Главная > Uncategorized > Барфҳо ҳама об шуданд, кай меоӣ?!

Барфҳо ҳама об шуданд, кай меоӣ?!

Ба таваҷҷӯҳи Вазири корҳои дохилӣ А.Қаҳҳоров

Ба таваҷҷӯҳи Вазири нақлиёт ва комуникатсия О.Бобоев

Мақолаи «Ҳастед, мӣ ҷаноби Вазирон» дар шумораи № 42 (30- уми декабри соли 2009 ) ҳафтаномаи «Пайкон» ба нашр расиду манзури хонандагон гардид. Он вақт сармо ҳукм меронду имрӯз ду моҳи фасли баҳор сипарӣ гардида истодааст.Борҳо гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки ҳадафи рӯзноманигор аз навиштани мақолаи танқидӣ ё таҳлилӣ манфиат бардоштан нест. Мо ҳам 4 моҳ қабл ба умеде аз мушкилоти ронандагону сафаракиҳодар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд гуфта будем, ки ақаллан каме мушкилашон осон шавад. Мутаассифона, навиштаи моро ба таъбире «шамол бурд». Намедонам, пас аз гузаштани ин қадар мӯҳлат ҳадафи посух навиштан чӣ бошад? Барои ҳисобот?! Агар барои «ҳисобот» бошад, он ба мо лозим нест.Чунки ба мо натиҷа лозим аст. Бе ба идораи ҳафтанома посух фиристодан, «ҳисобот» додан гиранд…

Санаи 12-уми апрели соли 2010 аз номи сардори БДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гирифтем.
Биёед, посухро якҷоя хонем: «Раёсати БДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои дар мақолаи танқидии «Ҳастед-мӣ, ҷаноби вазирон?» оварда шударо, ки санаи 30.12.2009 сол дар шумораи № 42 ҳафтавори «Пайкон» ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд қайд кард, ки муаллиф дар мақола якчанд далелҳои ба ҳақиқати ҳол дуруст набударо дарҷ намудааст, ки гӯё аз шаҳри Хуҷанд то постгоҳи БДА «Охтангӣ»-и ноҳияи Шаҳристон рӯзи 18 декабри соли 2009 дар давоми ним соат, яъне аз соати 24.00 рӯзи қайдшуда то соати 00.30 ба воситаи нақлиёт ҳаракат карда, ба дидбонгоҳи номбурда расидааст, ки ин бо назардошти масофаи байни ин минтақаҳо ғайри имкон мебошад.
Ҳамзамон дар мақола муаллиф ҳамчун дар зерсарлавҳаи «панҷ шабонарӯз дар роҳ…» нишон додааст, ки гӯё вай 5 шабонарӯз дар роҳ буда, аз Хуҷанд ба шаҳри Душанбе расидааст.
Дар худи мақола ваҷҳҳои овардашудаи муаллиф ба якдигар мухолифат менамоянд. Аз ин ва дигар ваҷҳҳои дар мақола овардашуда бармеояд, ки 19 декабр муаллиф ба шаҳри Душанбе расидааст.
Ҳамчунин хабар медиҳем, ки нусхаи фармони муштараки Вазири корҳои дохила ва Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», №256/789 санаи 22 декабри соли 2009 ба имзо расида, танҳо рӯзи 24 декабри соли 2009 барои иҷро ба ШКД-и ноҳияи Шаҳристон ворид гаштааст.
Бинобар он ваҷҳҳои дар мақола дарҷ гардида оид ба сарфи назар гардидани талаботи фармони номбурдаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВН ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риояи реҷаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тавассути ағбаи Шаҳристон манъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ду тири пешбаранда надошта аз тарафи кормандони БДА ва далели дар давоми панҷ шабонарӯз аз шаҳри Хуҷанд то шаҳри Душанбе тариқи ағба ҳаракат намудани муаллиф беасос мебошад.
Зимни гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони БДА, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба камбудиҳо роҳ дода, сабаби расонидани халали ҷиддӣ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ағбаи Шаҳристон ва боиси нашри мақолаи танқидӣ вобаста ба фаъолияти БДА дар ҳафтаномаи «Пайкон» гаштааст, ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.
Сардор М.Б. Саидов «.
Эроди нахустини гирифтаро қабул менамоем. Мо таъкид накарда будем, ки дар зарфи ним соат аз шаҳри Хуҷанд то дидбонгоҳи ноҳияи Шаҳристон расидем.Танҳо дар мақола ба ҷойи аз соати 24.00 то соати 1.30, то соати 00.30 нашр шудааст. Дар дигар маврид куллан ба эродҳои гирифта ризо набуда, бори дигар мепурсидем, ки ваҷҳҳои дар мақола оварда шударо ақалан дақиқ хонанд.Имони комил дорем, ки агар онро пурра мехонданд, чунин ҷавоби аз мантиқ хароб пайдо намешуд.Мо рӯзноманигорон вазифадор нестем, ки ҳам мақола нависему ҳам ба ҳар як хонанда рафта мазмуну моҳияти онро фаҳмонем. Танҳо аз мӯҳтарам М.Б.Саидов пурсиданием, ки модоме фактҳои мақола тасдиқ нашуда бошанд, чаро нисбати кормандонашон «ҷазои интизомӣ»-ро тадбиқ кардаанд… Намехоҳем посухро таҳлил намоему бо навиштаҳои мақола муқоиса кунем. Зеро ҳадафи мо гуфтану нишон додани камбудиҳо аст.Агар хоҳанд онро ислоҳ мекунанд, агар не…
Ҳамин ҷавоб боис гардид, ки бори дигар тавассути ин роҳ, пас аз пулакӣ шуданаш озими сафар гардем.Сафари мо субҳи 14-уми апрели соли 2010 оғоз гардид. Дар дидбонгоҳи мавзеи Чорбоғ касе набуд. Каме рафтему ронанда маблағи роҳро супориду ҳаракатро идома додем. Ба маркази ноҳияи Варзоб нарасида, дар роҳ кормандони БДА бо асбоби суръатсанҷи «Радар» меистоданд. Мошини моро ҳам нигоҳ доштанд. Ҳарчанд суръати ҳаракат аз 60 км/соат зиёд набуд. Ронанда пас аз «ҳолпурсӣ» баргашту хостем, аз мошин пиёда шуда, бо он кормандони БДА сӯҳбат намоем.Вале ронандаи кирокаш далел овард, ки доимо дар роҳ асту имкон дорад, ӯро азоб диҳанд.Ҳамин тавр суолҳои аз нозирони роҳ мепурсидаамон дар мавриди сертификати мутобиқат ва литзензия доштани он асбоби ҳаракатсанҷ бе посух монд.Чанде қабл тадқиқоте гузаронда, муайян намуда будем, ки асбобҳои «Радар» ва «Блик» тавассути Хадамоти гумрук ба ҷумҳурӣ дохил нашудаанд.Имрӯз ҳам намедонем, ки «Радар»-ҳо аз санҷишӣ стандартӣ мегузаранд ё не.
Дар мавзеи Ҳушёрӣ боз ронанда маблағи роҳ супорид.Аз масъули роҳ пурсон шудем, ки одамони дар деҳаи боло зиндагӣ мекарда, ба деҳаи поён бо мошинашон раванд, пул месупоранд? Посух дод, ки ба деҳаи поён рафтан он тараф истад, агар аз дарвоза дароеду ҳамон асно аз дигараш бароед, бояд маблағи ҳам вориду ҳам хориҷ шуданро супоред.
Аз деҳаи Ҳушёрӣ болотар боз корманди БДА мошинро нигоҳ дошт. Ронанда фаромаду ҳатто ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ронандагиаш ва шиносномаи техникии мошинро бо худ нагирифта, пас аз лаҳзае баргашт.Дар мавзеи Майхура хонаи муваққатие (будка) гузошта шуда буд, ки аз рӯйӣ навиштааш ба БДА-и ноҳияи Варзоб тааллуқ дорад. Нафарони зиёде дар либоси низомию ғайринизомӣ меистоданд. Ронанда аз мошин фаромаду ба дохили «будка» даромаду ҳамон лаҳза баргашта баромад.Мо роҳамонро идома додему пеш аз саршавии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ боз кормандони БДА мошинро нигоҳ доштанд.Дар дидбонгоҳи ноҳияи Айнӣ мавзеи аэропорт қатори мошинҳо меистоданд.Ронандагон гуфтанд, ки шабонарӯзи дуюм боз меистанд.
Ба қафо баргаштему пагоҳаш, санаи 15-уми апрели соли 2010 роҳамонро идома додем. Гуфтанд, ки эҳтимол имрӯз роҳро кушоянд.Ҳарчанд имкони он манзараҳоро пурра акс бардоштан нест, кӯшиш намудем, ин дафъа расмҳоро ба масъулин пешниҳод намоем.Дар дидбонгоҳи мавзеи аэропорти ноҳияи Айнӣ бинобар маҳкам будани ағбаи Шаҳристон ин манзара буд. (Нигаред ба сурати 1.)
Чун мошинҳои сабукравро иҷозати идома додани сафар доданд, тақрибан соати 10.00 ба қуллаи ағбаи Шаҳристон расидем.Дар ду тарафи роҳ мошинҳои зиёде меистоданд.Аз мошин пиёда шуда, ба пештар рафтему манзараеро дидем.Аниқтараш онро акс бардоштем.Ҳарчанд мошинҳои дар гардишгоҳ истодаро имкони акс бардоштан набуд. Ана, чӣ қадар мошинҳо меистоданд… (Нигаред ба сурати 2).
Чун ронандагону мусофирон фаҳмиданд, ки рӯзноманигоронем лаб ба шикоят кушода, иброз доштанд, ки шабонарӯзи чорум боз истодаанд: кормандони идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон умуман ба ин мавзеъ аҳамият намедиҳанд, роҳро пулакӣ карданду боз азоб, ҳамон азоб аст…Дар қисмати дигари ағба, ки ҳолати истифодабарии он ба кормандони идораи роҳсозии Шаҳристон тааллуқ дорад, тракторе меистод.Гуфтанд, ки он корношоям аст. Ҳамин вақт сардори БДА-и ноҳияи Айнӣ Н. Ҷӯраев ба сари ағба баромада, вазъиятро дида,бо кормандони идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ барои ба дигар тарафи ағба фаромадану роҳро тоза кардан трактореро ба кор андохтанӣ шуданд.Садои трактор шунида шуд. Вале ҳаракат намекард. Ба наздаш рафтем. Белашро мебардошт, бел наистода боз ба поён меафтид.Соате машғул гардида, тракторро то қуллаи ағба оварданд.Устои роҳи идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ, амаки Азизмурод иброз намуд, соли барориши ин трактор 1956 аст.(Нигаред ба сурати 3).Наход дар Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надоданд, ки дар чунин мавзеи ҳаётан муҳим техникаҳои «қаҳрамон» то ҳол кор карда истодаанд? Магар имкони харидани як техника набошад, ки ин қадар ба мардум зулм мекунанд? Шояд далел оранд, ки соли гузашта чандтогӣ техникаи нави хитоӣ тақсим карда додаанд.Он техникаҳо бошад, барои борро ба техникаи дигар бор кардан пешбинӣ шудаанд, на ин ки баҳри тоза намудани роҳ.
Ҳамин вақт сармуҳандиси идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон аз куҷое пайдо шуд.Хостем дар бораи роҳ сӯҳбате намоем. Ба ягон саволамон ҷавоб додан нахост. (Нигаред ба сурати 4).Аксашро гирифтему пас аз ба тарафи роҳи дар ихтиёри идораи роҳтаъмиркунии ноҳияи Шаҳристон ҳаракат кардани трактори «қаҳрамон», техникаи роҳтаъмиркунони Шаҳристон ҳам ба кор даромад. Маълум гардид, ки «корношоямӣ» танҳо баҳона будаасту халос. Ҳамагӣ чанд дақиқа трактор кор карду ҳаракати мошинҳо аз самти Хуҷанд ба тарафи Душанбе оғоз ёфт.Мошинҳои «Камаз» мошинҳои сабукрави бе чор чархи ҳаракаткунандаро кашида мебаромаданд. (Нигаред ба сурати 5).Боз ҳаракати нақлиёт қатъ гардиду мо ба поён фуромадем. Ҳамон саҳнае буд, ки дар мақолаи «Ҳастед, мӣ ҷаноби Вазирон» ? таъкид карда будем.Мошинҳои зиёди транзитии бе чор чархи ҳаракаткунанда меистоданду дар наздашон нозири БДА буд.(Нигаред ба сурати 6). Нафари дигаре бо либоси милисагӣ меистод.Дар як китфаш унвони капитанӣ дошту дар китфи дигараш лейтнанти калон.Ҳар маротибае мехостем, аксашро гирем, рӯяшро ба дигар тараф мегардонд. (Нигаред ба сурати 7).
Одамон чоку бел гирифта, роҳро тоза мекарданду трактори идораи роҳсозии Шаҳристон дар гӯшае меистод.Назди тракторчӣ рафтем. (Нигаред ба сурати 8). Иброз намуд, ки ба ман пул надиҳанд, чаро кор кунам? Намедонем, кадом пулро дар назар дошт:моҳонаашро ё маблағи аз ронандагон мегирифтаро.Мусофирону ронандагон худашон роҳро меканданд, то ки сафарашонро идома диҳанд. (Нигаред ба сурати 9). Мардум, аз он ҷумла занону духтарон дигар тоқати дар дохили мошин нишастан накарда, пиёда ба поён роҳ пеш гирифтанд.(Нигаред ба сурати 10)…Мошинҳои аз поён ба самти боло ҳаракат мекарда, ҳатман ягон ҷои мошини сабукравро мехарошид ё ин ки пачақ мекард.Хархаша буд. Кашокашӣ буд…(Нигаред ба сурати 11).
Намедонем, кай ва чӣ тавр кормандони идораи роҳсозии ноҳияи Шаҳристон рафтанд.Вале азоби ронандагону сафаракиҳо идома дошт.Бинобар мавҷуд будани чуқуричае мошинҳои боркаш имкони ба боло ҳаракат кардан надоштанд. Кас намедонист ба ин амали таъмиргарони роҳ чӣ гӯяд? Чаро онҳо мудом чунин бепарвоӣ мекунанд? Ба гуфти ронандаон ба тариқи сунъӣ чунин мушкилотҳоро эҷод мекардаанд.
Оҳиста-оҳиста пардаи торикӣ паҳн мешуду мошинҳои сабукрав аз самти ноҳияи Айнӣ ба тарафи шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекарданд, ки шумораашон аз 500 адад беш буд. Ронандагони «Камаз» бо азобе мошинҳояшонро пасу пеш ҳаракат кунонда роҳ мекушоданд…
Мошини мо ҳам ба корвони мошинҳои сабукрав ҳамроҳ шуда, ба поён ҳаракат мекард.Дар дидбонгоҳи муваққатӣ, воқеъ дар мавзеи Қӯмбел мошинҳои зиёдеро нигоҳ дошта буданд…вале то ин дидбонгоҳ чанд мошини сабукрав ба тарафи ағба ҳаракат мекард.
Гуфтанд, ки он шабу рӯзи дигараш ҳам мошинҳои боркаш имкони ба боло ҳаракат кардан надоштанд…
Ин аст боз қиссаи якрӯзаи роҳ. Мо онро худ насохтаем, балки ба тариқи тасодуф шоҳидаш будем.Ронандагону мусофирон сабаби ин азобу машаққатро аз як тараф бинобар беаҳамиятии роҳсозони ноҳияи Шаҳристон донанд. Аз тарафи дигар бинобар риоя нашудани фармони муштараки ду вазир «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», №256/789 22 декабри соли 2009″ медонанд. Аёнро ҳоҷат ба баён нест.Эҳтимол ин дафъа дар Раёсати БДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иқрор шаванд, ки ин фармони Вазири корҳои дохилӣ дар ин самт умуман риоя карда намешавад ва танҳо барои баланд намудани «ставка» мебошад…
Шояд ин рӯзҳои охирини азоби сафаракиҳою ронандагон тавассути ағбаи Шаҳристон бошад.Чунки мувофиқи нақша бояд нақби Шаҳристон то охири сол кушода шавад. Вале кӣ кафил буда метавонад, ки бо кушода шудани нақби Шаҳристон мушкилоти мардум осон мегардад? Нақби «Истиқлол» кушода шуду мушкилот басанда нагардид.Вақте роҳро пулакӣ карданд, касе наандешид, ки ин роҳ дар худ чӣ мушкилоте дорад.Бо вуҷуду азобу машаққат ба ҷайби мардуми қашшоқ боз даст халонданд. Пас ҷиҳати беҳбудии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ кӣ бояд фикр кунад? Аз як фармони муштараки ду вазир ёдовар шудем, ки умуман иҷро намешавад.Модоме фармонро зердастон иҷро накунанд, пас он ба кӣ ва барои чӣ лозим аст, ҷаноби Вазирон!

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ, Душанбе-Хуҷанд

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: