Главная > Uncategorized > Тангемҳои «ғайристандартӣ»: баҳона ё воқеият?

Тангемҳои «ғайристандартӣ»: баҳона ё воқеият?

Давра ба давра ҳаракати тангемҳо дар Душанбе қатъ карда мешавад. Ба гуфтаи Абдулхайр Алиев, мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ин тасмим дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 507 аз 31-уми августи соли 2009 бо мақсади ба танзимдарорӣ, беҳгардонӣ, аз байн бурдани бенизомӣ дар бахши воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва таъмини бехатарии мусофирон андешида шудааст. Тибқи ин қарор ба он воситаҳои нақлиётӣ иҷозаи хизматрасонӣ барои кашонидани мусофирон дар ҳудуди пойтахт дода мешавад, ки сертификати мутобиқати корхонаи истеҳсолкунандаро дошта бошанд. Аз рӯйи санҷиши Агентии «Тоҷикстандарт», он нақлиёте, ки дорои 7 ҷойи нишаст, ба монанди «Чанху», «Хафей», «Дамаск», ки бо номи «Тангем» бештар маъмул аст ва истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад, сертификати мутобиқат надорад. Аммо суоле пайдо мешавад, ки дар оғози фаъолияти тангемҳо, ки он замон газел бисёр буд ва ҳангоми рақобат тангем ғолиб омад, чаро ин гуна санҷиш гузаронида нашуд? Чаро он замон дорои сертификати мутобиқат набудани тангем ошкор нашуд?

«Бизнес»-и шахсони алоҳида?

Абдулхайр Алиев чунин меҳисобад, ки тангемҳо як давраи муайян ба хотири зарурат дар хатсайрҳои пойтахт ҳаракат кардаанд. Вале ба назар ин чандон ҷавоби мушаххас нест. Зеро вақте газел ба меъёри мусофиркашӣ ҷавобгӯй буд, набояд тангеми ғайристандартӣ онро иваз мекард. Он замон шумораи газелҳо ниҳоят зиёд ва қимати роҳкиро низ арзон буд. Бо вуҷуди ин ба фаъолияти тангеми «ғайристандартӣ» зарурат пеш омад.
Аслан, агар таърихи ҳаракати нақлиёти мусофиркашро дар пойтахт дар давоми якчанд соли ахир ёдовар шавем, бо ҳар баҳона ҳаракати нақлиёти мусофиркаш қатъ гашта, ҷойи як намуди нақлиётро дигаре иваз мекард. Замоне газел нақлиёти мусофиркаши хуб ба шумор мерафт, вале монеаҳо пеш омада, ҷойи онро автобусҳои сустҳаракат гирифт. Мардум аз ин автобусҳо хуш истиқбол накарданд. Теъдоди автобусҳои воридшуда барои мусофиркашӣ хеле кам буд, ки талаботи сокинони пойтахтро қонеъ карда натавонист. Бештари ронандаҳо намехостанд дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолият намуда, бо маоши паст ба рондани автобус машғул шаванд. Сипас тангем пайдо шуду мавқеи автобусро танг кард, аммо газелҳо қариб, ки аз байн рафтанд. Ҳоло бошад, тангемҳо «ғайристандартӣ» баромаданд ва онҳоро «Хундай» бояд иваз кунад. Сокинон борҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардаанд, вале гӯё касе шикояти онҳоро намешунид ё хизматрасонии нақлиётӣ дар шакли ивазкунӣ аз як намуд ба намуди дигар ба бизнеси шахсони алоҳида мубаддал шуда буд.
Аммо вазъи имрӯзаи хизматрасонии нақлиётиро бе тангем ва бо автобусҳои лабрез аз одам хуб арзёбӣ кардан чандон дуруст намеояд. Якум, имрӯз агар фаъолияти тангем қатъ гардад, сокинон манзил дарёб карданашон ғайриимкон мегардад. Дуввум, агар тангем ғайристандартӣ ва барои мусофиркашӣ хатарнок аст, автобусҳо аз тангем бештар хатар доранд. Зеро дар ҳавои гарму тафсон ба он тарзе, ки одам савор мекунанд, пиронсолон ва беморон аз нарасидани ҳаво нафастанг шуда, ҷон ба «ҷонон» месупоранд. Баъдан ин гуна муносибат бо сокинони пойтахт шояд ба маданияти шаҳрдорӣ дуруст наояд. Сониян аз лабрез шудани автобусҳо бо одам дохили он ба макони дуздиву авбошӣ ва кисабурӣ табдил ёфтааст. Рӯзе бо ҷамъе дӯстон тавассути автобус хостем ба тӯи як бародар равем. Аз назди бинои РБДА автобуси 28-ро савор шуда, то Чимтеппа рафтем. Дар ин муддат аз кисаи як ҳамкорамон ба миқдори муайян маблағро дуздиданд ва аз сумкаи дигаре телефони мобилиро рабуданд. Ин танҳо «хотирот» аз як сафари кӯтоҳмуддат аст, ки дар давоми чанд соли охир бори аввал ба автобус нишаста будем. Дар дигар автобусҳои дохили шаҳр низ мудом ин гуна ҳолатҳо ба назар мерасанд ва кӣ медонад, ки боз дар он автобус чанд каси дигар аз маблағу телефон маҳрум шудааст?
Ба иттилои масъулини шаҳрдорӣ, тӯли шабонарӯз ҳудуди 450 автобус ва троллейбус мусофир мекашонанд. Бо вуҷуди ин, камбуди нақлиёт эҳсос мешавад. Зеро баъзан нақлиёти мусофиркаширо тӯли соатҳо интизор шудан лозим меояд. Аммо масъулин сабаби дер ҳаракат кардани автобусҳоро вобаста ба пробка дар роҳҳои пойтахт маънидод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, нақлиёт дар шаҳр зиёд аст ва онҳоро бояд ба танзим даровард. Як роҳи бартараф сохтани пробкаро кам кардани шумораи нақлиёт дар пойтахт арзёбӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон, роҳҳо ба меъёр чандон ҷавобгӯ нест. Ин ҷо мушкил дар тангии роҳҳост, на бисёр будани нақлиёт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки кам кардани нақлиёт имкон дорад, вале кам кардани аҳолӣ чӣ? Чунки рондани одамон аз пойтахт на ба минталитети миллии тоҷикон рост меояд ва на аз рӯйи қонуну меъёрҳои байналмиллалӣ дуруст аст. Зеро ҳар як шахс ҳуқуқ дорад дар ҳар куҷое, ки мехоҳад, зиндагӣ кунад. Паҳлӯи дигари мавзӯъ он аст, ки тангемҳоро кам карда метавонанд, аммо кӣ кафил мешавад, ки теъдоди нақлиёти шахсӣ намеафзояд? Ҳарчанд ба андешаи масъулин ҳаракати тангемҳо дар Душанбе бояд қатъ карда шавад, аммо ба назар чунин мерасад, ки Душанбе бо далели тангии роҳҳояш ба нақлиёти зиёд ниёз надорад, аниқтараш аз ин бештарро ҷой дода наметавонад. Лекин мардум аз ин пас шояд боз як-ду соат бештар дар роҳҳо интизори автобус шаванд.

Ҳар кас ба манфиати худ

Аз як ҷониб танг кардани мавқеи тангемҳо дар пойтахтро ба манфиати шахсони алоҳида ё ҷамъиятҳое, ки мехоҳанд танҳо нақлиёти онҳо фаъолият кунад, гуфтан мумкин бошад, аз сӯйи дигар ронандагони тангем низ барои қатъ нагаштани ҳаракати тангем манфиатдоранд. Вагарна аз оғози монеасозиҳо мерафтанд ва дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолияти ронандагиро идома медоданд. Масалан, ронандаҳо дар як рӯз бо тангем мусофиркашӣ кунанд, метавонанд маблағе ба даст оранд, ки аз рондани автобус шояд дар се рӯз ва аз ин ҳам бештар чунин фоида наёбанд. Бо ин далел, мехоҳанд бо ҳар роҳ фаъолияти худро идома диҳанд. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ронандагон, ин ҷо манфиати шахсони пулдор вуҷуд дорад, ки бар ивази тангемҳо ба пойтахт ба миқдори муайян мошини тамғаи «Хундай»-ро ворид карданианд. Инчунин, ба андешаи онҳо, бо рондани автобуси корхонаи коммуналии пойтахт зиндагиро пеш бурдан ғайриимкон аст. Ронандаи тангем Назари Назарзод мегӯяд, ки ҳар рӯзи мусофиркашонӣ тавассути тангем 30-35 сомонӣ фоида ба даст меорад. — Агар ҳаракати тангемҳоро иҷоза надиҳанд, маҷбурем, ки ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро идома диҳем. Зеро дигар илоҷе надорем. Аз рондани тангем маҳрум шавем, дар Тоҷикистон дигар коре ёфтан ғайриимкон аст. Бо ронандаи автобус шудан зиндагиро пеш бурдан амри маҳол аст,- иброз дошт ӯ.
Ба андешаи Абдулхайр Алиев, дар сурати қатъ кардани фаъолияти тангем ронандагони онҳо, ки аксарияташон тибқи иҷора кор мекунанд, метавонанд ба ширкатҳои хусусии мусофирбарӣ аъзо шаванд ё дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолият намоянд. Музди миёнаи маоши ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт аз 150 то 600 сомониро ташкил медодааст. Аз рӯйи ҳисобҳо, аз ду сар ронандаи тангем даромади хуб дорад. Масалан, аз 600 сомонӣ маоши ронанда дар корхонаи коммуналӣ 25 фоиз боҷи давлатӣ ситонида мешавад, ки 150 сомониро ташкил медиҳад. Яъне 450 сомонӣ дар як моҳ маош мегирад. Боз хароҷотҳои иловагӣ ҳисоб карда нашудааст. Вале ронандаи тангем дар як рӯз ба ғайр аз хароҷот 30 сомонӣ фоида ба даст орад, дар моҳ 900 сомонӣ мешавад, ки маоши думоҳаи ронандаи автобусро ташкил медиҳад. Вале дар шароити имрӯза бо 900 сомонӣ ба қавле «хӯру намур» гуфта, зиндагиро пеш бурдан то андозае имкон дорад, аммо бо 450 сомонӣ ғайриимкон аст. Ронандаи тангем Назари Назарзод мегӯяд, дар тааҷҷуб аст, ки ҳоло ҳукумат ба нафъи мардум кор мекунад ё мардум бояд ба нафъи он кор кунанд?
Гуфтаи ӯ то ҷое ҳақиқат дорад. Зеро агар имрӯз ҳукумат ба ҷойи шаҳрвандонро бо ҷойи кор таъмин кардан онҳоро бе ҷойи кор мекунад, пас чӣ кор бояд кунанд? Ба Русия раванд? Ин роҳи ҳал нест, танҳо сафи «Ҷамшудҳо» меафзояд.

Пешниҳоди ронандагони тангем

Ронандагони тангем мегӯянд, ки борҳо дар масъалаи фаъолияти минбаъда бо роҳбарияти ширкатҳои мусофиркашонӣ, ки тангемро иҷора медиҳанд, сӯҳбат кардаанд, вале аз дасти эшон низ коре барнаомадааст. Ин ҷо танҳо масъулини шаҳрдорӣ метавонанд нақши асосиро бозанд. Назари Назарзод чунин пешниҳод кард, ки шаҳрдорӣ пеш аз қарор қабул кардан як назарсанҷие анҷом диҳад, то манфиати мардуми оддӣ нодида гирифта нашавад.
Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар пойтахт бояд барои воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар шаҳру вилоятҳо ба Душанбе меоянд, роҳи махсус сохта шавад. Яъне, мошинҳои аз берун меомада аз маркази Душанбе нагузаранду танҳо бо роҳи махсус, ки он бояд дар атрофи шаҳр воқеъ бошад, ҳаракат кунанд. Барои ин тамоми бозорҳои калони пойтахт бояд берун аз маркази шаҳр ҷойгир бошанд.

Некрӯзи АБДУСАЛИМ, донишҷӯйи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: