Главная > Uncategorized > Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

— Аз «Маснавӣ»-и Мавлавӣ ёдовар шудед.Дар ҷойе Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, :
Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун, зи Шумо нест, Шумоед, Шумоед.
Чизе ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед,
В-андар талаби гумнашуда баҳри чароед?

Аз нигоҳи Шумо Мавлоно чиро дар назар дорад?

-Ман гуфтам, бори дигар такрор ҳам шавад, мегӯям, ки инҳо бузургворонанд. . Дар илми ҳам қолу ҳам ҳол ба дараҷаҳои камолот расидагӣ ҳастанд. Ҳар кас ҳар хел аз рӯйи илми худаш тафсир мекунад. Ҳадиси Муҳаммад (с) ҳаст, ки «ман арафа нафсуҳу, фақат арафа раббуҳу» Шахсе ки нафси худашро шинохт , Худои худашро мешиносад. Вақте инсонро Худои таъоло комил кард тафаккураш ба олам дигар мешавад. Мансури Ҳаллоҷ «анал ҳақ» ман «ҳақ ҳастам» мегуфт. Худашро дар назар надорад, бо вуҷудаш Худоро парастиш мекард. Вақте инсон дар ҳамон ҳолатҳо илмро хонд, илми тасаввуфу ҳолро касб кардан гирифт, маст мешавад. Дар даврони Шӯравӣ, дар ёдатон бошад , баъзе муаллимҳо ғазалҳои ҳазрати лисонулғайбро, рубоиҳои Умари Хайёмро ба тарзи худ шарҳ медоданд. «Май»-гуфтани онҳоро шароб хаёл мекарданд. Ё муаллимҳо ҳамин қадар мефаҳмиданд, ё қасдан мегуфтанд, ё аз рӯйи бесаводӣ. «Май» ишқи илоҳӣ аст. Мансури Ҳаллоҷ «аналҳақ» гуфта буд, мардум ӯро нафаҳмиданду ба дор кашиданд. ӯ бандаи хоси Худо буд. Ё ҳазрати Иброҳим (а) дар даруни оташ мепартоянд, ҷойи оташ гулзор мешавад. Дар ин порчаи шеърӣ ҳам Мавлоно Румӣ дар бораи яккаву ягонагии Худованд хеле моҳирона сухан гуфтаасту таъкид мекунад, ки Худованд ҳеҷ гоҳ гум намешавад. Модоме гум намешавад, пас чаро онро меҷӯед…
-Дар бораи зиёратҳоятон ба хонаи Худо нақл кардед. Айни замон тавофи хонаи Каъба кардан як чизи маъмул шудааст. Ба зиёрати хонаи Худо ниҳоят зиёд мераванд, лекин мебиёянду амали қаблан доштаашонро идома медиҳанд: ҳамон зино, ҳамон майнӯшӣ, ҳамон мардумфиребӣ. То ҷойе, ки мо медонем, тавофи хонаи Каъба яке аз биноҳои мусулонӣ аст. Тавофи хонаи Худо кардан, ин гӯё, ки иморати хонаи охиратро ба итмом расондан аст. Яъне, чор девори онро афрохта будему зиёрати Каъба болопӯш мешавад. Ҳазрати Бедил мегӯяд,ки:
Аз тавофи Каъба гар мақсуд, соҳибхона аст,
Сар ба деворе занеду Каъбаҳо вайрон кунед.
Муддате ин аст, эй бедонишони ҷаҳлкеш,
Дида бикшоеду тавфи ҳазрати инсон кунед.

-Аз диди мо, вақте инсон ба авҷи камолот расид, танҳо Худоро мешиносад, Соҳиби хонаро мешиносад: «эй мардуми ҷоҳил соҳиби хонаро бишносед, соҳиби хона кӣ»? Ҳамон Худои якка ва ягона, ки ба каломҳои худ арз кардагӣ, ки панҷ вақт намоз хонед, тоату ибодати маро ба ҷо оред, рӯза гиред, закот диҳед, ба падару модаратон эҳтиром кунед. Яъне, ба ҳамсоя некӣ кунед, амрҳои Худоро ба ҷо оред, зиёрати хонаи Худо, ки рафтед, афъолатон дигаргун нашавад, худопарастиатон зиёд нашавад, шикастадилиатон зиёд нашаваду боз омада ба кори фисқу фасоду фуҷур машғул гардад, пас, он нафар танҳо як хона дидаасту халос. Вай соҳибхонаро намешиносад. Соҳиби хона, яктову ягонагии Худост. Вақте ки кас соҳиби хонаро шинохт, рафту хонаи Худоро зиёрат кард, ӯ муқаддас аст. Чунки хонаи Худоро зиёрат кард. Мардуме, ки мераванду зиёрат мекунанд, баръакс бадкориашон зиёд мешавад, ё фасодкорӣ мекунанд, дар муқобили бандаҳо ҳастанд. Шайтони лаъин бисёр мардумро аз роҳ бероҳ мекунад. Мардуме, ки дар муқобили шайтон ба нафси худ мубориза бурда натавонад, одами нокомил мешавад. Шахсе, ки худашро ирода карда натавонист, агар даҳ маротиба ҳам ҳаҷ равад, фоида надорад, агар як афъолаш дигаргун нашавад. Яъне, инсон, инсони хоксор шуданаш даркор. Инсоне, ки Худоро парастиш карданаш зиёд шавад. Инсоне, ки ҳамсояаашро озор намедиҳад, аз дасту забони ӯ касе озор намебинад. Ҳадиси пайғамбар аст, ки «беҳтарин мусулмон хубтарин мусалмон» (ман салима муслимуна мин ядиҳи вал лисони ) беҳтарини мусалмон ҳамон мусалмоне ҳаст, ки хуб аст. Хубие, ки аз дасту забони он мусалмон мусалмони дигар зарар намебинад. ӯ беҳтарин аст, лекин афсӯс, ки мераванд, хонаи Худоро зиёрат мекунанд , имрӯз омада боз даст ба ҳамон фасодкориву ба фиребгарӣ мезананд. Ин гуна инсонҳо Худоро намешиносанд. Вақте ки хонаи Худо рафтӣ бояд афъолат дигаргун шавад.
-Дар «Тазкират-ул -авлиё»-и Фаридуддини Аттор нақле оварда шудаааст. Вақте ки Робиаи Балхӣ ба зиёрати хонаи Худо меравад, ба он кас мужда меоранд, ки хонаи Худо ба истиқболи ту омада истодааст.
Посух медиҳад, ки ман ба хонаи Худо не, ба соҳибхона кор дорам. Чун Шумо инҷо аз фарзҳои Парвардигор гуфтед, фарзи Парвардигорро ҳатман иҷро кардан шарт аст. Пас фарзи Парвардигор аз он амалҳое, ки дар роҳи Худованд иҷро карда мешавад, чӣ тафовуте дорад? Масалан, нафаре иддао мекунад, ки фарзи Худоро иҷро намекунаду дар роҳи ризои ӯ амал мекунад?…

-Ман шуморо фаҳмидам. Ҳамин қадар ҷавоб дода метавонам, ки агар инсон таҳорат мекунад, як чизи оддӣ барои он ки Худованд амр кардааст, ки эй бандаи ман таҳорат кун, сипас намоз хон. Вақте таҳорат мекунем ҳамин оби таҳорати гирифтагиамонро гирифта ҷамъ кунем, барои мабодо, ки дар як ҷое об нест. Оби мустаҳабро неву дигар обро гирем. Худованд бисёр бузург аст. Дар Қуръон хабар додааст, ки таҳорат созед, худатонро пок кунед, маро саҷда кунед. Барои он ки панҷ вақт намоз фарз аст. Афсӯс, ки мардум аз илм дур буданд. Ҳозир дар давраи истиқлолият иҷозат шуд, ки мардум дар ҳама ҷо намозашро хонанд. Қуръонро ҳам ба забони криллӣ тарҷума карданд. Мардум аз каломи Худо бохабар шуданд. Афсӯс, қаблан мо аз илм дур монда будем. Вақте ки инсон таҳорат карду намоз хонад, ҳамон обро ҷамъ карда бошад ба ҳамон об дигар таҳорат карда наметавонад. Худо фармудагӣ аст, ки вақте ки таҳорат кардиву худатро пок кардӣ гуноҳҳои сағираи туро Худо мебахшад. Обе ҳаст, ки бо ҳамон об як бор таҳорат мекунӣ ва бори дигар низ таҳорат карда метавонӣ. Таҳорат доштиву боз мегӯйӣ, ки барои салқиншавӣ як бори дигар таҳорат кунам. Барои салқиншавӣ таҳорат мекунӣ. Лекин ният накарда будӣ, ки ман барои намоз таҳорат кардам. Оби сеюмро нақл кунем.Барои ба Худо қариб шудан таҳорат дорию мегӯйи, ки боз таҳорат кунам. Худованд ҳамаи гуноҳҳои сағираи туро пок кард. Агар он об пок аст ту баданат шустагӣ буд. Он обе, ки барои салқиншавӣ буд ту бо он об таҳорат карда метавонӣ. Ба ҳамин хотир ман чӣ гуфтанӣ ҳастам? Афсӯс, мехӯрам, ки мардуми мо аз илм дур шуданд. Мардумҳои дигар ҷо дар илми дунявӣ хеле пеш рафтаанд. Ҳаҷ рафтагӣ будем, маълум гардид, ки мардуми мо хеле ақибмонда будаанд. Бесаводӣ ҳамин, ки забонро намедонанд. На англисӣ медонанд, на арабӣ. Дар он мамлакат ҳам арабӣ даркор асту ҳам англисӣ. Мардуми мо илми кофӣ надоранд
Касе дар роҳи Худо амале мекунад. Он бандаро аз роҳи хайр боз дошта намешавад. Касе ҳуқуқи боздоштан ҳам надорад. Шояд Худованд ягон вақт бахшиш кунад. Агар вақте ки мардуми мо фарзҳои Худоро ба ҷо оранд ва дар роҳи Худо чи хайре, ки мекунанд «нуран ало нур» мешавад.Як тарафи мавзӯъро гирем, агар фарзҳои Худоро ба ҷо наоранд, лекин дар роҳи Худо дигар корҳоро мекунанд,боз афсӯс мехӯрам.Тасаввур кунед, ки раис хафа нашавад гӯён амри ӯро адо мекунанд.Ё амри подшоҳро ба ҷо меорад, ки хато нашавад. Як фикр кунед, ки дар ҳамон ҳолатҳое, ки фарзҳои Худо чӣ аст ? Он Худое, ки подшоҳи мову Шуморо халқ кардааст. Падару модари подшоҳро халқ кардааст, падару модари моро халқ кардааст. Худо дар китобаш , ба воситаи пайғамбарҳо амр кардааст. Ба воситаи каломи худаш уламоҳоро фаҳмондааст: «эй бандаи ман дар ҳамин лаҳзаҳо дар ҳамин соатҳо маро саҷда кунед». Мардуми мо, ки аз илм дуранд, фармудаҳои Худоро ба ҷо намеоранд, вой бар ҳоли ҳамин мардум.

Ҷумъаи ТОЛИБ, Азимҷон Бадалов, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий