Главная > Uncategorized > Афсонаи пурдоғи таърих

Афсонаи пурдоғи таърих

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Таърих ривоят карда, ки Сталин ба ҷузъ як гимнастёркаи бадан меросе аз худ боқӣ нагузошта. Аммо кулли «лаънат»-и таърих барои ҳаводиси замони «тройка» ба гардани ӯст. Чаро ба гардани «Ежов»-чиҳо не? Чаро ба дӯши «судяҳои дахлнопазир»-и замони сталинӣ не, ки «ба хотири худороӣ» дониста ҳукмҳои тӯҳматӣ ва разилона қабул карданд, «ба ҷойи салла калла оварданд». Вале ин бадкорон ҳеҷ гоҳ худро гунаҳкор нашмурданд.

Он гуна, ки Маздакро бо қофилааш қатл кардему он сон, ки Мониро пӯст канда, ба пӯсташ коҳ андохта барои «рақс кардан» ба дарвозаи шаҳр овехтем. Бад-он ранг, ки Ибни Собитро ба ҷурми заҳр дар зиндон куштему сипас пайравони фиқҳаш шудем. Ба он сон, ки хонадони Бармакиро барои ақли раҳмониашон саросар бо ҳукми халифаи ҳорунаррашидии исломӣ ба дами теғи хуношом кашидему то кунун мунфиқона сухани Холиқ ва паёмбарони ӯро дар боби «маърифатиён чароғи олами тираанд» шиор кардаем. Он гуна, ки Дақиқиро куштему Рӯдакиро ба зарби нил кӯр кардем ва инак аз исмашон шаън мекунем. Ҳамчунон ки Фирдавсиро ба зери пойи пил андохтанӣ шудему ҷисмашро дар гӯристони умум ҷо надодем ва ҳоло шавкати номашро мекунем. Мисли он, ки Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махдум, Муҳиддиновро бо зарби тӯҳмат душмани халқу ҷосуси хориҷ хонда, паррондему ҳоло қаҳрамони халқашон кардем. Ин мисолҳо он қадар ҷомаи таърихи башарро доғдор кардаанд, ки дар ҷомаи таърих ба андозаи мисқоле нуқтаи бедоғ нест.
Ва ҷурми ин ҳама сияҳномиҳо бар сари амиру шоҳ ва хони вақт задем. Аммо суол аст, ки ҷамоати ин амиру хон ва шоҳҳоро кадом қавме ба ин сияҳкорӣ ҳидоят кардаасту ин ҳама бадсиголиҳо бо дасти кӣ ба анҷом расида? Магар он тоифаи дунёхоҳе не, ки дар айём ба хотири «намоиши садоқат» ва ба ин васила ба каф овардани маснадаке, порае аз моли дунё чун шайтонзодае ба василаи «думликонӣ» ба хотири пинҳон доштани қасдҳои зишт ва нопоки худ ростгӯёну ростравонро ба гирдоби тӯҳмат кашиданд? Ва магар на он қозиҳову муфтиҳо, НКВД-чиёну «тройка»-чиҳо ва «судҳои дахлнопазир»-и вақт, ки барои «эътироф шудани мурид»-и хоҷа аз Худо рӯ гардонида, бо Иблис дасти ба даст карда, дидаву дониста дурӯғ бофтанду дурӯғ сохтанд ва бо шамшери фасод сари ростиро буриданд? Ва аҷиб ҳам ҳаст, ки баъд дар масири таърих номи ин имонфурӯхтаҳо ба сиёҳӣ кашида нашуда, тамоми ранги сиёҳ бар сари амиру хон ва шоҳҳо кашида шудааст.
Таърих ривоят карда, ки Сталин ба ҷузъ як гимнастёркаи бадан меросе аз худ боқӣ нагузошта. Аммо кулли «лаънат»-и таърих барои ҳаводиси замони «тройка» ба гардани ӯст. Чаро ба гардани «Ежов»-чиҳо не? Чаро ба дӯши «судяҳои дахлнопазир»-и замони сталинӣ не, ки «ба хотири худороӣ» дониста ҳукмҳои тӯҳматӣ ва разилона қабул карданд, «ба ҷойи салла калла оварданд». Вале ин бадкорон ҳеҷ гоҳ худро гунаҳкор нашмурданд. Балки ба ҳар василае ҳамоно худро сафед карданд, ки: «Илоҷи дигар надоштем. Зӯрамон ба сиёсат нарасид. Аз ночорӣ кардем. Ва ҳоказо. Аммо ин бефазлону бехирадон дониста аз суханони огаҳкунандаи Холиқи олам ба хотири ин дунёи дун дурӣ ҷӯстанд ва … Ё онҳо зотан кофирони Худо ва лашкари Иблисанд, зеро Худованд дар китоби худ барои онҳо хабар дода, ки: «Кофиронро яксон аст, битарсонӣ аз азоби Худо ё натарсонӣ, имон нахоҳанд овард» (Бақара-6).
«Қаҳри Худо мӯҳр бар дилҳо ва парда бар гӯшҳо ва чашмҳои эшон (кофирон) ниҳод ва эшонро дар қиёмат азобе сахт хоҳад буд» (Бақара-7).
«Ва чун ононро (кофиронро) гӯянд, ки дар замин фасод мекунед, посух диҳанд, ки мо кор ба салоҳ мекунем» (Бақара-11).
«Онҳо (кофирон) кар ва гунг ва кӯранд ва аз залолати худ барнамегарданд» (Бақара-18).
Намунаи ин дунёхоҳон ҳамон Фиръавни тавқи лаънати таърихи башар дар гарданашбуда аст, ки худро Худо эълон кард ва халқ гуфташ: Агар Худо ҳастӣ маҷрои Нилро дигар кун. Ва ӯ ба ғоре рафт ва он ҷо ба даргоҳи Илоҳӣ ниёиш кард, ки: Худоё, медонам, ки Холиқи ягона ту ҳастӣ. Аммо ман дар ивази охират аз ту қудрати дигар кардани маҷрои Нилро мехоҳам. Худованд ба Ҷабраил гуфт: Ин бадбахтро дар ивази гирифтории азоб дар умри абад бар Нил ҳокимият деҳ. Ва инак, аз чаҳор кофари китобӣ яке ҳамин Фиръавн аст. Вой бар ӯ…
Ва Худованд ин мардуми фасодкори дунёро, ки ба хотири «ризо»-и ҳам алайҳи ризои Худо рафтор мекунанд, ошкор огоҳ намудааст, ки: «Шумо ба ҳамон хӯйи зишти худед, ки хуни ҳамдигар мерезед ва гурӯҳи заифро аз диёри худ меронед ва дар бадкирдорӣ ва ситам бар заифон ҳамдаст ва пуштибони якдигар ҳастед. … Худо ғофил аз кирдори шумо нест» (Бақара-85). Ва бо забони Офаридгори олам ин тоифа «… ҳамон касонеанд, ки матои дурӯзаи дунёро харида ва мулки абади охиратро фурӯхтаанд. Пас, азоби онҳо хеҷ тахаффуф наёбад ва ҳеҷ кас ононро ёрӣ нахоҳад кард» (Бақара-86).
Дастдарозии чандрӯзаи дунё тоифаи бадхулқро ба такаббуру худхоҳӣ бурдааст ва дар андешаи онҳо хулқи фиръавнӣ ва намрудӣ ҳоким шуда. Онҳо аз фарои марг, беморӣ, бевафоии мансабу маснад фаромушт кардаанд, дар сурате ки, Аллоҳи таъоло онҳоро ҳуш додааст, ки: «Худои якторо парастед … ва нисбат ба … ятимон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва дӯстон ва раҳгузарон ва бандагоне, ки зери дасти шумоянд, дар ҳаққи ҳама некӣ ва меҳрубонӣ кунед, ки Худо мардуми худписанди мутакаббирро дӯст надорад» (Нисо- 36).
Чаро башар дунболи таъкиди соҳиби олам намеравад, вақто ки таъкид бар ин аст, ки: «… Дар роҳи Худо пойдор ва устувор буда, шумо гувоҳи адолат ва ростӣ ва дурустӣ бошед. Ва албатта шуморо набояд адовати гурӯҳе бар он бидорад, ки аз тариқи адл берун равед. Адолат кунед, ки адл ба тақво наздиктар аз ҳар амал аст. Ва аз Худо битарсед, ки Худо ба ҳар чи мекунед, ого? аст» (Моида-8).
Аз ин ҷо, дар ҳар давру замоне тоифае аз тоифаи фасод, ки зери «буттаҳои гул» чун ғундаҳои заҳрнок пинҳонанд, бо фасоди худ амалҳои зиштро содир карда, дар ҷомеа доғи ҷомеавиро мегузоранд ва таънаи таърихро дар ин ҷода бар дӯши амирону шоҳони вақт мегузоранду худ ҳамоно «ғунда»-вор дар сояи таърих сар ба панаҳ мебаранд. Оре. Эшон тавонистаанд аз ҳукми одилонаи таърих ҷони худ ба канор кашанд, аммо онҳо бо Худованди ҳамаогаҳ чӣ мекарда бошанд? Ин тоифаи маккор бо макри худ гӯё тавонистаанд, ки сияҳномии хешро пеши башар пинҳон кунанд, аммо бар ин сухани Холиқи олам чӣ мекарда бошанд, ки ҳуш дода: «Шумо макр мекунед, дар сурате, ки макри шумо пеши макри ман ҳеҷ аст»…
Ин зиштхулқиро дар таърихи башар яке зери ниқоби дин дастури амал кардаву дигаре зери ниқоби қонуни дунё. Яке қабоҳати худро зери номи «Ватан» содир кардаву дигаре зери исми «демократия».
Дар баҳсе ҳамсӯҳбате гуфт: Он ки Шириншоҳу Нусратуллоҳ сафед карда шуданд, чӣ арзише дорад, он гаҳ ки эшон дар умри воқеӣ осуда набуданд ва бо ҷабр кушта шуданд. Ғами имрӯзро бояд хӯрд, ки нақд аст. Ҳамин мардро замоне дар ҳоли рӯзадорӣ ҳам дида будам. Ва ин мард дар ҷомеа мақоми шинохтаро ҳам дарёфт карда. Он рӯз ба ин мубоҳис чизе нагуфтам, зеро ҳаким ҳукм карда:
Ҳар кас, ки ба «Қуръон»-у «Хабар» з-ӯ нараҳӣ,
Он аст ҷавобаш, ки ҷавобаш надиҳӣ.
Аммо ӯро дар олами Илоҳӣ басо муҷриму мушрик ва мардуду манҳус дидам. Дидам, ки маърифаташ дар нафси хораи ӯ раҳ наёфта. Дарёфтам, ки нафси ҳайвонии ӯ дар вилояти бадани ӯ нафси рӯҳониро ба чоҳи юсуфӣ андар карда…
Инак, ба хулоса мегӯем: Эй фаррухчеҳраҳои олам, бар зиштрӯён бо назари раҳмат нигаред, ки агар иштибоҳи Юсуфи Канъонро кунед, рӯзе ҳусни шумо, ки шуморо мутакаббир карда, бар ихтиёри зиштрӯе дар ивази фулуси сиёҳ фурӯхта шавад. Эй қавидастони бозубаланд, аз ранҷиши заифон ҳазар кунед, ки агар иштибоҳи Рустами Золро карда, ба хотири Ковусшоҳе чашми хирадатон кӯр гаштаву шамшери ғазаб бар бадани Сӯҳробе занед, «хоки сиёҳ»-ро бо чашми пурашки надомат бар сари хеш хоҳед кашид ва бо дасти Шағодаки заифе дар чоҳи залилат болои найзаҳои саркашида басо ҳазин ҷон биспаред. Эй соҳибони қудрат, адолат кунед, ки агар аз адл берун равед ва гирифтори ғурури қудрат шавед, замоне чун Чингизу Адолф хоктӯдае ҳам ба исми мадфан бароятон ошкор нахоҳад буд. Эй пешвоёни дину мазҳаб чун Язиду Муъовия мардумро ба хотири ишғоли минбари «расулаллоҳӣ» ба ҳам нашӯронед, ки хуни Ҳусайнҳо ва ҳусайниҳои авоми баноҳақрехта лаънати карбалоиро то қиёми қиёмат дар ин дунё ба саратон хоҳад рехту азоби охират аз рӯи ваъдаи Илоҳӣ ба номатон муқаррар аст…

Муҳаммадалии НУРАЛӣ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: