Главная > Uncategorized > «Роғун»-ро ғорат карданд…

«Роғун»-ро ғорат карданд…

ё худ намунаи корбарии Ҷаббор Расулову Савченко

Охири солҳои 70-уми қарни ХХ буд. Он солҳо ба ҳайси суратгири рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»-и ноҳияи Файзобод ва суратгири ғайриштатии рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият мекардам. Он солҳо расмҳои мегирифтаам дар бораи иншооти ниҳоят муҳим — НБО-и «Роғун» ҳикоят мекард. Аз ин иншоот садҳо диловарони арсаи меҳнат, созандагони нерӯгоҳро аксбардорӣ карда, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявию марказии собиқ Шӯравӣ болои чоп овардам. Он солҳо дар нерӯгоҳ аз тамоми гӯшаю канор муҳандисон, роҳсозону нақбканон, ронандагону экскваторчиён бо амри дил барои бунёди нерӯгоҳ омада, кор мекарданд.

Он солҳо 17 миллату халқиятҳо чун ёру бародар дар се баст фаъолият доштанд. Дар як муддати кӯтоҳ шаҳраки Сарипулак ва Роғунро бунёд карданд. Дар шаҳр садҳо манзили истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, қасри фарҳанг, осорхонаю китобхонаҳо, ҳаммому дабистонҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Боре аз идораи рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» супориш доданд, ки роҳсоз — дорандаи ордену медалҳои «Ленин», «Дӯстии халқҳо», «Инқилоби Октябр», ифтихорномаҳо — Камол Ҳамсариевро, ки дар бунёди НБО-и «Сарбанд», «Норак» ва «Роғун» саҳм гузоштааст, бо аъзоёни бригадааш аксбардорӣ кунам. Рӯзе, ки аз пайи супориш шудаму ба ҷойи кори Камол Ҳамсариев омадам, гурӯҳи ӯ машғули тахту ҳамвор кардани роҳи ҳашткилометраи Қадиобу Роғуншаҳр буданд. Аз даста Камол Ҳамсариевро пурсон шудам. «Ман»,- ҷавоб дод ӯ ва илова кард: «Бародар, ба ман кор доштед?». Мақсади омаданамро фаҳмондам. Камол Ҳамсариев ба дастааш супориши иловагӣ доду маро то ҷойи даркории роҳсозон бурда, дар наздам дастурхон гузошту ба нӯшидани чой ва тановули мастоба даъват кард. Таклифи ӯро рад накардам.
Расо як соат бо Камол Ҳамсариев дар бораи аз рӯзи ба фаъолият сар карданаш дар бунёди нерӯгоҳҳои «Сарбанд»-у «Норак» ва «Роғун» сӯҳбат оростем. ӯ гуфт: «Баъди солҳои 60-уми асри ХХ тибқи нақшаи ҳукумати марказӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди нерӯгоҳ оғоз гардид. Аз шунидани бунёди НОБ хушҳол гаштам. Мақсад гузоштам, ки дар бунёди НБО-и «Норак» саҳм гузорам. Даҳ нафар роҳсозро ҳамроҳ гирифта, роҳи Норакро пеш гирифтам. Ҳамон рӯз моро бо хушнудӣ қабул карда, сохтмони роҳи навро ба зиммаамон гузоштанд. Он солҳо Норак дар мавзее ҷойгир буд, ки 10-15 хоҷагиро дар бар мегирифту он хоҷагиҳо дар миёни кӯҳҳо ҷойгир буданд. Аз ин ҷо мардум ба воситаи хару асп барои рӯзгорашон намак меоварданд.
Вақте сохтмони нерӯгоҳ оғоз гардид, ду километр дуртар аз деҳаи Ғешӣ ба бунёди роҳи нав сар кардем. Роҳи нақлиётгард, ки аз деҳаи Ғешӣ то даромадгоҳи Норак мерафт, роҳ каҷукилеб, тангу ноҳамвор буда, барои кашондани масолеҳу семент, оҳану таҷҳизоти вазнин мусоидат намекард. Рӯзе масофаи як-ду километр роҳи нав месохтему онро бетону асфалтпӯш мекардем. Техникаҳо рӯзе чор-панҷ километр роҳи навро тахту ҳамвор мекарданду мошинҳо сангу шағол оварда мерехтанд. Аъзоёни дастаи меҳнатии мо дар сохтани роҳ саҳм мегузоштанд.

Боре ду рӯз сангу шағал аз Душанбе ворид нагардид. Рӯзи дигар котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шодравон Ҷаббор Расулов аз корҳои созандагию бунёдкории коргарону мутахассисони нерӯгоҳ дидан карда, ба назди мо омад ва аз кору борамон пурсон шуд. Ман ба Ҷаббор Расулов арз кардам, ки ду рӯз боз аз сангу шағал, сементу асфалт танқисӣ мекашем. Шодравон дар дафтари бақайдгириаш дархости маро навишта гирифту бо мо хайрухуш карда, ба Душанбе рафт. Рӯзи дигар зиёда аз 10 мошин сангу шағал, сементу асфалт барои сохтмони роҳи нав оварда шуд. Дар муддати начандон тӯлонӣ сохтмони роҳи нави зиёда аз 20-километраи то Норак ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт».
Аз соли 1960 сохтмони НБО-и «Норак» оғоз гардида, 15-уми ноябри соли 1972 аввалин агрегати он ба кор даромад. Баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ Камол Ҳамсариев бо дастаи меҳнатиаш баҳри бунёди НБО-и «Роғун» соли 1975 ба кор омад. Аз соли 1975 то солҳои 80-ум ӯ дар ин иншооти ниҳоят муҳими стратегӣ саҳми арзандаи хешро гузошт.
Камол Ҳамсариев дар ин маврид гуфт: «Солҳои нимаи 70-ум кашондани масолеҳу таҷҳизот, техникаю технологияи вазнин, ки аз ҷумҳуриҳои Украина, Белорусия, Русия ба НБО-и «Роғун» оварда мешуданд, ба воситаи роҳи нақлиётгарди шаҳрии Обигарму ноҳияи Нуробод ниҳоят душвор буд. Ин роҳ то нерӯгоҳ зиёда аз 20 километрро дар бар мегирифт ва ниҳоят каҷукилебу душворгузар буд. Фасли баҳор аз кӯҳҳо тарма, сангу шағал ба роҳ мерехт, ки дар натиҷа расонидани техникаи вазнини воридшуда то нерӯгоҳ машаққати зиёдро талаб мекард. Дар ин бора ба сардори «Роғунгесстрой» А. В. Савченко дархост пешниҳод кардам, ки бояд роҳи нав аз Қадиоб то Роғун сохта шавад. В. Т. Савченко дархости маро ҷонибдорӣ карда, барои оғози сохтмони роҳи нав розигӣ дод. Ҳамин тавр, сохтмони роҳи навро аз деҳаи Қадиоб сар карда, дар тӯли 6 моҳ сохтмони онро анҷом додем».
Баъди солҳои 80-ум, аниқтараш соли 1989 заминаи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омаду алоқаи иқтисодӣ бо мамлакатҳои собиқ канда шуда, бунёди нерӯгоҳ дар миёнароҳ монд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, мутахассисон, муҳандисону роҳсозони русзабон кӯч бастанд. Аз кашмакашиҳои сиёсӣ дуздону ғоратгарон истифода бурда, «Роғун»-ро талаю тороҷ карданд. Садҳо манзилу тақсимкунакҳои барқӣ, тасмачарху шиферу тунука, мошинҳои боркашу булдозеру экскваторҳо, белазу сементро ба яғмо бурданд.
Агар «Роғун»-ро ғорат намекарданд, зиёда аз 70 фоизи корҳои созандагию бунёдкории нерӯгоҳ иҷро буданд.
Бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкории нерӯгоҳи ниҳоят муҳими стратегии аср НБО-и «Роғун» аз нав эҳё гардид. Имрӯзҳо барои бунёди нерӯгоҳ аз тамоми гӯшаю канори кишвар мутахассисон, роҳсозон, муҳандисон гирд омадаву дар се баст фаъолона кор карда истодаанд. Ҳар фарди бонангу баномуси миллат дар харидории саҳмияҳо саҳми муносиб гузошта истодааст.
Агар қаҳрамонони миллати тоҷик Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Мавлонзода баҳри нангу номуси ватандорӣ муқобили аҷнабиён ҷангида, ҷони худро нисор карда бошанд, имрӯз нангу номуси миллати тоҷик бунёди НБО-и «Роғун» мебошад. Набояд ба умеди дигарон шавем! Бояд худамон нерӯгоҳро бисозем. Зеро «Роғун» ояндаи миллат, ояндаи дурахшони кишвар аст.
Бояд зикр кард, ки агар агрегатҳои аввалини нерӯгоҳ ба кор дароянд, Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон мешавад. Дар ин ҳол на танҳо кишварро аз бӯҳрони энергетикӣ мебарорем, балки ба мамлакатҳои дуру наздик барқ содир карда, диёрамонро аз бӯҳрони иқтисодию энергетикӣ раҳо мекунем. Ҳамчунин, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд гардида, садҳо нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин мешаванд.
Имрӯзҳо пайравони Камол Ҳамсариев — Хайрулло Маҳмудов, Сафаралӣ Холов, Баҳрулло Маҳмудов, Сайфиддин Назаров, Холмурод Собиров, Шамсулло Муҳиддинов ва дигарон дар бунёди НБО-и «Роғун» кору фаъолият доранд.

Ҳокими САФАР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: