Главная > Uncategorized > 5 ё 8? ва қисмати 15 ҳазор доллар

5 ё 8? ва қисмати 15 ҳазор доллар

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоев

Шиносоӣ бо Б. Боқиева, сокини шаҳри Турсунзода, кӯчаи Кутузов, ҳавлии 117 чанд сол қабл ҳангоми гузаронидани як тадқиқоти журналистӣ, ки баъдан дар ҳафтаномаи «Фараж» бо номи «Қиссаи хонахару хонафурӯш» ба табъ расид, оғоз ёфт. Нафаре бо имдод ба мо муроҷиат намуда буд, ки хонаи ӯро ба тариқи фиреб гирифта истодаанд. Ҳатто суди зинаи якум ҳалномаи худро қабул карда буд. Ҳини омӯзиши маводи парванда диққати моро баёноти дар дохили маводҳо мавҷуд будаи Б. Боқиева ба худ кашид. Дар баёнот дигар суханон буду дар ҳалнома акси он қайд карда мешуд. Пас аз ҷустуҷӯ ӯро дар хонааш бемор дарёфтем. Нусхаи баёноташро пешниҳод намудему тасдиқ кард, ки он ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Вақте сабаби дар мурофиаи судӣ аз баёноти додааш даст кашиданашро пурсидем, иброз намуд, дар маҷлиси судӣ ҳам он чизе дар баёнот навишта буд, ҳамонро гуфтааст. Мурофиаи такрорӣ дар ҳамон суду дар ҳайати дигар доир гардид. Б. Боқиева нишондод дод ва ҳақ ба ҳақдор расид…
— Вақте ки баррасии масъалаи хонаи Имомов ба таври такрорӣ оғоз ёфт,-мегӯяд Б. Боқиева,- назди ман омада хоҳиш намуданд, ки нишондодамро тағйир диҳам. Вале ман рости гапро гуфтам. Ба чунин шакле, ки имрӯз бо ман карда истодаанд, Ҳ. Содиқова ва М. Ғафуров ба нафари дигар, сокини шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 1, хонаи 3 А. Имомов тӯҳмат карда, мехостанд, ки хонаи ӯро гиранд. Ман шоҳид будам, ки ин маблағро Содиқова Ҳ. ва Ғафуров М. ба соҳиби хона (Имомовҳо,- шарҳи мо) надода, ба каси дигар доданду ҳуҷҷатҳои хонаи Имомовро аз дасти ҳамон занак гирифтанд. Соҳибхона ба суд муроҷиат намуд. Ман он чиро, ки шоҳидаш будам, нақл кардам ва ба тарзи хаттӣ навишта додам. Суд ба манфиати А. Имомов корро ҳал намуд. Ҳамон вақт Ҳ. Содиқова ба назди ман омада илтимос намуда буд, ки нишондодамро тағйир диҳам. Вале ман чунин накардам. Ман баёнотамро ба Суди шаҳри Турсунзода санаи 5-уми сентябри соли 2007 дода будам. Тасаввур кунед, агар ман воқеан аз Ҳ. Содиқова ё М. Ғафуров дар соли 2005 ё баъдан ба чунин миқдор қарздор мебудам, чунин баёнот медодам.
Дар бораи масъалаи қарз ҳаминро гуфтанием, ки раиси Суди шаҳри Турсунзода Саидов даъвои Содиқова Ҳусния, Мурод Ғафуровро нисбат ба Б. Боқиева оид ба рӯёндани маблағи қарз ба миқдори 15 000 доллари ИМА баробар бо асъори миллӣ 62 550 сомонӣ санаи 25-уми ноябри соли 2009 қонеъ намуд. Коллегияи гражданӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Л. И. Хоҷаева ва судяҳои Суди Олӣ М. С. Саидов ва Т. Қ. Қодиров аризаи кассатсионии Б. Боқиеваро мавриди баррасӣ қарор дода, онро беқаноат ва ҳалномаи суди зинаи аввалро бетағйир гузоштанд. Б. Боқиева ба қарори зинаи кассатсионӣ ризо нашуда, ба тариқи назоратӣ ариза навиштааст.
Чӣ моро водор намуд, ки ба ин масъала баргардем? Дар моддаи 87-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда ва танҳо ба Кониститутсия ва қонун итоат мекунанд». Ин талаботи Конститутсия ва дигар нишондоди қонунгузорӣ аз ҳар як судя тақозо менамояд, ки барои холисона баррасӣ намудани масъала танҳо нишондоди қонунро ба инобат гирад. Дар ин баҳс даъвогар Ҳусния Содиқова далел меорад, ки гӯё дар моҳи июни соли 2006 ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ ба Б. Боқиева қарз додаасту номбурда ин маблағро гирифта забонхат додааст, ки то 20-уми октябри соли 2008 бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст. Даъвогар ваҷҳ овардааст, ки ин маблағро аз ҳамдаъвогар Мурод Ғафуров, ки хонаашро фурӯхта будааст, гирифта ба Б. Боқиева додааст. Гӯё Б. Боқиева ҳамчун кафолат ҳуҷҷатҳои хонаашро — шаҳри Турсунзода, кӯчаи Кутузов, хонаи 117 ба Ҳусния Содиқова дода бошад. Вале Б. Боқиева иброз менамояд, ки ҳамаи ин бофтаҳои Ҳусния Содиқова мебошад. Мурод Ғафуров тағои Содиқова Ҳусния аст. Б. Боқиева иқрор аст, ки аз Ҳусния Содиқова ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ дар моҳҳои май-июни соли 2005 қарз гирифта, онро то 20-уми октябри соли 2005 пурра баргардондааст. Пас аз он аз «Соҳибкорбонк», ки Ҳ. Содиқова дар он ҷо кор мекардааст, маблағи қарз гирифта, хонаи истиқоматиашро воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Кутузов, хонаи 117 барои қарзи бонк ба кафолат мондааст. Баъди пурра баргардондани маблағи қарзи аз бонки «Соҳибкорбонк» гирифта, Ҳ. Содиқова ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии Б. Боқиеваро бе ягон асос намедиҳад. Б. Боқиева ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат менамояд. Суди олии иқтисодии ҶТ Ҳ. Содиқоваро вазифадор менамояд, ки ҳуҷҷатҳои хонаи Б. Боқиеваро диҳад. Аммо Ҳ. Содиқова ҳуҷҷатҳои хонаро надода, ба зинаи аппелятсионии Суди олии иқтисодӣ муроҷиат мекунад. Зинаи аппелятсионӣ низ қарори авваларо бетағйир мегузорад ва Б. Боқиева ҳуҷҷатҳои хонаашро мегирад.
Дар бораи қарзи додашудаю маблағи баргардондашуда байни ду шаҳрванд баҳс идома дорад. Яке мегӯяд, ки онро баргардондаам, дигаре далел меорад, ки то ҳол надодааст. Албатта 15 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи кам нест. Бо аризаи даъвогияшон Ҳ. Содиқова ва М. Ғафуров забонхатеро аз номи Б. Боқиева ба суд пешниҳод кардаанд. Забонхати аз номи Б. Боқиева ба суд пешниҳодшуда шубҳаовар мебошад. Чунки дар забонхат рақами охири сол ислоҳ карда шудаасту намедонед он рақами «5» бошад ё «8». Ҳарчанд дар вақти баррасӣ ба ин масъала чандон аҳамият надода, ин «хатча» ягон аҳамият надорад мегӯянд, ба андешаи мо, он мавқеи калон дорад. Чаро ин «хатча» дар ягон ҷойи дигар неву дар охири рақами сол пайдо шуд? Барои чӣ дар як қисмати забонхат рақами ислоҳшуда бо ҳарф навишта шудаасту дар ин қисмат не?
Оид ба масъалаи чаро то ҳол дар дасти Ҳ. Содиқова боқӣ мондани забонхат ҳам ҳар яке худро ҳақ бароварданӣ мешавад. Ҳ. Содиқова мегӯяд, ки маблағро надод, бинобар ин, забонхат дар дасти ман боқӣ монд. Б. Боқиева иброз менамояд, ки азбаски дар байни мо муносибати хуб буд ва ӯ ҳангоми ба ман додани қарз ягон хел гарав талаб накарда буд, ман ҳам баъди баргардондани қарз забонхатамро ба тариқи ҷиддӣ талаб накардам. Ҳ. Содиқова ба ман гуфт, ки забонхатро дарронда партофтааст ва ман ба сухани ӯ бовар кардам.
Аз маводҳои дар ихтиёрамон буда маълум аст, ки аз соли 2006 инҷониб бо мақомоти қудратии ҷумҳурӣ вобаста ба маблағҳои қарзии гирифтааш баҳси Б. Боқиева идома дорад. Аз он ҷумла дар Суди олии иқтисодӣ бо «Соҳибкорбонк», ки раиси он Ҳ. Содиқова мебошад. Пас чаро ягон маротиба масъалаи қарздории Б. Боқиева ба миён наомад? Хандаовар аст, ки чӣ хел байни Б. Боқиева ва Ҳ. Содиқова баҳси судӣ идома доштаасту боз Ҳ. Содиқова миёнаравӣ карда, аз тағояш маблағ гирифта ба рақибаш медодааст?…
Далели ягона дар ин баҳс ҳамон забонхат мебошад. Вале на дар суди зинаи аввал, на дар суди зинаи кассатсионӣ ба он чандон аҳамият намедиҳанд. Дар суди зинаи аввал бо дархости адвокати Б. Боқиева забонхатро аз ташхиси хатшиносӣ мегузаронанд. Пас аз гирифтани хулосаи мутахассис тарафи ҷавобгар барои ба тариқи такрорӣ гузарондани ташхиси хатшиносӣ дархост мекунанду он беқаноат мемонад.
Баррасии парванда дар суди марҳилаи аввал бо вайрон кардани нишондоди кодекси мурофиавӣ — гражданӣ доир гардида буд. Вале инҷо онро мавриди таҳлил қарор доданӣ нестем. Дар қарори зинаи кассатсионӣ бошад, навишта шудааст: «Тавре суди марҳилаи якум ба пуррагӣ муқаррар намудааст, Боқиева Б. аз Содиқова Ҳусния Нурулоевна ва Ғафуров Мурод маблағи 65250 сомонӣ баробар ба 15000 доллари амрикоӣ моҳи июни 2006 қарз гирифта, ӯҳдадор шудааст, ки то 20 октябри соли 2008 бармегардонад ва дар ин бора забонхат (в.к.6) навиштааст. Ин ҳолати корро худи Боқиева Б. низ тасдиқ менамояд. Аммо дар бораи он, ки қарзашро баргардонида бошад, ба суд далели боэътимодеро пешниҳод накардааст».
Дар асл ин тавр нест. Дар суди зинаи авввал ин масъала пурра мавриди баррасӣ қарор дода нашуд. Далелҳои овардаи Б. Боқиеваро ба инобат нагирифта, мавриди таҳлил қарор надоданд. Б. Боқиева иқрор аст, ки дар моҳи май-июни соли 2005 қарз гирифту онро то 20-уми октябри соли 2005 пурра баргардондааст. Вале ҳолати корро дар мавриди қарздориаш ва забонхаташ оид ба то 20-уми октябри соли 2008 баргардондани қарз умуман эътироф намекунад. Тасавур кунед, кӣ ин қадар маблағро бе ягон манфиатбарию бе ягон кафолат гирифтан ба муддати дурудароз медиҳад? Коллегияи судӣ ҳам асосан ба ҳамон забонхат такя намудааст. Вале Б. Боқиева боз талаб дорад, ки он забонхат ҳаматарафа санҷида шавад. Нисбат ба ин забонхат фикри судяҳои марҳилаи кассатсионӣ чунин аст: «Дигар ваҷҳи шикояти кассатсионии Боқиева Б. оиди он, ки суд бояд экспертизаи такрорӣ дар бораи дар забонхати ӯ додашуда, рақами 5 ба рақами 8 иваз карда шудааст, таъин менамуд, вале таъин кардани онро рад кардааст ва бо ин асос бояд ҳалнома бекор карда шавад, коллегияи судӣ чунин мешуморад, ки он қобили қабул нест. Чунки тавре дар боло зикр гардид, Боқиева Б. воқеияти аз Содиқова Ҳ. гирифтани маблағи 15 ҳазор доллари амрикоиро рад намекунад ва забонхати навиштаашро низ тасдиқ мекунад. Аммо Боқиева Б. дар хусуси он, ки маблағи пулиро ба қарздиҳанда баргардонидааст ин ҳолатро дар суд исбот накардааст.
Дар сурати ҷой доштани чунин ҳолат, суди марҳилаи якум таъин намудани экспертизаи такрории судиро дурусту мувофиқи мақсад наҳисобида, асоснок дархости Боқиеваро ба таъиноти худ рад намудааст. Ҳамин нуқтаро низ қайд намудаш бамаврид аст, ки тавре аз хулосаи №02/2198/2009 ташхиси судӣ-техникии ҳуҷҷатҳо (в.к. 47-48) бармеояд, «дар забонхати Боқиева Б. дар мавқеи ҷойгиршавии навиштаҷоти «2008 йил» эҳтимолан соли «2008» навишта шудааст».
Хулосаи ташхиси техникии ҳуҷатҳо № 02/2198/2009 сол собит менамояд, ки масъала пурра ҳалли худро наёфтааст, забонхати мазкур пурра санҷида нашудааст. Дар ин хулосаи хатшиносӣ таъкид мешавад, ки эҳтимолияти соли «2008» вуҷуд дорад. Аммо аниқ муайян карда нашудааст, ки он кадом сол аст. Чунки мутахассис таъкид менамояд: «Саволи дар назди коршинос гузошташуда аз сабаби ба ташхис пешниҳод нашудани ҳусни хати озоди Боқиева Б. ба пуррагӣ ҳалли худро наёфт».
Аз ҷониби судяи марҳилаи аввал ва судяҳои зинаи кассатсионӣ бошад, ин ҷиҳати масъала ба инобат гирифта намешавад, ки ҳайратовар аст. Дар асл бори дигар таъин намудани ташхиси хатшиносию забонхатро ҳаматарафа муайян намудан он қадар кори мушкил нест. Бале, мушкилӣ надорад, агар манфиат набошад…

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: