро ба дараҷаи олӣ аз бар кардагӣ буданд. Баъзе мумкин бесавод ё камсавод бошанду даъво кунанд. Ҳазрат ин суханҳоро муқобили ҳамонҳо гуфтаанд. Вақте мусулмони комил ба Худо таслим бошад, баъзе сирҳое ҳаст, ки инсон қодир нест, ақлаш ҳам гунҷоиш намедиҳад, ки ҳамон масъаларо ҳал кунад. Дар Қуръон имрӯз баъзе илмҳое ҳаст, ки исбот шуда истодааст. Вале онҳо 1400 сол қабл дар Қуръон гуфта шудаанд. Илми ҳозира нав муайян кардааст, ки дар олам ҳақиқатан махлуқҳои ноаён будааст. Ё ки ҷин будааст. Худованд дар Қуръон мегӯяд, ки мо халқ накардем одамизод ва ҷинро магар аз барои ибодат. Яъне, мо ба Худо имон дорем, ба каломи Худо имон дорем, чизе ки Қуръон гуфтааст, мо қабул дорем. Асрори илоҳиро касе намедонад, хамӯш. Мо ҳуқуқи ҳамаашро тафсиру гап задан надорем. Чизеро, ки китобҳо гуфтаанд, мо мегӯему чизеро, ки худаш қодир асту худаш медонад мо таслимем. Ҳозир ақли мо як заррае ҳаст, ки илмро мебинем. Баъзе чизҳоро илми қол бигӯем, илми тасаввуф гӯем, дуруст дарк намекунанд. Ҳазрати қиблагоҳ нақл карданд, ки мо ҳамроҳи суфиҳо нишаста будем. Бо як домуллои салафӣ баҳс кардам. Дар масъалаи мазорҳо танқид карданд. Як ҳадис ҳаст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтаанд, ки як саҳоба вафот мекунад. Саҳобае, ки бисёр дӯст медоштанд. Ба саҳобаи дигар мефармоянд, ки фалон сангро биёр болои майит монем, ки ин нишона истад, гум нашавад. Дар ҳадисҳо шарҳи Мушко омадагӣ. Он саҳоба сангро бардошта натавонист. Пайғамбари Худо рафта сангро оварда болои сари ҳамон саҳоба монданд, то ки ягон нишона монад. Мазорҳои бузургворҳову авлиёҳо дар ҳамон замон буданд, ки ин як далелак аст. Падари мо ривоят мекарданд, ки мо нишаста будем ҳамроҳи чанд суфӣ. Омада гуфтанд, ки эшони баланд, ҳамин суфиҳоро гирифта баред, ҳамон поёни қишлоқба як ду-се шахсони хуб, мурдаҳои хуб, одамҳои хуб қазо кардаанд, ҳамон ҷо раҳи гову мол шудааст. Гову мол поймол мекунад гӯри онҳоро. Гирди онҳоро хандақ кунед, ки фақат чашми зоҳири мардум биносту чашми ботинашон кӯр. Агар гирди ҳамон хандақ бошаду маҳкам, ҳаминҷо гӯристон гуфта, одамҳои мегузаштагӣ як дуо мехонанд. Ҳам савоб ба худашон мерасад, ҳам ба ҳамон мурдагӣ.
Ба ҳамин хотир илми тасаввуф доштагиву илми ҳол доштагиҳо худашон медонанду Худои таъоло. На ҳама сирро иҷозати фош кардан ҳаст. Барои ҳамин бузургонро эҳтиром мекунем, дар бузургиашон қоил ҳастем. Худодод буданд, ки ҳамон корҳоро карданд. Китоби Мавлавии Румӣ соли 2006 дар Амрико китоби сол эълон шуда будааст. Як бузурги моро, ҳамзабони моро дунё эътироф кард. Ҳамин Қуръонро ба забони паҳлавӣ тафсир кардааст. Бубинед, ки бузургияшро ҷаҳон эътироф кард:
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Ҷумъаи ТОЛИБ,
Азимҷон Бадалов,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: