Главная > Uncategorized > «Ҳайфи себи хубонӣ»

«Ҳайфи себи хубонӣ»

Собиқ раиси ноҳияи Файзобод Исматулло Зайдов қарор қабул карда буд, ки барои бунёди манзил замин ҷудо карда нашавад…

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои тухмӣ ва растанипарварӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Бо мақсади фаҳмидани он ки дар дохили хоҷагӣ бунёд намудани «хоҷагии деҳқонӣ» имкон дорад ё не, ба кумитаи заминсозии ноҳияи Файзобод омадем. Дӯстони нону намакхӯрда самимона истиқболамон гирифтанд.
Ҳамин ки сабаби омаданамонро фаҳмиданд, оҳиста обраҳаро пеш гирифтанд. Гурӯҳи дигар аз омаданамон огоҳ гаштанду дар гирдамон парвона шуданд ва ҳамин ки аз хоҷагии деҳқонӣ сухан оғоз кардем, «инро аз раис пурсед» гӯён, «думро хода намуданд». Собиқ раиси ноҳияи Файзобод соли 2004 ба забон оварда буд, ки дар дохили хоҷагии тухмипарварӣ чунин корҳо норавост. Онҳое, ки ба чунин худсарӣ, яъне барпо кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳ медиҳанд, тибқи қонун ҷавоб хоҳанд дод.
— Боварӣ надорам,- даст ба сина зада, арз кард Ҳоҷишоҳмаҳмад Шарифов, ки дар мавзеи Туркмандара соҳиби 0,50 га замини обӣ гашта, бе ягон ҳуҷҷат дар замини хоҷагӣ манзили истиқоматию осиёб бунёд карда, бе ягон мамониат баҳра мебардораду мардуми гирду атроф гандумашонро дар осиёи ӯ орд карда, дар ҳақаш дуои нек мекунанд.
Ба суханони роҳбарон боварӣ надорам гуфтани Ҳоҷишоҳмаҳмад Шарифов бесабаб нест. Гап дар сари он ки, аз соли 2004 то ин дам «худам шоҳу табъам вазир» гӯён, замини хоҷагиро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш боғ бунёд карда, замину осмонро сӯз дода гаштааст. Зеро ӯ медонад, ки калаҷунбонҳои Кумитаи замин, Корхонаи воҳиди давлатӣ, танобкашон пишакашро пишт намегӯянд.
— Мо ҳам ба суханони шахсони масъул боварӣ надорем,- садо бароварданд Малик Абдулов ва Қурбон Ҳалимов.
Бо ҳамин фаромӯш мекунанд, ки Малик Абдуллов дар чарогоҳи тобистонаи фермаи комплексии Фатҳобод бе ягон ҳуҷҷати расмӣ дар майдони 0,60 га боғи нав бунёд карда, ҳосилашро бебаркаш фурӯхта, ҷиғилдон пур мекунад. Қурбон Ҳалимов аз Малик Абдулов моданӣ надорад. ӯ дар поёнтари чарогоҳи фермаи комплексии Фатҳобод, ки дар мавзеи Туркмандара ҷойгир аст, зиёда аз 0,50 га заминро ба тасарруфи худ дароварда, «умблаки данг, бака-банг» хонда гаштааст.
Сол аз сол масоҳати заминҳои корами хоҷагӣ танг шуда истодааст. Сабаби танг кардани заминҳои хоҷагӣ нафароне ҳастанд, ки масоҳати 0,10 га замини ҷудошудаи наздиҳавлигии худро то 0,20-30 га васеъ кардаанд. Қурбон Ҳалимов замини наздиҳавлигиашро то 0,20 га давонда, имрӯзҳо ба идораҳои дахлдори ноҳия — кумитаи заминсозӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар халонда, барои писаронаш замини наздиҳавлигӣ талаб дорад. Ҳол он ки, ду фарзандаш дар Артиши миллӣ хизмат накарда, ҳар сол аз даъватҳои тирамоҳию баҳорӣ фарзандони худро ба Русия мегурезонаду боз барои онҳо замини наздиҳавлигӣ талаб мекунад. Яке аз сабабҳои тангшавии заминҳои хоҷагӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Бо ҳамин фаромӯш мекунанд, ки М. Абдулов, Қурбон Ҳалимов дар қисмати поёнии мавзеи Туркмандара заминҳои хоҷагиро тарака намуда, ҳатто супоридани андозро фаромӯш кардаанд. Дар қисмати болои деҳаи Фатҳобод баъзе шахсон «обро дида, мӯза каш» гуфтагӣ барин, қатра-қатра замини хоҷагиро ба мулки худ зам намуда истодаанд. То солҳои пешин подаи деҳа ба чарогоҳи мавзеи Туркмандара озод мерафт, аммо даҳҳо нафар аз беназоратии Кумитаи замин, роҳбарони хоҷагӣ масоҳати заминҳои наздиҳавлигиашонро то роҳи рафтуомади деҳа исмоилдавон кардаанд. Онҳо аз 0,10 га замини қонунии ҷудошуда қонеъ нашуда, то роҳи подарав масоҳати заминҳояшонро то 0,15-0,20 га давондаанд. Модоме ки онҳо заминҳои наздиҳавлигии худро аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ васеъ менамоянд, вой бар ҳоли замини хоҷагӣ!
Мисоли дигар, деҳқон бо умеде дар қисмати болоии чойхонаи деҳа боғ бунёд кард, ки боғаш бор биёраду дастурхони мардумро пурнозу неъмат гардонад. Аз рӯйи маълумотҳои бадастомада, боғеро, ки ҳар сол даҳҳо тонна ҳосил медиҳад, вайрон карда, ба ҳашт нафар барои бунёди манзили истиқоматӣ замин ҷудо мекунанд, ки ин аз рӯйи инсоф нест. Зеро мутасаддиёни кумитаи замин ниҳол ки насабзондаанд, дилашон намесӯзад. Соли 2008-ум дар майдони боғзор кумитаи заминсозии ноҳия ба чор нафар пинҳонӣ 0,10 га замин ҷудо кард. Ҳамон сол рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» маводеро бо номи «Ҳайфи себи хубонӣ» рӯйи чоп овард. Пас аз чопи мақола собиқ раиси ноҳия Исматулло Зайдов, ки дилаш ба заҳмати деҳқон месӯхт, қарор қабул кард, ки минбаъд дар майдони боғот барои бунёди манзил замин ҷудо карда нашавад. Замини боғот обӣ буда, тибқи фармони Президент дар заминҳои обӣ бунёди манзил манъ карда шудааст. Ҳатто чор нафаре, ки дар боғзор манзили истиқоматӣ бунёд карданд, аз беназоратии масъулин истифода бурда, масоҳати заминҳои наздиҳавлигиашонро то 0,20-0,30 га васеъ карданд. Агар ин ҳолат ҳамин тавр рафтан гирад, сол аз сол масоҳати заминҳои хоҷагӣ ба нестӣ мерасад.

Додои ҲАҚҶӯЙ,  ЗЕБУНИСО, ноҳияи Файзобод

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: