Главная > Uncategorized > ВИРУСИ ХАВФНОК дар вилояти Суғд

ВИРУСИ ХАВФНОК дар вилояти Суғд

Вақтҳои охир одамон аз вирусҳои гузаранда, монанди вируси парранда, вируси хук ва дигар вирусҳои нав ба нав безор шуда, ҳаракат мекунанд, ки ба ин бемориҳои гузаранда гирифтор нашаванд.

Аммо чӣ мегӯед, ки вируси наве пайдо шуда, одамонро натанҳо ба воҳима андохтааст, балки дар ноҳияи Спитамен авҷ гирифтааст. Ин «беморӣ»ба табибони хилъати сафедпӯш тааллуқ надорад,ба онҳое алоқаманд аст, ки либоси низомӣ мепӯшанду дар ҳимояи суботу амнияти мардум қарор доранд.

Вирусе, ки дар борааш сухан ронданӣ ҳастем, амали ниқобпӯшоне мебошад, ки шабона ба чанд хонаи деҳаи Оқтеппаи ноҳияи Спитамен даромада, бо роҳи зӯрӣ ва таҳдид бо яроқи оташфишон мардумонро ғорат мекунанд. Соҳиби яке аз хонаҳо бо ниқобпӯш даст ба гиребон шуда, онро дастгир карданӣ мешавад. Ниқобпӯш либоси рӯяшро кашида, аз болои девор гурехта меравад.Дар ин деҳа ҷабрдидаҳо Ҷӯрабой Раҷабов, Отақузӣ Абдуллоев, Анвар Юлдошев, Ваҳҳоб ва Абдухалил мебошанд, ки дуздон шабона бо таҳдиди яроқ ва зӯроварӣ хонаи онҳоро ғорат карданд.
Ин бемории сирояткунанда ба деҳаҳои Қӯштегирмон, Фармонқӯрғон, шаҳраки Нов ҳам омад. Ниқобпӯшон маблағҳои барои рӯзи мабодо ҷамъовардаи одамонро бо зӯрӣ гирифта, соҳибонашонро лату кӯб мекунанд. Яке аз ҷабрдидаҳо Анвар Эшонқулов аст, ки маблағи зиёдашро гирифта, худашро бераҳмона мезананд ва ӯ дар беморхона табобат мегирад.Навиштаҳои духтури табобаткунанда: «Бемор Эшонқулов Анвар соли таваллудаш 1958 истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, кӯчаи Крупская № 76 дар санаи 22 январи соли 2010 соатҳои 22:00 ба шӯъбаи осебшиносӣ муроҷиат намуда, бистарӣ мешавад. Бо ташхиси осеби кушодаи мағзи сар, латхӯрии майнаи дараҷаи миёна бо шикасту фишурдашавии қисми чапи фарқи сар, тарафи рост захмҳои бисёр дар касалхона хоб меравад. Дар натиҷаи лату кӯб ҷабрдида беҳуш шуда, ба саволҳои духтур ҷавобҳои аниқ дода наметавонад. Давоми даҳ рӯз табобат гирифта, пас аз шифо ёфтан ба хона ҷавоб дода мешавад. ӯро ба назорати духтури асаб тавсия медиҳанд».
Ба ин монанд дуздони ниқобпӯши шабгард шаби 10-уми марти соли 2010 ба хонаи шаҳрванд Обидҷон Юнусов даромада, набераи ӯро зада маҷрӯҳ мекунад. Ин ҷо навиштаҳои ҷабрдидаро айнан меорем: «Ман, бо ҳамроҳии ҳамсарам Ҳамроҷон Юнусова дар хонаи берақами кӯчаи Наврӯзи шаҳраки Нов зиндагӣ мекунам. Шаби 10-уми март соатҳои 3:00-и шаб тақ-тақи дар шунида шуд. Чароғи барқро дар гирондам. Дуздон аз равшанӣ тарсида гурехта рафтанд. Ба хонаи набераамон Фурқатҷон Юнусов даромадам, дасту пойҳои ӯро баста дидам. Дуздон аз ӯ пул, тилло пурсидаанд.»Ман ин чизҳоро надорам» гӯяд бо қундоқи таппонча зада, сарашро кафондаанд . Фурқатҷонро бо тезӣ ба беморхона бурда хобондем. Ба милитсия хабар кардем, ки дуздонро дастгир кунанд».
Доир ба лату кӯб карда, ба беморхона афтодани Фурқатҷон Юнусов ташхису муолиҷаи духтури муолиҷакунанда низ ҳаст. Дар он чунин навишта шудааст. «Аз тарафи шахси номаълум бераҳмона ба сари Ф. Юнусов бо чизи сахт зада шудааст, ки дар натиҷаи латхурӣ асаби кушодаи мағзи сар майнаи сар, шикастани устухони сар ба амал меояд. Устухони шикаста майнаи сарро зер карда онро осеб мерасонад.
Беморро 10 рӯз аз 10-уми март то 20-уми марти соли 2010 дар беморхона хобонда табобат мекунанд.
Фаъолияти ниқобпӯшони калонсол ба наврасону бачагон ҳам сироят кардааст. Ба ин ҷиноят, акнун наврасону бачагони хурд ҳам даст заданд, яъне аз калонсолон ёд гирифтаанд, наврасон ба рӯй ниқоб пӯшида, аз тоҷирон майда -чуйда дуздида, ба ҷойи дар мактаб касб омӯхтан ба корҳои хилофи қонун даст мезананд.
Дар ин самт фаъолияту гурӯҳҳои фаврӣ ҷустуҷӯиро қаноатбахш арзёбӣ кардан нашояд. Агар назорат, ҳушёрӣ аз тарафи шахсони масъул ва ҳам аз тарафи волидайн, аҳли ҷамоатчигӣ нисбат ба рафтори бачагон ҷиддӣ мешуд, шояд наврасони ниқобпӯш пайдо намешуданд ва ба ҷинояткорӣ даст намезаданд. Афсӯс, ки замона барои паҳн шудани «вирус»-и навбаромади хатарнок то андозае мусоидат кард.
Аз ин воқеаҳои нангин пештар, аниқтараш тирамоҳи соли 2008 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам рух дода буд. Вале туфайли корбарии дуруст, зиракию ҳушёрии кормандони ШКД-и ноҳия пеши роҳи ин гуна авбошию дуздии шахсони номаълум гирифта шуд. Дар натиҷа ин касалӣ домон паҳн накард. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ шахсони масъули РКД-и вилояти Суғд полковники милитсия К.Н. Назаров, полковники милитсия Х.Т Рауфов, ҳайати шахсии ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷинояткорони ниқобпӯш дастгир ва ошкор карда мешаванд.
Санаи 2-юми ноябри соли 2008 тахминан соати 22:00 дақиқа шахсони номаълум ба нуқтаи хариду фурӯши сӯзишвории кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Пролетар дар рӯ ба рӯйи хонаи 39-и кӯчаи мазкур воқеъ буда, ба шаҳрванд Ғ. Исмоилов тааллуқ дошт, бо мақсади роҳзанӣ яъне бо тариқи ошкорро тасарруф намудани амволи ғайр дохил шуда, нисбати номбурда зӯроварӣ бо воситаи яроқ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок мебошад, нишон дода,аз шаҳрванд пули нақдро ба тариқи ошкорро аз кисааш тасарруф намуда, ба ӯ зарари моддӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи кормандони ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маводҳои лозимӣ тартиб дода, нисбати шахсони номаълум парвандаи ҷиноятии № 5786 аз санаи 3-юми ноябри соли 2008 аз рӯйи моддаи 249 қисми 4 банди «В» Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда буд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйи аз рӯйи парвандаи ҷиноятии № 5786 бо моддаи 249 қисми 4 КҶ ҶТ шаҳрвандони зерин мебошанд, ки дастгир ва тибқи талаботи қонун бо ҳукми суд подоши амали худро гирифтанд
1. Ҷ. Ҳ.Воҳидов, соли таваллудаш 6-уми ноябри соли 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Қиблаӣ, деҳаи Қулписта, бекор, пештар бо моддаи 244 ва 165 КҶ ҶТ суд шудааст.
2. Б. А Саидов, соли таваллудаш 31 декабри соли 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, кӯчаи Нуралӣ Исоқӣ, бекор, пештар бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст.
3. С. П Ҳошимов, соли таваллудаш 29-уми августи соли 1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи 84, хонаи 15, ҳуҷраи 35, бекор, пештар бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст.
4. Р. Р., Набиҷонов, соли таваллудаш 23-юми декабри соли 1971, истиқоаткунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ёва, кӯчаи 60-солагии Тоҷикистон хонаи 49, пештар бо моддаи 138 КҶ ҶТ суд шудааст.
Бояд зикр кард, ки вируси навбаромада боз дар чанд маҳалҳои аҳолинишини вилоят осори бади худро гузошт. Аз рӯйи маълумотҳо кормандони ШКД-и шаҳри Конибодом ҳам аз ин «вирус» огаҳӣ доранд.
Соли ҷорӣ 30-юми март ба хонадони Ашӯрбой Ғаниев 5 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯшида ними шаб соати 2:30 ҳуҷум карда даромаданд. Аз ин хона 27 ҳазору 750 сомонӣ молу амволи қиматноки тилло, нуқра ва дигар чизҳои қиматбаҳоро дуздида ғайб заданд. Аз натиҷаи кофтукови оперативӣ аз ин ниқобпӯшҳо 2 нафараш дастгир шудаанд. Баъдтар 3 нафараш ҳам дастгир карда мешаванд.
Кош дар дигар ноҳияҳо ҳам кор бар манфиати умум ҳал шуда вируси навбаромада аз бунёдаш нест карда шавад, вале чӣ мегӯед, ки дар ноҳияи Исфара ниқобпӯшон мардумро ором нагузошта, боиси ташвишу изтироби умум гардидаанд. Дар халқ мақоле ҳаст: «бори каҷ ба манзил намерасад. Дуздон, ҷинояткорон хуб медонанд, ки оқибат ба даст меафтанд, назди қонун ҷавоб медиҳанд…, вале он гоҳ дер мешавад.
Аз ин рӯ илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд андеша намоем. Кормандони ҳифзи тартибот, аҳли ҷамоатчигӣ, падару модарон ҳама гуна рафторҳои номатлуби бачагон, наврасонро маҳкум намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ монанд. Шояд, ки дар корбарии мақсадноки сарҷамъона мо насли аз ҷиҳати ахлоқӣ хубро ба камол расонем.

Турсун АЛӣ, Тилаб ОЛДӣ, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: